Ru  | Tj
Расмкашӣ дар пӯсти гов. Ин равияи нави ҳунарро кӣ кашф кард?
Расмкашӣ дар пӯсти гов. Ин равияи нави ҳунарро кӣ кашф кард?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Расмкашӣ дар пӯсти гов. Ин равияи нави ҳунарро кӣ кашф кард?

Нашр шуд

Дар шаҳри Хуҷанд оилае бо рамскашӣ дар рӯи пӯсти гов машғуланд. Ин ҳунари таърихӣ оилаи Шариповҳоро соҳиби ном ва нон кардааст. Асарҳои рассомии ин оила на танҳо дар гӯшаву канори Тоҷикистон, балки дар хориҷ аз кишвар ба намоиш гузошта шуда, диққати хориҷиёнро ба худ ҷалб кардааст.

Муаллифи Halva.tj бо намояндаи ин хонадон ҳамсуҳбат шуда, вижагиҳои ин равияи навро бозгӯӣ намуд.

БОНКДОРЕ, КИ РАВИЯИ НАВРО ГУСТАРИШ МЕДИҲАД

Оилаи Шариповҳо дар маҳаллаи Чорчароғи шаҳри Хуҷанд ба сар мебаранд. Онҳо саркардаи ҳунари расмкашӣ дар пӯсти гов буда, рӯзгорашонро солҳо боз бо рассомию гаҷкорӣ пеш мебаранд.

Меҳринисо Шариповаи 26-сола сунҳор (келин)-и ин хонадон буда, аз сездаҳсолагӣ ба рассомӣ машғул аст.

Ӯ донишомӯхтаи риштаи рассомии Донишгоҳи давлатии Бобоҷон Ғафурови шаҳри Хуҷанд буда, пас аз оиладорӣ низ дар хонаи шавҳар бо хусураш – Абдураҳим Шарипов якҷо ин касбро пеш мебаранд. Дар баробари ин дар ташкилоти қарзии «Ҳумо» ба ҳайси сармуттахассис кор мекунад.


Бештари асарҳои рассомӣ ва шахсиятҳои тасвиркардаи онҳо таърихӣ мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, кори рассомӣ осон нест ва заҳмату фурсати фаровонро талаб мекунад.

«Дар аксари асарҳои рассомии мо тасвири воқеа ва шахсиятҳои таърихӣ мақоми воло доранд. Бартарии расмкашӣ дар пӯсти гов ин аст, ки ранги асар то дер гум намешавад ва мисли тасвири нав аз нобудӣ эмин момонад», - иброз дошт қаҳрамони мо.
Меҳринисо мегӯяд, барои пок ва хушк кардани пӯсти гов ва расм кашидан дар рӯйи он як ҳафта вақт сарф мешавад. Илова бар ин дар фасли замистон мушкили дастрасӣ ба пӯст ва хушк кардани он барои вай пеш меояд. Аз ин рӯ дар фасли тобистон пӯстҳоро ҷамъоварӣ, покиза ва хушк карда, барои фасли зимистон захира мекунанд.

 

АРЗИШИ РАСМҲО ЧАНД СОМОНӢ АСТ?

Расмҳои таҳиякардаи оилаи Шариповҳо аз 250 то 800 сомонӣ арзиш дорад. Меҳринисо мегӯяд, аксари харидорони расмҳои онҳо аз хориҷи кишвар ҳастанд.

«Асарҳои таърихӣ бештар мавриди таваҷҷуҳи гардишгарони хориҷӣ қарор мегирад. Сокинони бумӣ бо баҳонаи гарон будани тасвирҳо барои харидани асарҳо майл надоранд. Аммо онҳо намедонанд, ки барои пӯст, чӯб, ранг ва дигар маҳсулот чӣ миқдор пул масраф мешавад. Илова бар ин эҷоди як расм дастикам ду-се рӯз бори заҳмат дорад», - афзуд ин рассоми ҷавон.
Асарҳои рассомии оилаи Шариповҳо, ки дар пӯсти гов кашида шудааст, имсол дар намоишгоҳҳои ҳунарҳои дастӣ дар якчанд минтақаҳои Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, ҷойҳои намоёнро сазовор шуд. Аз ҷумла дар оғози моҳи май дар шаҳри Душанбе тасвирҳои Меҳринисо Шарипова дар миёни асарҳои рассомии дигар шаҳру навоҳии кишвар мақоми севумро касб кард.

Қаблан дар шаҳри Истаравшан низ чунин як намоиши ҳунарҳои дастиву рассомӣ баргузор шуду асарҳои оилаи Шариповҳо сазовори мақоми аввал гашт. Ҳамчунин моҳе қабл дар чунин як намоиши вилоятӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд барпо шуд, мақоми аввалро соҳиб гашта, дипломи дараҷаи якумро соҳиб шуданд. Дар баробари ин асарҳои онҳо соли 2019 дар Беларус ба намоиш гузошта шуда, диққати хориҷиёнро ба худ ҷалб кард.


МУШКИЛИ МАКОН

Меҳринисо Шарипова дар вақтҳои фориғ аз кор ба шогирдон ҳунари рассомӣ меомӯзонад. Азбаски рӯзона дар «Ҳумо» кор мекунад, бегоҳ ва рӯзҳои якшанбе шогирдонаш ба хонаи ӯ омада, нозукиҳои рассомиро меомӯзанд.

Меҳринисо ва оилаи ӯ аз набудани ҷойи мувофиқ барои ба намоиш ва фурӯш гузоштани асарҳои рассомии худ танқисӣ мекашанд. Ба гуфтаи вай, агар бо дастгирии раиси шаҳри Хуҷанд барояш макони мувофиқе ҷудо шавад, ӯ метавонад шогирдони зиёдро тарбия кунад. Аммо 5-6 нафар шогирде, ки кунун ба хонааш омада ҳунаромӯзӣ мекунанд, дар мавсими зимистон аз сабаби набудани ҷой тамоман намеоянд ва тобистону тирамоҳ омада, дар саҳни ҳавлӣ расмкашӣ мекунанд.


Меҳринисо мегӯяд, агар ҷойи мувофиқ медоштанд, дар чор фасли сол пайи омӯзонидани шогирдонаш мешуд ва ҳам ҳунари расмкашӣ дар пӯсти говро дар шаҳри Хуҷанд сайқал медод.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед