Ru  | Tj
Мамадқулов Алимуҳаммад: «3 маротиба ҷароҳат бардоштам, вале зинда мондам»
Мамадқулов Алимуҳаммад: «3 маротиба ҷароҳат бардоштам, вале зинда мондам»
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Мамадқулов Алимуҳаммад: «3 маротиба ҷароҳат бардоштам, вале зинда мондам»

Нашр шуд

Мамадқулов Алимуҳаммад имсол ба синни 96 қадам мениҳад. Ӯ иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, дорандаи орденҳои «Ситораи сурх», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Барои гирифтани Берлин» ва медали «Хизмати шоиста» мебошад. Бобои Алимуҳаммад айни ҳол соҳиби 7 фарзанд, 51 набера ва 120 абераву чибера буда, дар иҳотаи онҳо даври пирӣ меронад.

Дар арафаи Рӯзи Ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмон мо хостем, аз ҳолу аҳволи бобои Алимуҳаммад огоҳ шавем. Ӯ ба мо дар бораи хотираҳои даврони ҷангӣ ва ҳодисаҳои аз сар гузаронидааш қисса кард.

Мамадқулов Алимуҳаммад соли 1925 дар деҳаи Олисовет (ҳозира Олисомон)-и ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадаааст ва то ҳол дар ҳамин минтақа умр ба сар мебарад.


«Он вақт зиндагии ҳама душвор буд»

Марги бармаҳали падар ба Алимуҳаммад ва як бародару ду хоҳараш зарбаи сахте буд. Акнун масъулияти нигоҳубини фарзандон ва кашонидани бори зиндагӣ ба гардани модар афтид.

«Мо чор фарзанд бо модар танҳо мондем. Модарам доимо кӯшиш мекарданд, ки дар тарбияи мо саҳлангорӣ накунанд ва мо аз чизе танқисӣ накашем. Солҳои 30-юм буд. Албатта он замон на танҳо барои мо, балки барои ҳама бори зиндагӣ вазнинӣ мекард. Модарам рӯз то бегоҳ дар сари замин ба чобуқи пахта машғул мешуданд»,- нақл кард бобо.

Баъди хатми мактаби миёна Мамадқулов Алимуҳаммади 18 сола аз ҷанг даъватнома мегирад ва бо дуои модару аҳли ҳамдеҳагон роҳ пеш мегирад ба сӯи комиссариати ҳарбии ноҳия.

«Ба мо рутбаи лейтенанти хурд доданд»

Дар комиссариати ҳарбӣ баъд аз муоинаи тиббӣ гузаштан қаҳрамони мо ва 14 нафар ҳамроҳонашро ба Бухоро барои таҳсил дар мактаби ҳарбӣ равон мекунанд. Онҳо як муддат дар мактаби ҳарбӣ таҳсил мекунанд ва баъдан барои омӯзиши курси офитсерӣ ба шаҳри Ашқобод фиристода мешаванд.

«Аз миёни мо фаъолонро ҷудо карда, бо мошинҳои калон ба Ашқобод равон карданд. Ҳамаи мо тоҷик будем. Он ҷо ба мо русҳо ва қирғизҳо ҳамроҳ шуданд. Мо шаш моҳ курси офитсериро хонда рутбаи лейтинанти хурдро соҳиб шудем. Ин барои ҳар яки мо ифтихор буд»,- афзуданд бобои Алимуҳаммад.

Баъдан бобои Алимуҳаммад ва ҳамроҳонашро аз Ашқобод ба фронт, ба Сталинград мефиристанд. Онҳо моҳи сентябри соли 1943 ба фронт расида, бо аслиҳа таъмин карда мешаванд.


«Командири немисҳоро асир гирифтем»

Қаҳрамони мо ва ҳамроҳонаш дар шаҳри Сталинград дар душвортарин вазъият алайҳи душман мубориза бурданд. Бо расидани онҳо зимистон ҳам фаро расид ва сардии сахте ҳукмфармо шуд. Алимуҳаммади ҷавон он замон шабҳоро дар хаймаҳо ва ҷангалзорҳо саҳар мекард. Дар ҳавои сард бо шиками гурусна фақат барои ғалаба ва барои зинда мондан мекӯшид.

«Бисёр шабҳоро мо дар берун рӯз мекардем. Яктоӣ шинел доштем ва ҳангоми хоб онро аз тан кашида болоямонро пӯшонда хоб мекардем. Баъзе шабҳо чанд дақиқа хоб мекардем, ки садои таркиши бомбаҳо баланд мешуд ва боз хеста ҷангро идома медодем. Боре як командири немисро дастгир карда, ба командири худамон таслим кардем. Барои мо навҷавонони тозаҷанг ин дастоварди бузург буд»,- бо ифтихор гуфт бобо.

«Чанд маротиба ҷароҳат бардоштам»

Дар аснои ҷанг дар шаҳри Сталинград бобои Алимуҳаммад ду маротиба аз ҳарду пой тир хӯрда, бори сеюм дар натиҷаи таркиши бомб пораҳои он ба сараш расида, сараш ҷароҳат мебардорад. Аммо ин ҷароҳатҳоро духтурони бунгоҳи тиббӣ ҷароҳати сабук номида, дар ҳарсе маврид баъд аз 25-30 рӯзи табобат ӯро боз ба майдони ҷанг мефиристанд. Дар ин миён чанд тан аз ҳамроҳони ӯ аз тири душман ва гуруснагиву сардии ҳаво ба ҳалокат мерасанд. Чунки дар он вақт ғизои кофиро барои сарбозону ҷанговарон муҳайё кардан хеле душвор буд.

«Мо интизор мешудем, ки кай тавассути чархболҳо ба мо хлеб ё нони хушк меоранд. Одатан онҳо аз осмон хлеб ё нони хушкро ба тарафи мо ҳаво медоданд ва мо онҳоро миёни худ тақсим мекардем. Баъзан бо мошинҳо дар зарфҳои калон шӯрбо ҳам меоварданд ва ба ҳар яки мо алоҳида тақсим мекарданд»,- ба ёд меорад пирамард.

«То Берлин ҷангида рафтем»

Баъд аз каме беҳтар шудани вазъ ва ҷунбиши фронт онҳо барои гирифтани шаҳри Берлин раҳсипор шуданд. Аз шаҳри Станлинград ҷангида-ҷангида ба шаҳри Берлин мерасанд. Дар шаҳри Берлин тамоми душманонро ба қатл мерасонанд ва 8-уми майи соли 1945 Иттиҳоди Шӯравӣ шаҳри Берлинро пурра тасарруф мекунад. Пагоҳии он рӯз, яъне 9 май Иттиҳоди Шӯравӣ Ғалабаи худро ба фашизм эълон кард.

Баъд аз он Мамадқулов Алимуҳаммад ва ҳамроҳонаш ба ҷанги Ҷопон фиристода мешаванд. Хушбахтона, ҷанги Ҷопон дуру дароз давом накарда, дар натиҷаи партофтани бомбаи атомӣ аз тарафи Амрико хотима меёбад.


«Модарам барои баргаштанам ҷашн оростанд»

Бобои Алимуҳаммад шукрона аз он мекунад, ки баъд аз он солҳои душвор ва азобу машаққатҳо боз дидори модар ва хешу табор насибаш гардид. Беҳтарин ва хуштарин хотироти ӯ аз солҳои 40-уми асри гузашта ҳамон рӯзи аз ҷанг ба хона баргаштанаш аст.

«Мо ду нафар аз Ҷопон ба Ватан баргаштем. Ман бо мошин то маркази ноҳия омада, аз он ҷо то ба ҳавлиямон, ки аз марказ чанд километр дур аст, пиёда омадам. Баробари дидани ман модарам аз шодӣ чӣ гуфтану чӣ кор карданашро намедонист. Воқеан он лаҳзаро наметавон бо сухан баён кард. Модарам як бузи дар бисоташ доштаро кушта, барои омадани ман ҷашн оростанд ва тамоми ҳаққу ҳамсоя ва хешу таборро даъват карданд. Он рӯз хонаи мо мисли тӯйхона буд»,-бо ҳасрат ба ёд овард бобои Алимуҳаммад.

Мамадқулов Алимуҳаммад баъди бозгашт ба хона оила барпо мекунад ва раиси ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳия таъин мешавад. Баъд аз чанд соли фаъолият ба ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба кор рафта, то ба нафақа баромадан фаъолият кардааст.

Ӯ имрӯз дар фазои бисёр зебои оилавӣ - дар ҳалқаи пайвандону бастагонаш бо хушу хурсандӣ давлати пирӣ ронда, ҳар гоҳ аз он рӯзҳои сахту сангин бо ҳасрат қисса мекунад ва фарзандонашро ба роҳи инсондӯстӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба шарафу меҳан талқин менамояд.


Арт – фаъолият ба тоҷикӣ: мушкилоти иҷтимоиро метавон бо зебоӣ ҳал кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед