Ru  | Tj
Мафтуни Фарзона. Кист духтаре, ки зодаи кишвари шеър аст?
Мафтуни Фарзона. Кист духтаре, ки зодаи кишвари шеър аст?
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардидааст

Мафтуни Фарзона. Кист духтаре, ки зодаи кишвари шеър аст?

Нашр шуд

Мафтуна Қосимзода духтарест аз олами отифаи шеър. Ихлосманди ашъори шоирбонувони бузурги имрӯзу гузашта, Фарзонаю Фурӯғ ва Симину Анна Ахматова. Солҳост, ки шеър мегӯяд бо услубу баёни хос, ки хонанда аз маҳсули хаёлоташ лаззат мебарад. Соле қабл дувумин маҷмӯаи ашъораш ба дасти мухлисони адабиёти муосир расид. Китоби ӯ баъд аз ғолибияташ дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар силсилаи «Шукуфаҳои Истиқлол» бо сарсухани адиб Салими Зарафшонфар чоп карда шуд, ки ном дорад «Боз мебояд бихандам». Унвони маҷмӯаи мазкур баргирифта аз як ғазали Мафтуна аст, ки навиштааст:

«Гиряам меояд, аммо боз мебояд бихандам,

Дил – биёбон, чашм – дарё, боз мебояд бихандам.

Бар наҷоти ғунчаҳои норасида то шукуфтан

Дасткӯтоҳам, дареғо, боз мебояд бихандам».

Ӯ худро мисли ҳар як одами сайёраи Замин шахси одию маъмулӣ мепиндорад, ки пайи коре ба дунё омадааст ва мебояд аз ин саройи сипанҷ бо дасти холӣ наравад. Мехоҳад хидмате кунад бо эҷоди худ барои ҳамасрону вопасиниён, ки аз он ғизои маънавӣ баҳра бибаранд.

 

ЗИ МЕҲРИ ФАРЗОНА ТО БА ИШҚИ ЁР

«Бароям шеър ҳавоест, ки аз он нафас мекашам. Аз хурдӣ дар рӯҳияи аллаҳои модар, бо байтҳои падар, бо қиссаҳои модаркалон ба камол расидам. Вақте ки хонандаи мактаб будам, ҳаваси беандоза доштам ба омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик. Ва ҳар сол дар «Рӯзи омӯзгорон» муаллимонамонамро бо шеърҳои шогирдонаи худ табрик мекардам. Бале, аввалин шеърҳои ман меҳрномаҳо ба унвонии омӯзгорон буд».

Мафтуна дар ҷодаи шеър Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаро ба худ устод медонад. Ҳарчанд аз бештари бузургони адабиёти муосир, аз ҷумла Гулрухсор, Рустам Ваҳҳоб, Камол Насрулло, Хайрандеш, шодравон Муҳаммадалии Аҷамӣ дарси шеър омӯхт, вале ҷойгоҳи Фарзона барояш хосу беназир аст. Ҳар кас бо шунидани саргузаштҳои давраи мактабии Мафтуна беихтиёр ба гуфтаҳои боло бовар ҳосил мекунад.

Соле ки қаҳрамони мо дар синфи 10-ум таҳсил мегирифт, дар олимпиадаи ҷумҳуриявии байни хонандагон иштирок кард. Дар даври вилоятии озмун, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардид, бо тайёрии ҷиддӣ омаду дар бахши дуюми имтиҳон ширкат наварзид. Аз муаллимае, ки мутасаддии бахши аввали озмун буд, нишонии манзили устод Фарзонаро дарёфт намуду роҳ ба сӯйи кӯчаи Пахтакор пеш гирифт. Муҳаббати ин шоирбонуи камназир ончунон дар дили ин духтараки мактабхон маскан гирифта буд, ки ҳатто фаромӯш кард бо чӣ мақсад ба маркази вилоят омадааст. Мафтуна баъд аз ҷустуҷӯи бебарори беш аз ду соат бо ҳоли хастаю бемадор ба макони баргузории озмун баргашт. Ҳамин тавр, на ба дидори устод Фарзона мушарраф гардид ва на дар олимпиада муваффақ шуд.


Соли 2013 Мафтуна дар шабакаи иҷтимоии Facebook саҳифаи худро фаъол намуд. Ӯ баъдтар бо василаи ин дунёи маҷозӣ бо чандин шоирони ҷавон риштаи дӯстӣ пайдо кард, аз ҷумла Баҳром Раҳматзод, Муҳриддин Сабурӣ, Шоҳбегим Маликшозода, Фарзона Зарафшонӣ, Шоира Олимӣ, Нурӣ Муҳаммади Истам, Родмеҳр Сулаймонӣ, Фарзона Восиева, Омина Ҳамроева, Нодира Назарӣ ва се Бузургмеҳри имрӯз. Устод Фарзонаро низ аз ин шабака дарёфт намуда, аввалин дархости дӯстиро ба муаллифи ашъори дӯстдоштааш ирсол кард. Ҳамин тавр, соли 2015 устоду шогирд аз дунёи маҷозӣ ба дидори ҳам расиданд.

«Ҳар ҷо, ки равам, китобҳои устод Фарзонаро мепурсаму сухан аз он кас мегӯям. Бояд иқрор шавам, ки ҳамаи устодони адабиёти муосирро эҳтиром мекунам, вале муҳаббати устод Фарзона бароям ғайримуқаррарӣ аст, ки тамомии рӯҳияамро фаро гирифта.»

Дидори устод Фарзона барои Мафтунаи адабиётдӯст дари муҳаббати ҷавониро кушод. Қаҳрамони мо дар яке аз маҳфилҳои шеъри шоирбонуи маъруф бо шоири ҷавон Толиби Луқмон ошноӣ пайдо кард ва ин шиносоӣ пайванди оғози муҳаббати ду навниҳоли адабиётро боз ҳам зеботар намуд.

 

АДАБИЁТ Ё РӮЗНОМАНИГОРӢ?

Мафтуна ба соҳаи рӯзноманигорӣ бо пешомади қисмат қадам гузоштааст гӯем хато намешавад. Соли хатми мактаб барои таҳсили Мафтуна дар донишгоҳҳои пойтахт монеаҳои иқтисодӣ пеш омад. Қаҳрамони мо тасмим гирифт, ки дар озмуни интихоби довталабон тариқи квотаи президентӣ ба муассисаи таҳсилоти олӣ ширкат варзида, ба ихтисоси сухансанҷӣ (филология)-и тоҷик дохил шавад.

Солҳои пеш барои хатмкунандагони шаҳри Панҷекат одатан аз ихтисосҳои сухансанҷӣ тоҷик ва шарқшиносӣ квотаҳо ҷудо мегардид. Лекин соли 2013 имтиёзи дохилшавӣ ба ихтисоси рӯзноманигории байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба онҳо муяссар гардид. Мафтуна таваккал карду дар ин озмун иштирок кард ва холи баландтаринро сазовор шуд.

«Вақте ба факултаи рӯзноманигорӣ дохил шудам, мақсад гузоштам, ки баъд аз нимсолаи таҳсил коре карда ба факултаи филологияи тоҷик интиқол гирам, аммо муҳаббати дӯстону омӯзгоронам садди роҳам шуд. Махсусан, нисбати устод Баҳриддин Камолиддинов муҳаббати беканор доштам ва ин бузугворро дар роҳравҳои факултет дидан бароям саодати беназир буд».


Мафтуна муаллифи ду маҷмӯаи шеърӣ аст, ки дар мавриди китоби дуюмаш болотар ишора кардем. Нахустин маҷмӯаи ашъораш соли 2017 бо унвони «Лонае дар барги гул» бо пешгуфтори устод Фарзона нашр карда шуд.

«18 сола будам. Ҳолу ҳавою ҷунуни шоирӣ бароям бисёр мароқангез буд, ҳарчанд ки ҳанӯз дар ин ҷода ҳарфи тозае надоштам. Ҳавас кардам, ки китоби шеър дошта бошам. Падарам гуфт, ки аввал навиштаҳоят шеър шаванд, сонӣ чопи китоб аз ҷониби мо. Дар ниҳояти ғайрату сахтгириҳо як маҷмӯаи ҳаҷман хурдро бо камтарин теъдод ва дастгирии молии падар, яъне 100 адад ба табъ расонидем».

Душвортарин мавзӯи суҳбат барои Мафтуна масъалаи тиҷорат аст. Чунки чандин маротибае, ки кӯшиш кард тоҷир шавад, муваффақ нагардид. Дар замони донишҷӯӣ барои пеш бурдани ниёзҳои худ тасмим гирифт, ки бо тиҷорати атриёти ширкати «Oriflam» машғул шавад. Мутаассифона, ба доми фиреби якчанд рафиқони хирааш афтоду ин тиҷорат ба зарари молии падараш анҷомид.


Мафтуна дар самти рӯзноманигорӣ хеле кам фаъолият кард, ки он ҳам танҳо дар саҳифаҳои адабӣ. Зеро ӯ нисбат ба рӯҳияи расонанигорӣ бештар моили кайфияти адабӣ аст, ки ҳолати маъмулии ҳар як шоир тақрибан чунин мебошад. Нахуст масъули бахши бадеии нашрияи «Зарафшон»-и шаҳри Панҷекат буд, сипас ба ҳайси мухбири адабии ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» кор кард. Аз ин баъд дар ин ҷода даст ба дасти танаффус дод.

Соле ки Мафтуна донишгоҳро хатм кард, бо хостгории устодони донишкада (факулта)-и рӯзноманигорӣ ошноии ӯ бо Толиби Луқмон ба пайванди ҷовидон мубаддал гардид. Ва аввалин муҳаббатномае, ки пеш аз ҷашни арӯсӣ Мафтуна ба ошиқаш бахшид, ин аст:

«Эй хусрави сақар, дастам раҳо накун,

Бо ман бимон дигар, дастам раҳо накун.

Ҳодии аввалин дар сарзамини ишқ,

То охири сафар дастам раҳо накун».

«Дуои неки устодони сухан аст, ки имрӯз мо аз ҳавои шеъру муҳаббату бовару ихлос нафас мекашем ва аз лаззати меваҳои зиндагии борвар - Луқмонҷону Бобуна баҳраманд ҳастем».

Соли 2020 дар озмуни Ёздаҳумин ҷашнвораи шеъри Жолаи Исфаҳонӣ, ки дар байни ҷавонони се кишвари ҳамзабон: Тоҷикистону Афғонистону Эрон баргузор гардид, Мафтуна низ ҳамроҳи ҳамсараш Толиби Луқмон иштирок кард. Вале дар ин сабқат на ҳамчун узви як оила, балки рақиб ширкат варзиданд. Дар натиҷа, миёни 5 ғолиби даври ниҳоӣ ҳамсари Мафтуна муваффақиятро ба даст овард. Ба ақидаи ӯ, барои занони тоҷик пешрафту муваффақияти хонаводаашон болотар аз ҳама чиз меистад.


«Вақте ки ҳуҷҷатҳои худро барои озмун ирсол мекардам, эҳсос менамудам, ки Толибҷон барандаи ҷоиза мешавад. Зеро ба фикри инҷониб аз насли ҷавонони адабиёти имрӯзи мо Толибҷон нисбати дигар ҷавонҳо бештар рӯйи худ кор мекунаду меомӯзад. Дар ин пирӯзӣ хурсандии ман бештар аз шодии ҳамсарам буд».

           

«АМАЛИЁТИ МАХФӢ»

«Падарам табъи шоирӣ доранд. Он кас пас аз хатми мактаби миёна, барои пеш бурдани зиндагӣ на роҳи илм, балки роҳи омӯзиши касбу ҳунарро пеш гирифтанд. Мехостанд фарзандонашон ҳарчи бештар шеърдон бошанд. Маҷбур мекарданд, ки ҳамаи шеърҳои китоби дарсии адабиётро то нимсолаи соли хониш ҳифз намоям. Шояд мехостанд ба ҳамон орзуҳое, ки дар зиндагӣ расида натавонистанд, мо бирасем».

Мафтуна танҳо бо шеър гуфтан худро маҳдуд намекунад. Ӯ бо ҳунарҳои миллии мардумӣ низ машғул аст. Аҷдоди ӯ ба гурӯҳи бузурги ҳунармандон шомил мебошад. Шодравон модаркалонаш Розия-бибӣ яккабанддӯзи машҳури Панҷекат буд. Мафтуна аз бибияш бофандагӣ ва аз аммаҳояш зардӯзиро омӯхтааст. Намунаҳои дастранҷи ин духтари ҳунарманд дар бозор ба фурӯш гузошта намешавад. Ӯ маҳсули ҳунарашро танҳо ба одамони наздикаш ба муносибати маросиму ҷашнҳо тақдим мекунад.


Чун ҳар нафар қаҳрамони мо низ дар дил ормон дорад, ормони навозанда шудан. Дар кӯдакӣ ба навохтани асбобҳои миллии мусиқӣ зиёд шавқманд буд. Ӯ дар мактаби санъати бачагонаи шаҳри Панҷекат аз аммааш, ки дар он ҷо мураббӣ буд, ҳунари зардӯзиро меомӯхт. Кӯдаконе, ки танбӯру рубоб дар даст ба ба дарси мусиқӣ меомаданд, ҳаваси навозандагиро дар дили ӯ беш аз пеш меафзуданд. Ишқи рубоб ҷону дилашро сӯзонду Мафтуна водор шуд, ки ҳамроҳи аммааш «амалиёти махфӣ»-ро барномарезӣ намоянд.

«Аммаам мутмаинам намуданд, ки ман ҳам метавонам ба машғулияти рубобнавозӣ биравам, аммо ин бояд чун сир дар байни мо бимонад. Вақте падарам аз куҷое фаҳмиданд, ки ман аз маҳфили зардӯзӣ баромада, ба маҳфили навозандагӣ меравам, аз духтари худсарашон сахт ранҷиданд.

Имрӯз духтарон ба ҳама чиз дастрасӣ доранд, ҳатто дар варзиш аз писарон пешсафанд. Аммо дар музофотҳо писарбачаҳо дастболотаранд. То ҳол мехоҳам, ки омӯзиши пианиноро ёд гирам, вале то ҷое шунидам, дигар панҷаҳои дастонам мувофиқи навозиши пианино нестанд».

 

АШЪОРИ ОМАДАВУ ОВАРДА

Ба андешаи Мафтуна, барои шоир ҳуҷраи бекас, сари гаҳвора ё танӯр, дохили автобус ва ё кӯчаи пурмағал барои дарёфти илҳом ҷойи муҳим буда наметавонад. Чунки мағзи сари одам коргоҳи бузурге аст, ки агар ҳамеша дар ҷараён бошад, метавонад дар дилхоҳ макон ширинтарин шеърро биофарад.

Шеърҳое ҳастанд, ки барои шоир бо як оҳанг мисли таронаи зебою дилнишин дар лаҳзае навишта мешаванд, аммо шеърҳое, ки ба далелу рақамҳо такя мекунанд, барои эҷод муддати тӯлониро металабад. Мафтуна низ дар достоннависӣ ба чунин таваққуф ниёз дошт, то ки нахуст достонҳои бузургонро биомӯзад ва сипас сухани худро бигӯяд.

«Дар даври вилоятии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» талабгорони ҷойҳои ифтихорӣ ба ҷуз мо, Сафари Абдураҳим ва Шоира Олимӣ низ буданд. Мадади Парвардигори ҷаҳониён буд, ки аз ин давр бо сари баланд гузаштам. Ба устодони сухан дар даври ҷумҳуриявӣ, бештар ҳамон навиштаҳое писанд омаданд, ки шеърҳои омада буданд, на оварда.»

Ғолибияти Мафтуна ва афзудани ҷойҳои ифтихорӣ дар бахши «Шоирӣ»-и ин озмун боиси таваҷҷуҳи хонандагони мактаб ба ин бахш гардид. Одатан мактаббачагон аз вай дар мавриди таҳрири шеър кумаку маслиҳат мепурсанд. Вале Мафтуна ба онҳо тавсия медиҳад, ки ба устодони бузургсол муроҷиат кунанд. Зеро гумон дорад, ки мумкин аст аз камтаҷрибагии худ навқаламеро бо оҳанги сарзаниш маслиҳат диҳад, ки ӯ эҳтимол ин хайрхоҳиро нодуруст қабул кунад ва ношукуфта шиканад. Аз ин рӯ мекӯшад, ки дар ин бобат нозукбаён бошад.


Мафтуна овони бачагӣ мехост, ки дар оянда муаллими забон ва адабиёти тоҷик шавад маҳз дар мактабе, ки таҳсил мегирад. Аммо ҳар қадар, ки ҷисми кӯчак бузург мешавад, орзуҳо низ дигаргунатар шудан мегирифтааст. Ӯ муддати хеле кӯтоҳ дар мактаби муосири байналмилалии шаҳри Душанбе ба ҳайси мураббии маҳфили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолият кард, вале баъд аз ба дунё овардани фарзанди хурдияш чун ҳар як зани шарқӣ ба таътили корӣ баромад.

«Чанд муддате ки дар мактаб ҳамчун роҳбари маҳфил кор кардам, дарёфтам, ки масъулияти омӯзгорӣ бисёр сангину гарон аст. Ҷойе шунида будам, ки «аз пайи ду харгӯш будану ҳардуро дастгир кардан намешавад». Шеър худфидоиро металабад, омӯзгорӣ ҳам. Феълан бо тарбияи фарзандону эҷоди шеър машғулам».

Мафтуна дар шеър тахаллус надорад, зеро имон дорад, ки афзалият дар шеъри наву нағз аст, на дар тахаллус. Аз ҷумла, қолаби шеър чандон муҳим нест, агар маъною тасвир тоза бошад. Масалан, агар шахсе ба шоҳкори рассомӣ бингарад, ӯ шоҳкорро мушоҳида мекунад, на гирди онро. Бигзор он шоҳкор чоркунҷа, кулӯла ё росткунҷа бошад, муҳим дурдонаи мондагор аст. Дар шеъри суннатӣ ниёгону муосирони мо таҳаввулоти зиёд кардаанд ва бартарин андешаҳои имрӯзро низ дар ғазалу қасидаю достон мегӯянд. Муҳим дарунмояи шеър аст, ки ба хонанда лаззат мебахшад. Ҳарчанд ҳама чизро бузургонамон гуфтанд, мебояд, ки мо онро тозатар бигӯем, - бо ин ҷумла суханашро анҷом бахшид Мафтуна.


          

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед