Ru  | Tj
Тоҷикдухтар ба ҷаҳониён зебоӣ мебахшад
Тоҷикдухтар ба ҷаҳониён зебоӣ мебахшад
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Тоҷикдухтар ба ҷаҳониён зебоӣ мебахшад

Нашр шуд

Ин ҷавонбонуи резапайкар нафарест, ки дар зиндагӣ миёни нохубиҳо хубӣ меҷӯяд, дунёро бо чашми дигар менигарад ва ҷӯёи рангҳои зебои зиндагист. Бо дастони муъҷизаофаринаш ба ҳамагон зебоӣ мебахшад, дунёи онҳоро рангин ва ҳаётро барояшон гуворо месозад.

Робия Ахмедова зодаи Тоҷикистон дар яке аз шаҳрҳои зеботарини ҷаҳон – Дубай ба бонувони маҳаллӣ кумак мерасонад, то зебову дилрабо бинмоянд. Аниқтараш, ӯ пешаи ороишгарӣ (косметологӣ)-ро баргузидааст ва ба ин васила ба ҳусну ҷамоли бонувон зебоии дигаре зам менамояд.


ҲАВАСҲОИ БАЧАГӢ

Хурдсол буд, ба ҳамаи он чизе, ки дар атроф вуҷуд дошт, аз нигоҳи зебоӣ менигарист. Он лаҳзаҳо гумон мекард, ки инсон ҳуқуқи зебо набуданро надорад. Дар гуфтору рафтор ва ҳусну ҷамолу либоспӯшӣ бояд зебоӣ дар мадди аввал қарор гирад. Ҳанӯз ҳам ба ин ақидаи худ устувор аст.

– Он замон бо вуҷуди кӯдак буданам ҳамаро зебо дидан мехостам. Як ҳиссе дар қалбам ҷо шуда буд, ки бузург шавам, пешаеро аз худ менамоям, ки вазифааш танҳо зебоӣ бахшидан бошад. Агарчи он замон сарфаҳми чӣ будани пешаву касбро намерафтам. Аммо ҳамеша ин орзу дар қалбам ҷӯш мезад, - ёдовар мешавад он овонро.

Баробари бузург шудан тасмим гирифт, ки орзуяшро амалӣ созад.


МУҚОБИЛИЯТИ ПАДАР

Қиблагоҳаш вақте фаҳмид, ки нияти идомаи таҳсил дорад, хушҳол гардид, вале баробари огоҳ шудан аз нияти духтараш норозигӣ баён намуд. Борони насиҳат мерехт аз нӯги забонаш ҳар пайти мувофиқу мавриди мусоид. Бад-ин дастур мехост кафтари хаёлҳои ширинро, ки дар дили Робия лона мондааст, бирамонад. Падар ҳеч намехост, ки духтараш ороишгар шавад.

Робия бошад, барои ба даст овардани розигии падар чораю усули ризоияти падарро меандешид. Ҳарчанд ба фикру андеша мерафт, василаи беҳтаре ҷуз рад накардани сухани падар намедид. Ниҳоят ба хулосае омад, ки ба факултаи кори тиббӣ ҳуҷҷат супораду пешаи табиб-ҷарроҳро интихоб намояд. Падар аз ин интихоби духтараш қаноатманд гардиду дуои некаш дод.

Ҳамин тавр, ӯ донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино шуд ва онро соли 2017 бо ихтисоси табиб-ҷарроҳ ба итмом расонд.


ТАБИБ-ОРОИШГАР

Бо он ки Робия зинаи интернатураро низ дар самти духтури ҷарроҳ идома медод, ҳанӯз барои амалӣ сохтани орзуи кӯдакиаш талош меварзид. Дар миёни таҳсил рухсатии академӣ гирифта, озими Федератсияи Русия шуд. Он ҷо ба курсҳои омӯзишии ороишгарӣ рафта, нозукиҳои ин пешаро аз худ намуд.

Баробари ба Ватан баргаштан, аснои таҳсил, фаъолияташро низ ҳамчун ороишгар-зебоишинос оғоз бахшид. Баъд аз як муддати фаъолият, ҳамчун табиби пластикаи контурӣ корашро идома бахшид. Агарчи дар хориҷ аз кишвар нозукиҳои ин пешаро азхуд карда буд, ҳамоно аз устодони ин соҳа дар кишвар низ пайваста маслиҳату машварат мегирифт.

– Аз устодонам, ки дар омӯзиши нозукиҳои пешаи ороишгарӣ кумакам намуданд, миннатдорам. Ба бонуи кордон Назира Раҷабова сипос мегӯям, ки замони фаъолиятам пайваста баҳри рушди ман дар ин соҳа ҷаҳду талош меварзид. Бо дастгирии онҳо такмил ёфтам, - бо ифтихор иброз медорад ӯ.


ДУ ҶОНИБИ МУВАФФАҚИЯТ

Соли 2020 дари бахт ба рӯйи Робия кушода шуд. Азбаски ҳамсафари зиндагияш дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ кору фаъолият дошт, ӯро низ зарур омад, ки бо шавҳар якҷо бошаду он ҷо зиндагӣ ихтиёр намояд.

Зиндагӣ дар Дубай ба Робиябону имкон фароҳам овард, то фаъолияташро такмил диҳаду бо мутахассисони сатҳи байналмилалӣ фаъолияташро ба роҳ монад. Азбаски Робия забонҳои хориҷиро балад аст, кору зиндагӣ дар хориҷ аз кишвар барояш мушкилӣ пеш наовард. Алҳол ӯ дар яке аз дармонгоҳҳои бонуфузи ноҳияи Ҷумейраҳ фаъолияташро ба роҳ мондааст. Дар ин росто дар давраҳои омӯзишии ороишгарии шаҳри Дубай низ донишандӯзӣ менамояд, то нозукиҳои соҳаро ба хубӣ азбар кунад.

– Дар ҳар як кишвар кор нозукии худро дорад. Инҷо иқлиму муҳит ва фарҳанги забон дигар аст. Мебояд, ки мувофиқ ба табъи дил ва мутобиқ ба пӯсти онҳо амалҳоро анҷом дод. Кори ороишгарӣ ниҳоят нозук асту эҳтиёткориро талаб менамояд, - мефаҳмонад Робиябону.

Робия бо як майлу хоҳиши том имрӯз ба мизоҷон дар самти пластикаи контурии васеъ ва ҷарроҳии пластикӣ хидмат мерасонад. Бештари мизоҷонаш хориҷиён буда, аз кору амалҳои анҷомдодаи ӯ хушҳоланду қаноатманд. Ва худ низ фараҳманд аз он аст, ки тавониста ба касе зебоӣ офараду қалбашонро шоду масрур гардонад.


САФАР БА ҲАМСОЯКИШВАРҲО

Бо вуҷуди он ки ӯ дар шаҳри Дубай кору зиндагӣ дорад, ҳамоно ба кишварҳои ҳамсояи Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистону Туркия низ сафарҳо анҷом медиҳад.

– Хурсанд намудани як инсон корест мушкил. Имрӯз, ки ин имкониятро дораму каме ҳам бошад, бо истифода аз пешаам ба инсонҳо хушҳолӣ ҳадя месозаму баҳри он талош меварзам. Вақте дар чеҳраи нафаре хушҳолиро мебинам, сарфи назар аз он ки шаҳрванди кадом миллат аст, худро хушбахттарин инсон эҳсос мекунам. Ин лаҳзаҳоро тасвир кардан ғайриимкон аст. Танҳо боиси ифтихору фараҳмандист, - бо хушҳолӣ мегӯяд Р. Ахмедова.

Агарчи ӯ ҳанӯз 29 сол дорад, 9 соли ҳаёташро баҳри зебоиофаринӣ бахшидааст. Сафарҳояш ба ҳамсоякишварҳо ва қабули мизоҷон шаш сол мешавад, ки идома дорад. Пайваста чунин сафарҳоро баъд аз 3-4 моҳ ба роҳ мемонад ва аз ҳар кадоми онҳо барои худ таҷриба мегирад.

Барои беҳтар ба роҳ мондани хидматрасониҳояш ҳамвора дар давраҳои омӯзишӣ дар хориҷи кишвар ширкат варзида, аз тамоми нозукиҳои ин соҳа бархурдор шудан мехоҳад. Чун ба қавли Робия, пешаи интихобкардааш дар ҳоли рушд асту ҳар рӯз метавонад навгоние рӯйи кор ояд. Муҳимтар аз ҳама, тарзи дурусти истифодаи доруҳоро хеле муҳим мешуморад, зеро дар сурати соҳиби сертификат набудани доруҳо метавонад, ки инсонро ба бемориҳои хавфнок мубтало намояд.


Аз он ғамгин аст, ки имрӯзҳо амалҳои ороишгарӣ (косметологӣ)-ро шахсони бидуни маълумоти тиббидошта низ анҷом дода истодаанд, ки хавфи калон ба саломатии инсон дорад. Эҳтимол аст, ки «хидмат»-и онҳо ба бемориҳои онкологӣ оварда расонад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед