Ru  | Tj
То марҳилаи ниҳоии бозӣ. Ғолиби «Поле чудес» Маҳбуба Содиқова кист?
То марҳилаи ниҳоии бозӣ. Ғолиби «Поле чудес» Маҳбуба Содиқова кист?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

То марҳилаи ниҳоии бозӣ. Ғолиби «Поле чудес» Маҳбуба Содиқова кист?

Нашр шуд

Маҳбуба Содиқова бонуи тоҷикистониест, ки дар шаҳри Хуҷанд ба камол расидааст. Ӯ чанде пеш дар барномаи телевизиёнии “Поле чудес”, ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии чой – 15-уми декабр намоиш дода шуд, ширкат варзид. Мавсуф аз ҷумлаи камшумортарин тоҷиконест, ки дар пайдо кардани ҳарфҳои вожаҳои русӣ маҳорати хуб нишон дода, то қисми ниҳоии бозии телевизиёнӣ расид. Зимнан аз иштирок дар бозии сатҳи душвортар (суперигры) худдорӣ карда, аз рӯйи холҳои бадастовардааш соҳиби туҳфаҳои арзишманд шуд. Гуфтанист, ки бозии телевизиёнии “Поле чудес” 33 сол боз пахш шуда, гардонандаи саршиноси он Леонид Якубович мебошад.

Бонуи тоҷик 67-сола буда, соҳиби 3 фарзанд ва 7 набераи дӯстрӯ мебошад. Феълан мавсуф бознишаста буда, бо аҳли оила дар шаҳри Маскав умр ба сар мебарад. Ӯ табиатан шахси зиндадил ва ҳамеша хушбин аст. Талош меварзад, ки ҳамеша ҳаёти тарзи солим дошта бошад. Касеро ранҷонидан намехоҳад, баръакс талош мекунад, то ҳамаро шод кунад. Бонуест хеле боҷуръат. Чанде пеш ба Миср саёҳат карда, ҷойҳои торихиро тамошо кард. Ҳамзамон бо ёрии дастурдиҳанда дар мавзеъи вижа, ки имкони тамошои қаъри Баҳри Сурх мавҷуд аст, шино кард. Ҳаёти зери обро бо чашми сар дид. Сарфи назар аз он ки қобилияти шиноварзӣ надорад, ба иҷрои ин амал розӣ шуд. Яъне хеле бебок аст ва барои иҷрои ҳар кор лаёқату қобилияти худро месанҷад. Ин навбат низ дар "Поле чудес" боҷуръатона ширкат варзид ва пирӯз шуд.


Дар расонаҳои Тоҷикистон ва шабакаҳои иҷтимоъӣ хабари иштироки вай дар барномаи “Поле чудес” нашр шуд. Корбарон нисбат ба шахсияту маҳорати зани тоҷик баҳои баланд дода, ҳарфҳои гарму самимӣ изҳор карданд. Муаллифи Halva.tj бо бону Маҳбуба Содиқова ҳамсуҳбат шуда, дар бораи ширкат варзидан дар “Поле чудес”, махсусияти оиладорӣ, аҳамияти забондону қонундон будани ҷавонон, наврасиву ҷавонии мавсуф пурсон шуд.

ШИРКАТ ДАР БОЗИИ ТЕЛЕВИЗИЁНИИ “ПОЛЕ ЧУДЕС”

Иштироки Маҳбуба Содиқова дар “Поле чудес” ба таври ногаҳонӣ сурат гирифт. Ӯ аввал мехост, ки наберааш дар ин барнома ширкат варзад. Аммо масъулон гуфтанд, ки тибқи муқаррарот навраси 14-сола ҳамчун бозигар имкони иштирок дар бозиро надорад. Баъдан қарор шуд, ки худаш иштироккунандаи бозӣ мешавад. Барои он ягон омодагии махсус надид, аз чӣ тарз гузаштани барнома низ ягон маълумот надошт. Танҳо ҳуҷҷатҳои расмиро барои иштирок равон карду халос.

“Аслан дар хона нишаста, бозии калимаёбӣ (кросворд)-ро пур кардан як кор асту иштирок дар бозии “Поле чудес” кори дигар. Ростӣ, агар хато накунам, чанд сол боз ин барномаро дуруст тамошо накарда будам. Лекин солҳое, ки ҷавонтар будем, бо шавҳарам ҳамаи нашри “Поле чудес”-ро тамошо карда, ба суолҳои ҷолиби он ҷавоб меёбем. Ҳеч тасаввур намекардам, ки баъди чандин сол дар он иштирок мекунам”, - ба ёд меорад зани тоҷик.
Маҳбуба Содиқова дар ҷараёни сабти барнома зери бори ҳаяҷону ҳиссиёт монда буд. Аз зарби ҳаяҷони зиёд дар бархе маврид чӣ гуфтани Леонид Якубовичро нашунида монд ва каме худро гум кард. Ба чӣ сухан гуфтан ва кадом ҳарфро гуфтан бештар таваҷҷуҳ кард. То охири сабт худро гӯиё дар ягон вакуум танҳо ҳис кард. Ӯ сабти пурраи бозиро то ҳол надидааст. Мегӯяд, ки барои дидани он каме хиҷолат мекашад. То имрӯз ёру дӯстонаш порчаҳои видйо аз “Поле чудес”-ро бурида, равон мекунанду барояш аҳсану офарин мехонанд. Барояш мавҷи табрикот ва таманниёти неки корбарони шабакаҳои иҷтимоъиро мерасонанд. Ба шарофати суханҳои хуби онҳо ба наздикӣ тасмим мегирад, то шакли пурраи барномаро бибинад.

- Ростӣ, ҳарфҳо бе мушкилӣ ба забонам омад. Бештар он ҳарфҳоеро гуфтам, ки хости зеҳну дил буд. Албатта забони русӣ бароям забони модарӣ нест, аммо барои мо, зодагони даврони Иттиҳодияи Шӯравӣ он забони муҳиму пуристифода буд. Бо итминон мегӯям, ки онро 90 дарсад медонам. Бозӣ ҳам бароям душвор набуд. Иброз кардани он ҳиссиёте, ки то даври ниҳоӣ расидан маро фаро мегирифт, ғайриимкон аст. Хеле хурсандам, ки ба Леонид Якубович тоқиву ҷомаи миллӣ ва дигар армуғонҳои миллиро аз номи тоҷикон тақдим кардам. Ҷомаву тоқиро тарроҳи хушноми тоҷик Биқурбон Ахмедова, ки зодаи шаҳри Хуҷанди бостонисту имрӯз сокини Маскав аст, омода кард. Аз бозӣ соҳиби туҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла ҷом ва китоби ёддоштҳои Леонид Якубович, телевизор, роёна, телефон, асбобҳои маишӣ ва 5 ҳазор рубл ҷоизапулӣ насибам шуд. Ба масъулони барнома ва онҳое, ки бо самимият ба иштироки ман баҳои хуб доданд, сипос мегӯям, - афзуд ғолиби бозии “Поле чудес”.


МАҲФИЛИ ДУГОНАҲО ВА МАРКАЗИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКОН ДАР МАСКАВ

Маҳбуба Содиқова чанд сол пеш дар Маскав дар маросими “Ҳанги ҷовидон” иштирок карда буд. Парчами Тоҷикистонро дар онҷо дида, ба сафи ҳамватанон пайваст шуда буд. Ҳамин тавр бо чанде аз дӯстони ҳамватан аз шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе, Конибодому Исфара, Кӯлобу Хоруғ шиносоӣ пайдо кард. Дӯстии онҳо дар доираи ҳамоишҳои гуногуни Маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав боз ҳам қавитар шуд.

“Расо 12 сол мешавад, ки бознишаста ҳастам. Дар ин вақт низ бекор нанишастам. Вақте дар маъракаҳое, ки Маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав баргузор мекард, ширкат меварзидам, ҳаёт ранги дигар мегирифт. Дӯстони ҳамватани зиёдеро дар ин ҷо ёфтам. Соли сеюм аст, ки гурӯҳи “Маҳфили дугонаҳо” дар Маскав фаъъол аст. Ман яке аз мудирони гурӯҳ ҳастам. Он барои мо табдил ба як оила шудааст. Кӯшиш мекунем, ки барои бонувони тоҷик, ки барои ризқу рӯзӣ пайдо кардан ба Маскав ва ё дигар минтақаҳои Русия меоянд, аз ҷиҳати дарёфти кори хуб, ҳуҷра ва дар дигар маврид кумак расонем. Бо занони тоҷик, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, алоқа дорем, ба онҳо низ кумак мекунем, то кори хубу муносиб ёбанд. Ба камтавонҳо ва бенавоён ҳам мадад мерасонем. Дирӯз нишасти солинавиро бо 170 зани тоҷик, ки дар Маскав зиндагӣ ва фаъолият доранд, баргузор кардем. Хурсандам, ки занони тоҷик дур аз Ватан низ ҷамъу тифоқ шуда, барои ободонии ватан ҳисса мегузоранд”, - афзун ин зани фаъол.


“ОИЛА ЯК МУШТИ МАҲКАМ БОЯД БОШАД”

Қаҳрамони мо соҳиби оилаи хушбахт аст. Ӯ дар хусуси оиладорӣ меафзояд, ки оила ҳамон вақт солим аст, ки нисбат ба якдигар иззату эҳтиром ва бовар вуҷуд дошта бошад. Дар миёни зану шавҳар фиребу найранг, ҷудо кардани кори хона набояд бошад. Оила мисли як мушт бояд мустаҳкам бошад, то ба зиндагии осоишта даст ёбад.

- Хушбахтам, ки бо шавҳарам ба ҳамин синну сол расидам. Он кас бароям ҳамсари хуб, дӯсту ҳамсуҳбати беҳтарин ҳастанд. Шукри Парвардигор, ки фарзандони хубро ба камол расонидем. Онҳо имрӯз соҳибкор буда, оилаи хубу фаъъолияти самаранок доранд. Бо ҳамроҳи шавҳарам мушкилоти ҳаётро паси сар карда, зиндагии хуберо соҳиб шудем. Шукр мегӯям ва аз ҳаёти худ розиям, - изҳор дошт Маҳбуба Содиқова.


ДАР БОРАИ ҶАВОНОНЕ, КИ БА МУҲОҶИРАТ МЕРАВАНД

Ба фикри қаҳрамони мо, ҳар ҷавон чӣ духтару чӣ писар бояд забонҳои хориҷиро, минҷумла русиву инглисиро биомӯзанд. Вақте ба муҳоҷират рафтанӣ шуданд, бо қонуну қоидаи давлати мерафтаашон ошно шаванд. Дар муҳоҷират ҳар шахс тайёр бояд бошад, то ҳуқуқу манфиатҳои худро ҳимоя карда тавонад.

“Дили ҳар модар реш мешавад, вақте мебинад, ки ҷавоне дар муҳоҷират ҳуқуқҳояшро намедонад, худро ҳимоя карда наметавонад. Ягона маслиҳати ман ба ҷавонони тоҷик ин аст, ки забон омӯзанд ва аз қонунҳои ҷорӣ ва ҳуқуқҳои худ хубтару беҳтар огоҳӣ ёбанд. Ба кори онҳо барору комгорӣ орзумандам”, - афзуд модари тоҷик.
ЁДЕ АЗ ҶАВОНӢ

Маҳбуба Содиқова мегӯяд, ки дар айёми ҷавонӣ низ хушбахт буд, зеро волидон имкон фароҳам оварданд, ки дар риштаи интихобкардааш таҳсил кунад. Ӯ пас аз хатми муассисаи № 7-и шаҳри Хуҷанд ба Ҳунаристони савдои шаҳри Душанбе дохил шуд. Ин боргоҳро хатм карда, ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ба риштаи иқтисодиёт дохил шуд.

“Пас адои таҳсил дар донишгоҳ дар Душанбе мондам. Дар корхонаи маҳсулоти озуқавории Тоҷикистон ба кор пардохтам. Пас аз чанде аз тарафи корхона соҳиби кошона шудам. Корамро хеле дӯст медоштам. Волидон даъват карданд, ки боз ба Хуҷанд баргардам. Ба Хуҷанд омадам. Оиладор шудам. Дар солҳои гуногун дар чанд ҷо, аз ҷумла дар бахши омори ҳукумати вилоят, идораи сохтмонсозии №4, Иттиҳодияи касаба ва соҳаи истеҳсоли кишоварзӣ кор кардам. Дар як вақт ҳам модари 3 фарзанд ва ҳам корманди масъулиятшинос будам. Кӯдаконам калон мешуданд, зарурат пеш меомад ,ки барояшон вақти зиёдтарро бахшам. Бадбахтона, солҳои 1990-1997 марҳилаи душворе барои мардуми Тоҷикистон буд. Дар соли 1995 бисёре аз корхонаҳои давлатӣ аз кор монд. Ман низ ба соҳибкории хурд машғул шудам. Пас аз соли 1995 бо ҳамроҳии шавҳарам, ки низомии бознишаста шуда буданд, дар ватан кори хубе наёфтем. Бинобар ин ба Маскав муҳоҷир шудем”, - нақл кард қаҳрамони мо.


ДАВРОНИ КӮДАКӢ ДАР МАНОТИҚИ ГУНОГУНИ КИШВАР

Падари Маҳбуба Содиқова корманди соҳаи амнияти замони Шӯравӣ буд. Он кас барои иҷрои хидмати давлатӣ ба манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ба муҳлати дароз фиристода мешуданд. Аз инҷост, ки кӯдакии Маҳбуба ва ва хоҳарону додаронаш хеле ҷолибу рангоранг сипарӣ шудааст.

“Дар оила 5 фарзанд будем. Ҳамаи мо дар ҳар минтақа таваллуд шудаем. Яке дар Қурғонтеппа, дувумин дар Ёвон, савумин дар Хоруғ, чорумин дар Кӯлоб ва ман дар шаҳри Тошканд ба дунё омадаам. Модарам хонашин буданд. Вақте ба ҳар минтақа мерафтем, гӯиши онҳоро ёд мегирифтем. Ба тарзи ҳаёти онҳо омӯхта мешудем. Ёд дорам, ки он солҳо зиндагӣ дар Қалъаи Хумб, Ванҷ хеле душвор буд”, - ба ёд овард ҳамсуҳбати мо.

Вақте оилаи онҳо дар деҳаи Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз зиндагӣ мекард, Маҳбубаи наврас ба синфи 1 рафт. Мактаби онҳо дар мавзеъи баландӣ воқеъ буд ва ба сарҳади Афғонистон наздик буд. Вақти ҳар танаффус онҳо ба як кунҷи баландӣ наздик шуда, ба поён, ки рӯдчае ҷорӣ буду кӯдакону наврасони афғонистонӣ бо бозӣ машғул буданд, менигаристанд. Аз он тараф низ кӯдакони афғонистонӣ ба боло менигаристанд. Ба сӯйи ҳамдигар сангчаҳо партофта, гӯиё бо ин тарз дуруду пайғом мефиристоданд.


- Дар Ванҷ низ чанд муддат зистем. Хонаамон дар наздикии рӯди пурҷӯшу хурӯши Панҷ воқеъ буд. Ёд дорам, ки обаш хунук ва хеле бошиддат ҷорӣ мешуд. Дар фасли зимистон обҳои қад-қади соҳили рӯд ях мекард. Дар болои ях оҳиста-оҳиста қадам зада, барои обгирӣ поёнтари рӯд мефаромадем. Дасту рӯямон аз хунукӣ суп-сурх мешуд. Баъзан вақт нафаҳмида мемондем, ки равиши об чӣ гуна чойнику сатилҳоямонро гирифта мебарад. Дар хонаи воқеъ дар Ванҷ ҷое буд, ки чинори калоне дошт. Онро ҳатто оғӯш кардан ғайриимкон буд. Гӯиши ванҷию дарҷозиро аз худ мекардам. Он солҳо шароити зист дар Қалъаи Хумб, Ванҷ ва Хоруғ он қадр хуб набуд. Дар мактаби Қалъаи Хумб дар як синфхона донишомӯзони синфи 1, 5, 6 якҷо таҳсил мекардем. Он замон бо ҳама хубӣ ва норасоиҳояш гузашт. Ман бовар дорам, ки имрӯз донишомӯзони тоҷик шароити хуби омӯзишро доранд. Ба онҳо дар хонишу омӯзиш барору комёбӣ мехоҳам, - изҳор дошт бонуи тоҷик.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед