Ru  | Tj
Қиссаи дандонпизишки тоҷике, ки дар Пензаи Русия муваффақ шуд
Қиссаи дандонпизишки тоҷике, ки дар Пензаи Русия муваффақ шуд
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Қиссаи дандонпизишки тоҷике, ки дар Пензаи Русия муваффақ шуд

Нашр шуд

Носирҷон Каримов ҷавони 25-солаи тоҷик буда, аллакай дар соҳаи дандонпизишкӣ роҳу равиши корро дарёфтааст. Вай феълан дар яке аз бунгоҳҳои хусусии тиббии шаҳри Пензаи Русия ба ҳайси ортопед-дандонпизишк (мутахассисест, ки бо барқарорсозӣ ва ҷарроҳию сохтани дандонҳо (протез)-и сунъӣ машғул аст) фаъолият дорад. Ӯ  хатмкардаи донишкадаи тиббии Донишгоҳи давлатии Пенза мебошад. Вақте ки Носирҷон донишҷӯйи соли панҷум буд, дар озмуни «Донишҷӯи сол - 2020» ширкат варзид ва барандаи ин озмун гардид. Қарори қатъии табиб шуданро вақте қабул карда буд, ки хонандаи литсейи №5-и шаҳри Исфара буд.


Муаллифи Halva.tj бо Носирҷон Каримов дар хусуси пеш бурдани фаъолияти тиббӣ ва бовар доштан ба нерӯю малакаҳои азхудкарда суҳбат кард.

ҲАДЯИ ТАБАССУМИ ЗЕБО

Сарфи назар аз он ки Носирҷон мутахассиси ҷавон аст, аллакай дар самти табобати дандон ба қадре таҷриба ҳосил кардааст. Ӯ ҳанӯз аз замони донишҷӯӣ талош мекард, то дар корҳои табобатӣ ширкат варзад. Дар соли охири донишҷӯӣ дар яке аз бунгоҳҳои тиббии шаҳри Пензаи Русия ба кор даъват шуд. Дар ҷараёни кор ин ҷавони пурталош дар беш аз 200 давраи омӯзишӣ иштирок карда, донишу малакаҳои навомӯхтаашро дар табобати мизоҷон ба кор бурд. Вай дар муддати кӯтоҳ ба шарофати заҳматписандияш ба зинаи ортопед-дандонпизишк расид. Яъне имкон пайдо кард, то мизоҷонеро, ки бо дардҳои гуногуни даҳон муроҷиат мекунанд, табобат намояд.


- Имрӯз ба мо мизоҷоне муроҷиат мекунанд, ки аз сиҳат шудани дандони худ беумед шудаанд, зеро дигар мутахассисон машварат додаанд, ки дандонро кандан мебояд. Пас аз  ташхису таҳлили дурусте, ки мо дар бунгоҳ мекунем, маълум мешавад, ки зарурати кандани дандон ҷо надорад. Аксар интихоби роҳи барқарорсозии дандонҳои мизоҷон натиҷаи мусбат ба бор овардааст. Ростӣ, ҳар боре дар чеҳраи мизоҷ табассуми зебо пайдо мешавад, фикр мекунам, кори мо барор гирифт. Бояд гуфт, ки барои таъмини хандаи зебо дандонҳои солим хеле муҳиманд. Аҳамияти кори мо низ ин аст, ки ба дигарон хандаи зеборо ҳадя кунем, - бо лабханд гуфт дандонпизишки ҷавон. 


МУНОСИБАТИ ГАРМИ МИЗОҶОН 

Носирҷон аз он изҳори хушнудӣ дорад, ки пойбанди қонунҳои нонавиштае, ки дар замони донишҷӯйӣ аз забони  баъзе ашхос мешунид, нашуд. Ба суханони беасосе, ки гӯё ғайрирусҳоро  дар қаламрави Русия ҳамчун мутахассис қабул намекунанд, бовар накард ва таҳсилро идома дод. Имрӯз Носирҷон дар утоқи корӣ ҳар як беморро қабул мекунад, онҳоро ба миллату дин ва ирқу нажод ҷудо намекунад. Беморон низ ба касбият ва муомилаи вай мутаваҷҷеҳ мешаванд, на ба миллаташ. Пӯшида нест, ки дар аввал ба мутахассиси эътимоднок будани Носирҷон изҳори нобоварӣ мекарданд, чун хеле ҷавон аст. Вақте баъди табобат аз шикоятҳояшон халос мешуданд, нигоҳашон ба дандонпизишики ҷавон дигар мешуд. 

- Аз рӯзҳои нахустнини фаъолият ҳамкасбони пуртаҷрибаам корҳои вазнинро низ ба ман бовар мекарданд. Ҳаракат мекардам, ки дар кори табобат хато накунам. Як тан беморе аз шаҳри Самара доштам, ки  аз зарби дарди дандон даҳонро кушода наметавонист. Ҳатто хӯрокро дуруст хоида тавонад. Ташхиси хеле вазнин дошт. Барои табобати ин бемор таҷрибае, ки аз олимони  маъруфи рус, амрикоӣ, олмонӣ ва итолиёвӣ омӯхта будам, истифода кардам. Вазъи бемор оҳиста-оҳиста хуб мешуд. Вай баъди 3 моҳ пурра сиҳат шуд. Ӯ аз кори ман хеле розӣ буд, ба муаллимон ва волидайнам сипос мегуфт. Дар ин лаҳзаҳо хеле хушҳол мешудам, зеро ба унвонии наздиконам сипос гуфтанд, - иброз дошт мутахассиси ҷавон. 


«АЗ БЕҲТАРИНҲО ОМӮЗЕМ»

Носирҷон Каримов доим дар ҷустуҷӯ аст. Ӯ дар ҳар давраи омӯзишие, ки  мутахассисони сатҳи баланд баргузор мекунанд, иштирок мекунад. Вай дар шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» ёддошт бо номи «Аз беҳтаринҳо омӯзем» (#учимсяулучших) менависад ва аз шиносоиҳо, малакаҳои нави андӯхтааш иттилоъ медиҳад. Ҳар боре, ки дар ин ва ё он омӯзиш ширкат меварзад, кӯлвори таҷрибааш ғанитар мешавад. Масалан, бо роҳу усулҳои нави ташхис ва табобати бемориҳои марбут ба даҳону дандон шинос мешавад, ки аз он қаблан огоҳии комил надошт.

Дандонпизишки ҷавон хуб дарк кардааст, ки вай на фақат бо дандони инсон сари кор мегирад, балки бо мушакҳо ва мағзи сар низ машғул мешавад.  

- Ман бо як қатор ортопед-дандонпизишкони ҳирфаӣ, ки дар сатҳи байналмилалӣ бо дастовардҳо,  дарёфтҳо ва саҳмгузориҳо дар соҳаи дандонпизишкӣ шинохта шудаанд, аз замони донишҷӯйӣ шиносоӣ доштам. Ба давраҳои омӯзишии онҳо мерафтам. Ба саволҳои зиёд аз онҳо посух мегирифтам. Онҳо низ барои посух додан вақт ва дониши худро дареғ намедоранд. Александр Бабуров, Александр Першин, Светлана Смолякова, Дмитрий Юдин, Арам Давидян, Ислам Шиков ва Алиби Максутов аз ҷумлаи мутахассисони ҳирфаие мебошанд, ки аз ҳар яке чизи наве омӯхтаам. Имрӯз онҳо дар самти дандонпизишкӣ-ортопедия хеле муваффақ маҳсуб мешаванд. Медонам, ки ҳамаи онҳо шахси одиву хоксор буданд ва ҳастанд, аммо дар фарқ аз дигарон ҳадафманду собитқадам буданд. Аз ин рӯ ман ҳам талош дорам,  ки худбовар бошам ва ба сӯйи қуллаи мурод ҳадафмандона қадам занам, - қотеъона гуфт Носирҷон.   


ҲАДАФ - МУТАХАССИСИ БЕҲТАРИН ШУДАН АСТ

Ба дандонпизишки соҳибистеъдод чанде аз наздикон пешниҳод мекунанд, ки барояш шифохонаи хусусӣ месозанд, то роҳбарии онро ба уҳда гирад. Носирҷон ин дархостро рад мекунад,  зеро вай вақту нерӯи худро дар самти роҳбарии идораи бунгоҳи тиббӣ харҷ карданӣ нест, баръакс мехоҳад, ки таваҷҷуҳи худро пурра ба самтҳои гуногуни соҳаи дандонпизишкӣ равона кунад ва мутахассиси беҳтарин шавад.


- Табиб шудан орзуи кӯдакии ман буд. Аслан, дар даврони наврасӣ орзуҳои бисёр доштам. Ба рассомӣ, омӯзиши забони инглисӣ, варзиши куштии навъи озод машғул мешудам. Ҳатто дар озмуну мусобиқаҳои куштии навъи озод  ширкат варзида, ба дастовардҳои хуб ноил шуда будам. Фикр мекардам, ки дар оянда ҳам дар соҳаи варзишу тиб муваффақ мешавам. Аммо интихоби қатъии ман соҳаи тибб шуд. Бо касби баландтарин хол донишҷӯйи донишкадаи тиббии Донишгоҳи давлатии шаҳри Пензаи Русия шудам.   Хушбахтам, ки соҳаи дандонпизишкиро интихоб кардам ва бовар дорам, ки комёб хоҳам шуд, - бо итминон афзуд Носирҷон.

Қаҳрамони мо ҳадаф дорад, ки дар баробари ба ҷо овардани масъулияти  кори табобатӣ, мехоҳад ба он довталабони лаёқатманде, ки риштаи тибро дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар интихоб карданиянд, аммо имконияту дастгирӣ надоранд, ёрӣ расонад. Барои ба имтиҳони дохилшавӣ омода шудани онҳо тайёр аст, ки мусоидат намояд.

 


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед