Ru  | Tj
Шоирӣ, рӯзноманигорӣ ва ҳуқуқшиносӣ. Қадами баъдии Нодира Собирзод чӣ хоҳад буд?
Шоирӣ, рӯзноманигорӣ ва ҳуқуқшиносӣ. Қадами баъдии Нодира Собирзод чӣ хоҳад буд?
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Шоирӣ, рӯзноманигорӣ ва ҳуқуқшиносӣ. Қадами баъдии Нодира Собирзод чӣ хоҳад буд?

Нашр шуд

Нодираи Собирзод муваффақ аст, зеро дар ҳар ҷодае, ки истеъдоди фитрии худро санҷидааст, ба ҳадафи хеш расида. Ӯ ба муъҷизаҳо бовар дорад. Мегӯяд, Худованд ба ҳамаи муъҷизаҳо қодир аст ва муваффақиятҳои хешро дар натиҷаи заҳмати шабонарӯзияш мебинад, ки энержии он аз ҷониби Холиқ барояш тақдим гашта.

Нодира ҷое ист намекунад, пайваста ҷӯёи навгонӣ ва дониши нав аст. Мекӯшад дар ҳар ҷода истеъдоди худро санҷад ва мурод аз он дар зиндагӣ роҳ ва дар ҷомеа мавқеи худро пайдо кардан аст. Қаҳрамони мо зодаи шаҳри Турсунзода буда, хатмкардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳоло донишҷӯйи соли дуюми бахши ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ғолиби озмуни минтақавии “MediaCAMP Award 2022" дар бахши “Замони ғолиб омадан”, барандаи Ҷоизаи байналмилалии адабии сулҳ барои соли 2022, ҷоизадори озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2020, ғолиби ҷашнвораи ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», ҷоизадори бахши суханварии Фестивал-озмуни «Бӯстон – 2017» ва дигар озмунҳои ҷумҳуриявиву минтақавӣ мебошад.

Ҳамин чанд рӯз қабл маводи таҳиянамудаи эшон, ки барои лоиҳаи “Яккаву танҳо”-и Your.tj омода гардида буд ва аввалин матлаби видиоияш барои сомонаи болозикр ба шумор мерафт, дар озмуни "MediaCAMP Award 2022", ки аз ҷониби созмони Internews дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор гардид, соҳиби ҷойи аввал ва диплом гашт.


“ЗАМОНИ ҒОЛИБ ОМАДАН”...

Дар яке аз рӯзҳои гарми саратон (моҳи июл) назари Нодира ба эълони озмуни “MediaCAMP Award 2022” дар сомонаи media.tj, ки ба созмони Internews in Tajikistan тааллуқ дорад, меафтад. Ҳисси кунҷковияш боло мегираду истиноди эълонро пахш карда, вориди пайванд мегардад. Озмун аз 6 бахш: “Замони ҷавонон”, “Замони фаҳмидан”, “Замони ғолиб омадан”, “Замони созандагӣ”, "Мавзӯи сол. Замони нав” ва “Замон аз намои наздик” иборат буд. Ҳамин тавр, ӯ ба 5 бахши аввал маводди хешро ирсол мекунад, ки сетои он ба даври ниҳоӣ роҳхат мегирад.

– Ростӣ, барои омода ва ирсол намудани дархост ба озмун қариб 5-6 соати худро сарф кардам, то ин ки ҳеч хато ё камбудӣ дар он набошад. Зеро дар низомномаи озмун гуфта шудааст, ки дар ҳолати ба талабот ҷавобгӯ набудани дархост маводи ирсолкунанда ба озмун қабул карда намешавад, – қайд намуд ӯ.

Нодира мегӯяд, ки дар ин озмун таваккалӣ иштирок кардам. Агар ба даври ниҳоӣ роҳхат намеёфтам ҳам намеранҷидам, зеро ҳеч гумон накарда будам, ки дар қатори номи ин қадар рӯзноманигорони ҳирфаӣ исми ман ҳам ҷо гирад. Қаҳрамони мо вақте мефаҳмад, ки ягона нафаре, ки се маводаш дар озмун қабул гардидааст, танҳо худи ӯст, аввал дар шигифт афтода,  мутаассир мегардад. Сипас тозон назди падар рафта, масъаларо баррасӣ мекунад, зеро марҳилаи ниҳоии озмун бояд дар Қазоқистон мегузашт. Аз падар пурсон мешавад, ки агар ба рафтанаш ризоият надиҳад, намеранҷад. Зеро тариқи барномаи онлайн низ дар ҷашнвора ширкат варзидан мумкин буд. Нодира ихтиёрро ба дасти падар месупорад. Падари кордону бомулоҳиза бидуни ҳеч фикру зикри зиёд “шиносномаи хориҷиатро омода кун” гуфта, Нодираро сафарбари Қазоқистон менамояд...


– Ҳангоми ҷараёни ҷоизасупорӣ сахт ҳаяҷонӣ будам. Худ ба худ мегуфтам, ки агар ақаллан ҷоизаи вижаро нагирам, назди дӯстону наздикон айб мешавад, зеро ман то ба имрӯз аз ягон озмун бидуни ҷо барнагаштаам. Вақте номи маро ҳамчун ишғолкунандаи ҷойи аввал, шахсан консули генералии ИМА дар Алмаато Кэролайн Сэвиҷ бо лаҳну шеваи анлисӣ эълон кард, шокӣ шудам. Ҳама иштирокдорон қарс мезаданд. Чӣ тавр ба маркази саҳна баромадам, худам намедонам. Хеле дар шигифт будам. Баъд аз анҷоми ҷоизасупорӣ ҳамаи иштирокдорону устодон маро табрик карданд. Дар паёмрасону шабакаҳои иҷтимоӣ низ дӯстонам беист номаҳои табрикӣ менавиштанд. Воқеан, лаҳзаи фаромӯшношуданӣ буд, – нақл мекунад Нодира.

ЧАРО МАҲЗ “КОРОЛЕВА ВУЛКАНИЗАЦИИ...” СОҲИБИ МАҚОМИ АВВАЛ ГАШТ?

Ин матлаб “Королева вулканизации. Как усто Сайрамхон ремонтирует автомобильные шины” ном дошта, аслан қиссаи видеоӣ мебошад. Он дар мавриди зани танҳое қисса мекунад, ки соҳиби нуқтаи хидматрасонии таъмиру фурӯши чархи нақлиёти сабукрав аст. Ин касбро Сайрамхон аз падараш ба мерос гирифта, рӯзгори хеш бо он пеш мебарад. Ин аввалин қиссаи видеоии Нодир мебошад, ки дар сомонаи Your.tj  нашр гардида буд.

– Моҳи феврал буд. Барои лоиҳаи “Одинокая”, ки аз тарафи Your.tj  ба роҳ монда шуда буд, қаҳрамон меҷустам. Мебоист, ки қаҳрамонам зани танҳое бошад, ки зиндагии ҷолиб дорад. Падарам гуфтанд “хонумеро мешиносам, ки вулканизатсияи шахсӣ дорад ва фарзандонашро бе ҳамсар калон кардааст”. Аз падарам хоҳиш кардам, ки барои сабти видеоӣ ризоияти занро бигирад. Вақте Сайрамхон барои наворбардорӣ розӣ шуд, мушкилӣ пеш омад. Телефони мобилиям, ки моделаш куҳна асту бо сифати паст сабт мекунад, барои наворгирӣ номувофиқ буд. Телефони хоҳарзодаамро  бо ҳазор хоҳишу зӯрӣ гирифта, наворро сабт кардам, – ба хотир меорад Нодира.


Ба суоли он ки чаро маҳз ҳамин маводатон аз миёни панҷ матлаби ирсолкардаатон соҳиби ҷой шуд, Нодира посух дод, ки ин матлаб дар мавриди занест, ки новобаста аз тамоми пастию баландиҳои зиндагӣ касби падарро идома дод ва аз пушти он рӯзгорашро ба роҳ монд. Дар баробари фарзандони худ, фарзандони бародарашро ҳам хӯронду пӯшонд ва оиладор кард, зеро модарашон барвақт аз дунё мегузаранд. Чунин мавзӯъ метавонист аз дигар маводҳо фарқкунанда бошад.

Сайрамхон Юсуповаи 57-сола сокини шаҳри Турсунзода 30-сол боз дар вулканизатсияи худ ба таъмири мошин ва ивази чархи онҳо машғул аст. Сехи апаи Сайрам ягона маҷмааи вулканизатсионии шаҳри Турсунзода мебошад, ки шабонарӯз фаъолият мекунад. Усто Сайрам ҳанӯз дар ҳаштсолагӣ ин корро аз падари хеш омӯхтааст. “Зоҳиран зан мебошам, вале ботинан мардам. Аз хурдӣ миёни бародаронам бузург гаштам, шояд барои ҳамин аз анҷоми кори мардона шарм намедорам”, – мегӯяд ӯ.

ТААССУРОТ АЗ САФАР: “ЖУРНАЛИСТОНИ ҚАЗОҚ ВОҚЕАН КАСБИАНД”...

Ин аввалин сафари Нодира ба хориҷи кишвар буд. Ӯ нақл мекунад, ки мардуми қазоқ воқеан меҳмондӯсту кушодачеҳра будаанд. Дар ин радиф бо иштирокчиёни аз Ӯзбекистону Қирғизистон ташрифоварда низ риштаи дӯстӣ пайдо мекунад, ки дар миёнашон намояндагони миллатҳои рус, тотор, гурҷӣ, уйғур, қарақалпоқ, англис ва дигарон ҳам буданд. Иштирокчиён аз Туркманистон, ки дар кишвари онҳо маҳдудият зиёд аст, дар озмун ширкат варзида натавонистанд ва тариқи онлайн озмунро то анҷом пайгирӣ карданд. Макони иқомат ва тренингҳо низ дар меҳмонхонаи боҳашамати “Royl Tulip” баргузор гардид, ки барои иштирокчиён тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам овард.


– Аз ин сафар як суҳбат воқеан бароям таъсиргузор буд. Мо бо сабаби пайдо нашудани билети ҳавопаймо аз Душанбе ба Алмаато маҷбур шудем, ки тариқи Тошканд парвоз кунем. Ҳангоми бақайдгирӣ дар фурудгоҳ дар шаҳри Тошканд бо якчанд нафар аз мардуми Эрон суҳбат доштем. Яке аз онҳо гуфт, ки “Оё ба Самарқанду Бухоро сафар доштӣ”? Гуфтам, ки “не, шиносномаи хориҷиамро тоза гирифтам”. Гуфт: “Айб аст, агар наравию набинӣ шаҳреро, ки дар он ҳама аз ниёгони туст. Бубин, ки мо аз худи Эрон омадем, то аз ниёгонамон баҳраманд шавем”. Ҳоло тасмим дорам, ки ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро сафар карда аз ин шаҳрҳои бузурги аҷдодонамон дидан кунам

Дар мавриди таассуротҳо аз фестивал ҳамин нуктаро бояд арз намоям, ки журналистони қазоқ воқеан касбианд. Агар маводҳояшонро низ аз назар гузаронед, дарҳол инро дарк мекунед, – мегӯяд Нодира.

“HALVA.TJ МАРО ЧУН ЖУРНАЛИСТ ШИНОСОНД”

– Ростӣ, ҳангоми таҳсил дар самти журналистика он қадар ҳам фаъол набудам. Бештар ба адабиёти бадеӣ таваҷҷуҳ доштам. Аммо баъд аз таҳсил мебоист ҳамчун як шахси бузургсолу комилҳуқуқ кор кунам ва дар ҷомеа мавқеи худро пайдо намоям. Фаъолияти ман аз нашрияи ҳизбии “Ҳидоят”-и шаҳри Турсунзода шурӯъ гардида, муддати 3 солро фаро мегирад. Вазифаи ман дар ин нашрия танҳо аз хабарнигорӣ иборат буду бас. Баъд аз хатм нахуст ҳамкориямро бо Halva.tj оғоз намудам. Нахустин қаҳрамонам ҳунарпешаи шинохтаи афғон, ки ба устоди кунг-фу ва ҳунарпешаи гонконгӣ Брюс Лӣ шабоҳат дошта, бо номи “Аждари афғон” маъруф аст, Аббос Ализода буд, – нақл мекунад қаҳрамони матлаб.


Нодира бар он андеша аст, ки журналист дар ҷомеа рисолати пешбариро дорад, агарчи ин ошкор асту бештари мардум қабул надоранд. Бидуни ғараз ва манфиати пулию молию зеҳнӣ ба аудитория расонидани хабари дуруст, тавлиди маводҳои солим ва на ҳамчун довару насиҳатгар, балки тариқи расонидани ахбор хулосаро ба уҳдаи аудитория гузоштан вазифаи аввалиндараҷаи журналист аст.

– Ман аз худ қонеъ набудам, нестам ва гумонам қонеъ намешавам. Ба ман гоҳо ҷасорати касбӣ намерасад. Медонед, баъзан ҳолатҳоеро дар ҷомеа мебинаму хомӯш мемонам. Сипас худро сарзаниш мекунам, ки чаро масъаларо дар ҳамон лаҳза расонаӣ накардам. Албатта, ин тарс нест, ин як ҷиҳати андеша аст, ки имрӯз дар ҷомеаи журналистикаи мо зиёд вомехӯрад, – мегӯяд ӯ.

Нодира мехоҳад, ки дар 5 соли оянда аз қиссанависию мусоҳибаороӣ дар сомонаҳо, ки фаъолияти имрӯзааш аст, рӯ ба журналистикаи таҳлилӣ ва таҳияи филмҳои мустанад биёрад. Баъд аз тамошои филми “Зани рӯин”-и Ардашер Пайванд, ки дар доираи MediaCAMP Fest дар шаҳри Алмаато ба намоиш гузошта шуд, Нодира ба хулосае меояд, ки бояд дар самти филми ҳуҷҷатӣ худро санҷад. Ӯ нақл мекунад, ки дар ҷараёни намоиш тамошобинон бо таваҷҷӯҳ филмро тамошо карда, сахт эҳсосотӣ шуданд, гирйистанд. Дар охир баъд аз кафкӯбиҳои бардавом иштирокдорони ӯзбекистонӣ назди мо омада арзи миннатдорӣ карда гуфтанд, ки воқеан тоҷикистониён дар ин самт аз мо як зина боло будаанд. Нахуст фикр надоштам, ки филми ҳуҷҷатӣ барои тамошобин то ба ин ҳад таъсиргузор буда метавонад. Албатта, ин ба истеъдоди коргардони филм низ вобаста аст.


“ЧУ МУБОРИЗИ АДОЛАТ БА ДИЛ ИНҚИЛОБ ДОРАМ...”

Нодираро бо эҷоди шеърҳои рангинаш дар васфи модар, Ватан, муҳаббат, ишқ ва дигар мавзӯъҳои рӯзмарра дар олами маҷозӣ мешиносанд. Аз хурдӣ ба машқи шеър машғул аст ва мегӯяд ман ошиқаму ба ҳар офаридаи Худо муҳаббат дорам. Ҷое мегӯяд:

Шиканам қолаби одат, ба дил инқилоб дорам,

Ба худам ғайри итоат, ба дил инқилоб дорам.

Нарасида рӯзи маҳшар накунам қиёмат, аммо

Ки наям собири соат, ба дил инқилоб дорам.

Ва ё:

Туро эй ҷони ширинам, на чун ҷонона дорам дӯст,

На чун Ширину чун Лайлӣ, чу як девона дорам дӯст.

Муҳаббат зеби номарду ҳавасбозон намебошад,

Бале, зан ҳастаму аммо туро мардона дорам дӯст...

– Имсол дар эҷоди шеър нисбат ба солҳои қаблӣ пурмаҳсул набудам. Аввали соли 2022 аз ҷониби Маркази байналмилалии “Сафорати мустақили посдорони сулҳ” дар Олмон, Маркази байналмилалии санъати “Class Arts Center San Francisco” дар ИМА ва Академияи байналмилалии адабиёт ва санъати Украина бо Ҷоизаи байналмилалии адабии сулҳ барои соли 2022 тақдир шудам. Ба унвонии ҳайати доварони байналмилалӣ барои ин ҷоиза аз саросари ҷаҳон зиёда аз 500 пешниҳод ирсол гардида буд, ки аз он ҳамагӣ 26 нафар баранда эълон гардид ва дар ин байн ягона намоянда аз Тоҷикистон ман будам, – қайд мекунад Нодира.


“АГАР ДАР ФИЛМ ДАР НАҚШИ АДВОКАТ ДАЪВАТ КУНАНД, РАД НАМЕКУНАМ”...

Ӯ овони мактабхонӣ ҳамчун ҳунарпешаи ҳаваскор дар саҳнаҳои ҳунарии шуъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода иштирок мекард. Агар дар оянда аз ҷониби коргардонҳои филм барои иҷрои нақши корманди соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, аз амсоли адвокат ё прокурор дар филм даъваташ намоянд, Нодира рад карданӣ нест, зеро ҳунармандиро дӯст медорад. Қаҳрамони мо ба ҷуз рӯзноманигорӣ, шоирӣ, ҳуқуқшиносӣ ба ҳунармандиву нақш офаридан дар саҳнаҳои ҳунар ба ҳайси корманди мақомоти ҳуқуқро низ меписандад ва орзу дорад дар ин роҳ низ тавону истеъдоди худро санҷад. 

– “Чеҳраи юристона дорӣ”. Ин аст нуқтаи назари аксари нафароне, ки бо ман шиносоӣ пайдо мекунанд, – мегӯяд ӯ.

Аз нигоҳи Нодира пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек – се шохаи асосии инсоният аст. Роҳи мувафақият ҷодаест, ки дигарон низ гуфтаанд, аммо бештари шунавандагони ин гуфтор бовар надоштаанду амал накардаанд, ин пеш аз ҳама боварӣ ба Худо, сипас боварӣ ба худ ва аз он ба баъд кӯшишу ғайрати шабонарӯзист. Мегӯяд аввалҳо ба чанд нафаре бовар доштам, вале имрӯз аз одамон  ба касе эътимод надорам. Ҳар иттифоқе уфтад, мекӯшам, ки худам барои ҳалли он пардозам. Борҳо маззаи шаллоқи бовариро чашидаам.

– Дар охир ҳаминро гуфтаниям, ки мехоҳам ҳамчун журналист ба эътимоди халқ сазовор бошам. Мушкили асосии журналистони мо дар ба даст наовардани боварии мардум аст, - мегӯяд қаҳрамони мо.


“Ман дар оилае ба воя расидам, ки дар он то чанд сол қабл ҳуқуқи зан аз ҷиҳати таҳсилу фаъолият бо мард баробар набуд. Бо вуҷуди истодагарию гуфтори дипломатӣ бо хонавода ва рафтори шарқонаам чандин қолабҳои шахшудаи давраи Аморати Бухороро, ки то ба ҳол мавҷуд аст, шикастам. Ман тавонистам, ки бо рафтору ҷиддият ва муваффақиятҳои хеш фикрронии дигар оилаҳоро низ дар бобати таҳсилу фаъолияти занон ба тарафи мусбат иваз намоям. 

Ба Нодира дар ҳар ҷодае, ки роҳ мепаймояд, комгорӣ мехоҳем.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед