Ru  | Tj
Родмеҳр Сулаймонӣ: “То замоне, ки ҷоизаи Нобелро нагирам, ниме аз муваффақиятҳоямро ҷашн нахоҳам гирифт”
Родмеҳр Сулаймонӣ: “То замоне, ки ҷоизаи Нобелро нагирам, ниме аз муваффақиятҳоямро ҷашн нахоҳам гирифт”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Родмеҳр Сулаймонӣ: “То замоне, ки ҷоизаи Нобелро нагирам, ниме аз муваффақиятҳоямро ҷашн нахоҳам гирифт”

Нашр шуд

Родмеҳр Сулаймонӣ, шоири ҷавон, роҳнамои толибилмон, муаллифи ду маҷмӯаи шеърӣ («Суқути сукут» ва «Чароғи дасти Худо») мебошад. Ӯ бо завқи баланди эҷодӣ ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинаи эҷоди назм (соли 2021) гардид. Дар иртибот ба пирӯзии қаламкаши ҷавону умедбахши тоҷик дар озмуни миллӣ мо суҳбате доштем бо Родмеҳр, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.


- То иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шеърҳои шумо дар нашрияву маҷаллаҳои маҳалливу минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ нашр мешуданд, вале ин озмун истеъдоди шуморо ба кулли тоҷикистониён муаррифӣ кард. Ба хонандаи мо аз оғози тасмиматон оид ба иштирок дар озмун, нахустин қадам дар ин роҳ, рафти озмун ва хуллас ғолибиятатон қисса мекардед?

- Бале, ҳарчанд, то ин вақт тариқи нашрияҳову расонаҳо пайваста навиштаҳоям мунташир мешуданд, шеърамро устодону дӯстон ва хонандагони ҳозиру ғоиб мехонданду баҳо медоданд, аммо ин озмун шинохтамро афзун кард. Албатта, шоир буданам баёзе барои озмун нест ва ҳамеша кӯшиш мекунам, ки барои адабиёт шеър гӯям.

Чанд соли охир муҳоҷир будам ва бо даъвати устодону дӯстони меҳрубон, ки маро барои иштирок дар ин сабқати маънавӣ ташвиқу раҳнамоӣ мекарданд, омодагии ҷиддӣ дидам. Аввалин маротиба буд, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинатсияи «Эҷоди назму наср» дар бахши назм ширкат кардам, бешак ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ шудам. Вале, чуноне ки мегӯянд “То ранҷ набарӣ, ганҷ муяссар намешавад” ва хушбахтона баранда гаштам.


- Рақобат дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғ...” чӣ гуна буд, чун ҳамагон шоҳидем, ки имсол сафи иштирокчиёни он аз ҳарсола ба маротиб бештар буд?

- Вобаста ба шумораи иштирокчиён ҷои сухан нест ва албатта, ки рақобат ҳам ҳис мешуд. Озмуни мазкур, ҷойгоҳи илму ҳунар аст, махсусан дар номинаи эҷоди назму наср ҳунари эҷодӣ авлавият дорад. Аз рӯи мушоҳидаҳо аён буд, ки аксарият аз шеър огоҳӣ доштанд, вале доварон онеро сазовори мақоми аввал интихоб намуданд, ки аз олами шеъру шоирӣ ва нозукиҳои он хубтару беҳтар огоҳ буд, ҳарфи наву тоза ва қалами равонтар дошт.

Аз ҷомеае, ки ба кори эҷодӣ машғуланд хоҳиш мекунам, ки бояд донанд, шеърро набояд ба хотири ҷоизае, озмуне, сабқате гуфт, пас ҳарчи ки меофаред, танҳо аз таҳи дил бошад ва барои башарият паёми неке бимонад.


- Ба пирӯзӣ дар ин мусобиқа бовар доштед, чун дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ноҳақӣ ва ноадолатии доварон дар баҳогузорӣ овозаҳо зиёд буданд? Шумо ҳамчун як иштирокчӣ рафти озмунро чӣ гуна баҳо медиҳед?

- Агар дар мавриди бовариам ҳарф занам, шояд иштибоҳ мешавад. Вале умеде дар дилам дар ҳоли шукуфтан буд. Барои умедро ба бовар табдил додан талош кардам. Гоҳе изтиробу ҳаяҷон маро азоб медод, вале бо амри тақдир сабқат ба пирӯзӣ анҷом ёфт. Дар бобати рафти озмун гуфтаниам, ки ҳамаи даврҳо шаффоф гузаштанд, ҳунару истеъдоди ҳақиқӣ ҳамеша пирӯз аст ва чизе ҷои онро гирифта наметавонад. Аз сабабе ки ҷойҳо маҳдуд буданд, аксарият натавонистанд дар руйхати ғолибон бошанд ва ин маънои онро надорад, ки доварон дар нисбати касе ноҳақӣ кардаанд. Онҳо наметавонанд ба кулли иштиродорон мақоми аввал диҳанд ва ин дар дасти онҳо нест, пирӯзӣ аз ҳунару дониши довталабон вобаста аст.


Таҳаввулоти тозае дар зиндагӣ

- Иштирок ва ғолибият дар ин озмун ба фаъолияти рӯзмарраатон чӣ навгониҳо ворид намуд?

- Бале, воқеан озмуни мазкур таҳаввулоти тозаеро дар масири зиндагиям ворид кард. Бештар аз ҳама масъулиятам афзуд, то гӯяндаи шеърҳои мондагор бошам. Танҳо барои қарнҳои минбаъд, барои адабиёт, барои башарият шеърофарин бошам. Бардоштҳоям дар мавриди озмун мусбат аст, ин озмун метавонад ҳар як нафарро ба огоҳиву мутолиа барад, ки беибо таъсири худро, аллакай ба ман расонд. Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ташаббуси хубу беназирест, ки ин иқдом хулосаи як марди ростини ин сарзамин маҳсуб меёбад.


- Мегуфтед, кӣ ва ё чӣ Шуморо ба дунёи шеър пайваст ва аз чандсолагӣ ба навиштани он шурӯъ кардед? Раҳнамоятон дар ин ҷода кист?

- Маро ба дунёи пуршаафи шеър модарам ворид кард. Ҳанӯз ба дунё наомада будам, ки бароям шеър мегуфт, суруд мехонд ва бо ояти зебоиву хушбинӣ ошноям мекард. Вақте ба дунё омадам, бароям азони шеър мехонд, сари гаҳвораам чакомахонӣ мекард ва бо шеър мехобонд. Яъне ин ҳама аз модарам оғоз ёфт ва минбаъд шакл гирифт, рушд кард ва имрӯз раҳнаварди хиёбонҳои шеър ҳастам. Аммо ҳеҷ гоҳ худро шоир нагуфтаам, ин густохист, мехоҳам шоир бошам, аммо дер,

Чӣ қадр эҳсоси хуш дорад нигоҳи шеъри чашмонат,

Ва мебахшам ба чашмони ту шеъри ноб, аммо дер.

Тамоми бузургони адабро барои худ устоду иршодгар меҳисобам.


- Чуноне ки огоҳем ду китоби шеъри шумо «Суқути сукут» ва «Чароғи дасти Худо» рӯйи чоп омада, манзури ҳаводорони шеъру каломи манзум гардидаанд. Бароям интихоби номи ин китобҳо ҷолиб афтод. Чӣ гуна онҳоро интихоб кардед ва дар чопи китобҳо кӣ кӯмакатон кард?

- «Суқут» ба маънии афтодан ва «сукут» хомӯшист, ба ҳамин содагӣ афтодани хомӯшист, яъне дигар мисли пиллае дар худ наметанам ва берун меоям аз курраи хомӯшӣ ва ба зиндагии парвонагӣ одат мекунам. Ин ном баргирифта аз як шеърам ҳаст, ки чунин буд,

Сукутам дар сароҳои суқут аст...

«Чароғи дасти Худо» киноя аз маҳтоб аст, ки ин ҳам тааллуқ ба як дубайтиям ҳаст.

Миёни сӯжаи сармасти мо буд

Чароғи рӯшани дасти Худованд.

Ин ду маҷмӯаи шеъриам маҳсули офаридаҳои се соли охирам ҳастанд. Барои интишори китоби аввал худам кӯшиш кардам. «Чароғи дасти Худо» - ро бахши суғдии Иттифоқи нависандагон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо теъдоди 300 нусха дар нашриёти «Хуросон» бо пешгуфтори шоир Гулноз Тоҳириён мунташир карданд.


Ишқ меҳвари чакидаи хомаи ӯст

- Аксари ашъори шумо аз ишқ, муҳаббат, вафодорӣ, бевафоӣ, садоқат ва покизагии он садо медиҳад. Моя ва ё илҳомбахши олами эҷодатон чист?

- Ишқ далели офариниши дунёст ва дар шеър мавзӯи марказист. Сар карда аз аввалин гӯяндаи шеър то ҳол ишқ меҳвари аслӣ маҳсуб мешавад. Тамоми паҳлӯҳои рӯзгору эҷоди маро ҳамин қувваи бузург, яъне ишқи пок фарогир аст. Мухотаби олами эҷодам ҳамонест, ки ишқро бароям бо чашмҳои қаҳварангу бо ҳарфҳои пуротифиву бо вуҷуди муаззазааш ошно кард. Мисли нуре, ки ба сӯйи абадият ҷорист, дӯсташ медорам.


- Идеали шумо дар роҳи эҷод кист?

- Аз бузургони адабиётамон Мавлоною Ҳофиз беқиёсанд. Аммо ҳеҷ кадомашон дур аз мавриди назарам нестанд. То охирин нафас шогирди мактаби адабиёти классикамон мемонам.

- Шумо ҳамчун як шоири ҷавон худро муваффақ мепиндоред?

- Қонеъ шудан аз муваффақиятҳо бузургтарин бадбахтист. Ҳар касе қонеъ шуд дар масири эҷод рӯ ба завол меравад. Ҳар нафас, ҳар сония, бояд туғён кард, талошу ҳимматро пеш гирифт. То замоне, ки ҷоизаи Нобелро дар самти адабиёт нагирам, ниме аз муваффақиятҳоямро ҷашн нахоҳам гирифт. Фалсафаи ҳаётро дар муборизаву талош мепиндорам.


Рисолати шоир эҷоди ашъори баланд аст

- Чӣ навгоние дар назми муосири тоҷик дидан мехоҳед ва аз назари шумо ҳамчун як шоири ҷавон шеър гуфтан яъне чист?

- Шеър паёми Худост ва бояд дорои фарри ҳумоӣ бошад.

Рисолати ҳар шоир офаридани ашъори баланд аст, ҷаҳд мекунам шеъре бигӯям, ки ҳазорсолаҳо бимонад ва қурбияти худро мисли паёмҳои Рӯдакӣ, Мавлоною Ҳофиз, Фирдавсию Саъдӣ ва ҳамаи онҳое, ки шеърро барои мо зиндагӣ карданд, нигоҳ доранд. Орзу дорам, ки шеъри муосири тоҷик тозагиҳои фавқулода, тобишҳои маъноии гуногун ва аз ҷиҳати ҳунар, дарунмоя, сохтор, забонӣ ва барҷаста бошад. Мехоҳам шеъри тоҷикӣ дубора монанди шеърҳои Рӯдакӣ оламгир шавад.

P.S. Родмеҳр 10 -уми июли соли 1998 дар деҳаи Худгифи ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шуда, таҳсилоти ибтидоиро солҳои 2005 – 2009 дар мактаби рақами 10-и деҳа гирифта, соли 2016 Литсейи № 1 - и ҷамоати Мастчоҳро хатм кардааст. Ҳоло дар курси чоруми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (фосилавӣ) таҳсил дорад. Ҳамзамон, дар МТМУ рақами 41-и ноҳияи Мастчоҳ ба вазифаи муаллими забон ва адабиёт кору фаъолият мекунад. Шеърҳояш пайваста дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ чоп мешаванд. Силсилаи навиштаҳояш дар нашрияҳои «Машъал», «Нигоҳи халқ», «Ҳақиқати Суғд», «Пайрав», «Паёми Суғд», «Адабиёт ва Санъат», «Тоҷикистон», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Садои Шарқ», «Пайванд» ва дар китоби «Муруре ба шеъри Тоҷикистон» чопи Афғонистон ба интишор расидаанд.


Нӯшини «Ситораҳои сари танӯр»


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед