Ru  | Tj
Ифтихори Тоҷикистон. Амал дар арсаи байналмилалӣ кишварро муаррифӣ мекунад
Ифтихори Тоҷикистон. Амал дар арсаи байналмилалӣ кишварро муаррифӣ мекунад
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Ифтихори Тоҷикистон. Амал дар арсаи байналмилалӣ кишварро муаррифӣ мекунад

Нашр шуд

Дар бораи овозхонҳо чӣ медонем? Овози хуш ва симои ҷаззоб доранд, таронаҳо эҷод мекунанду дар назди тамошобинони пуршумор месароянд, дар барномаҳои гуногуни консертӣ ширкат мекунанд ва пайваста таҳти назорати анбӯҳи мухлисон қарор мегиранд. Қаҳрамони мо ба ҷуз аз гуфтаҳои боло дарси вокал ва маҳорати актёрӣ мегӯяд, тавассути кортҳои Таро ба пурсишҳои мардум посух меҷӯяд ва ба толеъбинӣ, яъне метафизикаи чинии ба-тзӣ шуғл дорад.

Исми Амал Ҳофизова эҳтимолан ҳанӯз на ба ҳама ошно аст. Ин сарояндаи 22-сола ба тозагӣ роҳи худро сӯйи шуҳрат боз карда бошад ҳам, вале дар озмунҳои зиёде иштирок карда, барандаи бархе аз онҳо низ шудааст. Қаҳрамони матлаби мо моҳи сентябри соли 2022 таронаи худ бо номи «Роҳи хона»-ро муаррифӣ кард, ки дар ҳоли ҳозир дар шабакаи Ютуб ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз пурбинандатарин наворҳо ба шумор меравад.

Амал кист, бо чӣ машҳур шудааст ва чаро ба ӯ бояд таваҷҷуҳ кард, дар матлаби нави худ нақл хоҳем кард.


Аз саҳнаи мактаб то ғолибият дар тарҳи телевизиюнӣ

Амал Ҳофизова зодаи Тоҷикистон буда, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии фарҳанги Маскав аст. Кунун дар зинаи магистратура дар риштаи «Мудирият дар соҳаи сиёсати давлатии фарҳангӣ» таҳсил мекунад. Ҳанӯз дар давраи донишомӯзӣ Амал рӯйи толори мактаб ҳунарнамоӣ карда, пай бурд, ки вокал дарвоқеъ унсури ӯст. Билофосила пас аз ин номбурда ба студияи вокалии «Ҳафтранг» таҳти роҳбарии овозхони гурӯҳи «Авесто» Таҳмина Рамазонова шомил шуд.

Амал қабл аз сафараш ба шаҳри Маскав ба ҳайси сарояндаи тими КВН-и «Мунтахаби Тоҷикистон» ҳунарнамоӣ карда, на танҳо сурудхонӣ мекард, балки дар намоишномаҳои гуногун низ бозӣ мекард. Ба гуфтаи ин овозхон, яке аз баёдмондатарин намоиш ва ҳунарнамоиҳо дар саҳнаи Тоҷикистон иштироки ӯ дар ҷоизаи мусиқавии «Bob’s music award»-и Душанбе буд. Амал бо гурӯҳи худ «Madis» ном суруди муаллифияшро иҷро карда, сазовори мақоми аввал дар ин озмун гардид.

«Таҳмина аз ҳамон аввал дар ман зарфиятҳои эҷодиро дида, барои рушди онҳо ба ман ёрмандӣ намуд. Минбаъд инҷониб бо намояндагӣ аз студия дар саҳнаҳои шаҳри Душанбе ва саросари кишвар ҳунарнамоӣ мекардам, – ба ёд меорад сароянда. Баъдан Таҳмина Рамазонова ва Зафар Абдуалимов маро ба озмуни «Бо овози баланд» ба Маскав фиристоданд. Ин озмун яке аз бузургтарин майдоне буд, ки ман дар он ба унвони сароянда ҳунарнамоӣ кардам».

Соли 2017 Таҳмина Рамазонова ба Амал дар бораи озмуни интихобӣ барои ширкат дар ҳамоиши овозхонони сатҳи байналмилалии "Бо овози баланд" хабар дод, ки дар он низ қаҳрамони мо дастболо гардид.

«Дар ёд дорам, ки хабари озмуни интихобиро мо тобистон, дар давраи фориғ аз дарс фаҳмидем. Ману дӯстонам ҳамоно ба студия омада, тамоми таронаҳоеро, ки барои консерти охирини студияи «Ҳафтранг» омода карда будем, сабт намудем. Мо сурудҳои худро ба риштаи тасвир дароварда, барои ширкат дар озмун ба Маскав фиристодем. Пас аз чанде аз Маскав посухи мусбат омад ва ба мо имконият дод, то дар ин озмун Тоҷикистонро муаррифӣ намоем. Хотироти ниҳоят хубе аз озмун, мураббиҳо, аз омодагиҳою тамринҳо дорам. Устодонам – Таҳмина Рамазонова ва Зафар Абдуалимов инсонҳои нағз, омӯзгорони накӯ ва ҳунармандони ниҳоят хуб ҳастанд, ки ба шарофати онҳо пирӯзии ман дар озмун ба даст омад»,  - нақл мекунад Амал.

 

«Ман ба фолу тасаввуф бовар надорам, ман фолбин нестам»

Сарфи назар аз он ки вокал тахассуси қаҳрамони мост, дар як вақт Амал саргармии дигаре низ дорад, яъне омӯзиши нуҷум ва кор бо кортҳои Taрo. Сароянда дар саҳифаи инстаграмии худ ошкоро таъкид мекунад, ки ӯ сароянда, ҳунарпеша, ситорашинос ва тарохон аст.

- Чунин мушорикот аз куҷост?

- Вокал – маънои ҳаёти ман аст, аммо ба ҷуз аз сарояндагӣ бо нуҷум ва кортҳои таро низ шуғл дорам. Тарои ман бештар дар заминаи равоншиносӣ мебошад, зеро ба ҳар гуна фолбинӣ ва тасаввуф бовар надорам. Барои ман ин кор бо худогоҳии инсон, бо ҷанбаҳои равонӣ аст. Дар ҳолати ман онҳо мисли кортҳои истиорӣ ба кор бурда мешаванд, ки посухҳоро ба пурсишҳои худ аз замири худоогоҳии шахс берун меоранд. Агар шумо фикр кунед, ки ин як навъ ҷоду аст, билофосила ҷавоб медиҳам, ки на. Ман фолбин нестам, ман тарошиноси салоҳиятдор ва зиёда аз ин эҳтимолан равоншинос ҳастам.

Ман инчунин ба метафизикаи чинии ба-тзӣ шуғл дорам. Ин нуҷум, кор бо ситораҳо, ҳисобу китоби гуногун, касрҳо, он ҳатто бештар аз ҷодугарӣ аст, яъне риёзиёт. Ин илм аст ва наметавон онро фолбинӣ номид. Одамони зиёде ҳастанд, ки инро ҷиддӣ қабул мекунанд ва аксар вақт ба ман рӯ меоваранд. Бо кумаки метафизикаи чинии бат-зӣ ман ба одамон тавсияҳо медиҳам, масалан чӣ либосе бояд ба бар кунанд, то бахтро ба худ ҷазб намоянд, чиро бояд истеъмол кунанд, кадом рангҳо барои онҳо афзалтар аст. Бояд зикр кунам, ки инҳо танҳо тавсия ҳастанд ва ба худи шахс вобаста аст, то онҳоро истифода кунад ё на. Тавсияҳоям ба бисёре аз дӯстон ва одамоне, ки ба ман муроҷиат кардаанд, кумак расонидааст. Ман кейсҳои хуб ва таҷрибаи ғанӣ дорам. Муътақидам, ки агар битавонам дар ин роҳ ба мардум ёрмандӣ кунам, пас бояд ба он даст занам, зарур аст аз ин фурсат истифода карда, ба одамон на танҳо ба сифати сароянда, балки ҳамчун пайрави ба-тзӣ ва тарошинос низ мадад расонам.

- Муносибати волидонатон ба ҳунарнамоии рӯйи саҳна ва кумак ба мардум бо истифода аз Таро чӣ гуна буд?

- Волидонам тамоми тасмимҳои маро дастгирӣ мекунанд, ба интихоби ман хушбинона муносибат намуда, дар ҳама чиз маро дастгирӣ мекунанд. Дар аввал дар мавриди сарояндагӣ бо падарам ихтилофии зиёд вуҷуд дошт. Пас аз чанд вақт ӯ ин тасмими маро қабул карда, ҳамакнун маро дар тамоми корҳоям дастгирӣ мекунад. Дар мавриди ба-тзӣ бояд гӯям, ки модарам низ мутахассиси ин навъи метафизикаи чинӣ мебошад ва маҳз он кас боис шуданд, ки ин ҷодаро пеша кунам, ӯ ба ман ин соҳаро омӯзонида, устоди аввалинам гардид. Аз ин рӯ ӯ ба шуғли ман муносибати хубе дорад, зеро ба одамон кумак мерасонам. Модарам дар Душанбе аст ва ба ин кор низ машғул аст. Ӯ ҳамеша омода аст, то ҳаёти одамонро беҳбуд бахшад ва онҳоро ба самти дуруст ҳидоят намояд. Ман хеле хушбахтам, ки аз ҷониби волидонам чунин дастгирӣ ёфта истодаам.

Ман ба кортҳои таро ва нуҷум танҳо дар вақтҳои холиям рӯ меорам, асосан бо дӯстонам муошират карда, бо аъзои оилаам тариқи телефонӣ тамос мегирам ва ба омӯзиши забони инглисӣ ҳам машғул мешавам. Асосан суруд месароям, менависам, ҳунарнамоӣ мекунам, ба фаъолияти эҷодӣ фаъолона машғул мешавам. Ман худро бештар сароянда муаррифӣ мекунам, чун мутахассиси соҳибихтисос ҳастам ва ба ҳам омехтани ҳарду барои ман душвор нест, ҳамеша хурсандам, ки ба одамон кумак кунам.

 - Ба фикри шумо, орзуи кӯдакиятон амалӣ шудааст?

- Дар кӯдакӣ орзуҳои зиёдеро дар дил мепарваридам, аммо муҳимтарини он дар саҳнаи калон ҳунарнамоӣ кардан буд ва муътақидам, ки ба ин мақсадам расидам. Ман то имрӯз дар саҳнаҳои бузурги Тоҷикистону Русия ҳунарнамоӣ кардаам. Тавонистам дар саҳнаҳо бо бисёре аз ситораҳои рус овозхонӣ кунам. Яке аз консертҳои ахир дар Уфа баргузор гардид, ки дар он ба ҳайси довар Валерий Меладзе, Марат Башаров, Лина Арифулина, Элвин Грей ва дигарон сурудхонӣ карданд. Бо шарофати ин консерт бисёре аз одамон дар бораи Тоҷикистон маълумот гирифтанд, ки ин маро хеле шод мекунад.

- Кадоме аз сарояндагон шуморо бештар рӯҳбаланд мекунад?

- Ман дилдодаи мусиқӣ ҳастаму онро воқеан дӯст медорам ва дар самти вокал ба ман Кристина Агилера, Деми Ловато ва Ҷесси Ҷиро хеле писанд ҳастанд. Онҳо маҳорати ниҳоят баланд доранд ва ман мехоҳам, ки мисли ин овозхонҳо ба қуллаҳои баланд бирасам. Баъзан сурудхониро аз вокал ва таронаҳояшон меомӯзам.

- Барои пешрафт кардан шуморо чӣ чиз ангеза мебахшад?

- Оилаам, наздиконам, инчунин ҳадафҳое, ки дар назди худ гузоштаам, маро ангеза медиҳанд. Ман одат дорам ба он чӣ мехоҳам, бирасам. Он чизе, ки ба ман бештар илҳом мебахшад, манзараи ояндаи хушбахтонаи ман ва аҳли оилаам мебошад. Ман ҳамеша мекӯшам, ки дар зиндагӣ чизе ба даст орам, то на танҳо барои ман хуш бошад, балки наздиконам низ аз он фахр кунанд.


- Се ибора ё калима барои муваффақ шудан.

- 1. Бовар ба худ; 2. Устуворӣ; 3. Заҳмат, чунон ки мегӯянд,  бе заҳмат роҳат намебинӣ. Дар зиндагӣ ҳама чиз бояд бо заҳмат ба даст оварда шавад.

Ҳоло Амал тақрибан 5 сол аст, ки дар пойтахти Русия ба сар мебарад, аммо сароянда ба ҳеч ваҷҳ иртиботашро бо ватан нахоҳад канд.  Ба гуфтаи қаҳрамони мо, вай ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия муваффақ хоҳад шуд. Ӯ тасмим гирифтааст, ки дар жанрҳои барои худ нав таронаҳо эҷод карда, сурудеро бо забони тоҷикӣ сабт кунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед