Ru  | Tj
Тарҷумони забони ҷирмҳо. Кӣ дар Душанбе нахустин астроэкскурсияро роҳандозӣ намуд?
Тарҷумони забони ҷирмҳо. Кӣ дар Душанбе нахустин астроэкскурсияро роҳандозӣ намуд?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Тарҷумони забони ҷирмҳо. Кӣ дар Душанбе нахустин астроэкскурсияро роҳандозӣ намуд?

Нашр шуд

Қобилҷон Авезови 24-сола ҷавони пурталошу дӯстдори андӯхтани донишҳои ҷадид аст. Аз кӯдакӣ монанди ҳар як хурдсоли хаёлпарвар орзуи кайҳоннавард шуданро дошт. Чун ин писарбачаи завқмандро коиноти беохир пайваста сӯйи худ мехонд. Қобилҷон баъд аз хатми мактаб намояндаи соҳаи дигар шуд, вале ҳамоно завқу хоҳиши кӯдакӣ варо ором намегузошт.

Дар овони донишомӯзӣ нахустин китобе, ки Қобилҷон дар бораи илми нуҷум (астрономия) мутолиа кард, «Донишномаи бузурги нуҷум»-и В.Г. Сурдин буд. Аз ин пас ба нуҷум таваҷҷуҳаш боз ҳам зиёд гардида, адабиёти бештарро дастрас намуд ва ба худомӯзӣ шурӯъ кард. Ҳатто аз пасандозҳои худ пайиҳам ду дурбини нуҷумӣ (телескоп) харид кард.

«Омили асосии рӯ оварданам ба нуҷум ҳисси кунҷковиям аст. Ҳар гоҳ ба осмон нигарам, сари худро бе мулоҳиза поён карда наметавонистам. Тариқи мушоҳидаи телескопӣ аз саф кашидани ситораҳо маънӣ меҷустам. Кайҳон маро водор менамуд, то дар мавриди он мулоҳиза кунам. Саволҳои беохир доир ба «пайдоиш», «ҳастӣ», «зебоӣ» ва «бузургӣ»-и кайҳон шавқу завқамро рӯз то рӯз нисбати худ меафзуд», - гуфт ӯ бо ҳаяҷон.

Қобилҷон қарор дод, ки мушоҳидаҳои ҷолиб ва таассуроти фаромӯшнашавандаи худро бо дигарон дар миён гузорад. Бо ин мақсад саҳифаи @telescope.tj-ро дар шабакаҳои иҷтимоии Instagram ва Facebook таъсис дод, то дӯстдорони ҷирмҳои осмонӣ аз эълонҳои саҳифаи иҷтимоӣ хабардор шуда, ба астроэкскурсия ҷалб шаванд.

ҒОЯИ МУШОҲИДАИ КАЙҲОН ЧӢ ТАВР ТАВЛИД ШУД?

Ин фикр дар сари Қобилҷон ҳангоми ошноӣ бо ибораи «Sidewalk Astronomy», ки маънои «Ахтаршиносии хиёбонӣ»-ро дорад, пайдо шуд. «Sidewalk Astronomy» аввалин маротиба аз ҷониби Ҷон Добсон дар хиёбонҳои шаҳри Сан-Франсиско барои нишон додани кайҳон тариқи телескоп ба роҳгузарон маъмул шуда буд. Қаҳрамони мо низ ба хулосае омад, ки ин амали некро дар Душанбе роҳандозӣ кунад, то одамон дар баробари сайругашти хиёбон бо мушоҳидаи ҷирмҳои кайҳонӣ таассуроти фаромӯшнаванда бигиранд. Қобилҷон моҳи июли соли 2021 астроэкскурсияро ташкил намуд. Ҳамин тавр, ӯ аввалин нафаре гардид, ки дар Душанбе астроэкскурсияро ба роҳ монд.

«Бештари ҳаводорони кайҳонро роҳгузарон ташкил медиҳанд, ки дар бораи кайҳон маълумоти бениҳоят кам доранд, вале ҳамоно ташнаи мушоҳидаи моҳ ҳастанд. Бархе аз роҳгузарон телескопро бо асбоби наворбардорӣ иштибоҳ мегиранд. Ва ҳатто баъзан аз ман мепурсанд: «Дар осмон чиро ба навор гирифта истодаӣ?» Таассуроти кӯдакон маро ба ваҷд меоварад. Аз ғояти шодӣ дар гирди телескоп «аҷоиб»-гӯён тоб мехӯранд. Баъзе аз бузургсолон, ки бори аввал кайҳонро тариқи телескоп менигаристанд, аз ҳаяҷони зиёд боварашон намеомад», - зикр намуд Қобилҷон.

Ӯ одатан мекӯшад, ки ҳаракати моҳу ситораҳоро дар маконҳои ториктар мушоҳида кунад, чунки дар он ҷо сайёраҳоро равшантар дидан мумкин аст. Аз ин рӯ бештар астроэкскурсияро дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ ва «Кӯли Ҷавонон» ташкил мекунад.

Қобилҷон аз лиҳози бодуҳавои номусоид дар фаслҳои зимистон ва баҳор маъракаи мушоҳидаи моҳро тариқи телескоп ташкил намекунад. Осмони софу мусаффорро то моҳи май мунтазир шуда, охири моҳи ноябр астроэкскурсияро ҷамъбаст менамояд.

Нафарони зиёд аз Қобилҷон мепурсиданд, ки телескопро аз куҷо харидорӣ намудан мумкин аст ва кадом намуди он беҳтару дастрас аст. Ӯ дарк намуд, ки ҳамватанонамон нисбати телескоп бетаваҷҷуҳ нестанд. Аз ин рӯ тариқи эълон дар саҳифаи telesсope.tj ба фурӯши телескопҳои кӯдакона сар кард. Воқеан якчанд нафароне пайдо шуданд, ки барои хурдсолони хонаводаашон харидорӣ кунанд. Аммо нисбат ба харидорон завқмандон бештар муроҷиат менамуданд. Яъне натиҷаи тахминӣ ба амал наомад.

ДАР ИНТИХОБИ КАСБ

Дар оилаи Авезовҳо қаҳрамони мо ягона нафарест, ки ба мушоҳидаи кайҳон ва омӯзиши нуҷум алоқамандӣ дорад. Аз ин рӯ илми ахтаршиносӣ барои ӯ танҳо ишқи тамомнашавандаест, ки лаҳзаҳои фориғ аз кор бо он машғул мешавад.

Волидони Қобилҷон баъд аз хатми мактаби миёна ихтиёрро ба уҳдаи писарашон супурданд. Ӯ дар интихоби касб озод буд, аз ин рӯ ба ихтисоси тарҷумони забонҳои арабӣ ва инглисӣ дохил шуд.

«Аз рӯзе, ки зарурати интихоби касбу ихтисосро дарк намудам, мақсади дар оянда тарҷумон шуданро доштам. Бинобар ин аз давраи донишомӯзӣ ба омӯзиши забони русӣ ва инглисӣ шурӯъ кардам. 25 июли соли 2016-ро накӯтарин рӯзи зиндагиям меҳисобам. Зеро дар ин рӯз ба унвони донишҷӯйӣ ноил шуда, ба олами муъҷизавии забонҳои англисию арабӣ ворид гардидам», - ёд овард аз он даврони тиллоӣ Қобилҷон.

Ӯ ҳамакнун дар маркази таълимии «TMC Education» аз забони инглисӣ дарс мегӯяд. Ба хоҳишмандон барои азхуд кардани забони анлисӣ дар бахши коргузорӣ, суҳбат, саёҳат, омодагӣ ба имтиҳонҳои дохилшавӣ ва омӯзиши ибтидоиро ба муддати 3 моҳ пешниҳод мекунад. Ҳамчунин дарсҳои бархат (онлайнӣ)-ро ба роҳ мондааст. Дарсҳои онлайниро бо мақсади ҷалби забономӯзон аз Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо баргузор менамояд. Ин шабу рӯз заҳматҳои Қобилҷон самар оварда, хоҳишмандони зиёдро тариқи омӯзиши фосилавӣ гирди худ ҷамъ овардааст.

ПАЙРАВИ АБӮРАЙҲОНИ БЕРУНӢ

Ба гуфтаи Қобилҷон, бешубҳа ҳар нафари ҳаваскор метавонад монанди ӯ бо ахтаршиносӣ машғул бошад. Нахустин қадамро аз мутолиаи китобҳои нуҷум оғоз бояд кард ва сипас истифодаи телескопро аз дастурҳои роҳнамо ё маълумоту наворҳои фазои маҷозӣ омӯхтан лозим аст. Чунки тавре дар боло низ зикр гардид, Қобилҷон дар ин ҷода устод надорад. Ҳамаи донишҳоро аз тариқи худомӯзӣ азхуд кардааст.

Ӯ мехоҳад пайрави яке аз бузургтарин алломаҳои машриқзамин Абӯрайҳони Берунӣ бошад. Дар ин баробар ҳаводори астроном Ҷон Добсон, астрофизикҳо Стивен Хокинг ва Нил Деграсс Тайсон низ ҳаст. Ӯ чун ахтаршиноси ҳаваскор қисматҳои астрофизика ва кайҳоншиносӣ (космология)-ро азхуд мекунад. Ва ҳоло бошад ба мутолиаи «Space 2069»-и Дэвид Уайтҳаус шурӯъ намудааст.

«Дар овони кӯдакӣ бо бародарам ситораҳоро ҳисоб мекардем. Ҳамин ки ба осмон нигоҳ мекардам, аз он чашм кандан ғайриимкон буд. Ҳаракати Офтобу Моҳтоб бароям аҷиб менамуд. Мегуфтам чаро ҳарду ҳамзамон нурпошӣ намекунанд, яке паси ҳамдигар пайдо мешаванд. Пас аз ба мактаб рафтан ва хондани фанни нуҷум комилан тасаввуроти кӯдакӣ тағйир шуд», - мегӯяд ҷавони кайҳондӯстдор.

Имрӯз Қобилҷон бесаброна мунтазири моҳи май аст, то ҳамроҳи телескопи азизаш мавсими навбатии астроэкскурсияро ташкил намуда, дар хотираи сокинони пойтахт аз ҷирмҳои осмонӣ таассуроти фаромушношуданӣ сабт намояд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед