Ru  | Tj
Табақаҳои мухталифи Душанбешаҳр кӯшиш мекунанд, ки дастаҷамъона арзишҳои меъмории шаҳри азизи худро ҳифз намоянд
Табақаҳои мухталифи Душанбешаҳр кӯшиш мекунанд, ки дастаҷамъона арзишҳои меъмории шаҳри азизи худро ҳифз намоянд
Акс: Интернет

Табақаҳои мухталифи Душанбешаҳр кӯшиш мекунанд, ки дастаҷамъона арзишҳои меъмории шаҳри азизи худро ҳифз намоянд

Нашр шуд

Дар солҳои охир пойтахти Тоҷикистон намуди меъмории худро ба таври ҷиддӣ тағйир дод. Сокинони шаҳр аксар вақт ба кӯчондани биноҳои кӯҳнаи таърихӣ, ки ба гуфтаи мақомот кайҳо фарсуда шудаанд ва онҳоро барқарор кардан имконнопазир аст, ба таври манфӣ эътино мекунанд. Азбаски ба сокинони шаҳр тағйир додани нақшаи генералии тасдиқшуда ва нигоҳ доштани фазои Душанбеи кӯҳна муяссар нагардид, пас ҳар яке аз онҳо имрӯз ба тарзи худ кӯшиш мекунанд, ки меъмории ба дил наздику «муҳит»-и онро дар хотира ва бойгонии худ нигоҳ доранд. Наслҳои мухталиф, сарнавиштҳои мухталиф, равишҳои гуногуни ёдоварӣ ва ҷовидонӣ...

Таърихшинос Ғафур Шерматов қисми зиёди ҳаёти худро ба офаридани солномаи ташаккул ва рушди пойтахти Тоҷикистон бахшидааст. Вай ғанитарин бойгониро, ки аксҳо ва маълумотҳои таърихиро оиди қариб ҳар як бинои шаҳр дар бар мегирад, ҷамъ овардааст. Дар он, ба монанди мозаика, тамоми таърихи Душанбеи азиз эҷод карда шудааст. Дар китоби навбатии худ, ки дар аввали соли 2021 нашр шудааст, муаррих дар бораи нақши меъморони Ленинград дар бунёди шаҳри он Душанбе - пойтахти Тоҷикистон (дар замони Шӯравӣ) нақл мекунад.


«Эҷодиёти меъморони Ленинград дар Душанбе» - китобест дар бораи одамоне, ки шаҳрро бунёд кардаанд. Китоб дар бораи чӣ тавр зиндагӣ кардан, чӣ гуна будан ва худро чӣ гуна эҳсос кардани ин одамон бахшида шудааст. Чаро маҳз меъморони Ленинград қаҳрамон шуданд? - Чунки соли 1931 маҷаллаи «СССР дар сохтмон» ба табъ расид, ки дар он бори аввал дар бораи оғози сохтмони пойтахти Тоҷикистон сухан мерафт. Маҳз ҳамон замон Ленинград сарпарастии ҷумҳурии ҷавонро ба ӯҳда гирифт.

«Меъмор - одами оянда аст. Дурнамое, ки меъмор месозад, худ оянда аст, аммо дар баробари ин нигоҳ доштани таърих низ муҳим аст», - менависад дар китоби худ Ғафур Шерматов. Асар саропо бо андешаҳо ва ҳиссиётҳои муаллиф оганда шудааст.

Аммо агар андеша кунем, имрӯз дар ҳақиқат, шумораи биноҳои кӯҳна кам гардида истодааст ва бо масъулияти комил баён намудан лозим, ки онҳо арзиши таърихӣ доранд. Бисёре аз иншоотҳои қаблан тахрибшуда беназир буданд, зеро онҳо на аз рӯи лоиҳаҳои стандартӣ, балки аз рӯи лоиҳаҳои инфиродӣ бунёд гардида буданд. Дар ин биноҳо мавзӯъҳои аврупоию шарқӣ ба таври хос инъикос ва инчунин анъанаҳои меъморӣ омехта шуда буданд.

Сокинони маҳаллӣ чунин мешуморанд, ки биноҳои тахрибшудаи даврони Шӯравӣ дар худ намуди хоси даврони гузаштаро нигоҳ медоштанд ва нигоҳ доштани он бо пайравӣ аз дигар шаҳрҳои ҷаҳон барои насли оянда хеле муҳим буд. Ин биноҳо ансамблҳои меъмориро ташкил медоданд, ки дар паси онҳо номҳои меъморони боистеъдод офарида шуда буд. «То ба наздикӣ дар шаҳр метавонистем аз хона-музейҳои чеҳраҳои маъруфи илм, фарҳанг ва санъат, ки замоне дар оғози рушди Тоҷикистон буда, номи халқи тоҷикро дар саросари ҷаҳон машҳур гардониданд, боздид намоем, аммо имрӯз, мутаассифона, мо дигар ин имкониятро надорем», - менависад Ғафур Ашӯрович.

Дар китоб аксҳои зиёди ҳуҷҷатӣ бо тасвири меъморон, раванди кори онҳо, шаҳри кӯҳна, биноҳое, ки аллакай вайрон карда шудаанд ё ҳанӯз ҳам мавҷуданд, ҷамъ оварда шудааст. Ба таври возеҳ мешавад, ки шаҳр дар ҷои холӣ, ки офтоб сӯзондааст, пайдо шудааст.


Муаррих Душанбеи дар солҳои шӯравӣ сохташударо бо Москва ва Санкт-Петербург муқоиса мекунад, ки дар он ҷо бисёр услубу равишҳои меъморӣ ё аз аврупоиҳо гирифта шудаанд, ё меъморони аврупоӣ сохтаанд. Дар он ҷо ин биноҳоро хароб накардаанд, баръакс онҳоро ҳамчун як қисми таърих эҳтиёт менамоянд. Ғафур Шерматов аксар вақт бо ин ақида дар чорабиниҳои гуногун баромад мекунад, дар ВАО андешаронӣ мекунад ва ҳамчунин аксар вақт дар бораи аҳамияти ҳифзи мероси меъмории пойтахт мақола менависад. Ба туфайли бойгонии ҷамъоваришуда ӯ дар ҳифзи таърихи зодгоҳаш саҳми бузург гузошт.

Бояд гуфт, ки на танҳо намояндагони насли калонсол, ба монанди Ғафур Ашӯрович ба Душанбеи қадимаю азиз ҳасрат мехӯранд, балки ҷавонон низ нуқтаи назари худ ва тарзи ифодаи норозигии худро дар робита ба Душанбеи нав, доранд.

«Ман ҳамчун намояндаи ҷавонони тоҷик бо гузаштагон ва таърихи худ ифтихор мекунам. Ман мефаҳмам, ки имрӯз мо таърихи шаҳри худро хуб намедонем, ҷузъан ин ҳолат маро барои эҷоди медиа-лоиҳаи "Ҷавонӣ дар Душанбе" илҳом бахшид, - мегӯяд муаллифи лоиҳаи YouTube Азиза Қосимова.


Азиза дар бораи биноҳои боқимонда, таърих, маъно, фактҳои ҷолиб ва андешаҳое, ки дар байни сокинони шаҳр ба вуҷуд омадаанд, наворҳои кӯтоҳ мегирад. Вай ба осонӣ сокинони Душанберо бо таърихи шаҳр шинос мекунад ва бо ин мехоҳад иншоотҳои меъмории барои бисёр одамон азизро «ҳимоят» кунад.

«Ман журналист ё таърихнигор нестам, ман фақат як сокини Душанбе ҳастам, ки мавқеи шаҳрвандии худро ба ин васила баён мекунам. Ман ба тақдири шаҳри худ бетараф нестам ва мисли бисёриҳо барои тақдири он ва мероси муштараки мо мутаассирам, чун ин як пораи мост ва ман мехоҳам бо ифтихор бигӯям, ки ман тоҷикам, ман дар пойтахти Ватани худ зиндагӣ мекунам! Ман ҳамеша театри ба номи Маяковскийро мисол меорам. Ҳоло он дигар вуҷуд надорад, вале ман дар ёд дорам, ки чӣ гуна дар кӯдакӣ рӯи саҳнаи он дар якчанд намоишҳо нақш офаридам. Ман дар ёд дорам гурӯҳеро, ки дар он ҷо ҳунарнамоӣ мекард, ҳоло ин гурӯҳ муваққатан ба театри Лоҳутӣ кӯч бастааст. Аммо дар нақша аст, ки онро низ вайрон кунанд! Ман хостам онро дар ҳолати имрӯзааш акс гирам, то ки баъдан онро ба наслҳои ояндаи худ нишон диҳам», - нақл мекунад, муаллифи лоиҳаи «Ҷавонӣ дар Душанбе».


Дар оянда Азиза нақша дорад лоиҳаи аудиороҳнаморо барои осорхонаҳои Тоҷикистон таҳия кунад. Ин як барномаи телефонӣ хоҳад буд, ки дар он харитаи интерактивии шаҳри кӯҳна таҷдид карда шудааст. Тамоми хоҳишмандон метавонанд дар Душанбе сайругашт намуда, таърихи онро ба намуди ҷолибу шавқовар гӯш кунанд.

Таърихро вайрон кардан мумкин аст, аммо онро аз хотираҳо пок намудан ғайриимкон аст.


Ҳабибулло Абдураззоқов - ситораи тобони синамо


halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед