Ru  | Tj
«Ишқ рӯзи хос надорад». Қиссаи ҷуфти 90-солае, ки дар Истаравшан ба сар мебаранд
«Ишқ рӯзи хос надорад». Қиссаи ҷуфти 90-солае, ки дар Истаравшан ба сар мебаранд
Акс: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

«Ишқ рӯзи хос надорад». Қиссаи ҷуфти 90-солае, ки дар Истаравшан ба сар мебаранд

Нашр шуд

Бобо Нуриддин ва бибӣ Нисолат 14-уми февралро ҳамчун рӯзи ошиқон ҷашн намегиранд. Ба ақидаи онҳо, ишқ рӯзи хоса надорад, зеро ҳама рӯзи хушу хотирмон байни зану шавҳар рӯзи ишқу ошиқист. Ба издивоҷи ин ҷуфт 69 сол пур мешавад. Онҳо имрӯз соҳиби 4 писар, 2 духтар, 19 набера, 42 абера ва як чабера мебошанд.

Саргузашти ҷолиби онҳоро муаллифи Halva.tj нақл намуд.

АСОСИ ОЛАМ ИШҚ АСТ

Нуриддин Раҳмонови 89-сола ва Нисолат Раҳмоноваи 90-сола 69 сол мешавад, ки бо ҳам издивоҷ кардаанд. Ин оилаи хушбахт дар деҳаи Саримазори шаҳри Истаравшан зиндагӣ мекунанд. Онҳо асоси оламро ишқ медонанду бунёдашро муҳаббат, зеро бо ишқу муҳаббат зиндагӣ рангорангу пурмазмун мегузарад. Бобо Нуриддин аз замони ҷавонияш ёдоварӣ намуда чунин нақл кард:

«Дар замони мо кам нафарон ишқварзӣ мекарданд. Қариб ҳама баъди издивоҷ ба якдигар одат карда, ба ҳам дил медоданд. Ман бо Нисолат соли 1954 издивоҷ кардам. Ишқу муҳаббати мо ҳам баъди бунёди оила пайдо шуд. Мо то имрӯз ҳаёти хушбахтона дорем. Шукри Худо, ки дар ин шаҳри бостонӣ ҳамчун оилаи намунавӣ ном баровардаем».

Ба ақидаи бобо Нуриддин, шарт нест, ки одамон дӯст дошта баъд оила барпо намоянд, муҳаббату ишқ дар давоми зиндагӣ ҳам пайдо мешавад. Ба қавле шуълаи муҳаббат баъди оила бунёд кардан алангаи хуб мегирад. Зеро:

  Олам ишқ аст, асли олам ишқ аст,

            Дар ҳар дами зиндагӣ дамодам ишқ аст.

 Аз мактаби ошиқон биомӯз адаб,

     Ирфони китоби насли одам ишқ аст.

 

СИРРИ ДАРОЗУМРӢ

Дар замони шӯравӣ кори аксарият дар колхозҳо буд. Нуриддин Раҳмонов ҳам солҳо дар колхоз ба ҳайси саркоргар (бригадир)-у табелнавис фаъолият кард. Вай дар ин баробар бо ҳунари ошпазӣ машғул буд. Ӯ дар Истаравшан шуҳрати беандоза дошт. То имрӯз мардуми ин диёр аз дастони моҳири ин мард ёд мекунанд.

«Таърихи омӯхтани ҳунари ошпазиям хеле аҷиб аст. Мо пештар дар чойхона ҳамроҳи рафиқон ош мехӯрдем. Рӯзе нафаре, ки доим бароямон ош мепӯхт, шикоят кард, ки фақат вай ош мепазаду аз ин кор хаста шудааст. Ин гапаш ба ман сахт алам кард. Минбаъд ҳар рӯз ба наздаш омада пинҳонӣ сирри ошпазиро омӯхтам. Аввалин оши пухтаам хеле болаззат омода шуд. Оҳиста-оҳиста дар тӯйу маъракаҳо мардум маро барои ошпазӣ даъват мекарданд. Дар баъзе маврид то 100-120 кг биринҷро ош мепухтам», - изҳор дошт бобо Нуриддин.

Ба як мард чил ҳунар кам аст гуфтааанд. Ҳар панҷаи бобо Нуриддин ҳам ҳунар дорад. Ӯ ба ҳайси табелнавис, саркоргар, қассоб, ошпаз ва маҳсидӯз фаъолият кардааст. Ҳамзамон ба тарҳи нави бинои масҷиди таърихии деҳаи Саримазор саҳм гузоштааст. Ба қавле то андозае аз ҳунари лоиҳакашӣ низ бархурдор аст. Нуриддин Раҳмонов барои заҳматҳои пурсамараш ҳанӯз дар замони шӯравӣ бо ордену сипосномаҳо қадрдонӣ шудааст.

Ҳамсари бобо Нуриддин бибӣ Нисолат ҳам ҳунарманд аст. Ӯ тӯли 75 сол бо ҳунари тоқидӯзӣ машғул будааст. Бибӣ Нисолат қариб даҳ сол ҳамроҳи бобояш Эшони Мудассир дар шаҳри Тошканд зиндагӣ кардааст. Онҳо дар Ӯзбекистон ҳам тоқӣ медӯхтанд. Ба ин васила то андозае ҳунари мардуми тоҷикро муаррифӣ кардаанд.

«Ману бибиям тоқиву ҷома медӯхтем. Бобоям онро ба бозори шаҳри Истаравшан бурда мефурӯхт. Вақте ба Тошканд рафтем, дар он ҷо ҳам бо ин ҳунар машғул шудем. Чун тоқӣ ва ҷомаҳои мо дар сифату зебоӣ бемисл буд, муштариёни зиёде мехариданд. Ба ҳунари тоқидӯзӣ он қадар дил бастам, ки то синни 85-солагиям бо ин касб машғул будам,» - нақл намуд бибӣ Нисолат.

Ин оилаи хушбахт сирри дарозумрияшонро дар меҳнати ҳалол ва ғизоии солиму пок медонанд. Ба ақидаи ду ҳамсари меҳрубон агар инсон пайваста заҳмат кашад, аз тамоми ғаму ғусса озод мегардад ва ин чиз барои дарозумрӣ мусоидат мекунад.

ҲАМДИГАРФАҲМӢ ОМИЛИ ХУШБАХТИСТ

Бузургсолон ба ҷавонон ҳамеша тавсия медиҳанд, ки дар оила ҳамдигарфаҳм бошанд. Бобо Нуриддин ва бибӣ Нисолат низ ҳамдигарфаҳмиро омили хушбахтӣ меҳисобанду ба фарзандону наберагон талқин мекунанд. Ба андешаи онҳо, ҳамдигарфаҳмӣ эҳтироми якдигар аст.

«Вақте зану шавҳар ба якдигар эҳтиром доранд, он гоҳ метавонанд зиндагии хушбахтона дошта бошанд. Якдигарфаҳмӣ аз эҳтироми ҳамдигар оғоз мегардад ва ин бо мурури замон ба ишқу муҳаббати устувор мубаддал мегардад», - гуфт бобо Нуриддин.


Ҳоло ин ҷуфти хушбахт дар иҳотаи фарзандону наберагон зиндагии пурсаодату рангоранг доранд. Ҳосили ишқу муҳаббати онҳо 4 писар, 2 духтар, 19 набера, 42 абера ва 1 чабера аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед