Ru  | Tj
Усто–Абдуқаҳҳори қолинбоф: “Бе ғайрат, тоқат ва хоҳиш ҳунар аз байн меравад!
Усто–Абдуқаҳҳори қолинбоф: “Бе ғайрат, тоқат ва хоҳиш ҳунар аз байн меравад!
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Усто–Абдуқаҳҳори қолинбоф: “Бе ғайрат, тоқат ва хоҳиш ҳунар аз байн меравад!

Нашр шуд

Абдуқаҳҳор Ҳамдамов сокини 47 - солаи шаҳри Истарашан. Ӯ дар оилаи қолинбоф таваллуд шудааст. Падараш – Абдуҷаббор Ҳамдамов ва модараш – Муҳаббат Шорофиева қолинбофони номдори Истравшан будаанд. Қаҳрамони мо - Абдуқаҳҳор низ мақоли халқии “мероси падар хоҳӣ – касби падар омӯз”- ро пеша карда, яке аз заҳматписандтарин ҳунар – қолинбофиро ёд мегирад. Қариб 30 сол мешавад, ки усто-Абдуқаҳҳор давомдиҳандаи пешаи волидон аст. Имрӯз ӯ дар шаҳри Истарашавн яке аз устоҳои шинохта маҳсуб меёбад.

Ӯ дар суҳбат бо Halva.tj доир ба мавҷуд будани имконоти пешрафти қолинбофӣ, ки яке аз ҳунарҳои қадимаи тоҷикон аст ва роҳҳои аз нестшавӣ нигоҳ доштани он изҳори назар кард.


Қолинбофӣ чӣ гуна ҳунар аст?

“Мактабро тамом накарда будам, лекин аллакай, аз уҳдаи бофтани қолинҳои ҳаҷман хурд мебаромадам. Аввалин қолини бофтаи ман ҷойнамоз буд. Онро ба модарам тӯҳфа карда будам. Он кас ҳадяи ночизи маро гирифта, аз пешониам бӯсида, хушбахтиву хушномии маро орзу карда буданд. Ин аввалин ва охирин баҳои арзанда ва беарзиш нисбат ба ҳунари ман буд” – рӯзе, ки ба ҳунари қолинбофияш аввалин баҳоро гирифта буд, ёдоварӣ кард усто - Абдуқаҳҳор.

Қаҳрамони мо мегӯяд, ки пеш аз ҳама ҳар ҳунарманд бояд ба ҳунари интихобкардааш дил бандад, то майдатарин ҷузъиёту нозукиҳои кор барояш ҳамсони кӯҳ нанамояд. Ӯ ба ҳар қолинбоф чунин талаботро шарти асосӣ медонад:

“Қолинбофӣ ҳунарест, ки дар он одам ҳам ҷисман ва ҳам фикран меҳнат мекунад. Пеш аз ҳама, барои қолинбоф тани сиҳат ва дониши мукаммали соҳавӣ даркор аст. Он қолинбофе муваффақ мешавад, ки эҷодкору эҳёгар бошад. Ҳамчунин, шарти асосӣ дар кори мо, қолинбофон шавқу ҳавас ва сабру таҳаммул аст”.


Ташаббускорӣ барои рушд додани қолинбофӣ

Усто – Абдуққаҳор шурӯъ аз соли 2003 коргоҳи хусусии тиҷоратию истеҳсолӣ ташкил карда, ба истеҳсоли қолинҳои дастӣ машғул аст. Ӯ дар давоми фаъолият дар якчанд фестивалҳои дохиливу бурунӣ иштирок кардааст. Маҳсули дасти вайро, аз ҷумла, дар намоишҳои ҳунарҳои дастӣ, ки дар ИМА, Русия, Олмон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон доир шуда буд, ба маърази тамошо гузошта буданд. Соли 2019 фестивали умумиҷаҳонии ҳунармандӣ доир шуда буд, ки дар он ҳунармандон аз 86 давлати дунё иштирок доштанд. Маҳсули коргоҳи усто-Абдуқаҳҳор дар номинатсияи “Мактаби беҳтарини ҳунармандӣ” ҷойи аввалро гирифта, соҳиби ҷоизаи асосӣ мешавад. Қаҳрамони мо вобаста ба рушди ҳунари қолинбофӣ дар Тоҷикистон чунин ибтикоротро пеш гирифтааст:

- “Ман ҳамчун устои қолинбоф дар ташкилоти байналхалқии ЮНИДО ба ҳайси коршиноси маҳаллӣ фаъолият мебарам. Лоиҳаи ЮНИДО бо ҳамкории Вазорати саноат ва технологияи нав барои рушди соҳаи қолинбофӣ дар Тоҷикистон хеле корҳои назаррасро анҷом дода истодааст. Аз ҷумла, ман ҳамчун коршинос дар ҳар минтақҳои Тоқикистон тренингҳои омӯзишӣ мегузаронам. Дар он ба ҳунармандони маҳаллӣ тарзи коркарди пашм ва техникаи баланд бардоштани сифатро меомӯзонам”.


Тавре усто – Абдуқаҳҳор мегӯяд, дар доираи лоиҳаи ЮНИДО тренингҳо оид ба масъалаҳои тарзи дурусти интихоби пашм ва шустану ресидани он, рангтайёркунӣ, ранг кардани пашм, назорати сифати бофт, коркарди ниҳоӣ, тарзи дурусти нархгузорӣ ва ҳоказо гузаронида мешавад. Дар ҳар тренинги онҳо аз 6 то 10 нафар иштирок мекунанд.

-“Аллакай, чунин тренингҳоро мо дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Лахш ва Истаравшан гузаронидаем. То ҷойе медонам, дар даврони Шӯравӣ дар худи Истаравшан зиёда аз се ҳазор занҳои қолинбоф кору фаъолият доштанд. Чун имрӯз мо дар байни ҳунармандон бисёр мегардем, мушоҳида мешавад, ки шумори онҳо хеле кам шудааст. Барои аз байн нарафтани ин навъи ҳунар занҳои ҳунарманди моро лозим аст, ки ғайрат, тоқат ва хоҳишашонро аз даст надиҳанд” – чунин мегӯяд, усто - Абдуқаҳҳор.


Барои бофтани қолин чиҳо лозим аст?

Имрӯз дар коргоҳи қаҳрамони мо, ки онро аҳли хонавода ва чанд тан шогирдон ташкил медиҳанд, зиёда аз 5 навъи қолини бофти дастӣ бофида истодаанд. Усто - Абдуқаҳҳор равиши бофтани қолинро хело ҷолиб баён кард:

“Барои омода кардани қолин аввал ҳаҷмро муайян мекунем. Сонӣ, нақши онро омода мекунем. Вобаста ба нақш ва рангҳои ороиш риштаҳоро ранг карда, ба бофтан шурӯъ мекунем. Намунаи тарҳҳоро ҳам мо худамон меофарем. Аз нақшҳои ниёгон ҳам истифода карда, дизайн месозем. Ҳамзамон, ин як раванди эҳёгарӣ низ ба ҳисоб меравад”.

- Дар дастрасӣ ба ашёи хом барои мо мушкилӣ нест, - мегӯяд усто – Абдуқаҳҳор.


- “Мо аз дастрасии ришта ва ранг мушкилӣ надорем. Зеро риштаҳоро худамон аз пашми бузу гӯсфанд омода мекунем. Дар ин кор зиёда аз 20 зани деҳотро ҷалб кардаем, ки дар хонаҳои худ машғули коранд. Рангҳоро асосан аз рангкунандаҳои табиӣ ҳосил мекунем. Ба рангкунандаҳои табиӣ як қатор растаниву меваҷот, решаву баргҳои дарахтон дохил мешавад”, - мегӯяд усто – Абдуқаҳҳор.

Навъҳои қолин

Дар рафти суҳбати қаҳрамони мо навъҳои қолинҳои мебофтаашро чунин тасниф кард:

Қолини паттин: Ин қолине, ки пати пашмӣ дорад. Баландии пати он аз 1см, то 3см аст. Барои 1 м² - и қолини патин то 3 кг риштаи пашмӣ сарф мешавад.

Қолини бепат: Ин қолине, ки пат надорад. Ғафсии он 0.5 см мебошад. Барои 1м² қолини бепат 1кг ришта сарф мешавад.

Габилен: Ин як навъи қолин аст, ки дар рӯйи он ҳар гуна манзараҳо тасвир меёбад. Он барои оро додани девори хона истифода мешавад. Барои 1м² габилен 4кг ришта сарф мешавад.


Бозори қолинҳо чӣ гуна аст?

Қаҳрамони мо мегӯяд, ки бозори қолинҳои бофти дастӣ ҳоло камтар коста шудааст. Нархи он барои харидорон гаронӣ мекунад. Аслан, нархи қолин вобаста ба зиччӣ ва мушкилии дизайнаш муайян карда мешавад. Мисол, барои 1м² қолини паттин 1300 сомонӣ нархгузорӣ мегардад. Бешатар қолин-расм серхардир аст. Ин чунин навъест, ки дар рӯи қолин расми одамонро мебофанд. Фармоишгарони ин хели қолин ҳам аз дохилу ҳам хориҷи кишвар зиёданд.

– Агар сифат баланд шавад ва шаҳрвандон ҳам бартарияти қолинҳои бофти дастиро фаҳманд, талабот зиёдтар мешудагист, - умедворона мегӯяд, усто – Абдуқаҳҳор.



Зани кафшергар, нонпаз ва ронанда: қиссаҳои ҷолиб аз рӯзгори ӯ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед