Ru  | Tj
Қиссаи ҷолиби қаҳрамонии Илёс Тешаев ва ормонҳои неки ӯ
Қиссаи ҷолиби қаҳрамонии Илёс Тешаев ва ормонҳои неки ӯ
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Қиссаи ҷолиби қаҳрамонии Илёс Тешаев ва ормонҳои неки ӯ

Нашр шуд

Илёсиддин Тешаев варзишгари 19-сола буда, дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфара ба дунё омадааст. Ӯ, ҳанӯз аз навҷавонии хеш дар чемпионатҳои байналмилалӣ ширкат намуда, сазовори медали тилло ва соҳиби унвони “Қаҳрамони ҷаҳон” гардидааст. Илёсиддин Тешаев яке аз варзишгарони номии варзиши панкратион ба ҳисоб рафта, дорандаи унвони “Устоди варзиши дараҷаи олӣ” мебошад.


Ӯ ба мо дар мавриди ҳаёти варзишӣ ва чӣ гуна дар мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ ширкат намуданаш қисса кард.

“Ҳадяҳои падар маро ба варзиш овард”


Илёс Тешаев аз хурдӣ ба варзиш машғул буда ва то имрӯз дар намуди варзиши гӯштини тарзи озод, муҳорибаи тан ба тан ва панкратион қувваозмоӣ намудааст. Ӯ падарашро устоди аввалини худ меҳисобад ва бо хурсандӣ аз хотироти кӯдакии худ қисса менамояд.

“Дар кӯдакӣ падарам ба ман наворҳои набарди Майк Тайсон, Фёдор Емеляненко, бародарон Кличко ва дигар варзишгарони номии ҷаҳониро нишон медоданд, ки ин наворҳо оқибат ба ман таъсири амиқ карду дар дилам меҳр ба варзиш маъво гирифт. Ҳамин гуна, дар синни 6- солагӣ маро ба толори варзишии “Корхонаи кимиёвӣ”-и шаҳри Исфара аз намуди варзиши гӯштини тарзи озод ба шогирдии устоди варзиш Атамов Хуршедҷон супориданд. Падарам бо ширинӣ маро ба варзиш бисёртар шавқманд мекарданд, чун медонистанд, ки писарашон шириниро зиёд дӯст медошт” - бо табассум ба ёд овард ӯ.

Тавре қаҳрамони мо нақл намуд, дар солҳои аввале, ки ӯ ба машқу тамрин шурӯъ кард, вазъияти толори варзишии шаҳри Исфара ба талаботҳои муосир ҷавобгӯ набудааст. Бинобар ин, онҳо бештари вақт машқҳои варзиширо дар кӯҳҳо мегузоронидаанд. Илёс аз он хурсанд аст, ки айни ҳол вазъияти варзишгоҳҳои кишвар хуб буда ва аз ҷониби давлат низ варзишгарон дастгирӣ меёбанд.

Набарди аввалин ва ғолибияти деринтизор


Ӯ дар синни ҳафтсолагиаш бори аввал ба майдони набард баромаду ва дар финал шикаст хӯрд. Мағлуб шудан дар финал ӯро зиёд рӯҳафтода ва ғамгин кард.

“Баъди мағлубият хеле рӯҳафтода гашта будам. Агар тавсияҳои падар ва амаки азизам - Иқбол Тешаев намебуд, шояд аз варзиш мерафтам. Онҳо гуфтанд, ки рӯҳафтода нашуда ва бори дигар бо талоши бештар ба мусобиқаи навбатӣ омодагӣ бубинам. Пас аз шаш моҳ дар мусобиқаи шаҳрӣ оид ба намуди варзиши гӯштини тарзи озод дубора бо ҳамон ҳарифе, ки бар ман ғолиб омада буд, рӯ ба рӯ шудам. Дар аввал маро каме тарс фаро гирифту тапиши дилам зиёд шуд, аммо ба хотири ба худ ва дигарон исбот намудани тавоноиям худро ба даст гирифта ва бо рӯҳияи шикастнопазир вориди майдони рақобат шудам ва хушбахтона ғолиб омадам. Баъди ғалабаро соҳиб шудан, ба сӯйи падар ва амакам, ки дар канори варзишгоҳ меистоданд, давида ва худро ба оғӯши падар партофтам. Ба ростӣ эҳсосоти ғолибият бебаҳост ва барои ба даст овардани он ҳамеша талош меварзам” – бо эҳсос нақл намуд, Илёс.

Қиссаи ғолиб гаштан бо дасти шикаста


Илёс Тешаев аз соли 2014 инҷониб бо хонаводааш дар шаҳри Липекси Федератсияи Русия зиндагӣ мекунад. Ӯ баъди ба Русия рафтан, ба варзиш бештар машғул шуд ва ба маҷмааи варзишии “Динамо” - мактаби варзишии ҳунарҳои размии Игор Воротинтсев дохил гардид. Ӯ дар муддати кӯтоҳ тавонист, ки нозукиҳои варзиши панкратионро аз худ намояд. Дар корномаи варзишии Илёс лаҳзаҳои ҷолиб ва қаҳрамонона зиёданд ва яке аз он лаҳзаҳо бо дасти осебдида ба финал баромадан ва соҳиби медали тилло ва ҷоизаи фахрии “Барои ҷасорат” гардидани ӯ мебошад.


“Соли 2016 дар мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯйи намуди варзиши муҳорибаи тан ба тан, ки дар шаҳри Орёли Русия баргузор гардид, ширкат намудам. Дар ин мусобиқа се тан ҳарифи худро мағлуб намуда, ба финал роҳхат гирифтам. Дар дақиқаҳои аввали рақобат эҳсос намудам, ки дастам осеб дидааст, аммо сир бой надодам. Зеро ғолибият ҳадафам буд ва намехостам, ки мағлуб бишавам. Бо дасти осебдида рақобатро идома дода, соҳиби медали тилло ва ҷоизаи фахрии “Барои ҷасорат” гардидам” - бо ифтихор ба ёд овард қаҳрамони мо.

Иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ


Илёсиддин дар мусобиқоти қаҳрамонии Русия оиди муҳорибаҳои омехтаи ҷангӣ - СБИ, ки дар шаҳри Нижний Новгород баргузор шуда буд, ширкат варзида, сазовори медали тилло ва соҳиби унвони Қаҳрамони Русия гардид.

Ҳамчунин, моҳи сентябри соли 2019 дар мусобиқаи Ҷоми Русия аз намуди варзиши панкратион баромад намуда, мақоми аввал ва унвони “Устоди варзиш”-ро соҳиб гашт.


Қаҳрамони мо дар 17-солагиаш аввалин маротиба дар Чемпионати ҷаҳон - 2019 аз рӯйи намуди варзиши панкратион, ки дар шаҳри Рими Италия баргузор гардида буд, дар вазни 65 кило бар се рақиби сарсахт пирӯз омада, унвони “Чемпиони ҷаҳон”-ро соҳиб гашт.

Илёс дар мусобиқоти байналмилалӣ оид ба намуди варзиши панкратион, ки рӯзҳои 15-18-уми ноябри соли равон дар шаҳри Харкови Украина баргузор гашт, ширкат варзида, бо шикаст додани 5 ҳариф сазовори ҷойи аввал гардид. Яъне ӯ чанд рӯз пеш бори дувум унвони “Чемпиони ҷаҳон”-ро соҳиб шуд.

“Бароям ғолиб омадан дар ин чемпионат муҳим буд. Дар муддати се соат бо панҷ ҳариф аз давлатҳои гуногун рақобат намуда ва хушбахтона ғалиб гардидам. Бо ин ҳарифон қувваозмоӣ кардан хеле душвор буд, чун онҳо низ боқувват ва аз усулҳои варзишӣ огоҳ буданд. Аммо бо хости Худованд ва дуои мардуми шарифи Тоҷикистон дастболо гардидам, ки ин бурди худро ба амаки азизам - Иқбол Тешаев мебахшам. Равоншод аз хурдсолиям маро дастгирӣ мекарданду аз ҳар ғолибиятам хушҳол мешуданд” - бо таассуф иброз намуд, Илёс.

Варзишгари ҷавон вақти холигии худро бо мутолиаи китоб пур мекунад. Ӯ ақида дорад, ки мутолиа барои ҳар як варзишгар муҳим буда, қувваи зеҳнӣ низ барои муваффақият нақши муҳим мебозад.

Орзуи иштирок дар муҳорибаҳои омехта (UFC) ва бунёди мактаби варзишӣ дар Ватан


Илёс Тешаев барои расидан ба ҳадафу мақсадҳояш бо қувваи рустамона ҳамеша ба пеш ҳаракат мекунад ва барои баланд бардоштани парчами ватани худ дар арсаи ҷаҳонӣ талош меварзад.

“Шурӯъ аз соли 2022 тасмим дорам, ба хотири расидан ба орзуи ягонаам, ки иштирок дар муҳорибаҳои омехта (UFC) ва ғолиб гардидану аввалин қаҳрамони тоҷик шудан дар ин намуди варзиш аст, ҷиддӣ ба варзиш машғул гардида, бо дастгирии мардуми шарафманди тоҷик номи миллати азизамро боло барам” - мегӯяд Илёс.


Илёс Тешаев дар оянда тасмим дорад, фаъолияти варзишии худро дар Тоҷикистон идома диҳад ва бо ташкили мактаби варзишии худ ба Ватан ва мардуми азизи тоҷик хизмат намояд.

Мо ба ин варзишгари ҷавон барор мехоҳем.

Кова Тилавпур: “Пеш аз ҳама, Лигаи футболи Тоҷикистон бояд қавӣ бошад”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед