Ru  | Tj
“Орзуи ошноӣ бо ҳаёти фарозаминӣ”. Парвизи Орзуқул чӣ гуна тарғибгари нуҷум шуд
“Орзуи ошноӣ бо ҳаёти фарозаминӣ”. Парвизи Орзуқул чӣ гуна тарғибгари нуҷум шуд
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

“Орзуи ошноӣ бо ҳаёти фарозаминӣ”. Парвизи Орзуқул чӣ гуна тарғибгари нуҷум шуд

Нашр шуд

Парвизи Орзуқул як тан тарғибгари илми нуҷум буда, аз дер боз ба ситораҳо таваҷҷуҳ дорад. Ӯ дар ин замина дар пойтахти кишварамон экскурсияи ройгони ситорашиносиро ба роҳ мемонад ва ба ихлосмандон имкон медиҳад, то тавассути дурбин аз дурахшонтарин ҷирмҳои манзумаи шамсӣ – Муштарӣ, Моҳ, Зуҳал, Миррих ва Зуҳро боздид кунанд.

Қаҳрамони мо ба ин шуғли худ иктифо накарда, як вебнамо (видеоблог)-и илмиро низ мудирият мекунад, ки дар он далелҳои гуногун перомуни кайҳон ва мавзуъҳои дигарро ба ихтиёри ихлосмандони коинот ва беш аз 10 ҳазор мухотабаш мегузорад.

Парвиз барои корҳояш борҳо сазовори ҷоиза ва гувоҳиномаҳо шудааст. Аз ҷумла соли гузашта ӯ соҳиби ҷоизаи ҷамъиятии «10 вебнависи бартари Тоҷикистон» шуда, имсол ба шумори 10 вебнамойи беҳтарини ҷумҳурӣ шомил шуд.


Муаллифи Halva.tj бо Парвиз перомуни ишқ ба кайҳон ва тамоил ба ҷойгоҳи нуҷум дар Тоҷикистон гуфтугӯ кард.

ПИСАРБАЧАИ КАВКАБӢ

– Парвиз донишомӯхтаи куҷост?

– Ман зодаи ноҳияи Ашт буда, гимназияи рақами 7-и деҳаи Аштро хатм кардам ва донишомӯхтаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар риштаи муҳандиси барқӣ ҳастам. Вале аз кӯдакӣ бештар ба физик ва нуҷум, дақиқтар гӯем ба дарки асрори коинот майл доштам.

– Дар кӯдакӣ орзуи кӣ шуданро мекардед?

– Суоли бисёр ҷолиб. Албатта, ман ҳам мисли дигарон орзу доштам, то кайҳоннавард шавам, аммо бештар ба олимоне алоқаманд будам, ки тариқи телевизён суҳбатҳои ҷолиб перомуни илм анҷом медоданд. Шояд ишқи ман ба илм аз инҷо шуруъ шуд. Он ҳам бинобар кунҷковӣ ва талош барои ёфтани посух ба тамоми суолҳо. Аз даврони кӯдакӣ ба ҳамаи чиз таваҷҷуҳ доштам: аз содатарин сохти бозичаҳо то сохтори мушакҳо, ситораҳо ва сайёраҳо.

– Дар даврони кӯдакӣ нисбат ба кайҳон чӣ эҳсосе доштед?

Дар он даврон ба осмони пурситораи рустоамон зиёд нигоҳ мекардам ва эҳсоси аҷибе доштам, ки қобили тавзеҳ нест. Гӯё ситораҳо маро сӯйи худ мехонданд, то нишон диҳанд, ки ҷойи ман рӯйи замин нест, балки байни онҳост. Мехостам рози ҳама чизро бифаҳмам ва ба ин тартиб ба таври ҷиддӣ ба ситораҳо алоқаманд шудам. Аз ҳамон ибтидо аз Стивен Ҳокинг, Карл Саган, Нил де Грасс Тайсон, Эйнштейн ва Тесла илҳом мегирифтам. Агар қиссаҳои онҳо намебуд, шояд ин қадр ба илм таваҷҷуҳ намекардам.

СИТОРАШИНОСИ ҲАВАСКОРИ ТОҶИК

Идеяи гузаронидани астроэкскурсия чӣ гуна пайдо шуд?

Медонед, дар хориҷа чунин ситорашиносони ҳаваскоре ҳастанд, ки соле чанд маротиба дурбинҳои худро ба хиёбонҳои шаҳр бароварда, ба роҳгузарон кайҳонро нишон медиҳанд. Ин падида барои онҳо кайҳо анъана шудааст. Дар навбати худ дар наздам ҳадаф гузоштам, ки вақте дурбини худро гирифтам, ин анъанаро дар Тоҷикистон ҷорӣ мекунам, то мардумро ба илми кайҳонӣ ҷазб созам.


– Маъмулан барои астроэкскурсия пул мегиранд, чаро тасмим гирифтед ин корро ройгон анҷом диҳед?

Идеяи астроэкскурсия аз ибтидо ба миён омад. Агар ман ин иқдомро пулакӣ мекардам, як тиҷорате беш намебуд, то таблиғи илм. Бале, ман якчанд бор астроэкскурсияи хайрияӣ анҷом додам, ки он ҳам бо хоҳиши мардум буд. Ҳар касе, ки мехост аз ҷонварон ва афроди бесарпаноҳ ҳимоят кунад, метавонист худихтиёрӣ кумаки молӣ расонад ва дар ивази ин хайрия аз телескоп назар кунад. Аммо ин ҳеч гоҳ маҷбурӣ набуд.

Тавассути дурбини шумо чиро дидан дидан мумкин аст. Оё ҳамаи падидаҳо дар маърази он ҳастанд?

– Дурбини ман танҳо барои ситорашиносони ҳаводор муносиб аст. Албатта, бисёре аз ашёи дохили шаҳр бинобар олудагии нурӣ дида намешавад. Аммо агар аз шаҳр дуртар шавед, метавонед тақрибан ҳар ҷисмеро, ки ситорашиноси ҳавскор онро дар сар мепарварад, бибинед. Дохили шаҳр низ метавонед Зуҳал ва ҳалқаҳои он, Муштарӣ ва қамарҳои он ва Миррихро бинед. Дарвоқеъ ман дурбини худро ба шарафи дурбини кайҳонии Хаббл, M-Hubble номгузорӣ кардам.

– Бигӯед, ки тоҷикистониён тирамоҳи имсол кадом падидаҳои кайҳониро мушоҳида карда метавонанд?

– Тирамоҳи имсол мо ягон ҳодисаи ҳангомадори нуҷумиро   интизор намешавем, зеро ин фасли сол давраи номусоид барои расиди чунин ҳаводис аст. Умуман тирамоҳ бинобар обу ҳаво давраи номувофиқ барои мушоҳидаи ҳодисаҳои астрономӣ мебошад. Бо ин ҳол бархе рухдодҳои қобили мушоҳида вуҷуд доранд: бориши шаҳобии Леонид дар нимаи моҳи ноябр ба авҷи худ мерасад. Маъмулан истгоҳи кайҳонии байнулмилалиро метавон ҳамчун як доғи дурахшоне, ки пас аз ғуруби офтоб дар саросари осмон парвоз мекунад, мушоҳида кард. Тирамоҳи имсол пас аз ғуруби офтоб сайёраҳои Зуҳал, Муштарӣ ва Миррих намоён хоҳанд шуд.

Дар баробари таваҷҷуҳ бо кайҳон боз ягон саргармии дигаре доред?

– Бале, аз хурдӣ ба расмкашӣ шавқу рағбат дорам. Барои омӯхтани наққошӣ ҷое таҳсил накардаам ва аз касе низ дарс нагирифтаам. Фикр мекунам, ки ин қобилиятро барои ман табиат ато кардааст. Дар вақтҳои озод барои дӯстонам портретҳои фармоишӣ мекашам. Ман ба мутолиа ва ҷамъоварии китобҳо низ шавқ дорам, ки дар бораи онҳо вебнавишти алоҳидаи "Interstellar Book Love" @istellar_book таъсис додам. Фикр мекунам, ки ин як мавзуъи алоҳида барои суҳбат аст.


ТОЛЕЪБИНӢ ВА АҲЛИ СИТОРАҲОИ БЕГОНА

– Парвиз, шумо дар бораи толеъбинӣ ва пешгӯии оянда аз рӯйи ситораҳо чӣ назар доред?

– Ман қотеъона мухолифи толеъбинӣ ҳастам. Ин воқеъияте, ки мардуми одӣ то ин ҳадде ба толеъбинӣ эътимод доранд, як тамоюли нигаронкунанда аст. Агар пешгӯиҳои ситорашиносон амалӣ нашаванд, афроди ноогоҳ мунаҷҷимонро айбдор мекунанд. Аксари мардуми одӣ намедонанд, ки тафовут байни ситорашиносу мунаҷҷим дар чист ва чунин бархӯрд ба илми нуҷум қадру манзалати ин соҳаро коста мегардонад.  Ман матолиби хосае дар ин мавзуъ дорам, ки тамошои онро ба тамоми мухотабони худ тавсия медиҳам.

Оё шумо ба аҳли ситораҳои бегона бовар доред?

– Ду чиз аст: бовар кардану донистан. Онҳо бояд вуҷуд дошта бошанд. Ин бовар нест. Ман медонам, ки набудани онҳо имконнопазир аст. Олимон бар ин боваранд, ки дар системи Офтоб ба ҷуз аз сайёраи Замин дар макони дигар ҳаёт вуҷуд надорад. Аммо наметавон дар миқёси кулли каҳкашон чизе гуфт, зеро ишорату мавҷҳои фиристодаи кайҳоннавардон аз рӯйи миқёси кайҳонӣ на он қадр дуранд. Дар маҷмуъ 5005 ситораи фарохуршед (сайёраҳои берун аз системи офтобии мо ва дар атрофи ситораҳои дигар давр мезананд) кашф шудаанд ва 5 дарсади онҳо сайёраҳои ба Замин монанданд, ки дар онҳо бояд ҳаёт вуҷуд дошта бошад. Фанноварӣ ҳанӯз қодир ба таъйини вуҷуди ҳаёт дар инҷо нест, аммо бисёре аз фарзияҳо ғайритасдиқ мондаанд.

Парвиз эътироф мекунад, ки орзуи ошноӣ бо ҳаёти фарозаминӣ ва идомаи таҳсил дар хориҷ аз кишвар дар риштаи писандидаашро дорад. Илова бар ин ӯ қасд дорад як қаҳвахонаи китобдорро таъсис дода, бад-ин васила Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи кайҳон пештоз созад.

Парвиз дар бораи астроэкскурсия ва макони баргузории он маъмулан дар саҳифаи инстаграмаш эълон мекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар аксаран экскурсияҳо дар назди Намоишсарои Айнӣ ё сирк сурат мегиранд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед