Ru  | Tj
“Мехоҳам ба кайҳон парвоз кунам”. Тоҷикдухтаре бо орзуҳои бузург дар Чин
“Мехоҳам ба кайҳон парвоз кунам”. Тоҷикдухтаре бо орзуҳои бузург дар Чин

“Мехоҳам ба кайҳон парвоз кунам”. Тоҷикдухтаре бо орзуҳои бузург дар Чин

Нашр шуд

Манижа Ҳасанова духтарест, ки  чун мавҷи дарё туғён мекунад. Наметавон ӯро лаҳзае фориғ аз омӯзишу ҷустуҷӯ дарёфт. Дар зиндагии 22-солаи худ аллакай ба ӯ даст дод, ки худро чун духтари донишманд ва донандаи хуби забонҳои инглисиву чинӣ муаррифӣ кунад. Манижа, ки ҳоло дар донишгоҳи Чин дониш меандӯзад, дар бораи таҳсилу зиндагӣ ва шебу фарозҳое, ки ба ӯ дар ин роҳ пеш омаданд, қисса кард.

“Нахустин донаҳои муҳаббат нисбат ба илму донишро модарам дар дилам коштааст. Гарчанде ки касбаш омӯзгорӣ буд, вале аз рӯйи тахассуси хеш кор намекард. Тамоми донишу малакаи худро барои тарбияи ман сарф кард. Ӯ барои ман китобҳо мехарид ва мехост, ки ман ҳамеша дар пешсаф бошам. Маро намегузошт, ки дар хона бо ягон кори дигар машғул шавам. Ҳамаи эътибораш ба ман равона буд. Ҳанӯз дар даврае, ки мактабхон набудам, зиёда аз сад байт шеърҳои гуногун ва зарбулмасалу мақолҳо медонистам. Дар оила озод будам, бисёртар сайру саёҳат дар табиат ба ман лаззат мебахшид. Хулоса карда гӯем, аз даврони кӯдакиам ягон гила надорам. ” - аз хотираҳои даврони кӯдакиаш ёд овард Манижа.
Ӯ зодаи ноҳияи зебоманзари Деваштич буда, айёми тифлию мактабхонияш он ҷо гузаштааст. Дар даврони мактабхонӣ хеле фаъол буд ва ҳар сол зиёда аз 5-6 дастоварди назаррасро ноил мегардид. Аз ҷумла, дар донишозмоиҳо (олимпиадаҳои фаннӣ) аз рӯйи фанҳои физика ва забони инглисӣ иштирок менамуд. Инчунин, дар озмуни “Олимони ҷавон” сабқат варзида, узви Фарҳангистони хурди улуми Тоҷикистон гардид. Гирандаи шогирдона (стипендия)-и президентӣ буд ва мактабро бо гувоҳиномаи аъло хатм намуд.   

“Аввалан орзуи ман табиб шудан буд. Ман мехостам ҷарроҳи дил шавам. Омӯзиши забони инглисӣ бошад барои ман беш аз як шуғл набуд. Баъдтар фаҳмидам, ки ин танҳо хоҳиши хонаводаи ман аст. Яъне аз кӯдакӣ ба ман мегуфтанд, ки “ту духтур мешавӣ.” Ва дар сари ман низ чунин фикре буд, ки бояд ҳатман табиб шавам. Аз ин рӯ каме дертар, яъне дар синфи 9-10 буданам дарёфтам, ки шавқи ман ба забономӯзӣ нисбат ба табиб шудан бештар будааст”, - афзуд қаҳрамони мо.

Ба андешаи Манижа, барои омӯхтани забон аввалан шавқу рағбат, дуюм роҳбари муносиб ва сеюм дастурамали мукаммал доштан зарур аст. Ӯ аз муаллимаи худ Муҳиддинова, ки ба ӯ дар мактаб ба забономӯзӣ ҳаваси бештарро бедор карда буд, ёд оварда мегӯяд, ки агар баъзан муаллимон танҳо барои маош ё фарз буданаш кор кунанд, муаллима Муҳиддинова танҳо дониш медоданд, равишҳои махсусро истифода мекарданд ва мо инро эҳсос  мекардем. Ҳамин тавр, бо шавқу рағбат ва кӯшиши беандоза Манижа дар омӯхтани забон дастболо гардид.

АЗ ҒАРБ ТО ШАРҚ

Маҳз ҳамин забондонияш боис гардид, ки тавассути барномаи FLEX роҳ ҷониби Амрико гирад. “Бо ин барнома ба Амрико рафтанам тақдир буд. Ман худро дар ин ҷиҳат аз дигарон боло намеҳисобам, зеро то он ҷое, ки медонам, баъзе афроде буданд, ки дараҷаи забондонияшон аз ман болотар буд. Ман баъди ба Амрико рафтанам дар моҳи сеюм вақте ки аллакай инсон дурӣ аз ватанро ҳис мекунаду пазмони ватан мешавад, фаҳмидам, ки чаро маҳз маро интихоб карда будаанд. Инсон метавонад забонро дар як моҳ ёд гирад, агар дар дохили ҳамон муҳит бошад. Лекин мутобиқ шудан хеле муҳим аст. Ба муҳити нав, ба одамони нав, ба хӯрокҳои нав ва зиндагии нав одат кардан ва мувофиқат пайдо кардан барои аксар инсонҳо душвор аст. Мутобиқшавӣ низ аз инсон қобилият талаб мекунад. Шояд ҳамон довароне, ки дар FLEX буданд, дар ман дида тавонистанд, ки ҳамон қобилияти мутобиқ шудан хеле хуб ривоҷ ёфтааст. Баъди он ки ман ба Амрико рафтам, бисёр қолабвора (стереотип)-ҳое, ки ман қабл аз ба он ҷо рафтан доштам, нодуруст баромаданд. Масалан, ман фикр мекардам, ки дар Амрико чун Тоҷикистон қадр ва арзиши одамӣ баланд нест ва гоҳо ҳатто метарсидам. Зеро дар мо ба инсон сахт эътибор дода мешавад ва сухане ҳаст, ки “ба як кас ҳафт маҳалла хӯҷаин”. Лекин баъди рафтан ман бо чашми худ дидам, ки арзиши инсон барои онҳо дар дараҷаи баланд меистад. Новобаста ба он ки рӯҳияи хуб доранд ё на, ҳамеша бо табассум менигаранд”, - мегӯяд қаҳрамони мо.

Баъди як соли таҳсил ва зиндагӣ дар Амрико Манижа ба ватан баргашт ва ду моҳи аввал дар маркази омӯзишӣ фаъолият кард. Баъдан ба донишкадаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси чинӣ-инглисӣ (тарҷумон ва гид) ба бахши буҷавӣ дохил гардид. Ду сол дар он ҷо таҳсил кард ва боз тариқи квотаи давлатӣ ба Донишгоҳи нафти Чин дар шаҳри Чандал шомил гардид. Таҳсил, манзили истиқоматӣ ва бима (суғурта)-и саломатӣ ройгон буда, ҳар моҳ шогирдона дарёфт мекард.  Як соли аввал дар Донишгоҳи бизнес ва экономикаи шаҳри Пекин забони чиниро то дараҷаи аъло омӯхт ва алъон дар Донишгоҳи нафти дар шаҳри Чандал таҳсили худро идома медиҳад.

“Вақте инсон як маротиба аз Тоҷикистон берун баромад, норасоиҳои дар низоми таълими мо бударо ҳис мекунад ва дигар ба ин низом одат карданаш мушкилтар мешавад. Инсон мехоҳад, ки боз ба хориҷа барояд. Ман 2 сол дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо як азоб тоқат карда таҳсил кардам, чунки фанҳо барои ман беҳад осон буданд. Баъдан нахостам, ки 5 сол вақтам беҳуда равад. Аз ин рӯ ба Донишгоҳи нафти Чин дар шаҳри Чандал дохил шудам. Ихтисосам дар ин ҷо мудирияти муҳандисӣ аст. Ман аз хурдӣ ба мудирият (менеҷмент) шавқу рағбат доштам, вале афсӯс, ки дар Тоҷикистан айнан дар ҳамин ихтисос аксаран писарон мехонанд. Хонаводаи ман иҷозат надоданд, ки дар Тоҷикистон дар ҳамин ришта таҳсил кунам. Аммо ҳоло ман дар ин ҷо айнан дар ҳамин ихтисос дониш андӯхта истодаам”.

“ҚОЛАБИ ШАХШУДАИ НИЗОМИ ТАЪЛИМ МОРО БОЛОРАВӢ НАМЕМОНАД”

Вақте ки Манижа аз Амрико ба Тоҷикистон омад ва дар донишгоҳи Тоҷикистон таҳсилро оғоз намуд, барои ӯ нахуст одат кардан андак мушкил шуд. Зеро, ба андешаи Манижа, дар низоми таълими Тоҷикистон камбудиҳо хеле зиёданд. Боиси нигаронии Манижа он буд, ки дар аксар мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистон дар дараҷаи аввал ба либоси расмӣ, яъне намуди зоҳирӣ эътибор медиҳанд. Вале барои пешрафти кишвар бояд дониш дар дараҷаи аввал истад, на ин ки либос.

“Ҳолатҳое буданд, ки маро ба дарс роҳ намедоданд ва сабабаш ин буд, ки гӯё либоси ман ба талабот ҷавобгӯ нест. Масалан, ман дар Чин ё Амрико чӣ хоҳам мепӯшам. Барои онҳо муҳим нест, ки ту бо риш меравӣ ва ё бо футболка. Муҳим дониш омӯхтан аст. Ҳамчунин дар донишгоҳҳои мо ришваситонӣ маъмул аст. Баъзе устодон бо ҳамин роҳ донишҷӯёнро танбал мекунанд ва дигар ҳаваси хондан дар донишҷӯ мемирад. Масалан, ман ғайрат карда дарс мехондам, ҳамсабақонам мегуфтанд, ки “чӣ худро азоб дода мехонӣ. 20 сомонӣ медиҳем, моро ҳам баҳои аъло мегузоранд, туро ҳам”. Ё ин ки “маршировка”. Агар дар як нимсолаи таҳсил 4 ид бошад, он нимсола танҳо бо маршировка мегузарад ва баҳои ман аз рӯйи ба “маршировка” омадан ё наомаданам гузошта мешавад. Табиист, ки аз мане, ки бо “маршировка” ва ё пора баҳо мегирам, мутахассиси хуб намебарояд. Пасон ман ба мактаб мераваму ба талабаҳо чизе омӯзонида наметавонам. Ва бо ҳамин тарз ин ҳалқа давом меёбаду мо дигар чандсолаҳо аз пешрафт қафо мемонем. Ман аз ҳамин чиз ғазабам меомад. Ояндаи Тоҷикистон чӣ мешавад?! Мо танҳо роҳи ояндаи дурахшони худро баста истодаем. Мо бояд аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта истифода кунем. На ин ки фақат аз пушти либосу “марширофка” бидавем.”- бо таассуф қисса кард Манижа.
ОРЗУҲОИ БУЗУРГИ МАНИЖА

Манижа аз кӯдакӣ ба илми нуҷум (астрономия) шавқи беандоза дошт. Ният дорад, ки телескоп бигирад ва аз замин ба олами бекарони ситораҳо, ки ба ӯ лаззат мебахшанд, назар кунад. Танҳо нигоҳ кардан ба осмон ӯро ором мекунад, роҳат мебахшад. Барои Манижа ин яке аз беҳтарин роҳҳоест, ки худро ҳангоми асабонияту ғамгинӣ ором мекунад.

Орзуи бузургтарини ӯ парвоз ба кайҳон аст. Ҳамчунин сайри тамоми кишварҳои ҷаҳон орзуву омоли бартари ӯ дар зиндагист. Бо тарзи зиндагӣ, фарҳангу маданияти кишварҳои гуногуни ҷаҳон шинос шуда, баъдан ба ягон натиҷа расидан ва ҷаҳонбинии худро васеъ кардан мехоҳад. “Саъдии Шерозиро бинед, ҷаҳонгардӣ карду андешаҳои пухта ҳосил карда китоб навишт. Ман ҳам мехоҳам барои худ ягон натиҷаи назаррас ҳосил кунам”, - мегӯяд вай.

Дар вақтҳои холигияш дар табиат сайр карданро дӯст медорад. Мехоҳад дар бораи табиат ва офаридаҳои дунё бисёртар донад. Аз тамошои зебоиҳои табиат ӯ андеша ва ғояҳои нав ҳосил мекунад. Вақтҳои бекорӣ бошад танҳоиро афзал медонад.

Яке аз қобилиятҳои дигари қаҳрамони мо шоҳмотбозӣ аст. Шоҳмот сайқалгари ақл ва ташаккулдиҳандаи фикрронии мантиқист. “Дар ҳар як зинаи ҳаёти ман ягон чиз вазифаи аввалиндараҷаро мегирад. Махсусан, дар синфҳои 9-10 таҳсил карданам шоҳмот дар ҳаёти ман ин мартабаро касб карда буд. Ман бо ҳамин бозӣ худро рушд дода, ғояҳои нав мегирифтам”, - ба ёд овард ӯ.

Касбе, ки алъон Манижа меомӯзад, мудирияти муҳандисӣ аст. Ӯ фикр мекунад, ки аз рӯйи ин касб дар Тоҷикистон кор карда метавонад. Мехоҳад баъди хатми донишгоҳ ба ватан баргашта, дар ҳамин ҷо зиндагӣ ва фаъолият кунад. Барои ӯ оила аввалиндараҷа аст. Гарчанде мехоҳад барои худ карйера бисозад, вале чун зан аҳамияти оиларо дар ҷойи аввал мегузорад. Ҳамчунин, мехоҳад баъди ба Тоҷикистон баргаштанаш бештар бо хонаводааш вақт гузаронад. “Агар ҳамин 22 соли ҳаёти худро назар кунам, мебинам, ки бештари умри ман дар берун аз хона ё дигар кишварҳо, дар сафару саёҳат гузаштааст. Маро хумори оила мегирад. Мехоҳам бо падару модар ва хоҳару додарам вақт гузаронам, якҷоя бо онҳо саёҳат кунам ва бо онҳо дар ҳаётам хотираҳои фаромӯшношуданӣ гузорам. Зеро ин вақтҳо дигар баргашта намеоянд. Дигар ҳама кор шуданист, вале падару модарро дигар ёфта намешавад”, - гуфт қаҳрамони мо.

Дар ҳадис омадааст, ки новобаста аз он ки дар куҷоӣ ва кӣ ҳастӣ, барои одамон кумакрасон бош. Шиори Манижа низ дар ҳаёт қатъи назар аз он ки дар Амрико аст, дар Чин аст ё Тоҷикистон ба одамон кумак кардан мушкили онҳоро осон кардан аст.

Яке аз нақшаҳои ӯ дар оянда дар Тоҷикистон таъсис додани маркази забономӯзӣ барои толибилмони лаёқатманд аст.

“Ман мехоҳам танҳо барои он касоне, ки лаёқати баланди донишомӯзӣ доранд, кумак кунам. Зеро имрӯз дар ҷавонону наврасон ҳамон муҳаббат ва лаёқати волоро хеле кам мебинам. Имрӯз аксари онҳо имконият доранд. Ман ҳамин чизро фаҳмидам, ки чӣ қадар имконият шавад, инсон баръакс ба ҷойи пешравӣ ба қафо меравад. Як андешаи аҷибе ҳаст, ки мегӯянд “вақтҳои мушкил одамони нерӯмандро меофарад, одамони нерӯманд вақтҳои осонро меофаранд ва вақтҳои осон боз одамони заифро мефарад”. Ман фикр мекунам, ки имрӯз ҷавонон аллакай заифанд. Ҳатто китобхониро хеле кам мушоҳида мекунам. Мо дар як моҳ 30-40 китоб мехондем. Бигзор азоб кашанд ва дониш омӯзанд. Масалан, ман барои забон омӯхтан аз ноҳияи Деваштич ба шаҳри Истаравшан мерафтам. Барои ҳамин ман нақша дорам, ки танҳо барои он нафароне, ки сахт хоҳиши хондан доранд, имконият фароҳам орам, на барои ононе, ки танҳо аз имконият истифода мекунанд”.

Нақшаи дигари Манижа баъди омадан ба Тоҷикистон ба роҳ мондани тиҷорат аст. Ӯ меҳоҳад аввал ноҳияи худро омӯзад, ки ба чӣ талабот бештар аст ва баъд аз рӯйи инсоф, бо нархи дастрас барои баровардани ниёзи мардумаш тиҷорати худро пеш барад.

“Барои оғоз кардани ягон кор аввалан шавқу рағбат меистад. Вақте ки шавқи инсон зиёд шуд, кор ба вай мушкилӣ пеш намеорад. Ҳатто агар мушкил ҳам дошта бошад, инсон аз он кораш ҳаловат мебарад. Фикр мекунам, агар дар зиндагиям ягон сахтӣ буд, ба ман танҳо рӯҳия бахшид ва қувва барои пеш рафтан буд”, - хулоса намуд Манижа Ҳасанова. 

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед