Ru  | Tj
Хайрулло Давлатов. Ҳунарманде, ки роҳи рӯзноманигорӣ то рассомиву лӯхтаксозиро тай кардааст
Хайрулло Давлатов. Ҳунарманде, ки роҳи  рӯзноманигорӣ  то рассомиву лӯхтаксозиро тай кардааст
Аксҳо: Аз муалллифи мақола дастрас гардидааст

Хайрулло Давлатов. Ҳунарманде, ки роҳи рӯзноманигорӣ то рассомиву лӯхтаксозиро тай кардааст

Нашр шуд

Завқ доштану талош кардан ва таслим нашудан ҳар фардро дар роҳи эҷоду ҳунар муваффақ мегардонад. Қаҳрамони мо низ шӯруъ аз даврони наврасӣ завқу орзуҳои  хешро пайгир шуда, дар роҳи ҳунаромӯзӣ мавқеи худро пайдо кардааст. Хайрулло Давлатовро дар вилояти Хатлон ҳамчун рассом, ҳаҷвнигор, ҳунарманди театр ва роҳбари театри вилоятии лӯхтаки «Афсона» мешиносанд.

ОМӮЗИШИ РАССОМӢ АЗ ТАСВИРҲОИ АЛИФБО

Хайрулло Давлатови 64-сола зодаи шаҳри Бохтар буда, ба ҳунари рассомӣ дар даврони донишомӯзӣ шавқ пайдо менамояд. Ӯ мегӯяд, тасвирҳои зебои атроф ва расмҳои хушранги китоби афсона ҳамеша зеҳнашро ба олами рангин мебурд.

«Расмҳои китоби алифбо ҳамеша маро ба худ ҷалб мекард. Дар оғоз коғазро болои  ин расмҳо гузошта рӯйбардор мекардам ва ин аввалин талошҳои ман барои омӯзиши рассомӣ буд», - мегӯяд ин ҳунарманд.


Қаҳрамони мо дар мавриди аввалин дастовард ва қадрдонии ҳунараш чунин қисса кард:

- Ҳангоми таҳсил дар синфи ҳаштум ба ифтихори рӯзи оташнишонҳо озмуни расми беҳтарин эълон гардид, ки ман дар он бо расми тасвиркардаи хеш ширкат варзидам. Баъдан дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» натиҷаи озмун эълон шуд ва маълум гардид, ки ман сазовори ҷойи аввал гардидаам. Баъди ду рӯз сардори Раёсати оташнишонии вилояти Қурғонтеппа (ҳозира Хатлон) ба мактаб омада, ба инҷониб сипоснома ва дастгоҳи аксбардории 4ЗоК туҳфа намуд. Доштани ин дастгоҳи аксбардорӣ орзуям буд, ки харидории он на ба ҳар кас имконпазир буд. Ин қадрдонӣ дар ҷодаи рассомӣ боз ҳам шавқмандам намуд», - ба ёд овард Хайрулло Давлатов. 


АЗ   ТАСВИРҲОИ ҲАҶВӢ ТО ҲАМКОРӢ БО МАҶАЛЛАИ ҲАҶВИИ «ХОРПУШТАК»

Ишқу алоқа ба тасвиргарӣ қаҳрамони моро ба Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанбе бурд. Ӯ тайи солҳои 1976-1982 дар ин боргоҳ ҳунари рассомиро ҳирфаӣ азхуд намуд, ки ҳангоми таҳсил дар курси дуюм барои ҳамкорӣ ба рӯзномаи кӯдаконаи «Пионери Тоҷикистон» даъват шуд. Хайрулло Давлатов дар ин нашрия ба ҳайси рассом-иллюстратор фаъолиятро оғоз намуда, ҳамзамон мушкилоти ҷомеаро дар қолаби ҳаҷв ба риштаи тасвир кашида, ба рӯзномаи ҳаҷвии «Хорпуштак» равон менамуд. Ҳамин тавр, ҳамкории ӯ бо ин маҷалла низ оғоз гардид. Ин ҳунарманд мароми тасвирҳои ҳаҷвии худро бартараф намудани мушкилоти ҷомеа тавассути ҳаҷв унвон кард.

«Пайваста  камбуди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф, тиб, нозирони роҳ ва ё  сокинонро тавассути тасвирҳои ҳаҷвӣ ошкор ва баён мекардам, ки ин тарҳи пешниҳод бештар қабули хонанда мегашт ва дар ислоҳи онҳо мусоидат менамуд», - гуфт ин мусаввир.


ТЕАТР МУАРРИФИ ҲУНАРҲОИ ХУФТА АСТ

Хайрулло Давлатов баъди хатми омӯзишгоҳ фаъолияти кориро дар театри  мусиқӣ-мазҳакавии Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба ҳайси рассом-ороишгар шӯруъ намуд. Баъди ду соли фаъолият дар ин самт ба кори рӯзноманигорӣ ҳавасманд шуд  ва дар рӯзномаи  вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ба ҳайси рассом ва мухбир-суратгир тайи 9 сол кор фаъолият кард. Соли 1990 ҳамчун мудири осорхонаи таъриху кишваршиносии Қӯрғонтеппаи онвақта таъйин гардид, зеро он замон дар Донишгоҳи давлатии Владимир Ленин (кунун Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ғоибона таҳсил менамуд. Баъди фаъолият дар ин самтҳо соли 1999 ҳамчун саррассом боз ба театр баргашт ва дар бунёди аввалин осорхонаи шаҳр ҳамчун ороишгар саҳми назаррас гузошт.

«Фаъолият дар театр ҳунарҳои дигареро дар ман бедор кард. Дар баробари рассомӣ ҳунари ҳаҷвнигорӣ, рӯзноманигорӣ ва нақшофарӣ дар намоишномаҳои гуногун дар ман рушд кард. Пайваста дар омӯзиш ва ташаккули ҳунарҳои худ будам ва натиҷаи заҳматҳои худро медиҳаму ин шодам мекард. 24 сол ҳамчун саррассоми театр фаъолият кардам. Дар ин солҳо ба ҳайси ороишгар чандин корхонаву коргоҳи навтаъсисро бо тасвирҳои зебо ороиш додем. Охирин корам чун ороишгар Осорхонаи навтаъсиси ноҳияи Ҷ. Балхӣ буд, ки саҳми ман дар онҷо ҳамчун ороишгар зиёд аст», - мегӯяд ӯ. 

Дар ин баробар мусаввараҳои зиёде тасвир намудааст, ки қисме аз онҳо дар осорхонаҳои вилоят ва қисми дигараш чун манзараи табиат ва портрети инсонҳо дар хона нигоҳ дошта мешаванд.

«Аз давраи наврасӣ то имрӯз чандин мусаввараву расмҳои гуногунро тасвир кардаам. Бештар майл дорам ба тасвири табиати зебо ва чеҳранигорӣ. Бо хоҳиши дӯстону рафиқон барояшон чеҳранигорӣ мекунам ва ё барои завқу дилам манзараҳои зебои диёрамонро тасвир менамоям. Ин расму нигораҳо  дар як ҳудуди хурди хона ё осорхонаҳо нигоҳ дошта мешавад, яъне тамошобинон камтар аст, вале тасвирҳое ки барои намоишномаҳои театрӣ ва ороиши биноҳои бузург омода мекунам бештар завқмандам месозад, чун онҳо пайваста пеши чашми мардум буда, ҳар бинанда аз дидани онҳо лаззат мебарад», - иброз дошт ин рассоми пурҳунар.   


ОМӮЗИШИ ҲУНАРИ НАВ ДАР ТЕАТРИ ЛӮХТАК

Соли 2017 дар вилояти Хатлон аввалин тетри лӯхтак таъсис ёфт ва Хайрулло Давлатов мудири ин театр таъйин гардид. Дар оғози фаъолияти театр мушкилиҳо хеле зиёд буд, вале ҳунармандон талош мекарданд тамошобинони хурдакаки худро ба дунёи афсонаҳои кӯдакӣ ҷалб созанд. «Мо он замон мушкилоти зиёд доштем. Бинои мутобиқ ва мутахассис надоштем, вале фаъолиятро идома додем», гуфт ин ҳунарманд.

Ӯ дар баробари иҷрои вазифаи роҳбарӣ дар намоишномаҳои ба саҳна гузошташуда дар ороиши он ва сохтани лӯхтакҳои мувофиқ ба сенарияҳои намоишнома саҳми назаррас дорад. Тибқи нақли худи ӯ сохтани лӯхтаҳоро дар ин театр омӯхтааст. Таҷрибаи рассомӣ ба ӯ имкон дод, ки тарҳрезии лӯхтак ва рангубори онро ба осонӣ иҷро намояд.


Чун дар офаридани расмҳои ҳаҷвӣ ва манзараҳои зебои табиат маҳорати хоса дорад, бо эҷоди тасвирҳои нав дар намоишномаҳо ҷазобият ворид месозад. Имрӯз беш аз 30 лӯхтаҳои сохтааш дар намоишномаҳои театрӣ истифода мешаванд ва дар ин баробар  барои ҷашну маҳфилҳои идона лӯхтак ва намунаҳои дигарро омода мекунад.

«Барои лӯхтакро офаридан аввал сенарияҳои намоишномаро омода карда мехонем, баъдан мутобиқ он тарҳи қаҳрамонҳои намоишномаро рӯйи коғаз меорем ва масолеҳи лозимаро ҳисоб карда, лӯхтакҳоро омода карда, истифода менамоем. Мутобиқи сенарияҳои афсонаҳои халқӣ рангубор ва омода кардани лӯхтакҳо кори заҳматалаб аст. Дар бештари ҳолатҳо мо лӯхтакҳоро ба шакли миллӣ омода мекунем ва дар баъзе ҳолатҳо мутобиқ ба сенарияҳо шаклашонро дигар месозем. Лӯхтакҳо чанд намуд мешаванд, масалан барои бозии кӯдакон, барои туҳфа кардан ва барои дар саҳнаҳои театрӣ истифода намудан ва сохти ҳамаи инҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Лухтаҳои театрӣ бояд ҳаракаткунанда бошанд ва барои возеҳ фаҳмонидани сухан қаҳрамони образаш дасту по, даҳону чашмонаш ҳаракат кунанд», - гуфт роҳбари театри лӯхтак.


НИГАРОНӢ

Дар баробари фаъолият ва дастовардҳо ин ҳунарманд имрӯз аз мушкилоти театри кӯдакона изҳори назар карда, аз набудани мутахассисони лӯхтаксозу рассом изҳори нигаронӣ намуд.

«Боиси таасуф аст, ки тибқи нақшаи бозсозии шаҳри Бохтар бинои театри лӯхтак  тахриб шуд ва  моро дар зербинои тетри Ато Муҳаммадҷонов ҷой карданд, ки он дорои утоқи хурд буда, шароити корӣ фароҳам нест. Вале мо худ лӯхтакҳоро омода мекунем ва бештари намоишномаҳои худро дар мактабу саҳни биноҳои шаҳру навоҳӣ мегузаронем. Дар мо мутахассисони лӯхтаксоз ва ҳунармандони рассом намерасанд. Чандин кормандони мо аз сабаби кам будани маош корро бас карданд ва барои мо дардовар аст, ки имрӯз миёни касбу ҳунарҳои гуногун  ҳунари рассомӣ ва ҳунарманди театри кӯдакона аз таваҷҷуҳ дур мондааст ва то ҳол ихтисоси алоҳидае барои омодасозии ҳунарманди театри кӯдакона нест ва ин ҳол барои фаъолият ва рушди беҳтари театр ва ҳунармандони ин театр монеаи зиёд пеш меорад», - гуфт қаҳрамони мо. 

АЗ  САҲНАИ ТЕАТР ТО БА САҲНАИ КИНО

Ҳангоми фаъолият дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар қаҳрамони мо дар якчанд намоишномаи театрӣ ва филмҳо низ нақшофарӣ намудааст. Навиштани  сенарияҳои чандин филми «Хатлонсинамо» ӯро чун филмофар муваффақ намуд.  Аз ҷумла сенарияҳои филми «Марги сафед», «Асрори тақдир» ва  «Хаёлӣ» ба қалами  ӯ тааллуқ дошта, дар ин филмҳо худаш низ нақшофарӣ намудааст.  Дар филми мазҳакавии «Хаёлӣ» нақши асосиро офарид, ки ин филм дар ҷашнвораи байналмилалии «Дидор» сазовори мақоми аввал гардид. 


КАСБИ ПАДАР МЕРОСИ ПИСАР АСТ

Барои идомаи касбу ҳунарааш Хайрулло Давлатов шогирдони зиёде тарбия намудааст ва миёни ин шогирдон фарзандаш Ҳабибулло Хайруллоев низ касби падарро ба мерос гирифта, имрӯз дар бари падар ва устодаш рост истода сабақи нақшофарӣ, ҳунармандӣ ва лӯхтаксозиро аз падар меомӯзад.

«Дар оғози кор ман ба мушкилиҳои зиёде рӯбарӯ мешудам, чун дар самти ҳунарманди ва сохтани лӯхтакҳо таҷрибаи корӣ надоштам. Бо кумаки устод ва падарам ин ҳамаро омӯхтам ва имрӯз дар ин ҷода бо муваффақият равонам», - иброз дошт Ҳабибулло Давлатов.


РУШДИ СОҲАИ ТЕАТРИ КӮДАКОНА ОРЗУИ РАССОМ АСТ

Рассомӣ ҷанбаи гуногун дорад ва Хайрулло Давлатов  худро дар ҳама ҷанбаҳои ин ҳунар санҷидааст. Аз тасвири расмҳои ҳаҷвӣ ва фаъолият дар маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» ҳамчун  рассом-ҳаҷвнигор, рассоми театр, рассом-ороишгар, рассом-лӯхтаксоз то  рассом-чеҳранигор фаъолият намуда, ҳунари худро рушд додааст. Таманно дорад, ки ин ҳама ҳунарашро шогирдон ва мутахассисони оянда идома диҳанд.


«Хеле мехоҳам, ки таваҷҷуҳи ҷавонон ба ҳунари рассомӣ ва ҳунармандии театри кӯдакона бештар шавад, зеро ин ҳунарҳо насли ояндаро барои фардо тарбия ва омода мекунад. Агар дар ин самт мутахассис набошад, кӯдакону наврасон аз омӯзиши фарҳангу театр дур мемонанд ва дар оянда нисбати  фарҳанги миллӣ бетаваҷҷуҳ мегарданд. Умед дорам, ки дар ояндаи наздик ихтисоси алоҳидае барои омода кардани ҳунармандони театри кудакона кушода мешавад ва мушкилоти норасоии мутахассисон дар ин самт бартараф мегардад», - гуфт Хайрулло Давлатов.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед