Ru  | Tj
Олими фарҳехтаи риёзидони тоҷик 70-сола шуд: Дар ҷустуҷӯи зиёӣ
Олими фарҳехтаи риёзидони тоҷик 70-сола шуд: Дар ҷустуҷӯи зиёӣ
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Олими фарҳехтаи риёзидони тоҷик 70-сола шуд: Дар ҷустуҷӯи зиёӣ

Нашр шуд

Математика илмест, ки рақамҳо, шаклҳо, миқдорҳо, хосиятҳои онҳо ва робитаҳои байни онҳоро муҳокима мекунад. Фикр дар бораи рақамҳо, шаклҳо, миқдорҳо, таносубҳо ва муносибатҳои байни онҳо ба замонҳои қадим бармегардад. Юнониҳо, форсҳо (тоҷикон), чиноиҳо, ҳиндуҳо, мисриён ва ғайра аз ҷумлаи онҳое ҳастанд, ки ба ин водӣ қадам гузоштаанд. Тоҷикон (форсҳо) аз қадим ба ин илм таваҷҷӯҳ намуда, онро тақвият додаанд. Саҳми олимони тоҷик дар соҳаи матиматикаи ҷаҳонӣ хеле назаррас аст. Яке аз чунин олимони некноми муосири тоҷик Мамадҷон Маҳкамов мебошанд, ки имрӯз 70-сола мешаванд.

Мамадҷон Маҳкамов як умр дар рушди соҳаи методикаи математикаи тоҷик кор карда, дар ин ҷода асарҳои муҳимми илмӣ – омӯзишӣ ба табъ расонидаанд. Аммо мутаассифона, Мамадҷон Маҳкамов ба таври кофӣ муаррифӣ нагардидаанд. Дар ҳоле, ки рӯзгори эшон наҷибу ва пур аз ҳикмат аст.

ИНСОНИ НЕКСИРИШТ

Ба назар мерасад, ки гӯё рӯзҳо мегузаранд, аммо дар асл ин рӯзҳо ҳастанд, ки моро оҳиста - оҳиста аз ин олам мегузаронанд. Аз ин рӯзҳои гузаранда аз инсон танҳо некиву накӯкорӣ ба ёдгор мемонад. Маҳкамов Мамадҷон дар ин 70 сол рӯзҳоро чунон паси сар кардаанд, ки дар ҳар рӯзи он ёдгоре ҳаст. Сиришти устод Маҳкамов аз накӯкорист ва аз ин рӯ, зиндагониашон низ шеваи зебо ва зиннати махсуси инсонӣ дорад. Шояд пешаи интихобкардаашон ба устод таъсир карда бошад, ки зиёд хоксор ва воқеан фурӯтану заҳматқаринанд. Зеро аксарият хоксориро ба шеваи шӯҳрат ёфтан пеша кардаанд, хусусан бисёре аз олимон, яъне тавозуъ дар сиришташон набуда, он чизи сохта аст. Аммо устод Маҳкамов Мамадҷон табиатан инсони хоксор, накӯкор, накӯрафтор ва накӯпиндор мебошанд. Ҳар касе, ки бо ин олими фарҳехта ҳамсӯҳбат шудааст, ҳамин хислатҳои хуби инсонии устодро дидааст. Ҳатто аз чеҳраашон дили софи кӯдакона, аз шар дур будан, ахлоқи ҳамида доштан ва донишманду хоксор буданашонро эҳсос мекунед. Аз ҳама хислати фарқкунандаи устод ин пиндори нек доштанашон аст. Устодро бадбахтӣ ва ё шикасти дилхоҳ касе, ки ӯро заррае ҳам мешиносанд, нороҳат мекунад. Инсон эҳсос мекунад, ки устод аз таҳи дил хубӣ ва некиро мехоҳанд ва интизори суханҳои хубу дилпазиранд. Дар бораи касе сухани зишт надоранд ва надоштани он кас танҳо ба забон нест, балки дар қалбашон касеро бад намебинанд, яъне ботинашон бадиро намепазиранд. Аслан ин гуна инсонҳо ба дил кина, хусумат ва ҳирсро ҷой намедиҳанд. Муҳимтарин хислати ахлоқии устод ин интизоми хуб доштанашон аст. Зиёии воқеиро агар бихоҳӣ бишиносӣ, намунааш Маҳкамов Мамадҷон мебошанд. Яъне зиёие, ки манфиати ҷомеа ва миллатро аз ҳама чиз боло гузоштааст.  

ҚИССАИ КӮТОҲ

Мамадҷон Маҳкамов дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, аз даврони кӯдакӣ ба таҳсил ва махсусан риёзиёт алоқамандии зиёд доштаанд. Чӣ гунае, ки худ мегӯянд алоқамандии эшонро ба риёзиёт муаллимашон дар дилашон бедор кардаанд.

Магӯянд, ки баъзан вақтҳо аз сабаби зиёд будани кори хона падар аз мактаб ба писараш ҷавоби мегирифт, то ки ба корҳои хона ёрӣ расонад, вале агар он рӯз Мамадҷон Маҳкамов дарси риёзӣ медошт, ҳатман ба мактаб рафта, дар дарси риёзӣ иштирок мекард ва баъдан ба хона бармегашт.

ҚАДАМЕ БА ИЛМ

Муаллим Маҳкамов Мамадҷон соли 1974 факултети механикаю математикаи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) ба номи В.И. Ленинро бо баҳои аъло хатм карда, дар вазифаҳои лаборанти калон (1974-1975), ходими хурди илмии лабораторияи проблемавии таълими програмавии донишгоҳ (1975-1980) кор мекунанд. Маҳкамов Мамадҷон рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Ташаккулдиҳии методҳои ҷамъбасткунӣ дар ҳалли муодила ва нобаробариҳо дар курси алгебраи мактабҳои асосӣ» зери роҳбарии профессор В.И. Крупич дар Шӯрои дифои рисолаҳои докторию номзадии факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москва ба номи В.И. Ленин соли 1993 дифоъ менамоянд.

МАМАДҶОН МАҲКАМОВ ВА ИЛМ

Коршиносони соҳа бар ин боваранд, ки Маҳкамов Мамадҷон тавонистаанд ба далели баррасии бодиққат дар омӯзиш, интиқоли дониш, ғояҳо ва асарҳо, ки дар онҳо аввалин маротиба меъёрҳои дақиқи математика риоя карда шудааст, дар ҷомеа ҷойгоҳи махсусро соҳиб гарданд.

Муаллимони бузург инсонҳои бузурге ҳастанд, ки дар илм, маориф, идоракунии мактаб ва умуман тадрис пайкарае офаридаанд ва тавассути ин дар тарбия ва таълими ҳазорон донишҷӯёну омӯзгорон саҳм гузоштаанд ва ҳамин тавр ба ҷомеа таъсири калоне расондаанд. Дар ҳамин ҳол, Маҳкамов Муҳаммадҷонро бояд аз камтарин чунин омӯзгорон дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ донист. Марде, ки дар Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил карда, омӯзгорӣ карда, ба Вазорати маориф пайваст ва чанд сол дар вазорат корҳои муҳимми таълимиро анҷом дод.

Дар воқеъ, метавон гуфт, ки шахсияти илмии Маҳкамов Мамадҷон бо шахсияти ҳаётии эшон алоқамандии зиёд дорад. Марде, ки ҳангоми омӯзиши математика, инчунин дар таълиму тадрис ва методикаи таълими соҳа дар кишвар саҳм бузург гузоштааст.

Дастоварди Маҳкамов Мамадҷон дар ин соҳа низ аҷиб аст. Эшон ба тадқиқи такмили проблемаҳои методикаи таълими математика, махсусан ба ҷустӯҷӯи тарзҳои гуногуни масъалаҳо машғул шуда, то имрӯз муаллифи зиёда аз 335 номгӯи корҳои илмию методӣ, аз ҷумла 146 дастури таълимию методӣ (бо нашрҳои такрорӣ) ва 189 мақолаву фишурдаҳои илмӣ, илмию методӣ ва илмию оммавӣ мебошанд. Китобҳои машҳури Муҳаммадҷон Маҳкамов, аз ҷумла “Cупоришҳо барои санҷиши дониши математикӣ” (ҳаммуаллифӣ), “Роҳнамои математикаи мактабӣ” (ҳаммуаллифӣ), “Ҳалли масъалаҳои математикӣ барои дохилшавандагони мактабҳои олӣ” (бо ҳаммуаллифӣ”) “Методҳои ҳалли муодилаҳои тригонометрӣ, “Тарзҳои гуногуни ҳалли муодилаҳои дараҷаи 3 ва 4”, “Методҳои ҳалли муодилаҳои ратсионалӣ”, “Методҳои ҳалли муодилаҳои ирратсионалӣ”, “Математика” (бо ҳаммуалифӣ), “Ҳалли масъалаҳо бо ёрии тартибдиҳии муодилаҳо (бо ҳаммуаллифӣ), “Методҳои ҳалли масъалаҳои матнӣ” (бо ҳаммуаллифӣ), “Тарзҳои гуногуни табдилоти ифодаҳои тригонометрӣ (бо ҳаммуаллифӣ), “Ҳалли масъалаҳо аз математика” (аз имтиҳони хатми синфҳои 9 ва 11-уми солҳои 2002- 2007), (бо ҳаммуалифӣ), “Роҳнамои математика” (бо ҳаммуаллифӣ), “Масъалаҳои олимпиадаи математикӣ (бо ҳаммуаллифӣ), “Ҳалли масъалаҳои математикаи синфи 6” (бо ҳаммуаллифӣ), “Математика”, “ҳалли масъалаҳои синфи 5 (бо ҳаммуаллифӣ), “Роҳнамои нақшаҳои таълим (бо ҳаммуаллифӣ), “Асосҳои математикаи мактабӣ”, “Намунаи ҳалли масъалаҳо ва сурпоришҳои тестӣ (бо ҳаммуалифӣ), “Математика”, “Методҳои ҳалли муодилаҳои дараҷаи олӣ”, “Таърихи математика: ҷустуҷӯи тарзҳои ҳалли муодилаҳои дараҷаи олӣ” (бо ҳаммуалифӣ), “Асрори ададҳо” (бо ҳаммуалифӣ), “Математика. Ҳалли масъалаҳои тестии ИМД. қисми якум (бо ҳаммуаллифӣ), “Методикаи ҳалли масъалаҳои матнӣ” (бо ҳаммуаллифӣ) “Нишондодҳои методӣ оид ба иҷрои корҳои озмоишӣ аз практикуми ҳалли масъалаҳои математикӣ ва методикаи математика” (бо ҳаммуаллифӣ), “Масъалаҳои олимпиадаи математикӣ”. Синфҳои 5-7 (бо ҳаммуаллифӣ), “Роҳнамои геометрия: формула ва нақшаҳо”, “Математика: тайёрӣ ба олимпиада (бо ҳаммуаллифӣ), “Алгебра. Масъалаҳои мушкил”. Синфи 11 (бо ҳаммуаллифӣ), “Тарзҳои гуногуни ҳисобкуниҳои шифоҳӣ”, “Алгебра: ҳалли масъалаҳо” (бо ҳаммуаллифӣ), “ Методҳои ҳалли системаи муодилаҳо”, “Тарзҳои гуногуни табдилоти ифодаҳои алгебравӣ”, “Геометрия. Ҳалли масъалаҳо” (бо ҳаммуаллифӣ), “Ҳабдаҳ муодилае, ки оламро тағйир додааст” (бо ҳаммуаллифӣ) ва ғайра мебошанд.

Маҳкамов Мамадҷон дар такмил, таҳия, ташхису татбиқи нақшаҳои таълимии дараҷаҳои маълумоти бакалавр, мутахассис ва магистри донишгоҳҳо ва коллеҷҳо, Стандартҳои давлатии таълимии таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, гузаштан ба таълими бисёрзинагӣ ва амалӣ гардонидани он дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

ХУЛОСА

Рӯзгори Мамадҷон Маҳкамов барои насли ҷавон, хуллас барои мардуми сарбаланди тоҷик, ки соҳиби асолат ва тамаддуни барҷастаанд, намунаи ибрат аст. Инсони воқеӣ будан, ба ёру рафиқон ва шогирдону устодон содиқ будан, дили беғашу пур аз муҳаббати инсонӣ доштан ва сабуру ботакаллум буданро аз ин устоди риёзидони некном бояд омӯхт. 70 - солагии ин шахси боиззит ва донишманди барҷаста муборак бошад.




Чеҳраи нави манфӣ дар синамои тоҷик: Сулаймон Сафаров кист?

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед