Ru  | Tj
Мухтор Заргарови 103-сола. Ягона иштирокдори ҶБВ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Мухтор Заргарови 103-сола. Ягона иштирокдори ҶБВ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Акс: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Мухтор Заргарови 103-сола. Ягона иштирокдори ҶБВ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Нашр шуд

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон 300 ҳазор нафар барои ҳимояи хоки Ватан рафтанд ва аз ин шумора наздики 92 ҳазор нафарашон дар ҷанг ҳалок шуданд. Боқимонда ба Ватан баргаштанд. Пас аз ҷанг 54 нафар тоҷикистонӣ барои қаҳрамониҳои бемислу монанд бо унвони олии «Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ», 21 нафар бо ордени «Шарафи ҷангӣ» ва 56 нафар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардонида шудаанд. Яке аз ин қаҳрамонҳо Мухтор Заргаров мебошад.

Ӯ соли 1920 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шуда, ҳоло дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ умр ба сар мебарад. Ягона иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.

Ӯ мактаби миёнаро дар Ҳисор хатм карда, бо як гурӯҳ аз рафиқонаш дар кандани канали Фарғона, роҳи Варзобу Помир иштирок кардааст.

Моҳи сентябри соли 1941 рафиқони Мухтор Заргаровро ба ҷанг мебаранд. Ин ҳолатро дида ӯ ҳам бо ихтиёри худ ба ҷанг рафтанӣ мешавад.

«Ҷанги Финландия шурӯъ шуда буд. Ман бо ҳамроҳии рафиқонам канали Фарғонаро бо даст кандем. Баъдан рафиқонам ба ҷанг даъват шуданд. 9 сентябр соли 1941 онҳоро ба ҷанг бурданд. Ман ҳамроҳашон рафтам. Дар Комиссарияти ҳарбӣ аз ман пурсиданд, ки ту чаро омадӣ? Ман гуфтам, ки ба ҷанг меравам», - ба ёд меорад қаҳрамони мо.

Аммо дар Комиссариати ҳарбӣ ӯро намегузоранд, ки ба ҷанг равад. Баъдан дар қисми ҳарбӣ Мухтори ҷавонро бо 10 тан аз ҳамроҳонаш номнавис карда, ба курси омодагии ҷангӣ ва истифодаи силоҳ ҷалб намуданд.

Бобо Мухтор дар ин давраи омӯзишӣ нисбат ба ҳамроҳонаш шавқмандии беандоза нишон дода, тамоми нозукиҳои истифодаи силоҳро дар ҷанг азхуд менамояд. Ҳамин тавр, ӯро дар 18-солагӣ тариқи қатора ба Ҷумҳурии Қазоқистон мефиристанд.

«Мо нисфи ҷаҳонро гаштему бар зидди душман мубориза бурдем»

Мухтор Заргаров соли 1942 ҳамчун сарбоз ба майдони ҷанг рафта, дар ҳайати бригадаи тонкӣ ба ҳайси нишонгир хидмат менамояд.

Вай ҳамчунин дар муҳорибаҳои даҳшатбори Минск, Дубровка, Сосновка ва Березовка иштирок карда, чандин маротиба захмдор шудааст. Аммо ҳисси ватандӯстию мардонагияш бобо Мухторро водор мекунад, ки дар озод намудани кишварҳои Руминия ва Чехословакия ҳиссагузорӣ намуда, дар майдони ҳарбузарб то шаҳри Кинезберги Гермон ҷангро идома диҳад. Ҳамин тариқ, дар роҳи ҳифзи Ватан аз душманон матонату устуворӣ нишон дода, то лаҳзаҳои охири ҷанг дар майдони набардҳо меразмад.

«Мо нисфи ҷаҳонро гаштему бар зидди душман мубориза бурдем. Аз як шаҳр ба шаҳри дигар, аз як кишвар ба кишвари дигар рафтан хеле душвор буд. Ҳаво ниҳоят сард ва ҳамаҷо барфпӯш буд. Дар роҳ бо душманон рӯбарӯ мешудем, вале аслан ҳарос надоштем. Фақат ба пеш ҳаракат мекардем», - боифтихор афзуд бобо.

Мухтор Заргаров баъд аз анҷом ёфтани ҷанг боз як соли дигар дар барқарорсозии шаҳру деҳаҳои аз ҷанг харобгардида иштирок намуда, соли 1947 ба Ватан омад. Чун аз анҷоми ҷанг ва ғалаба бар фашизм як сол гузашта буд, хешовандони бобо Мухтор аз баргаштанаш навмед шуда буданд.

«Баъд аз як соли хидмат дар шаҳри Ленинград ба Ватан ба назди хоҳару додараконам баргаштам. Аз анҷоми ҷанг як сол ки гузашта буд, ҳамаи хешу табор аз омадани ман умедашонро канда буданд. Ман панҷ рӯз дар хона истодам. Рӯзи шашум маро ба сохтмони НБО-и Варзоб даъват карданд. Ҳамин тавр, боз ба сохтмон рафтам», - мегӯяд бобо Мухтор.

Соли 1961 Мухтор Заргаровро ба Комиссарияти ҳарбӣ даъват мекунанд, то ки ба сарбозони нав истифодаи силоҳро омӯзад. Бобо Мухтор ба сарбозон тӯли шаш моҳ истифодаи аслиҳа, тирпаронӣ ва дигар нозукиҳои ҷангиро омӯхта, ба хона бармегардад.

Устоди пахта

Қаҳрамони мо баъди осудагӣ аз ҷанг ба кори кишоварзӣ машғул шуда, ҳамчун шахси заҳматкаш ва пешқадами колхозу савхозҳои давр шинохта мешавад. Ҳамасола дар рӯёнидани пахта ва иҷрои нақшаи дурнамо пешсаф шуда, унвони "Устоди пахта"-ро соҳиб мегардад. Баъд аз як сол боз аз қисми ҳарбӣ ба бобо Мухтор даъватнома мефиристанд, ки рафта ба сарбозон омӯзиш диҳад, вале ин дафъа раисони колхоз ба рафтани ӯ иҷозат намедиҳанд.

«Соли 1961 курси шашмоҳаро ба сарбозони нав гузаштам ва ба хона омада, аз пайи зиндагии худ шудам. Соли дигар боз ба номи ман даъватнома омад. Ин бор ҳам рафтанӣ будам, аммо раисон иҷозат надоданд. Гуфтанд, ки ин кас устоди пахта ҳастанд. Мо ба рафтанашон иҷозат намедиҳем», - нақл мекунад ӯ.

Мухтор Заргаров дорандаи чандин ордену медалҳо, аз ҷумла медали «20-солагии Ғалаба», «25-солагии Ғалаба», «30-солагии Ғалаба», «45-солагии Ғалаба», медали Жуков, ордени «Шараф» (дараҷаи 1), «75-солагии Ғалаба» ва ифтихорномаву сипоснома аст.

Бобо Мухтор имсол ба 103-солагӣ қадам мемонад. Ифтихор аз он дорад, ки барои озодии халқи хеш мубориза бурдааст ва заҳмату талошҳояш қадрдонӣ гаштааст. Соли 1995 ба шаҳри Ленинград даъват шуда, гувоҳиномаи иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватаниро соҳиб гашт.

Мухтор Заргаров ҳоло дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад. Ӯ соҳиби 8 фарзанд ва зиёда аз 180 набераву абераву чабера аст. Муҳим он аст, ки аз умри рафтаи худ норизо нест. Чунки онро беҳуда сарф накардааст. Шукрона аз он мекунад, ки Тоҷикистон имрӯз ободу озод аст ва мардум дар фазои сулҳу ободӣ умр ба сар мебаранд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед