Ru  | Tj
“Медали 13 – ум”. Чӣ тавр муштзани тоҷик қаҳрамони Осиё оид ба бокс шуд?
“Медали 13 – ум”. Чӣ тавр муштзани тоҷик қаҳрамони Осиё оид ба бокс шуд?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

“Медали 13 – ум”. Чӣ тавр муштзани тоҷик қаҳрамони Осиё оид ба бокс шуд?

Нашр шуд

Давлат Болтаев ягона барандаи медали тилло дар мусобиқаи Осиё оид ба бокс аз Тоҷикистон шуд. Ин мусобиқа дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд аз 21 то 30 – юми январи соли равон баргузор гардида, дар он 190 варзишгар аз 12 кишвари Осиё ширкат варзиданд.

Тоҷикистонро 18 варзишгар муаррифӣ карданд ва соҳиби 11 мақоми ифтихорӣ гардиданд. 

Мо бо дорандаи медали тиллои мусобиқа дар вазни 93 кг, Давлат Болтаев доир ба таассуроту бардошташ аз ин ғалаба ва мушкиливу дастовардҳои ҳаёти варзишгар ҳамсуҳбат шудем.

Шаҳди ғалаба ва заҳри ҷудоӣ аз шахси наздикро дар як вақт чашидам
Ҳар варзишгар ғалабаро ба таври  худ пешвоз мегирад. Яке аз ҳаяҷон мерақсаду дигаре беихтиёр ашки шодӣ мерезад. Вале қаҳрамони мо натавонист он лаҳзаҳоро аз таҳи дил ҷашн гирад, зеро ғаме дар дил дошт.

“Эҳсосоти варзишгари ғолибро ба сухан баён карда намешавад. Вақте парчами кишвар дар миёни намояндагони дигар миллатҳо баланд мешавад ва суруди миллӣ садо медиҳад, ифтихорам зиёд мешавад. Вале ҳамон лаҳзаҳо як ҳисси номуайян доштам. Як рӯз пеш аз ба даври ниҳоӣ баромадан хабари марги бародари бузургамро шунида будам. Дар дил як кӯҳи бузурги андӯҳ доштаму лаззати ғалаба бароям номафҳум буд. Намедонистам бигирям ё шодӣ кунам”, бо алам ёд овард Давлат.
Бо вуҷуди ин ҳама дард Давлат тавонист то охир мубориза бурда, рақибашро мағлуб созад. Ӯ дар ҳама маврид тайёрии  равониро заминаи бузург барои ғалаба медонад. Барои ҳамин пеш аз ба майдони бокс баромадан тамоми фикру андешаҳояшро як сӯ гузошта, танҳо барои ғалаба мекӯшад.

“Пеш аз ба майдон баромадан тайёрии равонӣ хеле муҳим аст. Бояд ба худ боварӣ дошта бошӣ, ки аз рақибат суст нестӣ. Дар майдон ғолиб ҳамоне мешавад, ки иродаи қавӣ дорад ва зиёдтар меҳнат кардааст. Лекин ин варзиш аст, гоҳо ғолиб мешавӣ, гоҳи дигар мағлуб. Аз ин рӯҳафтода набояд шуд”. 
Нагузоштам медали тиллои 13 – ум дар Ӯзбекистон монад

Агар ба тамоми натиҷаҳои ин мусобиқа назар афканем, барои варзишгарони мо, ки ғайр аз Давлат боз шаш медали нуқра ва чор биринҷиро ба Ватан оварданд, натиҷаи хубе ҳам буд. Зеро он ҷо муштзанҳои пуртаҷриба ва дорандаи чандинкаратаи ҷоизаҳои қаҳрамонӣ иштирок доштанд. Масалан, варзишгарони Ӯзбекистон тавонистанд аз 13 вазни мардона, дар 12 – тоаш мақоми аввалро соҳиб шаванд. Танҳо Давлат Болтаев тавонист аз рӯи вазни худаш медали тиллоро ба Тоҷикистон биёрад.

Ӯ дар майдон бо рақибони пурқувват қувваозмоӣ кардааст. “Бо сабаби маҳдудиятҳои пандемияи COVID – 19 баъзе аз варзишгарон дар мусобиқа иштирок карда натавонистанд ва ман якбора ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфтам. Нахуст бо намояндаи Ӯзбекистон, ки ҷоизадори дукаратаи қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс аст, ба майдон баромадам ва ӯро мағлуб кардам. Дар даври ниҳоӣ рақибам чемпиони ҷаҳон аз Ҷумҳурии Қирғизистон буд, ки ба ӯ ҳам дастболо шудам”, ёд овард лаҳзаҳои набардашро Давлат. 

Хоҳиш зиёд, аммо дастгирӣ кам аст

Қаҳрамони мо завқу хоҳишро заминаи пешравиҳои назарраси варзишгар медонад. Мураббӣ бошад роҳнамое мешавад, ки истеъдоди ниҳони ӯро кашф карда, барои ба дигарон нишон доданаш мадад мерасонад. Вале иштироки бештар дар мусобиқаҳо барои рушди малакаи варзишгар бештар таъсир мерасонад.

“Ман дар шаҳри Москва ҳам як сол тамрин кардам. Вале барои варзишгар таҷрибаи асосӣ иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мешавад. Мо имконияти зиёде надорем, ки зуд – зуд ба хориҷа сафар кунем. Аслан бояд дар ҳар як ё ду моҳ дар ягон мусобиқа иштирок кунем. Ҳоло иштироки мо хеле суст аст. Мо асосан бо дастгирии соҳибкорон ба мусобиқаҳои берун аз кишвар меравем. Агар дастгирии пайваставу ҳавасмандгардонӣ шавад, албатта натиҷаҳои дилхоҳ ба даст меоянд. Варзишгар ҳам одам аст ва ба мушкилиҳои рӯзгор рӯбарӯ мешавад”, гуфт Давлат.
Чемпион аз рӯи чанд навъи варзиш

Қаҳрамони мо аз хурдсолӣ орзуи иштирок дар мусобиқаҳоро доштааст. Вай ҳатто аз рӯи дигар намудҳои варзиш дар мусобиқаҳо иштирок карда соҳиби чандин ҷоизаҳо гаштааст. 
“Дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ду маротиба унвони қаҳрамонӣ ба даст овардам. Ду маротиба – бори аввал дар Чемпионати ҷаҳон, ки соли 2014  дар Тоҷикистон шуда гузашт ва бори дуюм дар Италия аз намуди “таэкван – до ITF” қаҳрамони ҷаҳон шудам, аз намуди “муайтай” дар шаҳри Ашқободи Туркманистон мақоми сеюмро ишғол кардам, соли 2017 ҷоми ҷаҳонро аз намуди варзиши “кудо” дар Ҳиндустон ба даст овардам”, ёд овард давраҳои гузаштаашро Давлат. 
Мураббии хуб, мусобиқаҳо ва варзишгар – табиби оянда

Муштзани тоҷик айни ҳол зери роҳбарии мураббияш Бобоҷонов Алӣ пайваста ба тамрин машғул аст ва ният дорад, барои иштирок дар мусобиқаҳои варзишии Осиё ва дигар мусобиқаҳо, ки дар пешанд, дастгирӣ ёбаду иштирок кунад.

“Мураббии ман шахси пуртаҷриба аст ва тамоми истеъдоди маро кушода истодааст. Фикр мекунам ҳоло беҳтар аз солҳои пеш таҷриба пайдо кардаам. Ҳоло агар дастгирии хуб шавад, метавонам дар тамоми мусобиқаҳои берун аз кишвар иштирок карда, натиҷаҳо хуб нишон диҳам”, ваъда дод Давлат.

Давлат Болтаев ҳоло дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар курси сеюм таҳсил мекунад. Ба гуфти вай барояш касби табибӣ низ азиз аст ва ният дорад оянда дар ин самт низ фаъолияти пурсамар дошта бошад.


Чоршанбе Аловатов: “Метавонистам мутасаддиёни “Central Asia's Got Talent” –ро ба суд диҳам, аммо...”



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед