Ru  | Tj
Малика «Shchyoki» ва тамғаи тиҷоратии ӯ кулчақандҳои «Ugly Cakes»
Малика «Shchyoki» ва тамғаи тиҷоратии ӯ кулчақандҳои «Ugly Cakes»
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Малика «Shchyoki» ва тамғаи тиҷоратии ӯ кулчақандҳои «Ugly Cakes»

Нашр шуд

Рӯзе духтари эҷодкоре ба хулосае омад, ки ӯ дигар мудири саёҳӣ будан наметавонад, зеро бо ҷону дилаш додаи соҳаи қаннодӣ аст! Ҳамин тариқ Малика Бақозода роҳро ба самти тиҷорати маҳбубаш пеш гирифт. Чӣ тавр Малика Бақозода шуғли дӯстдоштаашро оғоз кард, чӣ тавр ба ӯ муяссар мегардад, то дар як вақт тамоми корҳояшро анҷом диҳад, кашмакашиаш бо мизоҷони номуносиб ва барои чӣ микрофон лозим аст – ҳамаи ин масъалаҳоро метавонед дар маводҳои сомонаи Halva.tj дастрас намоед. 

ЗАМИНА, НИШОНА ВА ГУЗАШТҲОИ ТАҚДИР …

   Малика Бақозода 24 сола буда, дар шаҳри Душанбе таваллуд ва ба  воя расидааст. Соли 2020 бахши саёҳӣ ва меҳмондории Донишгоҳи байналмилалии саёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро хатм кардааст.

   Ҳангоми таҳсил Малика дар яке аз меҳмонхонаҳои беҳтарини Душанбе ба ҳайси пешхизмат кор мекард. Ӯ дилбохтаи ин шуғл буд, ҳатто орзӯ дошт, ки дар нардбони мансабии ин соҳа ба муваффақиятҳои баланд ноил гардад, саъю кӯшиши зиёдеро ба харҷ дода, як қатор суҳбатҳоро бо шахсони мутасаддӣ низ гузаронидааст. Вале пандемияи коронавирус тамоми нақшаҳоро барбод дод, зеро теъдоди саёҳон бошиддат паст мерафту, меҳмонхонаҳо бе мизоҷон мемонданд, коргарон ба рухсатии бемуҳлат ҷавоб дода шуданд. 


          «ДАР ВУҶУДАМ ШУЪЛАЕ ФУРӮЗОН ШУД!»

   Ҳангоми рухсатӣ Малика даст ба пухту паз ва рангу бори кулчақанди кӯдакона зад. «Ба ин кор маро хоҳарам, ки дар он давраи мушкил ба ман боварӣ дошт, тарғиб кард. Барои ин дастгириаш ман то ҳанӯз аз ӯ миннатдорам. Бо таваҷҷуҳ ба мақолоти мухталифи интернетӣ ва бо роҳи озмоишу хатогиҳои зиёд бе кӯмак аз берун омода кардани кулчақандҳоро аз худ кардам», - мегӯяд Малика.

 «Пухтани кулчақандҳоро ман аз тобистони соли 2021 оғоз кардам. Дар шабакаи иҷтимоӣ ман муттасил бо акс ва видеоҳо кулчақандҳои беандоза хурд, ки дар як қуттичаи майда ҷойгир карда мешуданд, рӯ ба рӯ мегаштам. Ин раванд маро ниҳоят мутаҳайир кард ва дар вуҷудам як шуълае фурӯзон шуд!»  

 

 

     

   Ман ба таври ҷиддӣ ба фикре фурӯ рафтам, ки чаро чунин тиҷоратро дар Душанбе низ роҳандозӣ накунем? Қабл аз ҳама ба ҷустуҷӯи қуттичаҳои хурд (бенто - бокс) оғоз намуда, дар як вақт дарсҳои амалии коршиносони аршадро меомӯхтаму, дастуруламали омода намудани крем ва бисквитҳоро таҷриба мекардам. Ман ҳатто як китоби ба ном тиҷорӣ: дар телефон барномаи сатҳи баландро эҷод карда, барои он ранг ва ҳуруфро низ барчидам.

   Шумо бояд хуб дарк кунед, ки ман аз ин пеш дар ҳаётам ба пухту пази кулчаҳандҳо машғул набудам.

   Барои қабули фармоиш Малика танҳо моҳи ноябр омода шуд, зеро августи ҳамон сол қаҳрамони мо баргузории маросими арӯсиро ба нақша гирифта буд.

     

   «НЕСТ ШАХСЕ, КИ БУРДАНИ ЛАЗЗАТИ ҲАМАРӮЗАИ КУЛЧАҚАНДҲОРО ДӮСТ НАДОШТА БОШАД»

   «Тамоми иқдомотам ба туфайли волидон ва бародару хоҳарам барор гирифтанд, зеро маҳз онҳо такягоҳи ман буданд. Дар оғози фаъолиятам онҳо ҳамчун чошнигири кулчақадҳои омода мекардаи ман буданд, фикру ақидаашонро иброз намуда, маслиҳатҳои муфид низ медоданд.

   Дар мавриди муносибати ҳамсарам ба саргармии ман, ки ба мабдаи даромад табдил шудааст, бояд қайд намоям, ки ӯ низ дар ин масъала маро пурра дастгирӣ мекунад. Ӯ хушҳол аст, ки ин шуғли ман бароям пеш аз ҳама лаззат мебахшад ва агар тавассути чунин фаъолият ҳақ низ пайдо мекунам, пас чаро ба ин кор даст назанам? Илова бар ин, чӣ касе аз хӯрдани ҳамарӯзаи кулчақандҳо лаззат намебарад?» 

   «КУЛЧАҚАНДҲОИ НОЗЕБ» - ГАШТИ МОҲИРОНАИ БОЗОРЁБ.

   «Вақте, ки ман дар бораи номи саҳифа фикр мекардам, мехостам онро бо як унвони ҷалбкунанда дар шабакаи иҷтимоӣ муаррифӣ кунам. Барои ҷалби таваҷҷуҳ ва ба ҳаяҷон овардани муштариён ман тасмим гирифтам, ки номи кулчақанди нозебро мавриди истифода қарор диҳам. Зеро ҳангоми дидани чунин як номи ғайримаъмули  "Ugly cakes" кас мутаваҷҷеҳ мегардад, ки чаро маҳсули хамирии дасти одам  метавонад нозеб бошад. Вақте, ки муштарӣ вориди саҳифаи ман  мегардад, ҳолати дигареро пайдо мекунад, яъне на кулчақандҳои нозеб, балки эҷодиёти дастӣ, маҳсули хамирии хурду ҷозиб, хело дилчасп ва хурди дар дохили қуттиҳоро дарёфт мекунад. Ба ақидаи ман ин тасмим самаранок буд, зеро теъдоди муштариёнам рӯ ба афзоиш ниҳод».

     

 

   «МАН БО АФРОДИ МУХТАЛИФ ДАР ҲАЁТАМ ВОХӮРДААМ»

   «Суҳбат бо афроде, ки мақсади худро намедонад, ба руҳияи ман таъсири манфӣ мерасонад. Ҳангоми фармоиш мулоқот бо чунин ашхос асосан дар доираи «ба ман омода намоед, вале намедонам чиро» сурат мегирад, ки вақти зиёдеро беҳуда мегирад.

   Нафароне низ ҳастанд, ки ба навиштаҷоти рӯи кулчақандҳо умуман таваҷҷуҳ зоҳир наменамоянд, бо чунин ҳолат ман такаббур фурӯ нишондам, зеро онро ҳамчун пешрафт қабул дорам.

   Ман кӯшиш менамоям, то бо ҳама бо дарки кор муносибат кунам, ҳеҷ гоҳ ақидаи манфиро иброз намедорам, аз фармоиш даст намекашам, касеро масдуд намекунам ва ё намеранҷонам, зеро хуб мефаҳмам, ки ин вазифаи ман аст. Бояд сабур буд ва таҳаммул кард».

        

ҚАННОД БО КАТОН, МӮҚАЛАМ В МИКРОФОН ЧӢ КОР МЕКУНАД?

   Малика як шахси эҷодист ва чӣ тавре, ки маълум шуд шуғли ниҳоят зиёд дорад.

   Ӯ наққоширо, асосан эҷоди пайкараро дӯст медорад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки маблағи аввалини худро ӯ дар овони мактабиаш маҳз бо эҷоди пайкара ба даст овардааст. Аз суханони худи Малика аз сабаби танг будани вақт ӯ қалам ва дафтари расмкаширо ниҳоят пазмон шудааст.

     

      

 

   Ҳамчунин Малика дилбохтаи мусиқӣ аст, гитара ва синтезатрро менавозад. «Ман караокеро хеле дӯст медорам! Бегонирӯзиҳо ба микрофон фарёд заданро дӯст медорам, ин хеле хуб аст, зеро метавони  дилатро аз ғаму ғусса озод кунӣ. Ман ин корро ҳатто дар хона ҳам карда метавонам, агар дар вуҷудам як навъ изтиробро эҳсос кунам »- иброз медорад Малика.

   Ба гуфти Малика муҳимтарин ва дӯстдоштатарин саргармии ӯ бурдани блог дар Иснтаграм мебошад: «Бо ҳам дидани ҳаёти шахсӣ бо мардум ба ман лаззати зиёде мебахшад. Саҳифаи ман – таскини дили ман аст. Як ҷаҳони хурд, вале боҳаловат ва оромона, ки дар он метавонӣ ҳарчӣ табъи дилат аст ба сомон расонӣ, аз ҷумла бо ҳам дидани ягон масъалаи рӯзмарра ва ба даст овардани қатраи меҳру мутакко».

    «Гардбарга ва пест» дар рӯи тарҳҳои кулчақандҳо. Фармоишоти аз ҳама аҷобатангез.

   «Чунин тарҳҳо асосан бо навиштаҷоти мухталифи ношоиста ва нақшҳои узвҳои мардонаю занона алоқаманд мебошанд. Ман албатта касеро муттаҳам карданӣ нестам ва дурӯғ мешавад, агар бигӯям, ки ҳеҷ гоҳ намехостам, то дар рӯи кулчақанд ягон навиштаҷот ё расми ғайриоддиро ҷо кунам».

Илова бар ин, ман аз гузоштани аксҳои чунин маҳсулот дар саҳифа комилан шарм намедорам ва шодам, ки одамон ин суратҳоро танқид намекунанд, балки баръакс - ҳама ба онҳо механданд, ин хеле хуб аст! Ман бар он ақидаам, ки фикри ҳар фармоишгар ҳуқуқи маънавии амалӣ шуданро дорад.

   ДАР ОЯНДА ЧӢ НАҚШАҲО ДОРЕД?

   «Айни замон ман дар фикри таъсис  додани курсҳои омӯзишии истеҳсол ва рангубори кулчақандҳо ҳастам, зеро қариб, ки ҳар рӯз ба ман теъдоди зиёди духтарҳо мактуб нависта, хоҳишашонро барои азхуд кардани нозукиҳои ин соҳа иброз менамоянд. Бо камоли хурсандӣ мехоҳам ба онҳо чунин имкониятро пешкаш кунам. Инчунин мақсад дорам, то навъҳои тоза ва калони кулчақандҳоро барои мизоҷон пешниҳод кунам».

     

   БА КАСОНЕ, КИ АЗ РОҲАНДОЗӢ КАРДАНИ ЯК КАСБУ КОРИ НАВ МЕТАРСАНД, ЧИ МАСЛИҲАТ ДОДАНИЕД?

   «Тамоми қолаб ва андешаҳое, ки пешравии кори шуморо ба қафо меандозанд, як сӯ гузошта, барои амалӣ намудани тарҳҳои худ бе тарсу ҳарос шуруъ намоед. Ҳадди ақал бояд саъю кӯшиш кард. Ман боварии комил дорам, ки ҳар як хизматрасонӣ ва маҳсулот талабгори худро дорад. Ба ин мақсад бояд аз болои худ кор кард, эътимодро аз худ ва коратон тасеа диҳед, дар назди худ мақсадҳо гузошта, барои расидан ба онҳо боэътимод қадам занед». 

 

 


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед