Ru  | Tj
Кова Тилавпур: “Пеш аз ҳама, Лигаи футболи Тоҷикистон бояд қавӣ бошад”
Кова Тилавпур: “Пеш аз ҳама, Лигаи футболи Тоҷикистон бояд қавӣ бошад”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Кова Тилавпур: “Пеш аз ҳама, Лигаи футболи Тоҷикистон бояд қавӣ бошад”

Нашр шуд

Ҳамасола дар ҷаҳони футбол дар баробари муваффақияти бошгоҳҳо инчунин, гузариши футболбозон ба дигар дастаҳо яке аз мавзӯҳои ҷолиб ва пуровоза миёни дӯстдорони варзиши рақами 1-и сайёра мебошад. 

Дар ин давра бозори трансферӣ бо овоза ё ҳақиқати гузариши футболбозон ба дастаҳо гарм шуда, таваҷҷӯҳи ҷомеаи футболиро ба худ ҷалб месозанд. Дар ин миён, саҳми менеҷерони футболӣ дар гузаришӣ бозигарон бештар аст. 


Кова Тилавпур ягона агенти варзишӣ аз Тоҷикистон мебошад, ки бо ҳимоят аз манфиатҳои футболбозон роҳи  ояндаи онҳоро ба дигар дастаҳои хориҷӣ муайян мекунад. Ӯ дар баробари фаъолияти менеҷерӣ, инчунин дорои якчанд касбу ҳунари дигар мебошад, ки ҳамаи онҳо дар ташаккули ӯ нақши муҳим доранд. Вобаста ба ҳунар, шуғл ва нақши агенти футбол дар гузариши футболбоз то ояндаи ин соҳа дар Тоҷикистон сӯҳбате доштем.

- Айёми наврасии Шумо дар кадом муҳит сипарӣ гардидааст?

- Айёми кӯдакию наврасиям дар шаҳри Хуҷанд сипарӣ шудааст. Мактаби №8-и шаҳри Хуҷандро хатм кардаам. Ҳамзамон, дар мактаби варзишии кӯдакону наврасони №1-и шаҳри Хуҷанд муддати 7 сол ба варзиши футбол машғул шудам. Ҳамин буд, ки аз соли 2008-то 2011-ум дар ҳайати дастаи ҷавонони Хуҷанд бозӣ мекардам. Айёми наврасиам дар муҳити озод ва тамрини футбол гузашт, зеро ба футбол шавқам бештар буд. Ҳамчунин, волидонам мекӯшиданд, то ҳама шароитро бароям муҳайё созанд.


- Пас, чаро дигар ба футбол машғул нашудед?

- Замони дар ҳайати дастаи “Ҷавонони Хуҷанд” бозӣ карданам аз поям ҷароҳат бардоштам. Баъди табобат кӯшиш намудам дубора ба футбол баргардам, вале мутаассифона, дарди пойям нагузошт, ки дигар ба майдони  футбол оям.

- Чӣ гуна ба майдони ҳунар роҳ ёфтед? То ҷойе медонем, Шумо дар филме ҳам нақш офаридаед?

- Вақте ки ҳафтсола будам, ба як кастинги филм даъват шудам, ки аз миёни 100-120 нафар танҳо маро қабул намуданд. Дақиқтараш, соли 2001 ва ин филми “Фариштаи китфи рост” буд, ки коргардони он Ҷамшед Усмонов буданд ва ман дар он нақши асосиро, яъне нақши “Ятим”-ро бозидам. Инчунин, ба мусиқӣ низ рағбат доштам. Дар мактаб ва донишгоҳ чорабиниҳои фарҳангӣ доир мешуд ва он ҷо як тими бузургеро ташкил намуда будам. Як албоми мусиқии жанри “реп” ҳам эҷод кардаам, ки дар он аз эҷодиёти Аҳмад Зоҳир, Лоиқ Шералӣ ва гурӯҳи “Барака” истифода бурдаам.


- Дар идома ҳамчун рӯзноманигор низ фаъолият кардаед, ба ин касб чӣ гуна пайвастед? 

- Ҳанӯз аз замони мактабӣ бо рӯзномаи бачагонаи “Лочин” робита доштам ва онҷо мақолаву шеърҳои бачагона нашр мекардам. Ҳатто падарам - Тилав Расулзода, ки журналист аст, боре ҳам нагуфтааст, ки ман ҳам журналист шавам, яъне ҳеҷ кас маҷбур накардааст, худам шавқу ҳавас доштам ва бинобар ин, вориди ин соҳа шудам. 

- Фаъолият дар телевизиони “Варзиш” бароятон чӣ мушкилӣ дошт?

- Ман ба ғайр аз футболбози ҳирфаӣ будан, боз дар мусобиқаҳои намудҳо дигари варзиш ширкат мекардам. Махсусан, дар намуди бокс ва ҷанги тан ба тан, ки он солҳо ин соҳа тоза машҳур мешуд. Дар мактабе, ки дарс мехондам, муаллими фанни тарбияи ҷисмониамон устоди волейбол буд ва он ҷо низ бозии волейболро хуб омӯхтам. Фикр мекунам, ки кор дар телевизиони “Варзиш” бароям мушкил набуд. Аз кори худам ҳаловат  мебурдам. Чун аз намудҳои зиёди варзиш хабардор будам. Дар вақти фаъолият дар телевизиони “Варзиш” бо бисёре аз футболбозони кишвар шиносоӣ пайдо кардам ва шиносоии мо ба як дӯстии наздик мубаддал гардид. Ба менеҷери футболбозон шуданам низ он ҷо сабаб шуд. Чун аз бештари мушкилӣ ва камбудиҳои футболбозон  огоҳ гардидам.


- Фаъолияти менеҷерӣ дар кишварҳои Аврупо як шуғли машҳур ва даромаднок аст, ки мутаассифона дар Тоҷикистон то ҳол рушд накардааст, идеяи ба ин фаъолият пайвастанатон аз куҷо сарчашма мегирад?

- Замони дар телевизиони “Варзиш” фаъолият карданам, барои футболбозон лавҳаҳои таблиғотӣ омода мекардам ва мушкилии онҳоро дар мавриди ба дастаи дигар гузаштан ё иштибоҳҳои қарордод, ки бошгоҳҳо фиреб мекарданд, осон менамудам. Замоне ки дар Туркия будам, бо маслиҳати чанде аз дӯстон ба ин кор ҷиддӣ машғул шудам ва нахуст фаъолиятро бо яке аз ширкатҳои бритониёӣ оғоз кардам.

- Барои менеҷери футбол шудан ба кадом талаботҳо бояд ҷавобгӯ буд?

- Аввалан бояд фаҳмиши футбол дошта бошӣ. Шахс агар дарки футбол накунад, беҳтараш ба ин соҳа рӯ наорад. Баъдан барои муошират донистани забонҳои хориҷӣ нақши муҳим дорад. Бояд сабур ва ба мушкилиҳо таҳаммул кард.


- Аз мушкилиҳо гуфтед, яъне кадом мушкилот дар ин соҳа вуҷуд дорад?

- Ба назарам ҳама кор мушкилии худро дорад. Бештар бошгоҳҳо моҳонаи футболбозонро дар вақташ намедиҳанд, шароити зиндагии футболбозро чӣ тавре, ки дар қарордод омадааст, иҷро намекунанд. Як иштибоҳ ё қарори хуби агент метавонад ба фаъолияти ояндаи футболбоз таъсиргузор бошад.

- Ояндаи ин соҳаро дар Тоҷикистон чӣ тавр шарҳ медиҳед?

- Ин соҳа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ як риштаи ҷадид аст. Бинобар ин, умедвор ҳастам, ки солиёни наздик рушд хоҳад кард ва мудирбарномаҳои хубу қавӣ барои пешрафти футболи Тоҷикистон кӯмак хоҳанд намуд.


- Таъсиси ширкати трансферии “Kova Tilavpur agency” ба Шумо чӣ гуна даст дод?

- Чӣ тавре, ки дар боло зикр кардам, замони таҳсил дар Туркия ҳамчун коргар дар як ширкати бритониёӣ, ки таъсисдиҳандаи он Депо Кабоде, собиқ футболбози тими “Сток Сити” аст, кор кардам. Баъди ду соли фаъолият дар ин ширкат, тасмим гирифтам, ки ширкати худро боз кунам. Аввалин созишномае, ки ширкати “КТ agency” ба имзо расонид, бо Нуриддин Давронов буд, ки бо бошгоҳи “Оман”-и кишвари Уммон сурат гирифта буд.

- Кова Тилавпур кист,  ҳунарманд, рӯзноманигор, тарҷумон ё менеҷери футбол?

- Кова Тилавпур тоҷик аст. Аз тоҷик буданам ифтихор дорам. Ҳамаи ин риштаҳо дар ҳаётам нақши бориз доранд ва ифтихор мекунам, ки чунин ҳунарҳоро дорам. Риштае, ки дар донишгоҳ таҳсил кардам, тарҷумонӣ ва менеҷер ё ҳамон мудирбарномаи футболбозон аст. Ҳунарманд ва рӯзноманигорӣ ин бароям шавқи дӯстдошта шудаанд.


- То ба имрӯз дар гузариши кадом футболбозон ба дастаҳои футболи ҷаҳонӣ мусоидат намудаед?

- Зиёда аз даҳ футболбози тоҷикро  ба дастаҳои  хориҷӣ ирсол кардаам. Ҳамчунин, бо футболбозони кишварҳои дигар, аз ҷумла Ӯзбекистон, Эрон ва Туркия робита дорам.

- Дар ҷойе хонда будам, ки Агенти футболӣ Алан Прудников, ки аз манфиатҳои нимҳимоятгари «Манчестер Сити» Александр Зинченко ҳимоят мекард, роҳбарияти клубро водор мекунад, то ба ин футболбоз аҳамият диҳанд. Оё Шумо барои гузариши бозингар ба ягон даста чунин пешниҳод кардаед?

- Замони гуфтушунид ман низ бо бошгоҳҳо дар мавриди ояндаи футболбоз бо роҳбарияти бошгоҳҳо сӯҳбат мекунам. Дастаҳое ҳастанд, мехоҳанд футболбозоне, ки синашон ҷавон аст, ба даста ҷалб кунанд ва баъди чанде онро ба тимҳои дигар трансфер намоянд. Замони қарордод бо бошгоҳҳо ингуна сӯҳбатҳо зарур ва маъмулӣ шудааст.


- Ба назари Шумо, кадом мушкилот футболбозони тоҷикро доманагир аст, ки наметавонанд дар лигаҳои аврупоӣ бозӣ кунанд?

- Пеш аз ҳама, Лигаи футболи Тоҷикистон бояд қавӣ бошад. Омилҳои дигараш футболбоз барои ба як тими хориҷ рафтан бояд аз ҳама ҷиҳат омода бошад. 

- Дар мавриди таваҷҷӯҳи дастаи “Химки” ба Эҳсони Панҷшанбе мегуфтед. Ин овоза то куҷо ҳақиқат дорад?

- Шумо худ медонед, ки Эҳсон яке аз бозингарони беҳтарин дар Осиёи Марказӣ дар мавқеъи нимҳимоятгари марказӣ аст. Албатта, бошгоҳи “Химки” бу ӯ таваҷҷӯҳ кард, вале ба ғайр аз ин, бошгоҳи “Ҳатайспори Туркия” низ қарордоди сесола ирсол кард. Аммо чун Эҳсон бо “Навбаҳор” то охири соли 2022 қарордод дошт, аз ҷиҳати маблағ ба тавофуқа нарасиданд. Умедвор ҳастам, ки солҳои наздик Эҳсонро дар тимҳои хуб мебинем!

- Бошгоҳҳо зиёдтар аз ҳама кадом ҷиҳатҳои футболбозро ба инобат гирифта, ӯро ба даста ҷалб мекунанд? Яъне талаботи асосӣ чист?

- Ҳар бошгоҳ услуби хоси худи тимро дорад. Агар футболбоз синаш ҷавон, боистеъдод ва номдор бошад, бештари бошгоҳҳо таваҷҷӯҳ мекунанд. Пеш аз ҳама маҳорату техникаи варзишӣ доштан нақши асосиро мебозад ва дастаҳо низ ба ин ҷиҳат таваҷҷӯҳи хоса доранд.


- Имрӯзҳо сари гузариши кадом футболбоз кор бурда истодаед?

- Ҳоло қарордоди Хуршед Бекназаров бо дастаи қаблиаш ба итмом расидааст, ки аз ин рӯ, бояд як тими хубу мувофиқе пайдо кунем. 

Ба ғайр аз ин, қарордодҳои бештари футболбозонамон байни як моҳи охир ба итмом мерасад, ки дар ин хусус низ кор бурда истодаем.

- Сипос, барои як сӯҳбати самимӣ!

“Духтари фантастикӣ” ва Зебуннисои замон






Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед