Ru  | Tj
Равоншинос, масҳгар, комишшинос. Чӣ гуна Шавкатҷон Фозилов дар ихтисоси дуюм муваффақ шуд?
Равоншинос, масҳгар, комишшинос. Чӣ гуна Шавкатҷон Фозилов  дар ихтисоси дуюм муваффақ шуд?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас шуд

Равоншинос, масҳгар, комишшинос. Чӣ гуна Шавкатҷон Фозилов дар ихтисоси дуюм муваффақ шуд?

Нашр шуд

Шавкатҷон Фозилов донишомӯхтаи риштаҳои равоншиносӣ, бадандармонгар (телесный терапевт), маҳсгар ва комишшинос (сексолог) буда, дар яке аз марказҳои солимгардонии шаҳри Душанбе фаъолияти касбӣ дорад. Мавсуф аз овони кӯдакӣ мехост, ки равоншинос бошад. Аммо бо хоҳиши волидон ба риштаи мудирият (менеҷмент) дохил мешавад. Сарфи назар аз ин ба ӯ муяссар мегардад, ки орзуи замони наврасиро амалӣ карда, дар соҳаи тиб ному нон ёбад.

Муаллифи Halva.tj бо Шавкатҷон Фозилов перомуни чӣ гуна дар соҳаи тиб мавқеъ ёфтан ва аҳамияти роҳҳои нави табобат суҳбат кард.

 

ИНТИХОБИ ДИГАР

Дӯстону ҳамсифнон ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ амонатдор будани Шавкатҷонро фаҳмида, сирри дилашонро гуфта, маслиҳат мепурсиданд. Шавкатҷони наврас, ки нисбат ба ҳамсолон хонишу дониши зиёдтар дошт, ба қадри имкон тавсияҳо медод.


- Ҷойи таъриф нест, дар мактаб аълохон будам. Баъди хатми мактаби №15 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фурсати интихоби ихтисос расид. Бисёр мехостам, ки равонпизишк (психиатр) бошам. Аммо волидон исрор мекарданд, ки иқтисоддон шавам, чун дар ҳама ҷо лозим мешавад ва обрӯяш ҳам баланд аст. Ҳамин тариқ, мавқеи волидонамро пазируфтам ва соли 2006 ба факултети молия ва иқтисоди бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шудам. Аз дохил шудан ба ихтисоси дигар пушаймон нестам. Чун айёми таҳсил дар ин ришта масъалаҳои муҳими марбут ба иқтисод марбутро, ки дар кору рӯзгор зарур аст, омӯхтам. Соли 2011 баъди хатми муваффақонаи донишгоҳ сарнавишт маро ба шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷират бурд. Ман дар ин шаҳр тавонистам, ки ба орзуи дерини худ бирасам, - бо хурсандӣ мегӯяд Шавкатҷон.  

 

ҚАДАМИ НАВБАТӢ БА СӮЙИ ОРЗУ

Дар шаҳри бузурги Санкт-Петербург хатти сарнавишти Шавкатҷон дигар шуд. Ӯ дар дарсу давраҳои омӯзишӣ, ки дар мавриди равоншиносӣ буд, пайваста иштирок мекард. Бо мадрак (диплом)-и зинаи бакалаврӣ қаноат накарда, курси дарозмуддати “Равондармонии бадангаро” (Телесная ориентированная психотерапия)-ро низ хатм кард.


- Бароям муяссар гардид, ки дар курсҳои кӯтоҳи масҳгарӣ, муолиҷа бо роҳи сангҳо (стоун терапия), муолиҷаи тан ва ҷинсиятшиносӣ низ ширкат варзида, мутхассиси мувофиқ ба меъёрҳои тибби замонавӣ шавам. Пас аз омӯхтани маҷмӯи таҷрибаву малакаҳои нав ҳамчун равоншинос корро дар Маркази кӯмаки равоншиносии “Модус” шурӯъ кардам. Дар аввали фаъолият мизоҷон бо мушкилии фишори равонӣ, изтироб, дилтангӣ, ваҳм муроҷиат мекарданд. Роҳҳои ёрирасонӣ ба одамонеро, ки чунин ҳолатҳо доштанд, омӯхтам. Акнун мехостам, ки равоншиноси ҳирфаӣ шавам, яъне дар ин ришта соҳиби мадрак бошам, - гуфт равоншиноси ҷавон.  

 

ОҒОЗИ КОР ДАР СОҲАИ ДӮСТДОШТА

Шавкатҷон Фозилов пас аз муҳоҷират ба Ватан баргашт. Ба факултети равоншиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуд. Соли 2020 соҳиби мадрак гардид. Имрӯз дар маркази солимгардонии "SOFIA" талош дорад, то малакаҳои омӯхтаашро дар амал татбиқ намояд. Мушоҳида кардааст, ки аксари беморон аз гирифтани табобати муқаррарӣ шифо наёфта истодаанд. Аз ин рӯ, курсҳои масҳгарӣ ва ҷинсиятшиносӣ ва табобат бо сангро низ азхуд карда, роҳҳои нави табобатро санҷида истодааст.  


- Дар рӯзҳои аввали корӣ муроҷиати мизоҷон хеле кам буд. Ба фикрам, аксари беморон аз вуҷуд доштани роҳҳои нави табобат огоҳ набуда, таъсири воқеии онро ҳоло ҳис накардаанд. Хушбахтона, онҳое, ки чанд курсҳои табобатии маро гирифтанд, вазъи саломатияшон беҳбудӣ ёфт. Ҳамин тариқ, сафи муроҷиаткунандагон бештар шуд. Барои истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои кӯтоҳ омода карда, дар саҳифаи шахсӣ мегузорам, то сатҳи огоҳияшон дар бораи аҳамияти роҳҳои нави табобат хубтар шавад, - афзуд раавоншинос.

 

ҶАВОНОН ЧӢ МУШКИЛ ДОРАНД?

Ба қавли Шавкатҷон, имрӯз аксари ҷавонон бо мушкилии шахшавию маҳкамшавии бадан (зажим и блокировка) муроҷиат мекунанд. Бештари мизоҷон аз ҳолатҳои изтироб, асабоният, фишор ранҷ мекашанд ва доимо хастарӯҳу камқувватанд.

- Ташвишовар ин аст, ки аксарияти муштариён барои дигаргун кардани тарзи ҳаёт ва вазъи саломатӣ чорае намеандешанд. Гумони ғолиб бо омилҳои иқтисодию иҷтимоӣ имкони дигар кардан надоранд. Ба чунин нафарон тавсия медиҳам, ки каме ба худ аҳамият диҳанд. Ба оина нигоҳ карда бигӯянд, ки “чиро дар худ дигар кардан мехостам”. Бадандармонгар барои рӯҳану ҷисман солим шудан кӯмаки вижа расонида метавонад,- изҳор медорад қаҳрамони мо.  


Дарди сар ва бедорхобӣ муаммои калони беш аз 40 фисади мизоҷони аз 20-сола болои равоншинос будааст. Сабаби ба чунин мушкилӣ дучор шудани онҳо пуркорӣ, адами фароғат, асабоният, пайваста фурӯ бурдани хашму ғазаб дониста мешавад. Дар чунин ҳолат кас ҳаётро ба хубӣ ҳис карда наметавонад, бадан осоиш намеёбад, ниҳоят бехобӣ ба вуҷуд меояд.

 

ТАЪРИХИ ЯК МИЗОҶ

Равоншиноси ҷавон ба ин назар аст, ки солимӣ нафақат дар саломатии ҷисмонӣ аст. Набуди солимии рӯҳӣ вазнинтар аз солимии ҷисмонӣ аст. Ӯ ин нуктаро бо нақли як қисса аз ҳаёти як мизоҷ собит карданӣ шуд.

- Чанде пеш марде, ки аз ҳаёт дилсард шуда буд, ба инҷониб муроҷиат кард. Пас аз шиносоӣ дарёфтам, ки асабоният ва ҳисси танҳоӣ азияташ медиҳад. Дар ҷойи кор ва бо хонавода ҳамарӯза баҳсу муноқиша мекардааст. Пас аз суҳбатҳо ва таҳлили натиҷаҳои бадастомада маълум шуд, ки дар замони кӯдакӣ ҷароҳати рӯҳӣ бардоштааст. Яъне, дар овони кӯдакӣ аз волидон ва наздиконаш меҳр надидааст. Бо ёрии методҳои гуногуни равоншиносӣ ҷароҳати мизоҷро табобат кардем. Пас аз якуним моҳ ба оила ва ҳамкоронаш бо нигоҳи дигар нигаристан таҷриба кард. Барояш арзиши ҳаёт ва инсонҳои наздик баланд шуд. Аз ҷангу муноқишаҳои нолозим худдорӣ кард ва ба дигарон низ меҳр дода тавонист.


Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед