Ru  | Tj
Ниссор Абдураззоқов: “Аксбардорӣ танҳо иборат аз акс бардоштан нест..”
Ниссор Абдураззоқов: “Аксбардорӣ танҳо иборат аз акс бардоштан нест..”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Ниссор Абдураззоқов: “Аксбардорӣ танҳо иборат аз акс бардоштан нест..”

Нашр шуд

Дар сад соли охир шояд касе набошад, ки ҳадафи дурбини аксбардорӣ нагардида. Акс таърих аст ва барои нигоштани он аксбардор нақши бориз мегузорад. Ниссор Абдуразоққов низ аз ҷумлаи касонест, ки таърих меофаринад ва бо ҳунари волои худ дар хориҷ аз кишвар маъруфият пайдо кардааст.

Ниссор Абдураззоқов устоди навозиши сози мусиқии клавишӣ, аксбардори озод ва падари пианинонавози маъруфи наврас Самир Абдураззоқов аст. Ӯ аз соли 1997 ба ин сӯ бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбӣ ва бо номи миллати тоҷик ошно сохтани мардуми ҷаҳон дар Суед (Шведсия) кору фаъолият дорад. Ниссор моҳи июл-августи ҳар солро бесаброна интизор мешавад, зеро давраи истироҳати фарзандони синни мактабии ӯст ва ин имкон медиҳад, ки вай ба Тоҷикистони дилрабо баргардад ва ба аксбардории чеҳраи мардуми тоҷик бипардозад.

Чанде қабл Ниссорро дар Душанбе дидем. Имсол низ барои дидори азизони хеш барои муддате меҳмони оғӯши ватан шуд. Гарчи зиёд саросема ва барои баргаштанаш ба Гутенбург рӯзҳои башумор боқӣ монда буд, вале барои нақли қиссаи зиндагӣ ва фаъолияти кории ҷолиби худ ба таври муфассал вақт ҷудо кард.


НИССОР – АКСБАРДОРИ КАСБӢ

Ба гуфтаи Ниссор, ӯ вақте ҳамчун аксбардори ҳирфаӣ ба кор шуруъ кард, аз дурбини тамғаи Nikon D850 истифода мекард. Ҳоло бошад Nikon Z9 ёвару ёрирасони қаҳрамони мост.

“Тӯли 12-13 сол аст, ки танҳо аз таҷҳизотҳои фаннии Nikon истифода мекунам, чунки аз ҳамаи амалкард (функсия)-ҳояш огоҳам. Фикр мекунам, базаи рангҳои он аз дигар дурбинҳо фарқкунанда аст. Албатта ҳамаи дурбинҳои маъруф, махсусан Canon ва Sony ҷиҳатҳои мусбати зиёд доранд, аммо Nikon ба ман қулайтар аст. Ростӣ, Fujifilm ҳам беҳтарин аст. Агар Nikon намебуд, шояд Fujifilm истифода мекардам”.
Ба ақидаи ин аксбарори маъруф барои гирифтани акси ҳирфаӣ объективи босифат муҳимтар аз дурбин аст, зеро сифати акси хуб бештар аз объектив бастагӣ дорад. Вале ба афсонаи аксбардорҳои сарироҳӣ, ки “объектив ҳар қадр дароз бошад, ҳамон андоза сифати акс аъло мешавад”  набояд бовар кард. Зеро объективи дароз танҳо барои “zoom” лозим буда, асосан дар оғӯши табиат ё ҷойҳои ҷамъиятӣ ба кор меояд.


Ӯ аз объективҳои дарозиаш 28, 58, 85 ва 200 мм истифода мекунад, ки барои гирифтани акси портрет кумак мерасонад. Таҷҳизотҳояшро аз ширкати суедии “Профото” харид мекунад. Ин ширкатест маъруфи ҷаҳонӣ. Албатта нархи молҳои “Профото” гарон аст, лекин амали аксбардори касбӣ бояд ба талаботҳои замон ҷавобгӯ бошаду аз таҷҳизоти беҳтарин истифода кунад.

“Ҳангоми аксгирӣ кӯшиш мекунам, то ҳадде аз чеҳра дур бошам. Бисёр касон назди чашми дурбин ва рушаниафканҳои студия ҳаяҷонӣ мешаванд. Агар ҳолати равонии мизоҷ ё модел хуб набошад, ё ҳаяҷонӣ шавад, вазъиятро бояд ба даст гирифт. Аксбардорӣ танҳо иборат аз акс бардоштан нест. Аксбардор бояд равоншиносиро низ омӯзад ва дар рӯҳияи мизоҷаш муътадилӣ эҷод кунад”. 

Ниссор ба аксбардорҳои навкор тавсия медиҳад, ки барои омӯзиш корро аз дурбини ҳамёнбоби Sony оғоз кунанд. 800 евро як дурбини навро бо ҳамаи таҷҳизотҳои лозимиаш харид кардан мумкин аст. Бархе ҳаваскорон бо нархи хеле гарон як таҷҳизоти навсохтро мегиранд, вале бо сабаби истифода карда натавонистан онро бо арзиши паст мефурӯшанд. Ӯ таъкид мекунад, ки барои ба ин гуна оворагиҳо роҳ надодан аввал “забон”-и дурбинро омӯхтан лозим аст. Макони аксбардорӣ, равшанӣ, сипас таҳрир низ аз ҷиҳатҳои асосии аксбардорист.

“Барои гирифтани акси портрет таваҷҷуҳ бояд ба пушти объект нигаронида шавад. Равшанӣ дар акс нақши муҳимро мебозад. Таҳрири аксе, ки дар табиат сарироҳӣ гирифта мешавад, қобили қабул аст, вале дар студия тавре акс бардоштан даркор аст, ки на он қадр ҳоҷат ба таҳрир бимонад. Бигзор таҳрир кунанд, сад сол пеш ҳам таҳрир мекарданд, ман ҳам ин корро мекунам, аммо таҳриру буриши аз ҳад зиёд сифати аксро коста мегардонад”.
Ниссор аз аксбардорҳои бепарво нест. Ӯ ҳеч гоҳ ҳамҷинсгароён ва дигар шахсони ғайриахлоқро акс намебардорад, ҳатто маблағи хеле калон пешниҳод намоянд. “Одатан баҳона мекунам, ки беморам ё вақт надорам. Чунки тоҷики воқеъӣ ва мусалмони ҳақиқӣ ҳеч вақт бо хидматрасонӣ ба чунин шахсон рӯзгорашро пеш намебарад”, - гуфт Ниссор.


Ӯ низ мисли дигар аксбардорҳо аз барномаи танзими аксҳо, махсусан аз “Literoom” истифода мекунад. Ба қавли ӯ, акс ҳам чизест монанди гӯшт, ки барои хушлаззат гардиданаш пухтан лозим аст. Аксҳоро зиёд коркард намекунам, танҳо аз ҷиҳати этикӣ ҷоҳои нодаркори аксро мебурам ва то андозае ранг медиҳам, вале барои иваз накардани чеҳра кӯшиш мекунам чеҳраро ва рӯйро аз доғу ожангҳо тоза накунам, то худи мизоҷ нахоҳад. Зеро касбият дар кори табиъӣ аст, - гуфта Ниссор аз ҷараёни кории худ иттилоъ дод.

ИШҚИ КАСБУ ИШҚИ ЁРУ ИЗДИВОҶ

Ишқи Ниссор ба аксбардорӣ аз кӯдакӣ оғоз гардидааст. Овоне ки ҳамагӣ 6 сол дошт, модараш ба ӯ дурбини тамғаи “Смена” туҳфа кард. Аз он рӯз ба ин сӯ аксбардорӣ ба машғулияти дӯстдошта (ҳоббӣ)-и ӯ табдил шуд.

“Солҳои таҳсилам дар Тошканд дурбини плёнкадори “Кодак” гирифтам. Ҳеч гоҳ шабнишинию зодрӯзи ҳамкурсон бидуни ман намегузашт, ба қавле ягона аксбардори гурӯҳ будам. Онҳо маро “фотограф” лақаб карда буданд. Ва боз бо шӯхӣ мегуфтанд, ки: “агар ҷое сӯхтор шавад, Ниссор шиносномаву пулҳояшро не, балки дурбину албоми аксҳоро гирифта мегурезад”.

Ниссор то муддати барқарор кардани шароити зиндагӣ дар Суед ҳамчун ҳаваскор акс мебардошт, вале баъд ин соҳаро ҷиддитар ба муддати 8 сол омӯхт ва ҳоло низ меомӯзад. Вай дар чандин давраҳои омӯзишӣ, воркшоп ва семинарҳо ширкат варзид, то заҳматҳояш ба бод наравад ва чун аксбардори касбӣ сурат гирад. Бо ҳамин майл аксбардорӣ низ ба яке аз фаъолиятҳои асосии Ниссор табдил шуд ва жанри портрет услуби асосии аксбардории ӯ гардид. Ниссор соли 2012 нахустин бор студияи аксбардории худро ифтитоҳ кард. Фаъолияташро аз кор бо моделон сар кард, сипас дар байни суратгирҳои суедӣ маъруф шуд ва мизоҷони зиёд пайдо кард.

Қаҳрамонони аксҳои ӯ одатан моделдухтарон бо либосу зару зевари миллӣ ва одамони одии деҳаҳои дурдаст ҳастанд. Ниссор бо акс гирифтани чеҳраҳои зебову ҷолиби мардуми тоҷик мехоҳад, ки нигоҳи ҷаҳониёнро ба Тоҷикистон ҷалб созад. Ӯ то имрӯз ба ҳамаи минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон барои аксбардории чеҳраҳои мардуми маҳаллӣ сафар кардааст, ба ҷуз Яғноб. “Орзу дорам, ки бо даст додани имкон барои фотосессия ба Яғноби афсонавӣ равам”, - мегӯяд қаҳрамони мо.


Ниссор дар нахустин фотосессияи худ дар Душанбе акс гирифтани духтари тоҷикро бо тамоми либосу зару зевари миллӣ тасмим гирифта буд. Азбаски модари ӯ Шарофат Рашидова роҳбари гурӯҳи рақси миллӣ аст, либосҳои ҳамаи минтақаҳои мардуми тоҷикиро ҷамъ оварда буд ва ин кори Ниссорро осон кард. Барои гирифтани аксҳои ҷолиб ба ӯ модел Таҳмина Иброҳимова кумак намуд. Нигоҳи сеҳромезу хиромиданҳои ӯ ақлу ҳуши Ниссорро рабуд ва ошиқи Таҳмина гардид. Ниҳоли ишқи онҳо бо оби издивоҷ ба дарахте мубаддал шуд, ки имрӯз ду меваи ширин ба бор овардааст.

“Пас аз он ки шаҳрвандии Суедро гирифтам, хона харидам, шароитҳои асосии зиндагиро фароҳам овардам, баъд ба фикри оиладорӣ афтодам. Он солҳо 33-ро пур карда будам. Ниятам танҳо бо духтари тоҷик дар асоси ишқ оила барпо кардан буд. Таҳмина туҳфаи Худост барои ман. Имрӯз мо зиндагии хушбахтона дорем”.

Чеҳраи Тоҷикистон

Ба гуфтаи ӯ, гарчи кишвари мо аз рӯйи масоҳат он қадр ҳам калон нест, вале чеҳраҳои мардуми минтақаҳо хеле фарқкунандаанд. Аз ин рӯ Ниссор ҳар дафъае, ки ба Тоҷикистон омад, то қадри имкон ба деҳаҳои дурдаст сафар мекунад ва чеҳраҳои ориёиро меҷӯяд. Қаҳрамонони ӯ бештар одамони одии роҳгузаранд. Дар ҷараёни аксбардорӣ бо калонсолону кӯдакон зуд унс мегирад. Вале аз рӯйи урфу одати шарқона ҳеч гоҳ натавонистааст духтарони қадраси роҳгузарро ҳадафи объективи аксбардорӣ кунад.


То имрӯз Ниссор Абдураззоқов ду маротиба намоиши аксҳои худро баргузор кардааст. Нахустин намоиши аксҳои ӯ моҳи сентябри соли 2016 баргузор шудааст. Сипас намоиш соли 2018 бо номи “Чеҳраи Тоҷикистон” (Лица Таджикистана) дар ҳошияи лоиҳаи “Tajik Heritage” бо ҳамкории соҳибкори маъруф Ҳофиз Шаҳидӣ дар бузургтарин маркази намоишии Гутенбург пешниҳод гардид. Дар он тайи панҷоҳ адад аксро ба намоиш гузошта буданд. Афишаи ин намоиш акси духтараки зардинамӯи нилчашми балҷувонӣ буд, ки 3-юми июли соли 2014 ба тасвир афтодааст.

“Вақте аввалин бор ин лоиҳаро сар кардам, бархе дағалона гуфтанд, ки: “мардуми жандапӯши кӯҳистонӣ ба касе ҷолиб нест, беҳтараш аз ин тасмимат баргард”. Аммо ман бовар доштам, ки тасвири зиндагии воқеъӣ ва чеҳраву либосҳои табиъӣ таваҷҷуҳи ҳар як дӯстдори ҳунарро ба худ ҷалб мекунад. Баъдтар маҳсули эҷодии худамро, махсусан аксҳои Таҳминаро дар чандин овезаҳои чопии роҳравҳои марказии пойтахт, тарабхонаю дуконҳои миллӣ ва дигар маконҳои фарҳангӣ дидам”.

Ниссор зикр кард, ки ҳоло аз аксбардорӣ пули кироӣ намеёбад. Чунки ин соҳа барои ӯ тавре дар боло ишора шуд, асосан саргармӣ аст. Танҳо барои пӯшондани хароҷотҳои студияи аксбардорӣ моҳе ду маротиба барои фотосессия фармоиш мегирад. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто дар худи Аврупо ҳамчун суратгир зиндагии бошукӯҳ доштан то андозае мушкил аст. Дурбини дастгоҳҳои ҳушманди муосир амалкардҳои хеле зиёди дурбини ҳирфаиро доро ҳастанд ва дарсади зиёди одамон бо он қаноат мекунанд. Дар панҷ соли охир ба аксбардорҳо асосан ба муносибати маросими тӯй, “Love story” ва соли нави мелодӣ муроҷиат мекунанд.

 “Ман ҳеч гоҳ дар фикри аз Душанбе пул ёфтан набудам, балки орзу дорам барои мардуми шаҳри худ коре кунам. Чанд сол қабл дар меҳмонхонаи “Серена” давраи омӯзишӣ баргузор карда будам. Пули аз билет ҷамъшударо ҳамроҳи додарам Шаҳбол ба касони нодор хайрия кардем”.

ШУКУФТАНИ ҒУНЧА

Кӯдакии Ниссор дар шаҳри Душанбе гузаштааст. Ӯ писари ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон шодравон Ҳабибулло Абдураззоқов ва раққосаи маъруф, роҳбари ансамбли “Падида” Шарофат Рашидова аст. Ниссор ду додар ҳам дорад бо номи Шаҳболу Маздо. Падар мехост писаронаш навозанда шаванд. Бо ин мақсад ҳарсеро ба Мактаби махсуси мусиқии Зиёдулло Шаҳидӣ гузошт. Вале гули ишқи мусиқӣ танҳо дар дили Ниссор шукуфт ва орзуи падарро амалӣ кард.

“Аз шашсолагӣ ба омӯзиши нотаҳои мусиқӣ ҷиддан машғул гардидам. Бо “Жигулӣ”-и падарам ҳар субҳ мактаб мерафтем. Баъди 9-10-солагӣ дар хобгоҳи мактаб мемондагӣ шудам. Ростӣ муддате скрипка низ навохтам, лекин маълум шуд, ки дастони ман танҳо барои клавишҳои роял офарида шудаанд”.

Давраи донишҷӯии Ниссор ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Ӯ водор шуд, ки таҳсилашро аз Донишгоҳи ҳунарҳои Тоҷикистон ба Консерваторияи давлатии Тошканд интиқол кунад. Ниссор дар консерватория яке аз донишҷӯёни фаъол буд.


Тавре шахсони эҷодкор наметавонанд дар муҳити доимӣ эҷод намоянд, Ниссор низ ниёз ба муҳити нав дошт. Ӯ бо машварати дӯсташ композитор Фарангис Нуруллохоҷа (ҳоло Қосимова) барои таҳсил дар зинаи аспирантураи Консерваторияи Суед ҳуҷҷат супорид. Ҳамин тавр ӯ соли 1997 аз Тошканд ба Гутенбург – пойтахти Суед парвоз кард. Консерватория танҳо довталабони воқеъан касбиро қабул мекард, аз ин рӯ ҳамагӣ панҷ кас навозандаи худбовар аз кишварҳои гуногун имтиҳон супориданд. Аз онҳо ҳамагӣ ду кас унвони донишҷӯӣ гирифтанд, ки яке аз онҳо Ниссор буд. Ӯ, ки бо забони инглисӣ озодона суҳбат карда метавонист, таҳсил дар Аврупо барояш он қадар мушкилӣ эҷод накард. Баъдтар забони суедиро низ монанди забони модарии худ азхуд кард.

Ниссор пас аз хатми зинаи аспирантура нахуст дар мактаби балет ва сипас дар намоишсарои опера фаъолият кард. Дар ин миён аз бузургони соҳа машварат гирифт, донишҳои нав омӯхт, бо сафарҳои ҳунарӣ ҷаҳонгашта шуд, хуллас худ пухта буду боз ҳам пухтатар гашт.

ИДОМАДИҲАНДАГОНИ ПЕШАИ ПАДАР

Мутаассифона соли 2000 банди буғумҳои дасти чапи Ниссор бо сабаби сармохӯрдагӣ дардманд шуд. Пештар ӯ дар як нишастан аз 3 то 6 соат машқ мекард. Аз ин баъд 1 соат ҳам барои ӯ душвор гардид. Соли 2005 охирин консерти якканавози худро дар саҳнаи ҳунари Гутенбург баргузор кард. Боқӣ ин дард нагузошт, ки кони истеъдод – Ниссор ба осонӣ роял навозад. Ӯ то муддате рӯҳафтода шуд, вале муҳаббати мусиқӣ боз ҳам ӯро наҷот бахшид. Ҳамин тавр соли 2009 Мактаби хусусии мусиқии худро дар Гутенбург кушод, ки боиси хушҳолии ӯ дар фазои навои роял ва идомаи зиндагӣ дар Суед гардид.  

Мактаби мусиқии Ниссор ба зудӣ маъруф шуд. Рӯз аз рӯз шумораи шогирдонаш меафзуд. Дар айни замон аз гӯшаҳои гуногуни дунё шогирд дорад, аз ҷумла аз ИМА, Чин, Африқои Ҷанубӣ, Индонезӣ, Куре, Озорбойҷон, Арманистон, Исроил, махсусан аз Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо.

“Шогирдонам дар чандин озмунҳои бонуфуз ғолиб омадаанд. То имрӯз аз тамоми дунё 45 ҷоизаи байналмилалӣ ба даст овардем. Аз ҷоизаҳо 10 -тоаш ба писарам Самир тааллуқ дорад. Гуфтагӣ барин, ғайри наврасону ҷавонон ба калонсолон низ дарс мегӯям, вале онҳоро шогирд гуфтан нодуруст аст, зеро онҳо аз рӯйи ҳавас роял менавозанд”

Самир Абдураззоқов писари қаҳрамони мо Ниссор Абдураззоқов аст ва ӯ ҳам мисли падар аз 5-солагӣ пианино менавозад. Дӯстдорони ҳунарии мусиқӣ аз минтақаҳои гуногуни Аврупо кайҳо боз Самирро мешиносанд. Ӯ соли 2019 баъд аз иштирок дар барномаи “Беҳтар аз ҳама!” (Лучше всех!)-и “Шабакаи якум” дар ҳудуди Русия ва собиқ ИДМ низ маъруфият пайдо кард. Самир кунун 14 сол дорад. Ӯ гирандаи шогирдонаи “Бунёди Шаҳидӣ” аст ва ин шогирдона то андозае барои хароҷоти иловагии асбобҳои мусиқии Самир кумак мерасонад.

Ниссор Абдураззоқов ва Таҳмина Иброҳимова ба ҷуз Самир як духтар ҳам доранд. Ӯ низ касби падарро идома доданист, вале на дар самти мусиқӣ.

“Духтарам София бисёр расм мекашад ва ҳамеша бо iPad сурат мегирад. Ӯ дар олами мусиқӣ нест. Шояд шабу рӯз машқ кардани бародарашро дида, душвор будани ин соҳаро дарк кард. Дар чеҳраи ӯ мусаввири бузург ва аксбардори маъруфро мебинам”.
... КАСЕ НИЁЗМАНДИ МУСИҚИИ КЛАССИКӢ НАБУД”

Ниссор нафари пуртакопӯ аст. Шояд баъзан орзу мекунад, ки кош мисли дигар одамон аз бекорӣ зиқ шаваду телевизён тамошо кунад, вале ин ҳис ба ӯ ошно нест. Субҳи Ниссор аз гусели фарзандонаш ба мактаб оғоз мешавад. Баъди давидан ба андозаи 5 километр роҳ ва тановули субҳонаи сабук сӯйи студияи аксбардорӣ мешитобад. Пас аз соати 13:00 то 18:00 ба шогирдонаш таълими мусиқӣ медиҳад.

Ниссор рассоми итолиёӣ Микеланҷело Меризӣ де Караваҷҷоро ҳамчун устоди ғоибонаи худ медонад ва мухлиси ашаддии осори ӯст. Тасвирҳои Караваҷҷо ба вай илҳом мебахшанд. Ҳатто китобҳое, ки дар бораи зиндагӣ ва эҷодиёти Караваҷҷо аст, дар студияи кории худ нигоҳ медорад ва онҳоро меомӯзад.


Дар айни замон ӯ ҳатто рӯзҳои истироҳатӣ надорад, рӯзи якшанбе низ кор мекунад. Барои фотосессия моҳе ду ё се маротиба фармоиш мегирад. Зеро бештар побанди шогирдонаш, махсусан писараш Самир, дар мактаби мусиқӣ мешавад.

Ӯ ҳамроҳи шогирдонаш борҳо дар сафарҳои гостролӣ ширкат варзидааст. Дар чунин сафарҳо фурсатро аз даст намедиҳад ва бо аксбардорию наворгирӣ машғул мешавад.

“Шахси эҷодкор бояд ҷаҳонро чарх занад, то ҷаҳонбиниаш кушода шавад. Шиносномаи Суед барои чунин сафарҳо қулай аст. Дидор бо шахсони миллатҳои гуногун, мубодилаи афкор бо ҳамкасбон ва суҳбат бо устодони соҳа илҳомбахшанд”.
Дӯстдорони ҳунар ошиқи каломи бадеъ низ ҳастанд. Ниссор ҳам аз ин қабилҳост. Ман ба одамони романхон ҳасад мебарам, зеро хушбахттарин мардуми рӯйи дунё ҳастанд. Пештар хеле зиёд асари бадеъӣ мехондам, ҳоло фақат дар дохили ҳавопаймо мехонам, ки он ҳам электронист. Аз кӯдакӣ мухлиси асарҳои Булгаков, Чехов, Достоевский, Пушкин ва Толстой будам, -мегӯяд ӯ бо ҳасрат.

Тавре дар боло ишора шуд, ӯ шаҳрвандии Суедро дорад, вале баъди ба синну соли бознишастагӣ расидан мехоҳад ба Тоҷикистон баргардад ва поёни умрашро дар ватан сипарӣ кунад.

“Давраи ҷанги шаҳрвандӣ маҷбур шудам, ки барои идомаи таҳсил аз кишвар биравам. Чунки дар ҷанг касе ниёзманди мусиқии классикӣ набуд, ҳама дар ғами ҷони худ буд. Имкон доштам барои пешбурди рӯзгор тиҷорат кунам, дукон кушоям, лекин ин хоси шахси эҷодкор нест. Суед ба ман имконияти омӯзиш ва кор дар касби дӯстдоштаамро дод”

Ниссор орзу дорад, ки зудтар ҳамаи гӯшаву канори Тоҷикистон, махсусан Самарқанду Бухороро акс бардошта, ба шакли китоби калонҳаҷму босифат нашр кунад. Ҳамчунин мехоҳад ин коллексияро нахуст дар Душанбе, сипас дар Суед ба намоиш гузорад. Таманно мекунем, ки ин нияти неки ӯ зудтар амалӣ шавад.

        

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед