Ru  | Tj
Овозхонӣ, ровигӣ ва бонкдорӣ. Ромизи Парвиз чаро ҳар серо тарк кард?
Овозхонӣ, ровигӣ ва бонкдорӣ. Ромизи Парвиз чаро ҳар серо тарк кард?
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардидааст

Овозхонӣ, ровигӣ ва бонкдорӣ. Ромизи Парвиз чаро ҳар серо тарк кард?

Нашр шуд

Нисфирӯзӣ. Ҳаво хеле сард. Рӯйи замин ҷо-ҷо барф. Ҳама дар шитоб. Ман низ сӯйи ваъдагоҳ мешитобидам. Ӯ аз ман дида пештар расида буд. Ин, яъне масъулият. Ин, яъне эҳтиром, яъне одобу ахлоқу тарбият. Салом додану аҳволпурсияш низ самимона ва боэҳтирому ботабассум. Яъне ҷавоне бо дунёи хирадмандона чун як марди кӯҳансол. Бо олами ба худ хос. Бо як дунё ҳарфҳои ногуфта. Бо як шаҳр алам. Бо як хиёбон гила. Аз худу аз кардаҳо. Аммо ҷавоне пур аз маҳорату истеъдод.

Ромизи Парвиз аст ӯ. Ромизе, ки солҳо бо садои хуб, мусиқии дилнишин ва дарки баланди маънӣ гӯши ҳаводорони мусиқиро навозиш мекард. Ӯ 16-уми октябри соли 1993 дар қалби кишвар ба дунё омадааст. Бо қалби пур аз эҳсос.

«Мегӯянд муҳити хонавода ба кӯдак таъсир мегузорад. Яъне ҳунару малакаи яке аз аъзои оила ба ӯ гоҳе ирсӣ, гоҳ ба таври худомӯзӣ ва гоҳи дигар иҷборӣ мегузарад. Ман, ки дар оилаи ҳунарманд ба воя расидам ва яккаписар ҳастам, падарам мехостанд идомадиҳандаи ҳунарашон бошам. Он кас маро ба тӯйу маҳфилҳо мебурданд. Ман суруд мехондаму кафкӯбиҳои атрофиён бароям илҳом мебахшид. Вақте хоҳаронам лухтакбозӣ мекарданд, ман дар тӯйи лухтакҳои онҳо сурудхонӣ мекардам», – мегӯяд ӯ.

 

НАХУСТГОМҲО


Соли 2003. Ромизи 9-сола бо хоҳишу дастгирии падар шеъри «Қасаме ба шири модар»-и Раҳмат Назриро сароид. Дар озмуни «Ғунҷаҳои умед». Аввалин ҳунарнамоияш дар саҳнаи калон буду аввалин муваффақияту ҷоиза дар ин самт. Баъд аз ин падар талош карда барояш. Хеле зиёд. Меҳмони доимии барномаҳои радиоиву телевизионӣ будаву иштирокдори тамоми маҳфилҳои фарҳангӣ. «Ман аз ин чиз лаззат мебурдаму миёни ҳамсинфонам ифтихор ҳам мекардам», – мегӯяд Ромиз.

Пас аз хатми синфи 1-ум Ромиз таҳсилро дар мактаб-интернати махсуси мусиқавии ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев (он замон Малика Собирова) идома дода, баъди 5 соли таҳсил дар ин даргоҳ ба мактаби деҳа (зеро аллакай дар Ҳисор зиндагӣ мекарданд) бармегардад. Чун дурии модарро наметавонад тоб биёрад.

Ромизи Парвиз дар хусуси ба мактаби олӣ дохил шудан ва интихоби касбаш мегӯяд: «Мехостам шарқшинос шавам ва донандаи забони арабӣ. Аммо падарам зид буданд. Баъдан бо хоҳиши эшон ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон дохил шудам».

Баъди хатми консерватория барои гирифтани маълумоти дуюм ӯ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди ҷумҳурӣ таҳсил мекунад.

 

ДИЛСАРДӢ


Ромиз баъди фаъолияти дурудароз аз саҳна, аз суруду оҳанг дур шуд. То ҳадде. Ромизи ҳамеша дар такопӯро дилсард карда буд андешаҳои атрофиён, ҳар гуна баҳргузорӣ карданҳои онҳо.

«Баъзеҳо таърифу тавсиф мекарданд, қисмати дигар назари манфӣ доштанд. Дар хусуси сароянда шудани ҳама мегуфтанд. Баъзеҳо маҳалгароӣ карда эътибор намедоданд. Беэътиноию ба назар нагирифтанҳои бархе аз вазифадорону устодон, ки мебоист дастгирӣ мекарданд, маҷбурам кард, ки роҳамро каме дигар кунам», – гуфт ӯ.

Албатта, ин гуна омилҳо ба як нафари эҷодкор, ки қалби нозук дорад, бетаъсир намемонад. Ин буд, ки Ромиз самташро батамом иваз кард. Ӯ дар бонк ба фаъолият пардохт.

«Хостам аз санъат дур бошам, чун бобати оҳангу суруд бо падарам зиёд баҳс мекардем. Андешаҳоямон зидди ҳам мебаромаданд. Ман, ки як ҷавони замонавӣ будам, диди дигар доштам ва ин ба падарам писанд намеомад. Намехостам падарамро ранҷонам. Аз ин рӯ, рафтам пайи кори дигар», - нақл кард қаҳрамони мо.

 

ИШҚ ЯЪНЕ...


Ӯ айёми мактабӣ ба номи духтарони зебои мактаб шеър менавиштааст, аммо баъдан дили ӯро ба тамом мерабояд яке. Бо ноз, бо ишваю зебоӣ. Дигар ҳамаи шеърҳояшро барои ӯ менависад. Ба ӯ мебахшад. Аммо хурофотҳою мазҳабҳо деворе миёни ин ишқ мегарданд. Деворе, ки атрофиён сохтаанд. Аз санги сина. Ба андешаи Ромиз, «ишқ яъне вақте бо вуҷуди ҳамаи чиз ва тамоми вуҷуд дӯсташ медорӣ. Яъне ҳатто баъди солҳо аз дӯст доштан даст намекашӣ. Яъне медонӣ, ки хеч гоҳ наметавонӣ бо ӯ бошӣ, аммо ба ин муҳаббат идома медиҳӣ. Зеро ишқ танҳо ба даст овардан нест. Ишқ лаззат бурдан аз дардҳост...»

Оромона ва боандеша ба нуқтае чашм дӯхт чанд лаҳза...

 

ҲАРФИ ШУКР


Ромиз шукргузор аст, ки ҳарҷо ки таҳсил ва ё фаъолият кард, донишу маҳорат ва истеъдодашро қадр карданд, шурӯъ аз иштирок дар озмуни «Ғунчаҳои умед» ва ишғоли ҷойи дуюм. Иштирок дар ҳамоишҳои дигари фарҳангӣ ва сазовор гаштан ба дилому сипосномаҳо. Ҳамзамон Ромиз иштирокдор ва ғолиби доимии олимпиадаҳои фаннӣ аз забон ва адабиёти тоҷик дар замони мактабхонӣ буд. Яъне шеърдӯстию таваҷҷуҳ ба адабиёт дар Ромиз ҳанӯз аз наврасӣ будааст. Ӯ мактабро бо медал хатм карду ду маълумоти олӣ гирифт.

Ромиз чун як ҷавони сухандон аст, дар озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар бахши ровигӣ сазовори мақоми ифтихорӣ гардид ва ҳамзамон дар телевизиони «Баҳористон» ровии муваффақ низ буд.

Баъди хатми Донишкадаи молия ва иқтисоди ҷумҳурӣ ӯро барои фаъолият дар донишкада даъват карданд, аммо напазируфт. Ромиз мегӯяд, «мехоҳам ҷое бошам, ки аз ҳар гуна ноадолатӣ дур бошад».

Ҳамин тавр, ӯ корро дар яке аз бонкҳои кишвар шурӯъ кард. Мувофиқи қоида бояд се моҳ таҷриба меомӯхт, аммо дониши хуб ва фаъолияти баландаш сабаб гардид, ки баъди моҳи якум сардори маркази хидматрасониҳои бонкӣ таъйин гардад.

Ромизи Парвиз баъди як соли фаъолият дар бонк, ки хеле муваффақона буд, ба Русия рафт. Баъди 9-моҳи онҷо будан ба Ватан баргашта, дар як ширкати сохтмонӣ ба фаъолият шурӯъ кард.


Ромиз то ҳол эҷод мекунад. Ӯ муаллифи чанде аз таронаҳои Муҳаммадрафии Кароматуллоҳ, Нозияи Кароматуллоҳ, Фаридуни Хуршед, Меҳрнигори Рустам, Суҳроби Маҳмуд, Олими Маҳмуд, Далери Хайриддин ва дигарон аст. Аз сароидаҳои худ бошад, матни таронаҳои «Ишқи аввал», «Духтарак», «Ноз макун», «Ҷойи ту холист» чакида хомаи худи ӯянд. Тавре худи Ромиз гуфт:

«Қисмати зиёди таронаҳои эҷод кардаам писандам нестанд. Чун ман ба завқи сарояндагон менависаму онҳо мувофиқ ба завқи шунавандашон дархост мекунанд», - иброз дошт Ромиз.

Ӯ ҳоло мехоҳад дар баробари дигар корҳо сатҳи забондонияшро хубтар намояд ва бо аҳли фарҳанги кишварҳои хориҷ низ робита барқарор созад. Ромиз аллакай бо чанде аз чиниҳо ҳамкорӣ дорад ва шеърҳои онҳоро бо забони русӣ тарҷума мекунад. Ӯ худро дар ҳар самт санҷидан мехоҳаду ҳамеша дар такопӯ будан.


Ромиз ду духтару як писар дорад. Духтаронаш малика ҳастанду писараш паҳлавонаш. Мехоҳад дар оянда маликаҳояш оне бошанд, ки худ мехоҳанд. Ҷойе кору таҳсил кунанд дилбастагӣ доранд. Мехоҳад доданд, ки падар хеле дӯсташон медорад ва хеле гузаштҳо карда барояшон. Худ бошад хеле миннатдор аст аз падари ҳунармандаш – Парвиз Пӯлодӣ. Бобати ҳамаи талошҳояш. Модарро зиёд-зиёд дӯст меорад.

Ромиз дар анҷом гуфт: «Мехоҳам фарзанде бошам хуб, ҳамсаре вафодор ва падаре меҳрубон ва ҷавоне муваффақ».

Мо низ хостори саломатӣ, сарбаландӣ ва хушбахтию муваффақияти ӯву азизонашем.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед