Ru  | Tj
Қиссаи марди роҳ ва 21-соли мусофиркашонии ӯ
Қиссаи марди роҳ ва 21-соли мусофиркашонии ӯ
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Қиссаи марди роҳ ва 21-соли мусофиркашонии ӯ

Нашр шуд

Роҳҳо, роҳҳо... роҳҳои дуру наздик, роҳи каҷу рост, роҳи ҳамвору ноҳамвор ва билохира роҳе, ки моро ба сӯйи мақсуду манзил мерасонад. Воқеан, дасти инсон гул аст, ки қалби кӯҳҳоро шикоф карда, аз он роҳ сохтааст ва ҳангоми убури роҳи Ишкошим – Душанбе инро ҳар як мусофир мушоҳида мекунад. Барои сафар намудан ба пойтахт мебояд аввал роҳи дурударозеро тай кард. Шоҳроҳи мошингарди Бадахшони кӯҳӣ моро гоҳе бо дарёи хурӯшону гоҳе бо мавҷи пуртуғён ва гоҳе бо роҳҳои ноҳамвор ҳамсафар мекунад. На ҳар ронанда ҷасорат дорад, ки дар роҳи пурхатар муддати тӯлонӣ мусофир кашонад. Маҳрамбек Ошуров аз зумраи ронандагонест, ки умри худро барои халқаш бахшидааст ва муддати 20 сол аст, ки аз Ишкошим – Душанбе ва Душанбе – Ишкошим мусофир мекашонад.

   ОҒОЗИ РОҲИ ЗИНДАГӢ

Маҳрамбек Ошуров 5-уми майи соли 1979 дар ҷамоати деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошими ВМКБ дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1985 таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби №21-и маркази ноҳия шурӯъ намуда, аз соли 1991 таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №15-и деҳаи Шитхарв идома медиҳад ва соли 1995 онро хатм мекунад. Худи ҳамон сол ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, муддати ду сол хидмати Модар-Ватанро адо менамояд. Баъди аскарӣ барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия сафар мекунад. Азобу машаққати пайвастаи ҳамватанон, муносибати дурушту ғайриинсонии баъзе русҳо ва намояндагони миллатҳои дигар нисбати тоҷиконро дида, зуд ба Ватан бармегардад. “Муддати шаш моҳе, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштам, рӯзҳои бадро сипарӣ намудам, ки барои ояндаам дарси ибрат шуд. Баъди бозгашт ба Ватан қарор додам, ки дар ҳаминҷо барои худ кори муносибе ёфта зиндагиямро пеш барам”, – мегӯяд ӯ.


 УМРЕ ДАР ХИДМАТИ ХАЛҚ

Дар идомаи суҳбат қаҳрамони матлаби мо ёдовар шуд, ки дар ватан кори муносибро низ пайдо кард.

“Чун солҳои 1999-2000 бародари калониям бо автобус аз ноҳия ба пойтахт мусофир мекашонд, маро ба сифати тафтишгар бо худ ба сафар мебурд. Ин кор дар аввал бароям чандон хушоянд набуд, зеро сафар намудан дар муддати як шабонарӯз бо автобус одамро хаста менамуд. Пасон ба ин кор дил бастам. Муддати ду соле, ки бо бародарам кор кардам, нозукиҳои ин касбро аз худ намудам. Инчунин, мушкилоти роҳ низ дар назар ҳеч шуд. Чун бародарам бовар ҳосил намуд, ки ман аз уҳдаи идора кардани мошин ва таъмираш мебароям, соли 2000 бо маслиҳати ҳамдигар мустақилона ронандагиро шурӯъ кардам”, – нақл мекунад ӯ. Ҳамин тавр, кори Маҳрамбек ривоҷ меёбад. Нахуст тариқи микроавтобус ба мусофиркашонӣ машғул шуда, баъдан соли 2005 мошини “Hyndai Galloper” харидорӣ намуда, шуғли пешанамудаашро идома медиҳад. Дар кори худ то ҷое муваффақ ҳам шудааст. Инак, муддати 21 сол аст, ки ронандагӣ мекунад ва дар хидмати халқ аст.

   АЗ БОВАРӢ ТО КОМЁБӢ

Маҳрамбек ҳанӯз аз солҳои аввали ронандагӣ тавонист эътимоди мардумро ба даст орад. Дар кори худ ботаҷриба аст. Аз ин рӯ, ҳар нафаре, ки мехоҳад ба Душанбе сафар кунад, ҳатман Маҳрамбекро пешакӣ огоҳ мекунад. Чун роҳ дарозу пурмашаққат аст, мусофирон зуд хаста мешаванд. Бинобар ин тез-тез мехоҳанд, ки мошин таваққуф кунад. На ҳамаи ронандагон ба гапи мусофирон гӯш медиҳанд, аммо Маҳрамбек нафарест, ки фикри мусофиронро ҳамеша ба назар мегирад. Бо ҳамин хислати ҳамидааш ӯ тавонист дар дили ҳамагон ҷой гирад ва дар миёни дигар ронандагон ҳамеша интихоби мусофирон бошад. Натанҳо миёни мусофирон, балки дар байни дигар ронандагони Бадахшон низ соҳиби иззату обрӯст. Ҳар мушкилии техникие, ки барояшон ҳангоми сафар пеш меояд, Маҳрамбек сарфи назар аз он ки онҳоро мешиносад ё не, кумакашон мекунад. Ҳатто ҷавононе, ки нав ба ронандагӣ машғул мешаванд, дар ин роҳи тӯлонӣ ба Маҳрамбек такя мекунанд, чун медонанд, ки ӯ касеро дар сафар танҳо намегузорад.

Албатта, тай намудани 850 километр роҳ дар муддати як шабонарӯз осон нест, хусусан, дар фасли зимистон, ки роҳҳо барфпӯшу яхбастаанд. Дар рӯзҳои офтобии фасли зимистон тарма мефарояд, ки гоҳе як шабонарӯз роҳҳо маҳкам мешаванд. Ин мушкили ҷиддии ронандагони мусофиркашҳои Бадахшон аст. Қаҳрамони мо мегӯяд: “Ин гуна ҳолатҳо бо мо низ рух додааст. То омада расидани экскаватор хеле вақт мегузарад. Баъзе минтақаҳо роҳҳои ноҳамвор доранд, ки ҳангоми рӯбарӯ омадани ду мошин якеаш маҷбур мешавад, ки худро канора гирад ва ё каме ба қафо ҳаракат кунад. Ин хатар ҳам ба ҷони мусофирону ҳам ронандагон таҳдид мекунад. Назар ба фасли зимистон дар дигар фаслҳо мушкилот камтар аст”.


САФАРҲОИ АҶИБУ АСРОРАНГЕЗ

Бо ронандагон ҳангоми сафар лаҳзаҳои аҷибу хотирмоне низ рух медиҳанд. Бо ҳар гуна инсонҳои дорои хислатҳои гуногун рӯ ба рӯву ҳамсафар мешаванд. Қаҳрамони матлаби мо яке аз лаҳзаҳои сафараш бо сайёҳонро ба хотир оварда нақл намуд:

“Онҳое, ки бори аввал ба Бадахшон сафар мекунанд, ҳама чиз дар назарашон аҷибу асрорангез менамояд. Масалан, боре дар мошинам гурӯҳи сайёҳон нишастанд. Чун вориди дарвозаи Боми ҷаҳон гардидем, онҳо бо як эҳсосу ҳаяҷон ба тарафи кӯҳҳои осмонбӯс ишора менамуданду бо забони худ чизе мегуфтанд. Бо забони русӣ ба онҳо муроҷиат намудам, ки чаро ин қадар ҳаяҷон доред? Яке аз онҳо, ки забони русиро медонист, ҷавоб дод, “мо дар муддати ин қадар саёҳати худ чунин ҷойҳои зебову ҳавои тоза ва оби зулолу кишвари биҳиштосоро надида будем”. Воқеан, ҳар сафари ман бо мусофирон хотирмон аст, аммо дар яке аз сафарҳо бо ҳодисае дучор омадам, ки ҳеч гоҳ наметавонам онро фаромӯш кунам. Охири моҳи август буд. Бо гурӯҳи мусофирон ба шаҳри Душанбе сафар менамудем. Баъди нисфирӯзӣ мо ба ноҳияи Рӯшон расидем. Қад-қади роҳи тангу ноҳамвор, ки аз тарафи чап дарё ва аз тарафи рост кӯҳ аст, анбӯҳи одамон ва мошинҳоро дидам, ки таваққуф кардаанд. Аз таҳлукаи одамон маълум буд, ки фалокате рух додааст. Чун ба наздашон расидам, ҳодисаеро дидам, ки дасту поям шах шуд. Мошини яке аз ронандагони ҷавони Бадахшон ба садама дучор гардида, якҷо бо мусофирон ба дарё фурӯ рафтааст. Мусофирони дар ташоли ҷон аз чанги оби пуртуғёни дарёи Панҷ халосӣ надоштанд. Фақат доду фиғони одамону мусофирон ба гӯш мерасиду халос, об онҳоро ба коми худ фурӯ мебурд. Аммо афсӯс, ки аз дасти мо чизе намеомад. То омадани гурӯҳи наҷотдиҳандагон хеле вақт гузашт. Оби ноороми дарёи Панҷ мурдаи мусофиронро аз ҷойи ҳодиса хеле дур бурда буд. Гурӯҳи наҷотдиҳандагон танҳо макети мошинро ёфту халос, аз мусофирон нишонае набуд. Баъдан, ҷасади чанд тани онҳоро пайдо намуданду дутои дигар бе ному нишон гум шуд”, – бо таассуф ба ёд меорад Маҳрамбек.

Ба андешаи ӯ, ҳангоми сафари як шабонарӯзӣ бо мусофирон монанди як оила шудан лозим аст. “Чун дар тамоми мушкилоту лаҳзаи хотирмони якрӯза шарики ҳам ҳастем ва намехоҳам, ки мусофирон дар сафар бо ман дилгир шаванд”, – қайд мекунад ронанда. Инчунин, таъкид медорад, ки “ҷони онҳо бароям чун амонат аст, то онҳоро саломат ба манзилашон нарасонам, ором намегирам”.

“Ҳангоми сафари Ишкошим – Душанбе мо қариб аз тамоми шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Халтон гузар мекунем. Назар ба солҳои қабл хеле дигаргуниҳо ҳаст, махсусан, ба таъмири роҳҳо диққат медиҳанд. Чун дар як сол тақрибан 20-24 маротиба сафар мекунам, инро хуб мушоҳида намудам”, – ёдовар мешавад қаҳрамони мо.


 “ПУЛУ МОЛ БА КАСЕ ВАФО НАМЕКУНАД!”

Дар замони имрӯз кам нафароне пайдо мешаванд, ки саховатмандиро пеша кунанд. Сарфи назар аз дурӣ ва харҷи роҳи Ишкошим – Душанбе Маҳрамбек нафаронеро, ки шароити молиявиашон хуб нест, бо нархи арзон ё худ ройгон мебарад. Инчунин, дар деҳа агар нафаре бемор шавад, номбурда ройгон онҳоро ба шифохона мерасонад. Пас ин аст, ки дар миёни аҳолии Вахон соҳиби обрӯ гардидааст. Зиндагияшро аз ҳисоби ронандагӣ пеш мебарад. Соҳиби 4 фарзанд буда, барои онҳо шароити заруриро муҳайё намудааст.

“Пулу мол ба касе вафо намекунад, муҳим одамгарӣ ва аз худ номи нек боқӣ гузоштан аст”, - хулоса менамояд ӯ.

Барояш дар ин роҳи тӯлониву душвор сафари бехатар мехоҳем.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед