Ru  | Tj
Шабнам Мекамбоева: “Ба Худованд шукргузорам, аммо агар солим мебудам...”
Шабнам Мекамбоева: “Ба Худованд шукргузорам, аммо агар солим мебудам...”
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Шабнам Мекамбоева: “Ба Худованд шукргузорам, аммо агар солим мебудам...”

Нашр шуд

Шабнам Мекамбоева  шонздаҳ сол дорад. Ӯ дар синфи нуҳуми муассисаи рақами 9-и деҳаи Заргари ноҳияи Кӯшониён таҳсил мекунад. Шабнам аз модар маълул ба дунё омадааст, даст ва пойи чапаш иллат дошта, хуб кор намекунанд. Ин нуқсони узвӣ намегузорад, ки ӯ ба мисли дигар ҳамсолонаш тезҳаракат ва чолок бошад. Аммо ин норасоӣ натавонист Шабнами хурдакакро дар хона нигоҳ дорад. Зеро ӯ дар зинадагӣ қавӣ аст ва ҳар монеаи садди роҳашро бо иродаи мустаҳкам паси сар карда метавонад. Ҳамин кӯшишҳояш буд, ки ӯ дар яке аз  мусобиқаҳои берун аз кишвар парчамбардори Ватан гардид.  

Онҳо дар оила панҷ духтар ва як писар мебошанд. Шабнам  аз ҳама фарзанди хурдии хонавода буда, ба қавле ноздонаи модараш аст. Волидайни Шабнам кишоварз буда, мекӯшанд, то ҳама орзую ҳавасҳои ӯро бароварда намоянд. Ӯ дар толори варзишии муассисаашон аз намуди варзиши бадминтон машқ мекунад.  Шабнам ба шарофати муаллими мактаб ба ин толор мепайвандад ва дар қатори варзишгарон тамрин мекунад.

Хоҳиши муаллим ва ояндаи дурахшони Шабнам

Дар аввал модари Шабнам ба хотири маълул будани фарзандаш намехоҳад, ки духтараш ба варзиш машғул шавад. Аммо баъд аз хоҳишҳои боисрори  муаллими муассиса модараш ба ӯ иҷозат медиҳад.

“Дар аввал саломатии Шабнам хуб набуд, баъди мондани чанд қадам ба замин меафтид. Соли 2017 ман ҳамроҳи як гурӯҳ мураббиён дар ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар курсҳои омӯзишӣ дарс гирифтем,  ки ҳадафи он ҷалби нафарони маълул ба варзиш ва беҳтар гардидонидани саломатии онҳо буд. Баъди баргашт ба волидайни Шабнам муроҷиат намуда, аз онҳо хостам, то як бор ба ӯ имконият диҳанд. Пас аз як ҳафтаи тамрин саломатии ӯ рӯз аз рӯз беҳтар гардида, дигар намеафтид. Баъд аз хубтар шудан мо соатҳои машқи ӯро зиёдтар намудем, ки ин ба саломатиаш манфиатбахш гардид”, - мегӯяд муаллими Шабнам -Абдукарим Абдураҳимов 

Шабнам ҳамарӯза баъди мактаб ба толори варзишӣ меравад. Дар  ин толор ҳашт нафар аз гурӯҳи имконияташон маҳдуд дар намуди бадминтон бо роҳнамоии мураббӣ - Фарҳод Ёфтаков  машқ мекунанд. Дар аввал Шабнам ягона  духтаре буд, ки ба ин гурӯҳ пайваст. 

“Аз сабабе, ки ҷойи машқамон ба хона наздик аст, бештари вақтамро дар онҷо мегузаронам. Дар аввал ба ин намуди варзиш машғул шудан бароям мушкил буд. Чунки пеш аз он, ки дар ин варзиш тамрин кунӣ, бояд солим ва ҳаракатҳои тез дошта бошӣ. Аммо бо мурури замон қоидаҳои онро омӯхтам ва доим кӯшиш мекунам, ки бо ҳамроҳонам баробар бошам. Онҳо низ ҳамеша кӯмакрасони ман ҳастанд”, - зикр намуд, Шабнам Мекамбоева.

Аввалин медали тиллои Шабнам

Соли 2020 дар шаҳри Сарбанд мусобиқаи варзиши бадминтон миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд баргузор гардид. Шабнам дар аввалин ишторокаш дар ин мусобиқа, аз намуди инфиродӣ пас аз рақобат бо шаш нафар медали тиллои ин мусобиқаро ба даст овард. 

Аз 27-уми ноябр то 7-уми декабри соли гузашта дар шоҳигарии Баҳрайн Бозиҳои паралимпии Осиё-2021 доир гашт. Дар ин мусобиқа аз намуди бадминтон Тоҷикистонро танҳо Шабнам муаррифӣ  мекард. Ба ин мусобиқа роҳ ёфтани Шабнамро Президенти Кумитаи паралимпии Тоҷикистон Парвиз Бобошарипов чунин шарҳ дод.

“Вақте ки дар шаҳри Бохтар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба  бадминтонро гузаронидем, Шабнам дар онҷо миёни рақибонаш маҳорати хуб нишон дода, медали нуқраро соҳиб гардид. Баъдан аз мураббияш, ки дар онҷо ҳузур дошт, фаҳмидем, ки Шабнам дар мактаби варзишии бадминтони шаҳри Бохтар тамрин мекунад. Пас аз ду ҳафта моро ба Бозиҳои паралимпии Осиё-2021 миёни наврасон, ки дар Баҳрайн мегузашт,  даъват намуданд.  Мо дар мувофиқа бо роҳбари Федератсияи бадминтони ҶТ Шабнамро ба ин мусобиқа омода намудем”.

Ғалтидану хестан ва гиряву шодиҳо дар майдон

Ин мусобиқа миёни наврасони то 20-сола доир гардида, варзишгаронро аз 45 давлати дунё ҷамъ оварда буд.  Дастаи паралимпии Тоҷикистонро панҷ варзишгар аз намудҳои мухталиф намояндагӣ мекарданд. Шабнам дар ин мусобиқа давоми як ҳафта бо зиёда аз 40 варзишгар рақобат кард. 

“Шабнам давоми як ҳафта аз рӯйи намудҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ ва омехта рақобат менамуд. Ӯ гоҳе меғалтиду мехест, гиря мекард, механдид, бурду бохт мекард, лекин рӯҳафтода нашуда, боз бозиро давом медод. Ба маҳорати бозии ӯ дастаи рақибонаш низ қарсак мезаданд. Зеро ҳама медид, ки чӣ тавр Шабнам самимона ва бо нангу номус рақобат нишон медиҳад. Ҳатто, дафъае дар майдон сахт афтид ва пояш лат хӯрд. Ман хостам бозиро манъ кунанд ва духтурро даъват мекардам, аммо ӯ бо чашмони пур аз обаш хоҳиш кард, ки бозиро манъ накунам ва хесту бозиро идома дод. Дар охир нишон дод, ки заҳматҳояш бефоида набудааст”, - мегӯяд Парвиз Бобошарипов.

Шабнам Макембоева дар ин мусобиқа аз се намуди бозӣ сазовори 3 медали биринҷӣ гардид. Ӯ бештар аз ҳама, бозӣ кардан дар намуди бадминтони инфирондиро мушкил медонад.

 “Ман бисёр кӯшиш намудам, то ҳадди ақал як медали тиллоро соҳиб гардам. Аммо, фикр мекунам бори аввал иштирок намудан ва таҷрибаи камтар доштанам сабаб гардид, ки натавонистам ба зинаи аввал расам. Бар замми ин дар ҳамаи бозиҳо рақибонам катогерияи аз ман баландтар буданд. Инчунин, онҳо аз ҷиҳати маълулиашон низ каме аз ман фарқ мекарданд. Дар вақти бозии инфиродиам, ки бояд тезҳаракат бошӣ, сусттар будам ва ба қафо давида наметавонистам. Ҳамаи ин барои рақибонам имконияте шуд, ки аз ман пеш гузаштанд”, - бо афсӯс баён медорад Шабнам.

Шодии модар аз пирӯзии духтари муштипар

Аз медал овардани Шабнам ба Ватан пеш аз ҳама модараш хурсанд буд, зеро ӯ ҳамеша фарзандашро дар ин роҳ дастгирӣ мекунад.  

 “Замоне, ки Шабнам бо медалҳо дар гардан ба хона баргашт, ман аз хурсандии зиёд аввал медалҳоро гирифта, ба хонаи муаллими фанни тарбияи ҷисмониаш-Абдукарим Абдураҳимов бурда, миннатдории самимии хешро баён кардам. Чунки ҳеҷ бовар надоштам, ки духтарам то ба ин ҳад сиҳат гашта, парчамбардори кишвар мегардад. Ҳар боре, ки ба ягон мусобиқа мерафт, як рӯз пеш ба ӯ дору медодам, то нохост бемор шуда, аз мусобиқа ақиб намонад. Дар дилам ҷойи ӯ дигар аст. Ҳатто, як рӯз гуфт, Худоро шукр, ки ман маълул таваллуд шудам ва агар солим мебудам ба мисли дигар апаҳоям маро ба варзиш рафтан намемондед”, - мегӯяд модари Шабнам - Наргис Мекамбоева.

Шабнам Мекамбоева имрӯзҳо бо ҳадафу мақсадҳои наҷиб тамринҳоро пайваста идома медиҳад ва орзуи дар оянда ба нафарони имконияташон маҳдуд омӯзонидани варзиши бадминтонро дорад. Ӯ бо ин амалаш нишон дода тавонист, ки онҳо низ аз дигар қишри ҷомеа ҳеҷ камӣ надоранд. Ҳар инсон агар шавқ ва мақсади муайян дошта бошад метавонад ба ҳадафҳои бузург расад. Мо низ дар ин роҳи мушкил, аммо ифтихорофар ба ӯ барору комёбӣ ва фатҳи қуллаҳои муродро таманно дорем.


Духтури тоҷик. Чӣ гуна Абдувалӣ Раҳимов дар Русия мавқеъ ёфт?




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед