Ru  | Tj
Сарҳанг Заррина Раҳмонова: “Падарам тоҷи сарам буд”
Сарҳанг Заррина Раҳмонова: “Падарам тоҷи сарам буд”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Сарҳанг Заррина Раҳмонова: “Падарам тоҷи сарам буд”

Нашр шуд

Чеҳраи зебову лаҳни ширинаш диққатамро ба худ кашид. Риштаи суҳбатро аз овони кӯдакиву хотираҳо аз падар оғоз кард.

- Падарам Бурҳон Раҳмон, наттоқи радиои “Тоҷикистон”, ки тамоми буду набуди зиндагияшонро баҳри сарбаландиву некномии фарзандону набераҳо бахшида буд, инак, ҳафт сол мешавад, ки миёни мо нест. Вале гумон мекунад, ки ҳамоно бароям чароғи раҳнамост. Ва худам ҳам намедонам ин эҳсос аз куҷо сарчашма мегирад. Гумонам решаи он дар кӯдакиҳои ман аст, - пас аз гуфтани ин ҳарфҳо вуҷуди Заринаро каме сукут фаро мегирад ...

- Овони кӯдакиву наврасиям бештар бо падар гузаштааст. Шунавандаи аввалин нутқу суханронӣ ва барномаҳои падарам будам. Ёд дорам, чӣ гуна бо тантана рӯзҳои иду ҷашнҳо маро бо худ ба базмгоҳ мебурд. Мани хурдакак боифтихор канори қиблагоҳи кӯҳпайкарам қадам мезадам. Ҳангоми баргузории режа (парад)-и тантанавӣ дар “Майдони Дӯстӣ”, дохили бинои онвақтаи “Почтаи тоҷик” канори падар нишаста, ба суханронияшон гӯш медодам. “Шараф ба мардуми меҳнаткаш”, “Шараф ба кишоварзон”... суханҳое буданд, ки падарам бо як ҷозиба қироат мекарданд ва ҳанӯз ҳам аз хотирам зудуда нагардидааст, - бо ифтихор ёд меорад он лаҳзаҳоро ӯ.


 

ПАДАРИ ДИЛСӮЗ

Вақте дар хусуси падар ҳарф мезанад, аз чашмонаш шарар меборад, ҳаяҷон вуҷудашро фаро мегирад, хотираҳо ӯро дубора ба дунёи беғаши кӯдакӣ мебарад ва як лаҳза худро хаёлан канори падар эҳсос мекунад. Барояш аз падар ҳарф задан ҳам ифтихор асту ҳам масъулият.

- Азбаски падарам ятим ба воя расида буданд, бениҳоят қалби меҳрубон доштанд. То ҳадде дилсӯз буданд, ки ҳатто бо садои баланд бо фарзандон суҳбат намекарданд. Бароямон тамоми шароитро муҳайё месохтанд. Намехостанд, ки ба поямон хоре халад. Дар хона озодӣ дода буданд. Мо иҷозат доштем, ки ҳар чизро гӯему аз падар пурсем. Аммо ҳеҷ гоҳ иҷозат намедоданд, ки аз номашон дар ҷое ҳарф занему ғурур дошта бошем. Дар мактаб монанди ҳама будем, мисли ҳамсинфон либос мепӯшидем. Аз ягон кас фарқ надоштем, - меафзояд ҳамсуҳбатаму боз аз хислатҳои дигари падар ёдовар мешавад.

- Ба ниёзмандон дасти мадад дароз мекарданд. Ба дигарон некӣ кардан, эҳтиёҷи дигаронро бароварданро дӯст медоштанд. Баъди кори ниёзмандеро ба сомон расондан, хушҳол мешуданду то дер боз табъашон болида мегардид.


 

МОДАРИ САХТГИР

Баръакси падар, ӯ аз сахтгирии модар мегӯяд. Бо он ки ҳамчун модар навозишашон мекард, аммо дар саводомӯзиву омӯхтани ҳунар нисбаташон сахтгир буд.

- Модарам – Саодат Раҳмонова омӯзгори собиқадору варзидаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буданд, ки ҳоло давлати пирӣ меронанд. Дар хушгуфториву хушмуомилагӣ ва ботамкиниву озодагӣ ҳамто надоштанд ва ҳанӯз ҳам ин хислатҳо дар вуҷудашон ниҳон аст. Вале нисбат ба фарзандон хеле сахтгир буданд. Баъзан ба падарам мегуфтанд, ки як каме ба мо - фарзандон сиёсат дошта бошанд. Иззати падарамро ба ҷо меоварданд. Чун як мухлис ба ҳунару истеъдоди падарам самимона эҳтиром қоил буданд. Бо ҳам солҳои тулониро пушти сар карданд, гармиву сардии зиёди зиндагиро диданд, бо якдигар муносибату эҳтироми истисноӣ доштанд, ки намунаву қобили пайравӣ ба мо – фарзандон аст, - иброз медорад Зарринабону.


 

МЕҲМОНҲОИ ПАДАР

Вақте аз дӯстони падару меҳмонҳои хонаводагияшон пурсон мешавам, хотираҳояшро тагурӯ менамояд.

- Аҳли адабу санъат бештар ташриф меоварданд. Муъмин Қаноат ва Ҷӯрабек Муродов меҳмонҳои доимии хонадонамон буданд. Бо оилаи файласуф ва наттоқи мумтоз Нодир Одилову Субҳон Раҳматов рафту омад доштем ва ҳанӯз бо фарзандони онҳо қаробат дорем. Бо вуҷуди он, ки модарам ҳамеша дар кор буданд, дар хонаамон ҳамеша хӯрок омода буд. Ёд дорам, рӯзҳое ҳам мешуд, ки падару модарам дар кор буданду ба хонаамон меҳмон меомад, ман аллакай медонистам, ки ба назди меҳмон чӣ гуна дасторхон густурам ва кадом ғизоро биорам. Зеро модарам ҳама вақт қанду мавизу донагӣ ва шириниҳоро тайёр нигоҳ медоштанд ва таъкид мекарданд, ки вақте меҳмон омад, зуд дасторхон ороеду аввал нон ва сипас инҳоро бурда гузоред. Ҳоло фикр мекунам, ки чӣ гуна модарам ба ҳамаи инҳо вақт пайдо мекард.

Бо ташриф овардани меҳмонон дар манзили падарӣ шабҳои фарҳангӣ баргузор мешуд. То поси шаб фазои хонадонро шеъру сурудхонӣ фаро мегирифт, ки бевосита ба рӯҳияи фарзандон низ бетаъсир намемонд. Ҳамин фазои дилошӯб буд, ки бо ёд овардани он айём, дар чеҳраи ҳамсуҳбатам фараҳу шодӣ ҳувайдо мегардад.


 

МУҲИТИ ХОНАВОДА

- Мо дар оила 2 духтару 2 писар будем. Падарам талош меварзиданд, ки дар тамоми иду ҷашнҳо фарзандонро гирд оваранд ва он рӯзро бо фараҳу шодӣ ҷашн гирем. Нишастро зиёд дӯст медоштанд. Зодрӯзҳои ҳар кадом аз аҳли хонадонро бо шеърхонӣ ва суханҳои пур аз меҳр мегузаронданд. Фарзандону набераҳо гирд меомадему шеърхониву суханҳои пур аз ҳикматашонро гӯш мекардем. Чӣ лаҳзаҳои хӯше буд, - бо афсурдаҳолӣ мегӯяд ӯ ва яке аз хотираҳои дигареро ёд меорад.

- Ман, ки дар оила соҳаи тибро интихоб карда будам, ҳар вақте ки рӯзи табибон мешуд, падарам ҳатман дастагулеро бо шириниҳо гирифта, ба табрикам меомаданд. Таъкид мекарданд, ки бегоҳ ҳатман ба хона равам, то ин ки онро дар муҳити хонаводагӣ ва бо шеърхонии падар таҷлил намоем. Агарчи хонаамон калон набуду дар бинои якуми яке аз баландошёнаҳо мезистем, падарам дар ҳавлии назди хонаамон мизу курсӣ гузошта, фарзандону набераҳоро даъват мекарданд ва муҳити фарҳангиеро бароямон муҳайё месохтанд.

Аз он афсӯс мехӯрад, ки бо рафтани падару аз даст додани бародараш дар авҷи бемории COVID-19, дигар чунин муҳити фарҳангӣ дар хонадонашон такрор намеёбад. “Падар тоҷбарсарам буд...”, - риққатангез мегӯяд Заррина.


 

ОИЛА

Заррина Раҳмонова хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, онро соли 1990 бо ихтисоси духтури бемориҳои дарунӣ (терапевт) хатм менамояд. Зинаи интернатураро дар Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 машҳур бо номи «Медгородок» таҳсил карда, фаъолияташро ҳамчун духтури минтақавӣ дар шуъбаи тиббии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шурӯъ намудааст. Ҳоло роҳбарии дармонгоҳи раёсати тиббии вазоратро ба зимма дораду соҳиби рутбаи ҳарбии сарҳанг (полковник) мебошад.

Ӯву шавҳараш Нилобек Субадоров, ки корманди ҳарбӣ буда, алҳол нафақахӯр аст, 3 гулдухтарро ба воя расонда, соҳибилм намудаанд. Фарзанди калонияшон Нисо риштаи муносибатҳои байналмилалиро ба итмом расондаву Азиза дар мақомоти гумрук ифои вазифа менамояд. Сабрина алҳол донишҷӯйи факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон аст. Агарчи саҳми шавҳарро дар тарбияи фарзандон кам намедонад, вале баштар аз хоҳаршӯяш Холида миннатдор аст, ки замони хурд будани фарзандон дасти мадад дароз кардааст.


- Азбаски фаъолиятам меҳнати шабонарӯзиро талаб мекард, замони хурд будани фарзандон ҳатман нафаре лозим буд, ки дар нигоҳубини онҳову анҷом додани корҳои хона кумакам намояд. Дар ин мавридҳо хоҳаршӯйҳоям бевосита ёрирасони ман буданд. То аз кор баргаштанам, аллакай хонаҳоро тамиз карда, хӯрокро омода менамуданд. Холида, ки ҳамроҳамон зиндагӣ мекард, дар тарбияи фарзандонам бештар саҳм дорад. Фарзанди хурдиямон он касро оча мегӯяд. Дар баробари бонуи зебову меҳрубон будан, ҳунарманду кадбонуи моҳир низ ҳаст, - қаноатмандона меафзояд Заррина Раҳмонова.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед