Ru  | Tj
Роҳи муваффақияти нуҷумшиноси ҷавон. “Ин илм ба мутахассисони ҷавон ниёз дорад”
Роҳи муваффақияти нуҷумшиноси ҷавон. “Ин илм ба мутахассисони ҷавон ниёз дорад”
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Роҳи муваффақияти нуҷумшиноси ҷавон. “Ин илм ба мутахассисони ҷавон ниёз дорад”

Нашр шуд

Фирӯза Раҳматуллоева аз камтарин пажӯҳишгарони ҷавонест, ки ҳаёташро ба астрофизика бахшидааст. Ӯ чанде пеш дар Шӯрои диссертатсионии Институти астрономияи Академияи илмҳои Русия рисолаи номзадиашро дифоъ кард. Фирӯза Раҳматуллоева ҳоло ба ҳайси муовини директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  фаъолият дорад.

Интихоби қатъӣ 

Фирӯза дар аввал мехост, ки ҳунарпеша  шавад. Зеро ӯ  ба суруду мусиқӣ шавқи  беандоза дошта. 

“Вақте 10 сол доштам, бо бобокалонам - Раҳматуллои Қосим, ки навозанда ва оҳангсози мусиқиҳои миллӣ буд, ба як ҳамоише рафтам. Он ҷо оркестри мусиқии мардумӣ тамрин мекард. Чашми бобокалонамро ғайб зада, зуд ба назди ҷойи нишасти мусиқинавозон рафтам. Нохост дар болои курсии холӣ дутореро дидаму бесоҳиб гумон кардам. Дар ин ҳангом ҳушу ёди мутрибон пойбанди навохтан буд. Дуторро оҳиста гирифта, ба кунҷе рафтаму торҳои онро нохун задам. Ногаҳон торҳои дутор канда шуданд. Аз кори кардаам тарсида, шах шудам. Соҳиби асбоби мусиқӣ ҷавони навкоре будааст. Ӯ маро дар  кунҷи толор ёфту дутори вайроншудаашро дида, хеле ғамгин гардид. Бобокалонам аз ҳодиса хабар ёфта, баъдан ба ҷавон ҷубронпулӣ доданд. Он рӯзҳо бисёр мехостам, ки мисли бобокалонам суруд хонам ё асбобе навозам. Вақте ба синни миёнаи мактабӣ расидам, орзую ҳавасам дигар шуд. Мустақилона тасмим гирифтам, ки астрофизик шавам”.   

Ёде аз рӯзҳои ширин

Фирӯза Раҳматуллоева аз он хурсанд буд, ки  дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи астрофизика вуҷуд дорад. Вай давоми солҳои донишҷӯӣ аз дарси устодони соҳибмактаб баҳра гирифта, нисбат ба илми астрофизика содиқ буданро рисолати худ шумурд. Ӯ аз дарсҳои астрофизики машҳури тоҷик, профессор Хурсанд Ибодинов як лаҳзаи хотирмонеро чунин ба ёд овард:  

“Ёд дорам, ки дар соли  аввали донишҷӯӣ бо ҳидояти устодон ба омӯзиши забони англисӣ пардохтем. Дар яке аз рӯзҳои омӯзиш, ки  хаста будам,  ғайриихтиёр дар тахтаи синф бо забони англисӣ чунин навиштам: “Устод Хурсанд Ибодинович, Шумо профессори хуб нестед, зеро нисбат ба донишҷӯён сахтгир мебошед”. Субҳи дигар дарси устод оғоз мешавад. Синфхона пур аз донишҷӯ буд. Он навиштаро дар тахта хондаму хиҷолатзада шудам. Бовар доштам, ки  устод кадоме аз мо-донишҷӯён навиштани он ҳарфҳоро намефаҳманд, аммо хато кардам. Зимни дарс тири нигоҳҳои шубҳаомезашон ба тарафам бархӯрд. Албатта, аз рафтори хеш нороҳат шудам.  Пас аз чанд вақт назди устод рафта, гуфтам, ки шогирди танбали худро бубахшед. Он кас гуфтанд: “Рисолати муаллим аст,  ки сахтгир бошад ва хурсандам, ки шумо инро дарк кардед”. 

Қадамҳои нахуст дар ҷодаи илм  

Фирӯза аз овони донишҷӯӣ дар Институти астрофизикаи АМИТ кор кард. Аввалин пажӯҳиши мустақилонааш соли 2011 дар расадхонаи астрофизикии Қрим, ки воқеъ дар ноҳияи  Бахчисаройи Қрим аст, сурат гирифт. Дар ин пажӯҳиш масъалаи фаъолнокии астероиди 596 Шейла тадқиқ  мешуд. 

“Дар рафти мушоҳида маълум шуд, ки он комета аст, чун ҳамаи хосиятро дорад. Аммо координатаҳо ва мадори  ҷирм ба комета монанд набуд.  Аз ин рӯ, ташхису тадқиқ густурдатар шуд ва  исбот гардид, ки он комета нест, балки астероиде бо номи 596 Шейла мебошад. Ниҳоят, сабаби шуълазании ҷирмро пайдо кардем. Омили асосии фаъолияти кометавӣ нишон додани астероиди 596 Шейла бархӯрди он бо ҷирми номуайян дар кайҳон будааст. Албатта,  барои олими ҷавон як имконияти хубе буд, то дар ин тадқиқот таҷриба омӯзад.  Ман тавонистам, ки  аз фаъолияти профессорон ва дурнамои минбаъдаи рушди соҳа огоҳӣ ёбам. Профессор Сергей Шугаров, ки аз Донишгоҳи давлатии Маскава ба номи М.В. Ломоносов буд, дар роҳи тадқиқ ва ҳам зиндагӣ роҳнамоям гардид.  Он талошу заҳматҳои пурборе, ки ин олими рус дар соҳаи астрофизика дошт, дар ҷодаи интихобнамудаам бароям неру ва шавқи зиёде бахшид”, - мегӯяд олими ҷавон.

Заҳмати беохир

Соли 2016 расадхонаи Санглох барқарор шуду мушкилии набуди  дастгоҳ  бартараф  гардид. Фирӯза  дар расадхонаи мазкур   бо роҳбари илмиаш – Гулчеҳра Қоҳирова давоми панҷ сол ба пажӯҳиш машғул шуд. Дар натиҷа, олими ҷавон рисолаи номзадии худро дар Институти астрономияи Академияи илмҳои Русия бо муваффақият дифоъ кард.

 “Рисолаи номзадиам  ба тадқиқоти ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ бахшида шудааст. Асосан, дар рисола роҳҳои муайян кардани фаъолияти ҷирмҳо бо хусусиятҳои динамикӣ ва физикӣ маълум карда шудааст. Зимни тадқиқоти илмӣ дар расадхонаҳои Санглохи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, расадхонаи астрофизикии Қрими Академияи илмҳои Русия ва расадхонаи Лесникии Академияи миллии илмҳои Украина маҷмӯи пажӯҳишот доир шуд”, - мегӯяд Фирӯза Раҳматуллоева. 
Мушкилоти расадхонаҳои Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон се расадхона мавҷуд аст, ки онҳо марбути Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд. Яке аз онҳо  расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох воқеъ дар ноҳияи Данғара мебошад, ки дар масофаи 90 км дар ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар  баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. 

“Аксар вақт озмоишҳо ва мушоҳидаҳоро дар расадхонаи Санглох мегузаронам, зеро дастгоҳҳое, ки ба омӯзиш лозиманд, дар ин ҷо муҳайёст. Расадхона дорои телескопи оинадор аст, ки қутри он ба 1 метр баробар мебошад. Он ба расадхона соли 1980 аз ҷониби ширкати “Карл Тсейсси”-и кишвари Олмон дастрас шудааст. Тавассути дастгоҳ  мушоҳидаи ситораҳо, галактикаҳо, ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ имконпазир мебошад.”, - мегӯяд олими ҷавон.   

Расадхонаи баландкӯҳи Шорбулоқ дар мавзеи Шорбулоқи ноҳияи Мурғоб ҷойгир буда, масоҳати он 40 гектарро ташкил медиҳад. Ин мавзеъ дар баландии 4350 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.

“Расадхона бо иқлими астрономии нодир барои мушоҳидаҳои астрономии субмилиметрӣ, дурнамои астрометрӣ ва астрофизикии ҷирмҳои кайҳонӣ дар фосилаи васеи нурҳо, аз ултрабунафш то инфрасурх пешбинӣ шудааст. Расадхона дар замони Шӯравӣ бо номи комплекси офтобии астрономӣ машҳур буда ва дар як сол  зиёда аз 260 шаби софи мушоҳидавиро дошт. Мутаассифона,  имрӯз расадхонаи мазкур иқтидори пешинаро доро нест. Оптикаи телескоп, манора ва ҳуҷраҳои кории расадхона ниёз  ба барқароршавӣ доранд. Дар назар аст, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати барқароршавии расадхона  чораҳои зарурӣ андешанд.  Умед дорем, ки дар ояндаи наздик  расадхонаи дар гузашта беназир ба кор медарояд”, - умедворона мегӯяд Фирӯза Раҳматуллоева.  

Ниёз ба мутахассисон

Пажӯҳишгари ҷавон бар ин назар аст, ки пайдоиш ва инкишофи илми нуҷум замина фароҳам овард, то аз сирру асрори  олами коинот огоҳӣ ёбем. Ин илм то ба имрӯз ба мутахассисон ва олимони ҷавон ниёз дорад. Фанни нуҷум дар мактаби миёна ягона фаннест, ки тасвири воқеии зиндагӣ ва вуҷуд доштани мо дар коинотро қавӣ месозад. 

Фирӯза Раҳматуллоева айни замон ба омӯзиши  кометаҳо машғул буда, зимни он кӯшиш дорад, то  равандҳои гуногуни физикиро ошкор намоям. Мо ба ин олими ҷавон комёбии беназар дар пурпечутоби илм таманно дорем.


Тоҷикписаре, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Шоҳрух Юнусов кист?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед