Ru  | Tj
Мусо Вистоқадамов – ҷавоне, ки донишгоҳро барои варзиш тарк кард
Мусо Вистоқадамов – ҷавоне, ки донишгоҳро барои варзиш тарк кард
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардидааст

Мусо Вистоқадамов – ҷавоне, ки донишгоҳро барои варзиш тарк кард

Нашр шуд

Мусо замоне рӯ ба варзиш овард, ки тақрибан 12-13 сол дошт. Аз даврони мактабхонӣ бо ҳамроҳии амакаш ба машқи ҷудо ва муҳорибаи омехта машғул буд. Вистоқадамов Вистоқадам – амаки Мусо вақту қувваи зиёде дар роҳи муваффақ шуданаш сарф намуда ва имрӯз натиҷаи заҳматҳои ӯст, ки варзишгари мо дар олами ҳунарҳои размӣ (UFC) қаҳрамониҳо нишон медиҳад.

Мусо Вистоқадамов зодаи ноҳияи Шуғнони Тоҷикистон аст. Ӯ баъди хатми мактаби миёна ба шаҳри Калинингради Русия меравад ва онҷо ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи кооперативии Русия, ба ихтисоси гумрукӣ месупорад, вале баъди ду соли таҳсил дарк менамояд, ки инҷо на ҷойи ӯст. Донишгоҳро тарк намуда, диққаташро куллан ба кору варзиш равона месозад. Тамрини худро Мусо аз клуби Sambo Mix оғоз менамояд ва аввалин муҳорибаҳояшро маҳз аз ҳамин ҷо шурӯъ мекунад. Мусо ба ҷуз муҳорибаи омехта ба навъи варзиши самбо ва ҷудо низ машғул аст.


– Фикр мекунам, ки ҳар нафари огоҳ аз дунёи варзиш дарк менамояд, ки ин се навъи варзиш чӣ гуна мисли занҷирае ба ҳам пайвандӣ доранду дар вақти муҳориба барои варзишгар нақши муҳиму ивазнашавандаро мебозанд ва аз бисёр ҳолатҳои душвор варзишгарро мераҳонанд.

Мусо замони мактабхонӣ дар мусобиқаи ҷудо дар ҷумҳурӣ мақоми аввалро касб ва унвони қаҳрамони ҷудои Тоҷикистонро соҳиб гашта буд. Вале карйераи касбии худро дар ҷодаи муҳорибаи омехта соли 2015 шурӯъ мекунад, ки ҳоло дастовардҳояш кам нестанд. Ин дафъа 12-ум муҳориба ва нуҳум ғолибияташ буд, ки ҳамин чанд рӯз қабл ба ҷоиза ноил гашт. Дар муҳорибаи мазкур, ки дар шаҳри Омск баргузор шуд, Мусо ҳарифаш Никита Балтабоевро аз клуби "Шторм"- и Омск шикаст дод.


– Ҳар як ғолибият зинаи навбатӣ дар самти ҳадафҳои бузург аст. Дар ягон ҳолат ман ҳарифамро бо чашми кам нанигаристаам. Зиёд машқ мекунам ва омодагӣ мебинам. Ба пирӯз шудан умед баста будам ва бо хости Парвардигор ба ҳадафҳои гузоштаам расидам, – мегӯяд ӯ.

Чун аз хурдӣ Мусо вориди муҳорибаи омехта гашта буд, имрӯз он як бахши зиндагиаш гаштааст. Мақсади зиёде барои ноил шудан ба ҳадафҳояш дар пеш гузоштааст ва ҳар сари фурсату имконият аз пайи амалӣ намудани онҳост. Мусо ба ҷуз машқ барои таъмини хонавода чун дигар мардон ба корҳои гуногун машғул аст. Ҳоло бо хонаводааш дар Русия истиқомат доранд ва бори зиндагиро худ мекашад.


Мусо аввалин таъми ғолибиятро замоне чашида буд, ки ҳанӯз мактабхон буд. Ӯ дар мусобиқаи ҷудо байни ҳарифонаш қаҳрамонӣ нишон дод ва соҳиби ҷойи аввал гашт, ки аз он рӯзҳо бо табассум ёд меорад:

– Ташкилкунандагони мусобиқа аз ҳунарнамоии ман хеле хурсанд буданд ва он замон баъди ишғоли ҷойи аввал аз шодиву ҳаяҷони зиёд гӯё дар куртаам намегунҷидам. Ин ҳолати маро дида доварон аз падарам хостанд, ки худашон бо медал моро сарфароз намоянд. Падарам он замон медалро боифтихор ба гарданам овехта буданд. Пирӯзии онрӯзаро чун ғолибияти имрӯзаам фаромӯш намекунам. Пирӯзии имрӯзаам сараввал натиҷаи меҳнат ва назорати доимии амакам Вистоқадам мебошад, ки ҳамеша маро ба машқу тамрин ташвиқ мекарду тарбия менамуд. Ҳатто лаҳзаҳое, ки танбалӣ мекардам... Баъдан заҳмати бевоситаи устоди варзишам Александр Анисимова аст, он кас ҳамеша ба тавону ҷасоратам бовар доранд. Сониян, натиҷаи тамрину кӯшишҳои худам аст, ки имрӯз дар олами варзиш хешро дар ҳар майдон месанҷаму гоҳе пирӯз мешавам ва гоҳе шикаст мехӯрам, – нақл мекунад Мусо.

Мусо имрӯз номзади устоди варзиши Русия дар риштаи ҷудо ва самбо буда, инчунин, қаҳрамони дукаратаи Ҷоми Балтика оид ба самбо ва қаҳрамони ҳунарҳои размии вилояти Калининград мебошад. Ӯ машқро аз клуби варзишии Sambo mix оғоз намуда, қаблан аз номи он ҳунарнамоӣ менамуд. Ҳоло бошад, дар клуби Legion Sambo машқ менамояду аз номи клуби мазкур дар муҳорибаҳо ширкат мекунад. Ба се навъ варзише, ки варзишгар машғул аст, бештар ҷудоро меписандад. Вале дар мусобиқаҳо дар ҳар се навъи варзиш фаъолона ширкат мекунад.


Мусо бар он назар аст, ки зиндагӣ замоне маъно пайдо мекунад, ки барои оянда мақсаде дар пеш гузошта бошӣ. Ӯ мегӯяд, дар ҳаётам вақте хушбахтиро эҳсос мекунам, ки азизонам шоду хушбахт бошанд ва дар чунин маврид оромиши рӯҳӣ ва олами энергия мегирам. Дар ҳар ҳолат Мусо ба оила ва наздиконаш такя мекунад. Дар муҳорибае ҷароҳати вазнин мебардорад ва муолиҷаи он ду сол тӯл мекашад. Бо вуҷуди он ки ду соли пурра бо сабаби бад будани вазъи саломатияш тамоман аз варзиш дур гашта буд, дубора баъди беҳбудӣ ба он баргашт. Дастгирии наздиконаш буд, ки Мусо дубора ба по хест.


– Барои оянда нақшаҳои зиёд дорам, ки барои расидан ба онҳо заҳмати зиёд кашидан лозим аст ва барои ба ҳадаф ноил шудан лозим нест, ки мушкилоти сари роҳамон баромадаро соатҳои тулонӣ нигариста, аз ҷой такон нахӯрем. На, ист кардан лозим нест, бо энерживу қувва ва бовари бузургтар ба пеш ҳаракат бояд кард! Бовар кунед, агар кӯшиш намоед, ҳатман ба ҳадаф мерасед”, – мегӯяд Мусо.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед