Ru  | Tj
Шариф Раҳимзода: “Дар мамлакатҳои аврупоӣ ҳамаи касбҳо қадри якхела доранд”
Шариф Раҳимзода: “Дар мамлакатҳои аврупоӣ ҳамаи касбҳо қадри якхела доранд”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Шариф Раҳимзода: “Дар мамлакатҳои аврупоӣ ҳамаи касбҳо қадри якхела доранд”

Нашр шуд

Мо имрӯз ба шумо бо ёрии яке аз беҳтарин иқтисоддонҳои кишвар, Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Шариф Раҳимзода дар бораи касби иқтисодчӣ сӯҳбат хоҳем кард.

Дар таърихи дунё аввалин иқтисодчӣ ё иқтисоддон Арасту ба ҳисоб меравад, зеро ӯ назарияҳоро дар бораи мубодилаи молҳо, арзиш ва фоидабахши онҳо сохтааст.

Вақте ки иқтисод намебуд...

- Муҳтарам Шариф Раҳимзода, дар оғози сӯҳбат ба аудиторияи мо, ки аксаран довталабони макотиби олӣ ҳастанд, мафҳуми иқтисод, пайдоиш ва ташаккули онро бисёр кӯтоҳ мефаҳмонидед?

- Мафҳуми иқтисодиёт арабӣ буда, маънои “сарфакорӣ”-ро дорад (Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Ҷилди 1. – Душанбе: “Шуҷоиён”, 2008 – с. 563) Дар луғатҳо инчунин бо маънои “кадбону” ва ё “соҳиби дастархон” омадааст. Вале мазмунан маънои он мисли мафҳумҳои “economy”-и англисӣ ва “экономика”-и русӣ (https://ru.wikipedia.org/wiki/Экономика) “хоҷагидорӣ”, ё “маҳорати хоҷагидорӣ” аст.

Иқтисодиёт дар умум аз соҳаҳои истеҳсолотӣ иборат аст, ки онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: истеҳсолоти моддӣ ва истеҳсолоти ғайримоддӣ. Ба соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ саноат, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт, хизматрасониҳои коммуналию маишӣ ва ғайраҳо ва ба соҳаҳои истеҳсолоти ғайримоддӣ маориф, тандурустӣ, истеҳсоли неъматҳои ғайримоддӣ (суруд, оҳанг, машварат, бренд, дастовардҳои илмӣ ва монанди инҳо) дохил мешаванд.

Вобаста ба пайдоиши иқтисодиёт қайд карданиам, ки он ҳамеша ҳамқадами одам буд. Иқтисодиёт асос ва гарави ҳастии ҷомеа аст. Ҳоло дар дунё шаҳрҳои мурда зиёданд. Барои аз байн рафтани асосҳои фаъолияти иқтисодӣ сокинон шаҳрҳоро тарк кардаанд.

Рушди иқтисодиёт асоси рушди ҷомеа мебошад. Мақсади олии ҳукумати дилхоҳ кишвар баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардумаш аст. Расидан ба ин мақсад танҳо бо роҳи рушди иқтисодиёт мумкин аст.

- Иқтисодчиро ҳамчун касб ба хонандаи мо кӯтоҳ шарҳ медодед.

Иқтисодчӣ мутахассиси соҳаи иқтисодиёт аст, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ сари кор дорад. Шурӯъ аз шахсони алоҳида, оила, хоҷагӣ, корхона, ширкатҳо ва давлат ҳама дар дохили худ ва бо ҳамдигар муносибатҳои муайяни пулию иқтисодӣ доранд, ки барои ташкили онҳо мутахассис зарур аст.

Масалан, дар сатҳи хоҷагӣ ё корхона иқтисодчӣ амалҳои зеринро анҷом медиҳад:

·           фаъолияти хоҷагӣ ё корхонаро ба нақша мегирад;

·           хароҷот, истифодаи захираҳо, фоидаю зарари хоҷагӣ ё корхона аз фаъолияти онро пешбинӣ менамояд;

·           раванди иҷрои нишондиҳандаҳои молиявӣ-истеҳсолии хоҷагӣ ё корхонаро назорат мекунад;

·           дар раванди муайян намудани низоми пардохти музди меҳнату иловапулии кормандон иштирок намуда, талаботи хоҷагӣ ё корхона ба мутахассисонро   муайян менамояд;

·           фаъолияти хоҷагӣ ё корхонаро пайваста таҳлил намуда камбудиҳои онро муайян ва роҳи бартараф кардани онҳоро нишон медиҳад;

Иқтисодчӣ ин мафҳуми умумист. Дар асл он намудҳои зиёди аз ҳам фарқкунанда дорад. Масалан, молиячӣ, бонкдор, аудитор, муҳосиб, таҳлилгар, банақшагир, муаллим, олими соҳаи иқтисодӣ ва ғайра.   


- Агар ҳоло касби иқтисодчӣ намебуд, чӣ мешуд?

- Муносибатҳои пулӣ намебуданд. Донишҷӯ стипендия, нафақахӯр нафақа, дигарон маош гирифта наметавонистанд. Мардум дар бозор хариду фурӯш карда наметавонист, иқтисодиёт аз амал бозмемонд. Оқибаташ ба низоме, ки дар он шикор мекардему дарҳол онро кӯшта мехӯрдем, бозмегаштем.

- Касби иқтисодчӣ чӣ талабот дорад?

- Боварӣ ба иҷрои мақсади муайянкарда, дорои дониши мукаммал, дорои қобилияти таҳлилгарӣ, поквиждон, ростқавл, софдил, меҳнатдӯст, фурӯтан, дастрас, ояндабин.

- Ин касб зиёдтар хоси кадом ҷинс аст: зан ё мард?

- Ҳарду.

- Дар мо тавозуни арҷгузорӣ ба иқтисодчӣ чӣ гуна аст?

- Мардум дар бораи ин касб маълумоти кам доранд. Давраи шӯравӣ мардум асосан дар деҳот зиндагӣ мекард ва шахси аз ҳама обруманд хазиначии колхоз буд. Ӯро ҳама мешинохт ва фикр мекарданд, ки баъди раис шахси дуюм аст. Иқтисодчиҳои колхозро гурӯҳи хурди одамон медонистанд. Ҳоло вазъият каме тағйир ёфтааст. Талабот ба ин касб аз меъёр зиёд аст..

- Бадбахтона, баъзе касбҳо “мурда”, яъне ба ҷойи одамон роботҳо ва барномаҳои махсус корашонро иҷро мекунанд, дар ин хусус мегуфтед, ки умри касби Шумо дар солҳои оянда чӣ гуна хоҳад буд?

- Мумкин рӯзе расад, ки ин касбро робот ба худ гирад, вале ҳоло ман тасаввур карда наметавонам, ки чӣ гуна ин мумкин аст.

- Назари мардум ба ин касб чӣ гуна аст?

- Ин касбро ҳама хуб қабул доранд, зеро он ба сиёсату эътиқоду ҳаёти ҳамарӯза зиддияте надорад.

- Паҳлӯҳои мусбат ва манфии ин касбро дар чӣ мебинед?

- Паҳлӯи мусбаташ ин аст, ки дар бозори меҳнат талабот ба касби иқтисодчӣ ҳамеша зиёд аст. Ҳамасоҳа будани ин касб имкон медиҳад, ки мутахассис дар ҳамаи соҳаҳо фаъолият намояд. Илова ба он, ин нафарон вобаста ба доштани донишҳои иқтисодӣ метавонанд фаъолияти инфиродии худро ба роҳ монанд.

Паҳлӯи манфиаш масъулияти баланди иқтисодчист, ки пайваста такмили донишро талаб мекунад. Аз кору салоҳиятнокии ӯ ояндаи корхона, хоҷагӣ ва намудҳои дигари соҳибкорӣ вобаста аст.


Иқтисодчии воқеӣ...

- Ҳоло дар байни халқи мо ба ин ё он касб тасодуфӣ омадан зиёд аст, Шумо чӣ гуна иқтисодчӣ шудед?

- Тасодуфан. Дар мактабҳои даврони мо талабагонро ба интихоби касб омода намекарданд. Ман ин касбро барои он интихоб кардам, ки писари амакам иқтисодчӣ ва шахси обрумандтарини авлоди мо буд.

- Кори Шумо кадом ҳолатҳои ногувор дорад?

- Зиндагӣ паҳлӯҳои зиёд дорад. Баъзан аз нуқтаи назари ҳолати мавҷуда корманд ҳақ аст, вале аз нуқтаи назари қонун ноҳақ. Масалан, маоши ӯ ночиз асту барои табобати кӯдаки касалмандаш намерасад ва ӯ пулҳои муваққатан озоди корхона ё маблағҳои ба ӯ боваркардашударо барои ҷарроҳӣ сарф кардаасту бовар дошт, ки то тафтиши навбатӣ онҳоро барқарор мекунад, вале натавонист. Қабули қарор дар бораи ҷазо додани ӯ бисёр мушкил аст.

- Даромади иқтисодчиён чӣ гуна аст?

- Аксаран иқтисодчиҳо бо пул сари кор доранд ва беҳтар аст, ки ба онҳо маоши хуб дода шавад, вагарна шумораи амалиётҳои ғайриқонунӣ зиёд мешавад. Агар савол бевосита ба ман дахл дошта бошад, ман роҳбарам ва маошам аз он вобаста аст.

- Дар ин ихтисосу кор ба шумо чӣ писанд аст?

- Ҳиссиёти қаноатмандӣ аз кори иҷрокардаам.

- Чӣ писанд нест?

- Беэътиноӣ нисбат ба вазифа, саривақт иҷро накардани он, ҳис накардани ҷавобгарӣ барои амалкардҳои худ, такмил надодани дониши худ ва ҳама амалҳои дигари корманд, ки ба сифати кор таъсири манфӣ мерасонад.

- Шумо дар риштаи иқтисод умуман чанд сол таҷриба доред?

- Таҷрибаи манро ба чанд қисм ҷудо намудан мумкин аст: омӯзгорӣ - зиёда аз 9 сол, димломатӣ - зиёда аз 5 сол, амалӣ - 26 сол ва илмӣ - ҳамвора дар ҳамин давра.

- Мо метавонем бигӯем, ки бо касби иқтисодчӣ зиндагии шоистаро барои худамон таъмин карда метавонем?

- Дар ҷомеаи имрӯзаи мо маош на ҳамеша ба намуди касбу лаёқати корманд алоқамандӣ дорад. Кассир ҳам иқтисодчӣ аст, вале маоши ночиз мегирад. Кормандони бонкҳо ҳам иқтисодчианду маоши арзанда мегиранд. Болои он азбаски корхонаҳо хусусианд, ҳаҷми маошро соҳиб ё роҳбари корхона муайян мекунад ва он метавонад ба қобилияти корманд алоқамандие надошта бошад.


Сифати пасти таълим...

- Дар интихоби касб бисёр хато мекунем. Чаро?

- Ду сабаб дорад: якум, пайваст карда натавонистани қобилият ба касби интихобкарда. Касе, ки математика ва фанҳои дақиқро хуб намедонад, наметавонад иқтисодчии хуб бошад. Дуюм, мутаассифона, мо дар мактабҳои миёна мактаббачагонро бо касбҳо ошно намесозем. Дар кишварҳои пешрафта аз синфи ҳашт аллакай мактаббачаҳо касби худро интихоб ва дар самти расидан ба мақсад дониста амал мекунанд.

- Ҳоло дар ҷумҳурии мо яке аз ихтисосҳои раддаи аввал ин иқтисодчӣ аст ва бештари ҷавонон мехоҳанд диплом дошта бошанд, магар мо қудрати ҳамаи онҳоро ба кор қабул кардан дорем?

- Иқтисоди бозорӣ вуҷуд доштани рақобатро талаб мекунад, аз ҷумла дар бозори меҳнат. Бинобар ин, шумораи мутахассисон ҳамеша бояд аз шумораи ҷойҳои корӣ зиёд бошад. Дуюм, чи хеле, ки дар боло қайд намудем, иқтисодчӣ метавонад фаъолияти инфиродии худро дошта бошад, корхона кушояд, истеҳсоли мол ё хизматрасонии муайянро мустақилона ба роҳ монад.

- Баъзе касбҳое ҳастанд, ки тавассути имтиҳони тестӣ ва таҳсили кредитӣ донишҷӯён наметавонанд, ки онҳоро пурра аз худ кунанд. Иқтисодчӣ дар ин росто чӣ гуна аст ва умуман назари Шумо дар мавриди системаи амалкунанда чист?

- Имтиҳони тестӣ беҳтарин низом аст ва он бисёр мушкилиҳоро аз байн бурд. Таҳсили кредитӣ ҳам хуб аст, вале онро дар донишгоҳҳо вобаста ба шароитҳои молиявию иқтисодӣ дигар кардаанд, ки ба манфиати кор нест. Донишгоҳҳо новобаста ба дониши донишҷуён онҳоро аз курс ба курс мегузаронанд, зеро дар ҳолати рондани донишҷуёни донишбезор манбаъҳои молиявиашон нест мешавад. Чунин таҷриба боиси пастии сифати таълим ва шавқманд набудани донишҷуён ба омӯзиш гаштааст.

- Барои иқтисодчӣ шудан бояд дар куҷо ва чӣ тавр таҳсил кард?

- Вобаста ба намудҳои касби иқтисодчӣ онро метавон дар омӯзишгоҳҳо ё донишгоҳҳо омӯхт. Вале баъдан вобаста ба рушди илму техника ва навигариҳои ин касб иқтисодчӣ бояд ҳамеша худомӯзӣ кунад.

- Ҳоло бисёри касбу пешаҳоро ҷавонон аз интернет меомӯзанд. Ин касбро мешавед, бидуни мактаби олӣ аз худ кард?

- Барои баъзе аз намудҳои он умуман дониши зиёд лозим нест. Масалан, як моҳи таҷрибаомӯзӣ басанда аст, ки кас кассири корхона ё бонк шавад. Вале барои бонкири асил шудан, маълумоти донишгоҳӣ, малакаи на кам аз 15-сол ва худомӯзии пайваста лозим аст.



- Киҳо метавонанд довлатаби касби иқтисодчӣ шаванд?

- Онҳое, ки дониши математикӣ ва шавқи иқтисодчӣ шуданро доранд.

- Охирсухани Шумо чист?

- Ҳар кас бояд он касберо интихоб кунад, ки қобилияти доштааш ба он ҷавобгӯй бошад. Иқтисодчӣ ҳам яке аз касбҳост. Дар мамлакатҳои аврупоӣ ҳамаи касбҳо қадри якхела доранд ва ҳамаи мутахассисон ба касби худ фахр мекунанд, зеро онҳо дар асл мутахассиси сатҳи баланди соҳаи худанд. Дар мо низ бояд ҳамин хел бошад.

“МЕХОҲАМ, МЕТАВОНАМ, ЗАРУР АСТ!”

Сомонаи иттилотии halva.tj баҳри баланд бардоштани маърифати касбинтихобкунӣ, бартараф кардани муаммоҳои таҳсилу кор ва интихоби озоди касби ояндаи ҷавонон тасмим гирифтааст, ки давоми соли ҷорӣ дар рубрикаи “МЕХОҲАМ, МЕТАВОНАМ, ЗАРУР АСТ!” бо намояндагони касбу кори гуногун, хусусан бо соҳибкасбону соҳибмактабони соҳаҳои мубрами фаъолияти ҷамъиятӣ сӯҳбатҳои ихтисосӣ анҷом диҳад.



Нилуфар Мамадиева: Таҳсил дар хориҷа шахсро мустақил мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед