Ru  | Tj
Омӯзгор – варзишгаре, ки муҳоҷират ихтиёр кардааст, Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад
Омӯзгор – варзишгаре, ки муҳоҷират ихтиёр кардааст, Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Омӯзгор – варзишгаре, ки муҳоҷират ихтиёр кардааст, Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад

Нашр шуд

Амонбек Неъматуллоев қариб 30 сол аст, ки дар кӯҳҳо медавад. Ин марди 60 – сола ҳар рӯз то 25 – 30 километрро тай мекунад. Амонбек ҳатто дар чандин марафонҳои байналмиллалӣ ҳам иштирок карда, парчами Тоҷикистонро боло бардоштааст. Ӯ ба мо дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ва аз бурду бохти варзишгариаш қисса кард.

Варзиш дар муҳоҷират ва дастовардҳои бузург

Амонбек Неъматуллоев дар 28 мусобиқаи байналхалқӣ, ки дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Русия баргузор шудаанд, иштирок кардааст. Ӯ соҳиби зиёда аз 17 медал, 15 диплому сертификати дараҷаи байналмиллалӣ гаштааст. Ғайр аз ин дар марафонҳои ҷумҳуриявӣ ва Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон низ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст. Дар маҷмӯъ зиёда аз 45 марафонро бо масофаҳои гуногун паси сар карда, ҳоло дар Федератсияи Русия ҳамчун посбони мағоза кор мекунад.


“Зиндагӣ маҷбурам кард, то бори дигар ба муҳоҷират рӯ биёрам. Вале фикр мекунам мушкилотамро рӯзҳои наздик ҳал намуда, боз дар мусобиқаҳо иштирок мекунам. Бо вуҷуди ин ҳар субҳ ба варзиш машғул мешавам, бештар медавам”.

Ӯ мегӯяд, аз ин пеш ҳам ба Федератсияи Русия барои кор мерафт. Дар он ҷо, ки ин навъи мусобиқаҳо зуд – зуд барпо мегарданд, Амонбек ҳамчун намояндаи Тоҷикистон иштирок мекардааст. Аз он таассуф мехӯрад, ки тӯли ин солҳо сарпарасте пайдо накардааст.

“Ба кадом мусобиқае, ки равам, парчами Тоҷикистон ҳамеша болои сарам ҳаст. Ватанро дӯст медорам, варзиш қисме аз зиндагии ман аст ва мехоҳам парчами Ватанамро дар дигар кишварҳо парафшон кунам. Вале дастам кӯтоҳ аст. Як ватандӯсти дигаре лозим, ки маро дастгирӣ намояд”.

Даъват ба сабқатҳои гуногуни байналмилалӣ ва пешниҳодҳои беҷавоб

Қаҳрамони мо аъзои давандҳои Русия ва байналмалмилалӣ ҳам будааст. Ӯ чанд маротиба ба марафонҳои байналмиллалии Ҷумҳурии мардумии Чин низ даъват шудааст, вале имконияти рафтан наёфтааст. Амонбек мегӯяд, ҳоло ба марафонҳои баҳории давлатҳои Лаҳистон ва Амрико низ даъватӣ аст ва агар сарпарасте пайдо кунад, иштирок менамояд.


Амонбек Неъматуллоев аз тамринҳои худ дар Тоҷикистон ёдовар шуд. Ӯ дар кӯҳҳои атрофи кӯли Искандаркӯл, ки аз зодгоҳаш – деҳаи Зосун зиёда аз 40 километр дуртар аст, ҳар рӯз медавидааст. Қаҳрамони мо мегӯяд, барояш давидан ба масофаи дур мушкил нест. Давидан дар кӯҳҳо хастааш намекунад. Ӯ фикри онро дорад, ки ҷавононро ҳам ба ин навъи варзиш бояд ҷалб кард. Барои ин ҳатто чанд пешниҳоду муроҷиат ҳам доштааст.

“Дар Тоҷикистон ҳоло дав ба масофаи дурро он қадар дуруст дарк накардаанд. Мусобиқаҳои пойгаҳӣ дар кишварҳои Русия ва Аврупо дар сатҳи баланд гузаронида мешаванд. Дар шаҳрҳои калонтарини Русия мактаб — клубҳои пойгаҳӣ ташкил шудаанд, ки дар тарбияи ҷавонон ва ҷалби онҳо ба варзиш, солимгардонии ҷомеа нақши муҳим мебозанд. Агар мо таҷрибаи давлатҳои пешрафтаро омӯхта, мактаб – клубҳои пойгаҳӣ ташкил кунем, ба комёбиҳои баланд ноил мегардем, чунки иқлими хубе дорем, ки ба ин мусоидат мекунад. Ман чандин маротиба дар ин масъала пешниҳодҳои хубе ҳам кардам. Вале на ин ки ба он аҳамият надоданд, балки дар Кумитаи ҷавонон ва варзиш марафони кӯҳиро ва давидан дар кӯҳро шунида, ҳатто хандиданд, ки магар дар кӯҳ ҳам давида мешавад”.


Ба ақидаи варзишгар алҳол тарғиби варзиши пойгаҳӣ дар кишвар суст ба роҳ монда шудааст. Дар баъзе аз раёсат ва бахшҳои варзиши шаҳру ноҳияҳо шахсони ғайриихтисос кор мекунанд.

“Бо ташкили мактаб — клубҳо метавонем берун аз кишвар дар мусобиқаҳои пойгаҳӣ иштирок кунем, ҷойҳои беҳтаринро соҳиб шавем, номи тоҷикону Тоҷикистонро баланд бардорем. Мо метавонем дар мавзеъҳои зеботарини Тоҷикистон — дараҳои Ромиту Варзоб, Искандаркӯл, Кӯли Аловуддин, Хоҷаобигарм, Чилучорчашма мусобиқаҳои пойгаҳи кӯҳии байналхалқӣ гузаронем, таваҷҷуҳи мардуми хориҷиро ба табиати зебои кишвар ҷалб намоем ва дар самти сайёҳӣ чун кишварҳои дигар пешсаф бошем”.

Таърихи варзишгарӣ ва орзуҳои амалинашудаи Амонбек Неъматуллоев

Амонбек Неъматуллоев аслан хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ аст. Ӯ соли 1987 ин донишгоҳро аз рӯи истисоси муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст.

“Соли 1980 ба донишгоҳ дохил шуда, ду сол таҳсил кардам ва баъдан ба хизмати ҳарбӣ рафта, ду сол дар шаҳри Москва онро адо кардам. Баъди бозгашт таҳсилро барқарор карда, соли 1987 хатм намудам”, - он солҳоро ба хотир овард қаҳрамони мо.

Неъматуллоев собиқаи омӯзгорӣ ҳам дорад ва дар чанд мактаби ноҳияи Айнӣ дарс додааст. Варзиш бошад аз кӯдакӣ дар вуҷудаш будаасту ҳамеша барои саломатӣ машқ мекардааст.


“Аввал дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ иштирок мекардам. Баъдан дар чанд дави ҷумҳуривӣ низ худро санҷидам. Вақте ба Федератсияи Русия омадам, қарор додам, ки варзишгари касбӣ мешавам. Ҳамин тавр, чандин маротиба чемпиони Русия ва шаҳрҳои гуногуни он гардидам”, - муваффақиятҳояшро ёдовар шуд омӯзгори варзишгар.

Амонбек мегӯяд, то ба ин қуллаҳо расиданаш заҳмату кӯшишҳои зиёдеро анҷом додааст. Ӯ шукр мегӯяд, ки аз давандаи одӣ то дараҷаи давандаи сатҳи байналмиллалӣ расидааст ва инак орзуҳои бузургтаринаш иштироки зиёдтар дар мусобиқҳои байналмиллалӣ ва тарбияи шогирдон аст.


“Дар давоми чанд соли иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз марзи кишвар таҷрибаи кофӣ гирифтам. Метавонам барои рушди варзиши пойгаҳӣ ва тарбияи шогирдони беҳтарин аз таҷрибаи омӯхтаам истифода барам”.

Амонбек то замони барои зиндагӣ ва фаъолияти минбаъдаи варзишӣ маблағи кофӣ пайдо карданаш дар Русия монд мехоҳад. Вале ӯ умед дорад, ки рӯзе нақшаҳои бузургашро дар Ватан амалӣ мегардонад.


Аз таҳхона то саҳнаҳои бузурги ҷаҳон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед