Ru  | Tj
Қиссаи “Шаш бародарон”. Роҳи муваффақияти Беҳрӯз дар соҳаи IT
Қиссаи “Шаш бародарон”. Роҳи муваффақияти Беҳрӯз дар соҳаи IT
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Қиссаи “Шаш бародарон”. Роҳи муваффақияти Беҳрӯз дар соҳаи IT

Нашр шуд

Солҳои охир калимаи рамзии “IT”-ро зиёд мешунавем. Албатта медонем, ки ин яке аз соҳаҳои сердаромадтарин дар ҷаҳон ба шумор меравад. Имрӯзҳо ҷавонони зиёде мехоҳанд, ки ба ин соҳа пайванданд ва маблағи хуб ба даст оранд. 

“IT” – ибораи мухтасари англисии “Information Technology” буда, тарҷумаи таҳтуллафзии он “технологияи иттилоотӣ” аст. Дар кишвари мо низ ин соҳа бемайлон тараққӣ ёфта истодааст. Яке аз аввалин чеҳраҳои муваффақи ин соҳа дар Тоҷикистон Беҳрӯз Ниязов мебошад, ки тавонист дар ҷодаи интихобкардаи худ пешрафт намояд.

IT аз нигоҳи ӯ

Беҳрӯз кори худро аз сифр шурӯъ кард. Барои расидан ба ҳадафҳои устувори худ ҳеҷ гоҳ аз роҳи интихобкардааш барнагашт. Ӯ ҳамеша ба худ  “Lets go” мегуфт. Имрӯз ширкати Беҳрӯз - “Шаш бародарон” аз муваффақтарин компанияҳои хизматрасонии IT дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки ба хизматрасонии компанияи ӯ аз АМА, Туркия, Қазоқистон, Русия, Белоруссия, Украина ва дигар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон муроҷиат мекунанд. Ширкатҳои хориҷӣ чандин бор даъват ба амал оварданд, ки Беҳрӯз бо маоши ду баробар баланд аз музди якмоҳааш дар ширкати онҳо кор кунад, вале ӯ рад намуд. Беҳрӯз мехост, ки дар ватани худ рушд кунад ва ба онҳое, ки барои дарёфти пули бисёр ба мамлакатҳои хориҷӣ мераванд, исбот намояд, ки шароити хуби зиндагиро ғояҳои ҷолиб ва меҳнати пурсамар фароҳам меорад. 

Ба гуфтаи ӯ, дилхоҳ одам метавонад бо IT машғул бошад. Ҳар нафаре, ки ба ин соҳа бо завқи ботинӣ ворид мешавад, ҳатман ба муваффақият ноил мегардад ва маблағи бисёр ба даст меоварад. Аммо танҳо ба хотири дарёфти пули калон бо ин соҳа машғул шаванд, ҳеҷ гоҳ кори онҳо барор намегирад.  Умуман, барои кор дар ҳама соҳа майлу рағбати хос лозим аст. Вақте ки мутахассис ба ихтисоси худ завқ дорад, ғояҳои наву ҷолиб пайдо мешавад ва хастагиро эҳсос намекунад. 

“Соҳаи IT низ монанди дигар соҳаҳо марҳилаҳои рушд дорад: омӯзиш, таҷриба, ҷустуҷӯ ва такмили ихтисос. Барои омӯхтани ин касб аввал самти шиносро интихоб кардан лозим аст, чунки IT танҳо аз як фазо иборат нест. Дар замони имрӯза барои омӯзиши барномасозии дизайнерӣ, мобилӣ, молиявӣ, сохтани пойгоҳ ва базаи маълумотҳо шароити васеъ фароҳам оварда шудааст. Яъне барои барномасози дизайнерӣ будан бояд аз тарроҳӣ огоҳ бошанд, ё худ барои аз худ кардани самти мобилӣ лозим меояд, ки ҳатто бо ноаёнтарин функсияҳои телефон ошноӣ пайдо намоянд”.

Беҳрӯз таъкид мекунад, ки барномасоз на ҳамеша мутахассиси  IT мешавад, аммо намояндаи IT ҳамавақт метавонад барномасоз бошад. Зеро барои барномасоз донистани якчанд программаҳо басанда аст, вале мутахассиси IT  -ро мебояд, ки ҳар як детали хурдтарини компютерро донад ва қобилияти баланди касбӣ дошта бошад. 

Зиндагӣ дар “кӯча”   

Беҳрӯз баъд аз хатми Литсейи муштараки тоҷикӣ-туркии шаҳри Турсунзода, соли 2005 ба факултети технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионии ДТТ ба номи М. Осимӣ дохил шуд. Ӯ аз рӯзҳои аввали таҳсил дар донишгоҳ худро ҳамчун донишҷӯи фаъол нишон дода тавонист. Маълум аст, ки донишомӯзи намоён будан шикамро сер намекунад. Барои хӯроку пӯшок маблағ лозим буд. Волидони Беҳрӯз шароити хуби зиндагӣ доштанд, аммо ӯ намехост, ки аз онҳо пул гирад, зеро аллакай худро барои зиндагии мустақилона омода меҳисобид. Аз ин рӯ, фаъолияти кории худро ба ҳайси ҳисобдор дар компанияи “Ulker” шуруъ кард.

“Солҳои донишҷӯӣ беҳтарин лаҳзаҳои зиндагиам буд. Ин давра ба ман чӣ тавр дар “кӯча” зистанро омӯхт. Маҳз солҳои 2005-2007 таҷриба кардам, ки воқеан тӯли як ҳафта бо 10 сомонӣ зистан мумкин аст.  Ман ҳамон замон омӯхтам, ки инсон чӣ тавр метавонад кор ёбад ва пул ба даст орад”, - ба хотир овард Беҳрӯз.

Аз рушд то “кризис”  

Шурӯъ аз соли 2009 ӯ ба таъмири компютерҳо машғул гардид. Фармоишро дар пойтахт қабул мекард. Новобаста аз таҳсил дар донишгоҳ ва корҳои таъмир, боз ба як машғулияти дӯстдоштаи худ тавонист вақт ҷудо намояд. Ӯ ба Хона-интернати кӯдакони бепарастори шаҳри Турсунзода, ба ҳайси омӯзгори маҳфили омӯзиши технологияи компютерӣ фаъолият кард, лекин бар ивази кор маош намегирифт. Ӯ танҳо мехост, ки кӯдакони бепарастор аз донишҳои муосир бархӯрдор бошанд. Барои вай музди кораш аз таъмири компютерҳо басанда буд.

Беҳрӯз дар ҳамин давра ба омӯзиши барномасозии молиявӣ майл пайдо кард. Тасмим гирифт дар соҳаи дӯстдоштаи худ рушд намояд. Барои омӯзиши ин самт ҳамарӯза аз интернет донишҳои навро ҷустуҷӯ мекард. Ӯ соли 2009 дар Муассисаи омӯзишии онлайнии Русия тариқи таҳсилоти фосилавӣ таълим гирифта, соҳиби сертификат гардид.  

Қаҳрамони мо худи ҳамон сол роҳи боз ҳам хубтари дарёфти маблағро пайдо намуд: азнавсозии барномаҳо, кор бо барномаҳои “1С” ва  “Microsoft”, насби антивирус ба компютер, хариду фурӯши компютер ва таҷҳизотҳои он машғул шуд, ки ин фоидаи дучандро ба бор овард. 

Ӯ дербоз мехост ба коре даст занад, ки аз аввалинҳо бошад. Бо ин мақсад, соли 2013 бо пулҳои тӯли чор сол ҷамъкардаи худ  ширкати “Soft Group” –ро, ки номи расмии он “Шаш бародарон” аст, таъсис дод. Соли 2014 бо интернет-мағозаи худ ба фазои бозори камхаридори интернети тоҷикӣ ворид шуд. Хушбахтона, корҳои ӯ ривоҷу равнақ ёфт.  

“Шаш бародарон” нахуст ширкати хурди хизматрасонии таҳиякунандаи вебсайтҳо буд. Баъдтар барои дар ҳолати доимӣ намондан, тадриҷан хизматрасониҳои навро ҷорӣ кард. Ҳоло ин ширкат бо таҳияи лоиҳаи ҳамгироии молиявӣ барои тиҷорат – автоматизатсиякунонии компания, системаҳои амниятӣ, фурӯши таҷҳизоти электронии идоравӣ, инчунин насби системаҳои амниятӣ, бахусус камераҳои назоратӣ машғул аст.

“Пештар барои боло бардоштани мавқеи корхона ба лоиҳаҳои бепул, ки ширкатҳои маъруфи сатҳи байналмилалӣ фармоиш мекарданд, даст мезадем. Имрӯз ҳамаи он меҳнатҳои мо самар овард ва чандин лоиҳаи гаронарзиш ва баландсифатамонро харидорӣ намуданд.  То ин замон бо муассисаҳои давлатии “Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” “Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия”, “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, КВД “Хоҷагии манзилию комуналӣ”, инчунин бо “Babilon-T”, “Tcell”, КМ “Зарафшон”, “DM corporation” ва дигар ширкатҳо ҳамкориҳои судманд доштем”, - шарҳ медиҳад ӯ. 

Ба андешаи Беҳрӯз ҳар як бизнес дар фаъолияти худ ақаллан як бор бӯҳрони иқтисодии хурдро аз сар мегузаронад. Ӯ низ дар фаъолияти тӯлониаш дар соҳаи IT, бо ин ҳолат рӯ ба рӯ шуд. Беҳрӯз фармоише дошт, ки бояд дар мӯҳлати муайян ба мизоҷ месупорид, аммо бо сабаби зиёд будани лоиҳаҳои ширкат ба ин лоиҳа расидагӣ карда натавонист. Аллакай кор аз кор гузашта буд ва тибқи ӯҳдадориҳои шартнома 25 000 доллари пардохтшударо дар муддати бист рӯз пурра ба фармоишдиҳандаи ноком баргардонад. 

“Воқеан давраи душвор буд. Мутаассифона дар буҷаи “Шаш бародарон” ин қадар маблағи иловагӣ набуд, то “кризис” -и муваққатиро бартараф кунем. Одати қарз гирифтан ҳам надорам. Бо инояти Худованд дар зиндагии ман имконияти дигар пайдо шуд. Яке аз ширкатҳои маъруф барои истифода аз хизматрасонии IT ба компанияи мо муроҷиат кард. Дарҳол бо ин ширкат шартномаи дутарафа имзо кардам ва аз онҳо ба миқдори 40 000 доллар аванс гирифта, маблағро ба ширкати қарздоршудаам баргардондам. Албатта бо гурӯҳи кории худ аз ин ҳодисаи ногувор ибрат гирифтем. Нағалтидем, аммо дарди пешпо хӯрданро эҳсос кардем. Минбаъд ба ин гуна хатоӣ роҳ нахоҳем дод”, -  бо боварӣ қайд кард Беҳрӯз Ниязов.

2:255

Имрӯз дар “Soft Group” ҳудуди 10 нафар мутахассис бо кори доимӣ таъмин ҳастанд. Директори ширкат Беҳрӯз Ниязов барои боло бардоштани сифати корӣ маҷбур шуд, ки чанд бор кормандони ширкатро иваз намояд. Имрӯз гурӯҳи кории ин компанияро метавон коллективи аҳлу иттифоқ номид. 

Яке аз ҷиҳатҳои ҷолиби ширкат ин рақамҳои зери логотипи “Soft Group” аст. Аз тарафи рости поёни логотип чунин рамз оварда шудааст: 2:555.  Ба гуфтаи Беҳрӯз 13-уми майи соли 2007, яъне 255 -ум рӯзи курси 2 -юм дар донишгоҳ, шаш тан дӯстони наздик аҳд мекунанд, ки компанияи хусусии худро бо унвони “Шаш бародарон” таъсис диҳанд. Онҳо муддати 20 сол мешавад, ки дар ҳама рӯзҳои неку бад канори ҳамдигаранд. Аз ин рӯ, номи расмии ширкати “Soft Group” низ “Шаш бародарон” унвон гирифтааст. 

“Панҷ нафар дӯстоне, ки риштаи бародарӣ дорем, маро Баха садо мекунанд ва дигар дӯстони наздикам Бехаҷон. Кормандонам бошанд албатта “аки Беҳрӯз” мегӯянд. Дар асл бароям фарқ надорад, ки бо чӣ ном фарёд мекунанд, аз ҳама муҳим ин самимият аст”, - гуфт қаҳрамони мо.

Ӯ бо оилаи худ дар шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекунад. Ҳар рӯз 67 км роҳро тай намуда, ба коргоҳ меояд. Масофаи дур ба корҳои ширкат халал намерасонад, - мегӯяд ӯ, - аммо новобаста аз ин нақша дорам, ки баъди 2 ё 3 сол барои таҳсили босифати фарзандонам дар яке аз литсейҳои беҳтарини Душанбе, ба пойтахт кӯч бандам.

Беҳрӯз на танҳо ба хотири фоида дар ин соҳа фаъолият мебарад, балки мехоҳад самти IT дар Тоҷикистон вусъат ёбад ва бо намояндагони касбии ин соҳа рақобат намояд. Ӯ нақша дорад, ки соли равон ба самти биржа низ ворид шавад. Инчунин, барои боз намудани филиалҳои ширкати худ дар давлатҳои хориҷи кишвар омодагӣ мебинад. 

Мо низ орзуманди муваффақиятҳои Беҳрӯз ҳастем.


“Ман ба Шарқ менигарам”. Юрий Вайс метарсад, ки дигар хотираҳои худро аз Тоҷикистон намеёбад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед