Ru  | Tj
Муҳиддин Музаффар: “Ба пояи синамои миллӣ бояд хизмат кунам”
Муҳиддин Музаффар: “Ба пояи синамои миллӣ бояд хизмат кунам”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Муҳиддин Музаффар: “Ба пояи синамои миллӣ бояд хизмат кунам”

Нашр шуд

Чанде пеш филми ҳунарии “Дов” – и коргардони ҷавон дар синамоҷоизаи “Тоҷи Сомон” ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ”- ро сазовор шуд. Намоиши санҷишии филми мазкур дар Шӯрои бадеии “Торҷикфилм” доир шудааст. Зимни таҳлил гуфта шудааст, ки нақшофарии ҳунарпешаҳо, кори рассом, наворбардорӣ, таҳиягарӣ, танзим, рангпардозӣ, садогузорӣ ва мусиқии филм дар сатҳи баланд ва бо касбияти том иҷро шудаанд. Намоиши пӯшидаи филм дар “Дом кино”- и шаҳри Маскав ҳам ба аҳли ҳунар, мунаққидони синамо ва доираи маҳдуди мухлисони кино пешкаш шудааст. Гуфта мешавад, ки филми ҳунарии “Дов” довталаби иштирок дар кинофестивалҳои байналмиллалӣ мебошад.

Коргардони умедбахш, Муҳиддин Музаффар дар суҳбат бо Halva.tj перомуни рӯйи кор овоардани филми “Дов” ва дигар паҳлӯҳои асли синамоофарӣ ҳарф зад.

Лаҳзаҳои хотирмон


- Ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” дар синамаҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” ба созандагони филми ҳунарии “Дов” муборак бошад!

- Ташаккур, саломат бошед!  


- Аз рӯзҳои наворгирии филм чӣ хотираҳои аҷибе ба ёд доред?       

- Филми “Дов” аз 2-уми апрел то 18 – уми майи соли гузашта дар шаҳрҳои Конибодому Исфара сабт шуд. Дар рӯзи охирони сабт аҷаб ҳодисае рух дод. Аслан, филм воқеаҳои солҳои 1993 – умро дар бар мегирад. Мо дар назди сарҳад саҳнаеро бояд ба навор мегирифтем. Ҳунармандон бояд ҳамон шаб корро ба итмом расонида, субҳ ба Душанбе бармегаштанд. Ҳамаи ороишоти саҳна, либос ва дастгоҳи наворбардорию чароғҳо тайёр буданд. Аммо гурӯҳи корӣ яроқро, ки ба саҳна лозим буд, фаромӯш кардаанд. Каме дуртар аз майдони филмбардорӣ, ки ба сарҳади Ӯзбекистон наздик буд, аскарону афсарон буданд. Ман барои гирифтани яроқ ба назди онҳо рафтам. Соат тахминан 10 - и шаб буд. Онҳо мегуфтанд, ки имкони додани ягон яроқ вуҷуд надорад. Аз чунин вазъият қариб ноумед гашта, ба баҳри фикр ғарқ шудам. Оқибат ба худ омада, бо дилёбӣ мушкилии худро ҳал карданӣ шудам. Он лаҳзаро айнан нақл мекунам:

“Ба ман таъҷилан автомат даркор, бояд саҳнаи охирини филмро ба навор гирем, илтимос!” - гуфтам. Он афсар хандида гуфт: “Шумо медонед, ки вазъият дар сарҳад бо Қирғизистон чӣ гуна аст? Ман ба сардорам занг намезанам. Вай маро сарзаниш мекунад!”. Баъд аз пофишориҳо он афсар рақами сардорашро дод. Ба он нафар занг задам. Аз он тараф овози пасте ба гӯш расид: “Тезтар гап занед, мо дар даруни акоп!”. “Рафиқ майор, ба мо яроқ даркор. Мо филм мегирем. Агар автомат наёбем, вой бар ҳоли мо! Худи ҳамин шаб лозим, мадад мекардед!” - гуфтам. Аз он тараф сукут, ҳайрон буд, ки чӣ гӯяд.


“Иҷозаи додани яроқ шӯхӣ нест. Дода наметавонем”,- гуфт майор. “Рафиқ майор, ман ҳам дар дохили “акоп”- аму чун Шумо дар набард. То 30 - солагии Истиқлолият бояд филмро пурра тайёр кунам. Ман ҳам сарбози қисми низомии ... ҳастам. Аскари кино ҳастам!” - гуфтам ман.

“Хуб, канӣ бо боло суҳбат кунам- чӣ!” - гуфт ӯ.

Хулоса, он майор ба яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Исфара занг мезанад ва аз он ҷо ба Душанбе занг мезананд. Аз Душанбе иҷоза медиҳанд. Баъдан аз казарма 2 сарбозро бо тамоми ҷиҳози техникӣ ҷудо карда доданд. Ҳамон шаб, саҳнаро тибқи нақша ба навор гирифтем. Ин гуна муносибат дили маро ба касбам хеле гарм кард. Синамо бе кӯмаки сохторҳои қудратӣ вуҷуд надорад. Аз мадади онҳо хеле баҳра бурдем. Ба онҳо изҳори сипосгузорӣ мекунам.


- Аз майдони банаворгирии филми ҳунарии “Дов” боз чӣ таҷрибаю малакаҳои нав омӯхтед?

- Медонед, дар филми “Дов” 2 тӯй ва 1 ҷаноза шуда мегузарад. Барои ин зарурат пеш меояд, ки саҳнаҳои умумӣ ба навор гирем. Бо кӯшиши аҳли гурӯҳи корӣ мо чанд саҳнаҳои умумӣ сабт кардем. Мисол, дар саҳнаҳои умумӣ зиёда аз 5000 сокинон иштирок карданд. Қаҳрамони марказӣ дар саҳнаҳо занозании воқеӣ дошт. Бинии ҳунарманд Салоҳиддин Шукурзода, ки нақши асосиро мебозид,   дар занозании воқеӣ шикаст. Ҷангҳои воқеӣ ба хотири воқеӣ шудани саҳнаҳо буд. Аслан, ҳар кор дар пайи худ ба инсон таҷрибаеро медиҳад. Филмсозӣ ҳам коре аст, ки таҷриба мехоҳад. Вақте аввалин филми ҳунариро ба навор мегирифтам, ҳанӯз ҳунарманди театр будам, на синамо. Аз рӯйи фаҳмиши ҳунарманди театр саҳна мегузоштам ва наворбардор онро ба тасвир мекашид. Чӣ хел кадр гузоштан, онҳоро чӣ гуна ба ҳам овардан ва ғайра бароям он қадр фаҳмо набуд. Аммо қаҳрамон бояд чӣ гуна ҳолат дошта бошад, дар кадом эҳсос зинда гап занад, сюжа чӣ гуна бошад, дарк карда метавонистам. Ман чун дигар устодони ҳар соҳа аз хатоҳоям оҳиста-оҳиста омӯхтам. Яъне хатоҳоям бароям беҳтарин таҷриба буданд. Бо ҳамаи камбудиҳо ва пешравияҳоям ифтихор мекунам.


- Нақшаҳои эҷодии имрӯза ва минбаъдаи “Суғдсинамо” чӣ аст?

- Аслан, ба қавле стратегияи 5 соли аввали фаъолияти “Суғдсинамо” ба бозори дохилӣ равона шуда буд. Аз ҷумла, мақсади мо таҷриба андӯхтан ва боварии мардумро ба синамои тоҷик баргардонидан дониста мешуд. Филмҳои мо дар бозори ҷаҳонӣ на он қадар рақобатпазир буданд. Лекин мо дар фестивалҳо иштирок карда ва ҷоизаҳо ба даст овардем. Ҳоло, стратегияи мо бо истифода аз таҷрибаи андӯхта ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфтан аст. Масалан, “Аз миллион яке” ва “Дов” – ро ба ғайр аз бозори дохилӣ дар бозори беруна низ хоҳем фурӯхт. Аз нақшаҳои нави эҷодии “Суғдсинамо” дар суҳбатҳои дигар воқиф хоҳед шуд.

Чанд камбуди синамои миллӣ


- Аксарият бо шиква савол медиҳанд, ки синамои тоҷик кай пеш меравад? Шумо ҳамчун коргардони ҷавон ба ин савол чӣ посухе доред?

- Дар дохили соҳаи синамоофарӣ зиёда аз 20 соҳа мавҷуд будааст. Яке аз онҳо сенариянависӣ аст. Замоне, ки зиёда аз 20 соҳаи синамо рушд накунад, синамо пеш намеравад. Масалан, мо сенариянависи хуб кам дорем. Бештари нависандаҳои мо аз қонунҳои драматургияи касбии филмофарӣ огоҳ нестанд. Онҳо бо ҳунари воло роману қиссаву ҳикоя менависанд, аммо ҳикояву қиссаву роман навиштан дигар асту сенариянависӣ чизи дигар. Коргардонҳои мо ба сенарияҳои хуб хеле ниёз доранд. Ман бо сенариянависам - Бахтиёр Каримов ҳамкорӣ мекунам. Ман ғояро пурра коркард мекунам. Баъдан Бахтиёр диалог менависад. Боз ҳарду онро коркард мекунем. Сенарияи “Дов” – ро низ якҷо навиштем. Дар ин сенария   саҳми устод Валерий Ахадов низ бисёр назаррас аст.  

    

- Аз нуқтаи назари худ, як роҳи рушди синамои миллиро мегуфтед!

- Як роҳи рушди синаморо дар зиёд шудани толорҳои синамоӣ мебинам. Агар то сохта шудани кинотеатрҳо дар манотиқи кишвар, дар назди қасри фарҳанги шаҳру ноҳияҳо шӯъбае бо номи кинотеатр таъсис диҳанд, хеле хуб мешуд. Агар чунин шавад, синамои миллӣ боз пеш мерафт.


- Ба назари Шумо, синамои миллӣ имрӯз бояд чӣ гуна ғояҳо ва мавзӯотро фаро бигирад?

- Якум, бояд ба офаридани филмҳои таърихӣ таваҷҷӯҳ кунем. Аз бойгонии “ВГИК” ба мо аз солҳои 1940-1945 қариб 50 филмро нишон дода буданд. Ман дар он ягон қаҳрамони тоҷикро надидам. Он бароям хеле сахт буд. Бисёр мехоҳам, ки қаҳрамонҳои солҳои гуногун рӯйи навор оянд. Масалан, чеҳраҳои қаҳрамонҳое, ки дар сохта шудани давлати Тоҷикистон ҳисса гузоштаанд, ҷанговарони солҳои ҷанг ва баъд аз он, қаҳрамонҳои халқи тоҷик Спитамену Деваштич, Исмоили Сомонию Темурмалик ва дигарҳоро мебояд зинда кард. Гузашта аз ин, шахсиятҳои таърихии имрӯзаро низ бояд шиносем. Дар Амрико филмҳои тарҷумаиҳолӣ хеле зиёд аст. Онҳо тариқи ин филмҳо қаҳрамон будани амрикоиро нишон медиҳанд. Мо ҳам чунин шахсият дорем. Чаро онҳоро муаррифӣ накунем? Дуюм, мушкилоти ҷомеа низ бояд дар филмҳо гуфта шавад. Аз ҷумла, муҳоҷират ва ҷудо шудани оилаҳои ҷавон, иваз кардани афкори ҷомеа нисбат ба омӯзиш, яъне таблиғи ғояи “то донишу малакаат набошад, зиндагӣ иваз намешавад”, нест кардани андешаи “нахонаду кор кунад, зиндагӣ хуб мешавад”, масъалаҳои ҳалталаби имрӯзи мост. Мутаассифона, имрӯз сатҳи фаҳмиши мо хеле паст аст, ки филм бояд бо инҳо мубориза барад. Лекин синамо нерӯи мубориза бо ин падидаҳоро дорад.


- Дар охир чӣ гуфтанӣ доред?

- Фаҳмидам, ки ҷойи ман бештар синамо аст. Ба пояи синамои миллӣ бояд хизмат кунам. Ин соҳа вақти зиёд ва нерӯи бисёре мехоҳад. Ҳоло ҳарфи ман дар театр ҳам тамом нашудааст. Дар театр низ бо пайдо шудани фурсат бозӣ мекунам ва намоишнома низ мегузорам.


Роҳандозии муҷаддад ва табодули таҷриба: Чорабиниҳои тафреҳӣ барои бонувон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед