Ru  | Tj
«Мехоҳам мошинро ба тағоям тақдим кунам». Ғолиби Tesla Model 3 кист?
«Мехоҳам мошинро ба тағоям тақдим кунам». Ғолиби Tesla Model 3 кист?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

«Мехоҳам мошинро ба тағоям тақдим кунам». Ғолиби Tesla Model 3 кист?

Нашр шуд

Улуғбек Қаюмови 21-сола ахиран дар бозии вебнамой (видеоблогер)-они қазоқистонӣ, ки дар шабакаи иҷтимоии Instagram сурат гирифт, иштирок карду автомобили Tesla Model 3 бурд намуд. Ӯ мехоҳад, ки бурдашро ба доӣ (тағо)-яш туҳфа намояд.

Муаллифи Halva.tj бо Улуғбек Қаюмов ҳамсуҳбат шуда, дар хусуси тарзи зиндагӣ, муҳоҷират ва гузаронидани вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтугӯ намуд.

ҶАВОНИ ҲУНАРВАР

Улуғбек ҷавони 21-солаи тоҷикистонӣ буда, сокини Ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Ӯ ҷавони соҳибҳунар аст. Ҳамроҳи доӣ (тағо)-яш, ки устои муҳаррики мошин аст, кор мекунад. Устохонаи онҳо воқеъ дар шаҳри Бӯстон, собиқ корхонаи «Заводи Зил» мебошад. Дар ин ҷо ҳар рӯзаш пурмаҳсул мегузарад. Вай дар таъмири муҳаррики мошинҳои гуногунтамға моҳир аст. Шомгоҳон вақти холӣ дорад ва дар як рӯз 1 як соат дар шабакаҳои иҷтимоӣ сайр мекунад.

- Пас аз анҷоми кор каме хаста мешавам. Баъди хӯроки шом ба шабакаҳои иҷтимоӣ дохил шуда, бахши 24-соатии Instagram ва TikTok-ро тамошо карда, каме фориғ мешавам. Кӯшиш мекунам, ки аз 1 соат зиёд ба экрани телефон нигоҳ накунам. Чун фардо аз хоб барвақт хестан лозим меояд, то ба кор дер накунам, - гуфт Улуғбек.

ТУҲФАИ ҒАЙРИИНТИЗОР

Дар яке аз чунин шомгоҳон Улуғбек аз саҳифаи вебнамоёни қазоқистонӣ Нуртаза Нурбек ва Амина Нуртаза огоҳ шуд, ки бозиеро дар байни пайнавардон (обуначиён) баргузор менамоянд. Шарти гуфтаи онҳоро иҷро кард, аммо бовар надошт, ки ғолиби бозӣ мешавад. Аз иштироки Улуғбек дар бозии мазкур чандин рӯз гузашт, ҳатто фаромӯш карда буд, ки шартҳои ин бозиро иҷро кардааст.   

«Ҳамон рӯз (8 марти соли 2023) дар хона ҳамроҳи доӣ (тағо)-ям Абдураҳим Қаюмов банди суҳбат будам. Чашмам ногаҳон ба телефон афтид, ки дар Instagram-и вебнамоёни қазоқистонӣ ҳамаи дӯстон саҳифаи маро ишора карда, табрик мегуфтанд. Ростӣ, ҳайрон шудам, дар ёд надоштам, ки дар бозии вебнамоён иштирок кардаам. Ба саҳифаи муаллифони бозӣ сар задам. Дарк кардам, ки автомобили Tesla Model 3-ро бурд кардам. Вақте ки Нуртаза ва Амина ба пахши мустақим ҳамроҳ шудам, 1-2 дақиқа ҳайрон мондам. Баъдан муошират кардам. Он вақт хеле дар ҳаяҷон будам», - бо ҳаяҷон гуфт Улуғбек.

БАРГАШТАН АЗ МУҲОҶИРАТ

Волидони Улуғбек Қаюмов муҳоҷирони корӣ мебошанд. Онҳо солиёни дароз дар шаҳри Маскави Русия зиндагӣ ва фаъолият доранд. Улуғбек ҳам тобистони соли гузашта тасмим гирифт, ки ба Маскав рафта, кор кунад. Дар Маскав мошин иҷоро гирифта, бо кори колорасонӣ (доставка) машғул шуд. Пас аз 7 моҳ қарор дод, ки ба ватан баргардад.

«Коре, ки дар шаҳри Маскав мекардам, писандам нашуд. Азбаски ҳунар дорам, нахостам, ки бо кори колорасонӣ вақтро сарф кунам. Қарор баровардам, ки моҳи феврали ҳамин сол ба хона равам ва дар назди доиям корро идома диҳам», - иброз намуд қаҳрамони мо.

БАРДОШТ АЗ САФАРИ ҚАЗОҚИСТОН

Улуғбек бо чанде аз дӯстон дар охири моҳи марти имсол ба шаҳри Олмотии Қазоқистон рафтанд. Вебнамоён Нуртаза ва Амина онҳоро гарм истиқбол гирифтанд. Табиат ва муҳити шаҳр барои онҳо хеле писанд омад. Сайр дар шаҳри пур аз дарахт ба онҳо ҳаловат бахшид.

«Бо вебнамоён ҳам суҳбати хуш доштем. Онҳо мошинро расман ба номам қайд карданд. Бо табъи хуш ва рӯҳияи аҷиб мошинро то Тоҷикистон ронда омадем», - афзуд Улуғбек.

НИЯТҲОИ НЕКИ ҶАВОН

Улуғбек Қаюмов мегӯяд, ки автомобили Tesla Model 3 дар Душанбе 420 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Вай азм дорад, ки ин туҳфаро ба доӣ (тағо)-и азизаш Абдураҳим Қаюмов ҳадя кунад.

«Тағоям маро мисли фарзанди худ медонад. Ба ман ҳунари худро омӯзонд, зери қаноташ гирифта калон кард. Меарзад, ки ин мошинро ба ӯ тақдим кунам. Агар як умр ба ӯ хидмат кунам ҳам, кам аст», - ҳаяҷономез изҳор дошт Улуғбек.

Қаҳрамони мо ҳадаф дорад, ки коргоҳи алоҳида ва дар назди он ядакафзор (магазин автозапчастей) таъсис диҳад. Ҳамчунин ҷавобан ба некхоҳию дастгириҳои доияш ба додарон ва бародарзодагон ҳунари омӯхтаашро омӯзонад.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед