Ru  | Tj
Тоҷикписаре, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Шоҳрух Юнусов кист?
Тоҷикписаре, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Шоҳрух Юнусов кист?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Тоҷикписаре, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Шоҳрух Юнусов кист?

Нашр шуд

Шавқу завқ ва алоқамандӣ ба санъати мусиқии классикӣ ҳанӯз аз шашсолагӣ қаҳрамони матлаби моро ба саҳнаи ҳунар овард. Опера ба ӯ дунёи орзуҳояшро нишон дод. Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна аллакай саҳнаҳои калонро тасхир карда, иштирокчӣ ва ғолиби озмунҳои байналмилалӣ дар Италияву Туркия ва дигар кишварҳои аврупоӣ шуда буд. Баромадҳои ӯро садҳо нафар бинанда ва доварони сабқати ҳунарӣ хуш пазируфта, баҳои арзанда медоданд. Вақте исми Тоҷикистону намояндаи он Шоҳрух Юнусов ба ҳайси ғолиби озмун дар саҳнаҳои калони Аврупо садо медод, қаҳрамони мо ба дарки ҷумлаи муаррифгари ватану миллат амиқтар расид. Ҳамон ҳин ӯ тасмим гирифт, ки таҳсилро дар Аврупо бояд идома диҳаду давлату миллатро боз ҳам арзандатар муаррифӣ кунад.

Истеъдоди баланд ва ниятҳои нек буд, ки Шоҳрух Юнусов, тоҷикписар, соли 2017 аввалин донишҷӯй дар таърихи Консерваторияи давлатии ба номи Ҷузепе Вердеи шаҳри Милани Италия аз кишварҳои Осиёи Марказӣ гардид. Дар амалӣ гардидани ин орзуи қаҳрамони матлаби мо дастгириҳои роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат ва розигиву саҳми волидайн низ нақши калон доштанд. Шоҳрух зинаи бакалаврияти Консерваторияро бо баҳои аъло хатм карда, имрӯз ба ҳайси магистр таҳсилашро идома медиҳад.

Баробар бо таҳсилу такмили истеъдод Шоҳрух Юнусов ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ диққати хоса дода, имрӯз бо 5 забон озодона суҳбат карда метавонад. Ӯ барои дӯстдорони опера метавонад бо 15 забони дунё сарояд. Садои фораму руҳнавоз, маҳорати баланди операсароӣ ва забондонӣ ба ӯ имкон додааст, ки Тоҷикистонро дар Аврупо ва ҷаҳон муаррифӣ намояд. Аз суҳбат бо Шоҳрух маълум гардид, ки дар аввалин дарсҳояш ҳамсабақон ва ҳатто омӯзгорон дар бораи Тоҷикистон аз ӯ бисёр мепурсидаанд. Имрӯз бошад, аҳли Консерватория дар мавриди кишвари мо зиёд медонанд ва яке аз устодони ин даргоҳ Делфо Минекучи ҳамроҳ бо Шоҳрух Юнусов соли 2021 ба Тоҷикистон омада буд.


Қаҳрамони матлаби мо, то дохил шудан ба бахши магистратураи Консерваторияи давлатии Милан давоми 6 моҳ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ кор карда, ҳамроҳ бо Делфо Минекучи 3 моҳ барои кормандони ин даргоҳ семинарҳои омӯзишӣ баргузор намуд. Ҳамчунин, онҳо ду маротиба консерт ташкил карданд, ки садҳо нафар ҳаводори санъати асилро гирди ҳам овард. Делфо Минекучи унвони профессорӣ дошта, масъулияти роҳбари бадеии Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистонро низ ба уҳда дорад. Номбурда, инчунин, соли равон низ ба кишвари мо омада дар барномаҳои ҳунарии Театр саҳм гузошт. Делфо Минекучи аз Тоҷикистон ва мардуми он таассуроти нек бардоштааст.


Шоҳрух Юнусов ҳамроҳ бо ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бори аввал дар таърихи Театр, операи ҷовидонаи Ҷузеппе Верди «Травиата»-ро бо забони асл-итолёвӣ омода карда, моҳи апрели соли 2022 ба намоиш гузошт, ки аз тарафи бинандагон баҳои баланд гирифт.

Шоҳрух то имрӯз дар чандин намоишҳои театрҳои машҳури Аврупо баромад карда, аз ҷониби театрҳои операвии Аврупо ва ИМА барои кор таклиф гардидааст. Ӯ ният дорад, дар саҳнаҳои бузурги ҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ ва бо истеъдоди баланд Тоҷикистонро бештар муаррифӣ намояд. Қаҳрамони матлаби мо айни ҳол бо сарояндагони машҳури опера Анна Нетрепко ва Юсиф Айвазов ҳамкорӣ дорад.


Хонандаи азиз, инҷо мехоҳам воқеаеро ба ёд биорам, ки қаҳрамони матлабро бароятон боз ҳам наздиктар ошно менамояд. Моҳи марти соли 2020. Қисме аз кишварҳои ҷаҳон дар муқобили пандемияи он вақт бедаво - коронавирус дасту по мезаданд. Ҳама ҷо тарсу ваҳм, нигаронӣ, руҳшикастагӣ ва ғаму андуҳ ҳокими иродаи инсонӣ гаштан мехост. Расонаҳо ҳам пурра аз ҳамин хусус мегуфтанд. Ҳамон шабу рӯз дар Италия низ вазъият ниҳоят душвор гардида буду мардум дар карантин ҳолати хуби равонӣ надошт. Тоҷикписаре бо истеъдод ва иродаву ҳисси инсондӯстӣ ба айвони манзили истиқоматӣ баромада, барои баланд бардоштани руҳияи ҳамсоягон суруди машҳури «O Sole Mio» ё худ «Офтоби ман»-ро сароид. Ҳамсоягон онро бо кафкубии бардавом ва таҳсину офарин истиқбол карданд. Як лаҳза ҳам бошад, ба лабу даҳонашон хандаю табассум омад. Навори операсаройии Шоҳрух Юнусов дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои ҷаҳон васеъ паҳн гардид. Ин иқдом ба қаҳрамони матлаби мо шуҳрати баланд ва дӯстони зиёд дод. 

Шоҳрух дар суҳбат бо мо гуфт, ҳар амале, ки анҷом медиҳад, пеш аз ҳама шаъни Тоҷикистону миллати соҳибтамаддуни тоҷикро ба назар мегирад. Зимни сафарҳояш ба Тоҷикистон армуғону туҳфаҳо бо ороишоти миллӣ харида ба ҳамсабақону омӯзгоронаш дар Консерваторияи давлатии шаҳри Милан мебарад.


Қаҳрамони матлаби мо мегӯяд, ки модараш барои ӯ дар ҳар сафараш матоҳои атласу адрас, чакан, беқасаб, тоқӣ ва ҳатто меваҳои шаҳдборро махсус омода мекунад, то онҳоро ҳамчун омили муаррификунандаи Ватан ба ёру дӯстонаш бирасонад.

Шоҳрух Юнусов дар оянда нақшаҳои зиёд дорад. Аз ҷумла мехоҳад дар ҳамкорӣ бо намояндагии Тоҷикистон барои муаррифии бештари санъату ҳунар ва таъриху фарҳанги кишвар дар Италия ва дигар давлатҳои аврупоӣ чорабиниҳои фарҳангӣ доир намояд.

Ӯ 23-юми августи соли 1998 дар оилаи зиёӣ таваллуд шуда, таҳсилоти ибтидоию миёнаи умумиро дар шаҳрҳои Конибодому Душанбе гирифтааст.


Навои сози қонун: Гулҷамол чаро қонуннавозӣ омӯхт?












Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед