Ru  | Tj
Устои мошин кист ва зиндагии чӣ гуна дорад?
Устои мошин кист ва зиндагии чӣ гуна дорад?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Устои мошин кист ва зиндагии чӣ гуна дорад?

Нашр шуд

Дар ҷомеаи мо таҳсилоти олӣ гирифтан, ба анъана даромадааст. Мутаассифона, барои бархеҳо аз дониш гирифтан дида, унвони донишҷӯ доштан болотар аст. Барои бархе аз соҳибкасб шудан дида, соҳибдиплом будан муҳим аст. Барои бархеи дигар бошад аз мутахассис шудан дида, мактаби олиро хатм кардан болотар аст. Ин нуктаҳоро ҳатто Президенти кишвар дар суханрониҳои худ борҳо таъкид мекунанд, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти кадрҳои баландихтисос ва дорои касбияти олӣ мебошад.

Мо имрӯз дар бораи системаи таҳсилот, донишҷӯшавӣ, дипломгирӣ, корёбӣ ва дигару дигарҳо нагуфта, балки бо соҳибкасбе дар бораи касбаш сӯҳбат намудем. Дар ҳоли ҳозир интихоби чунин касб аз ҷониби ҷавонон камтар бошад ҳам, касби мазкур ба соҳибкасб ному нон дода метавонад.

Аниқтараш, мо имрӯз бо таъмиргари мошин Нуралӣ Бегназаров доир ба хусусиятҳои касби мазкур, ки эшон зиёда аз 20 сол таҷрибаи корӣ доранду дар ин соҳа бетанаффус фаъолият менамоянд, сӯҳбат намудем.

Аз 80 то 100 сомонӣ – маоши якрӯза

- Аввал касби устои мошин пайдо шудааст ё худи мошинро ихтироъ кардаанд?

- Бовар кунед, ин пурсиш монанд ба саволест, ки аввал тухм пайдо шудааст ё мурғ. Яъне ҳар нафар ба таври худ посух медиҳад. Ба фикри шахсии ман аввал устои мошин пайдо шудааст, зеро агар усто намебуд, мошинро чӣ гуна ҷо ба ҷо мекарданд, чӣ тавр қисмҳои онро ба ҷойҳои муайян насб мекарданд ва ба кадом тарз “ҳаёт”-и минбаъдаи мошинҳоро дар ҷомеа ба мардум пешниҳод мекарданд?

- Мардуми мо бо таъмиргари мошин чӣ гуна муносибат доранд?

- Умқи саволатонро фаҳмидам. Яъне касби мо назарногир асту аксари мардуми мо зоҳирпараст шудаанд?


- Агар саволро бепарда баён мекардам, айнан ҳамин хел мешуд.

- Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, вале ман тӯли фаъолияти зиёда аз 20-солаи хеш боре ҳам аз касе нисбати худу корам беҳурматӣ надидаам. Дилхоҳ нафар, аз шахсони дорои мошинҳои қимматбаҳо то нафарони дорои “жигули” муносибати хуб доранд ва ман ҳам бо ҳама якрангам, зеро онҳо ҳама муштариянду ман усто.

– Оё бо касби таъмиргарӣ метавон ҳама эҳтиёҷоти рӯзгорро бароварда кард?

– Аслан мо он вақте шоиста ва бе мушкилӣ зиндагӣ мекунем, ки мардум ҳама пулдор шаванд. Ҳоло ки аксарият “пул надорам” мегӯянд, чӣ гуна як устои мошин метавонад, тавре ки хоҳад, зиндагӣ кунад, гарчӣ ҳунару касб дошта бошад ҳам? Аммо ба ҳамааш шукр, зиндагӣ хуб ҷараён дорад, шикоят надорам. Худо аз ин бад накунад.

- Ҷиҳатҳои мусбат ва манфии касбро гуфта метавонед?

- Таъмини зиндагӣ, зиёд будани майдони корӣ, талаботи зиёд ба кори устои мошин аз паҳлӯҳои мусбати ин касб ҳастанд. Ҷиҳати манфии кори устои мошин ин доимо дар даруни салидор будану либоси тоза надоштани усто мебошанд.


- Намояндагони касбҳои гуногун ба ҳолатҳои ногувор дучор меоянд, бигӯед, ки дар кори Шумо кадом ҳолатҳои ногувор дида мешаванд?

- Дуруст гуфтед, ҳама касбҳо дар худ ҳолатҳои ногувор доранд ва аз он ҷумла касби устои мошин ҳам. Мешавад ҳолате, ки муҳаррики мошинро фароварда, таъмир намуда, ба ҷояш мегузорем, вале дар охир ё чанд болту гайка намерасад ё зиёдатӣ мемонад. Мешавад ҳолате, ки соҳиби мошинро аз як “дард”-и мошинаш мегӯем, вале дар ҷараёни таъмир маълум мешавад, ки чанд “дард” дорад. Боз ҳолате мешавад, ки қисми эҳтиётиеро соҳиби мошин аз мағозае меорад, вале нуқс дорад ва албатта он нафар айби мо мекунад.

“Дард”-ҳои мошинҳо

– Шумо чӣ тавр устои мошин шудед?

– Дар аввал мехостам, ки ҳунарманд шавам. Ба шеъру суруд, асбобҳои мусиқӣ ва сухану суханварӣ завқи зиёд доштам. Вале тақдир набудааст, яъне падар бароям бисёр вақти кам ҷудо мекард ва он замон ман бе ёрии нафаре ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонистам донишҷӯйи ихтисоси мехостаам шавам. Шароит, дастгирӣ ва ангеза набуд. Пасон, ҳуҷҷатҳоямро ба мактаби ронандагӣ супоридам. Аввал ронанда ва баъд устои мошин шудам.

– Аз субҳ то шом болои бетон дар таги мошин калиду гайка дар даст гирифта истодан мушкил нест?

– Не, дигар ин кор барои ман душворие надорад. Зеро на як солу ду сол, балки зиёда аз 20 сол мешавад, ки ҳамин корро анҷом медиҳам. Чӣ хел гузаштани рӯзро намефаҳмам. Баръакс, вақтҳое мешавад, ки намехоҳем рӯз тамом шавад, зеро корҳо ниҳоят хуб мегузаранд.


– Мо бисёр устоҳоро медонем, ки корашон мавсимӣ аст. Яъне пойафзолдӯзон дар фасли зимистон зиёдтар муштарӣ доранд, сандуқсозон дар мавсими гармо, ки тӯю маъракаҳо зиёд мешаванд, бигӯед, ки кори Шумо кай зиёду кам мешавад?

– Кори мо қариб, ки дар ҳама фаслҳо як хел аст. Зеро ҳолате нашудааст, ки дар фасли муайяни сол бекор монда бошем.

– Оё устоҳои насли нав аз насли Шумо бартарӣ доранд?

– Бале, устоҳои ҷавон бисёр пешравиҳо доранд. Чизҳоеро мефаҳманду таъмир мекунанд, ки онҳоро мо тамоман намефаҳмем.

Ҷавонон бо технологияи муосир бисёртар сари кор доранд ва фикр мекунам, ҳар бартарияте, ки доранд, ба он вобаста аст.

– Агар ҳоло ҷавон мебудед, чӣ кор мекардед?

– Ҳамин касбро аз сари нав бо замона мувофиқ карда меомӯхтам.

– Мешавад вақте ки мошинро бо сабаби доштани фалон “дард”–аш қабул накунед?

– Аслан, дар кори таъмиргари мошин “намешавад” ва “наметавонам” гуфтанӣ гап вуҷуд надорад. Вале мешавад ҳолате, ки “дард”-и мошинҳои навбаромадро камтар сарфаҳм меравем. Яъне, як нафар наметавонад аз уҳдаи ҳама кор барояд.

– Назди Шумо бештар бо кадом “дард”–ҳо меоянд?

– Мушкилии асосие, ки бештари мошинҳоро ба назди мо меорад, мувофиқ набудани газашон аст. Яъне бисёри мошинҳои имрӯза барои ба воситаи газ ҳаракат кардан мувофиқ нестанд. Мардуми мо аз рӯйи бепулӣ ва ноилоҷӣ ба дилхоҳ мошин газ насб мекунанд, вале он дер намепояду таъмир мехоҳад.


- Газ гуфтед, аз вақте ки маводи сӯзишворӣ гарон шудааст, кам шудани мошинҳоро эҳсос кардед?

- Рости гап не, зеро аксар мошинҳоеро, ки ба назди мо меоранд ё кирокашанд, ё муаллим ва ё савдогари бозор. Яъне ин гуна одамон бояд бо ҳар қиммате, ки бошад сӯзишворӣ харида, корашонро анҷом диҳанд.

Чӣ тавр метавон устои хуб шуд?

– Мо дар паҳлӯи Шумо ҷавононро дида истодаем ва ин нишонаи он аст, ҷавонон низ усто будан мехоҳанд...

– Бале, агарчӣ дар миёни аксар ҷавонони мо дар мактаби олӣ таҳсил кардан муд шудааст, вале боз қисме аз ҷавононеро низ вохӯрдан мумкин аст, ки нисбат ба таъмиргарӣ хоҳишу завқи бисёр доранд ва шукр теъдодашон рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст.

– Ба андешаи Шумо як нафар чаро бояд устои мошин шавад?

– Ин касбро аз хурсандӣ ё аз рӯйи ҳавобаландӣ интихоб намекунанд, балки барои аробаи зиндагиро пеш бурдан, интихоб мекунанд. Яъне корест, ки рӯзҳоро шом мекунад ва бар ивази ин ризқи худу онҳоеро, ки ба умед дар хона интизорат ҳастанд, меёбӣ. Ва агар ҳар нафаре, ки касби беҳтаре интихоб карда наметавонад, пас барои рӯзгузаронӣ бояд ҳадди ақал усто шавад. Аз ҷониби дигар, устошаванда нафаре бояд бошад, ки мақсади муайян дошта бошад ва аз ин умри кӯтоҳаш чӣ хостану чӣ кор кардану аз кадом ҳисоб зиндагӣ карданашро хуб донад.

– Киҳо метавонанд устои мошин шаванд?

– Ҳар нафаре, ки хоҳиш дорад. Яъне барои усто шудан шавқу завқ ва каме дастгирӣ даркор, дигар ҳеҷ.

– Кӣ ё киҳо бояд усто нашаванд?

– Нафароне, ки барои соҳибкасб шудан хоҳиши кофӣ надоранд.

– “Хоҳиши кофӣ” надоштан чӣ маъно дорад?

– Ман фикр мекунам, ки дар интихоби дилхоҳ роҳ хоҳиши муайяне зарур аст ва агар аҳаммият дода бошед, нафароне ҳастанд, ки ба чанд кор даст мезананд, вале дар ягонтоаш комёб намегарданд, зеро ба қадри талаботи касб ё касбҳои интихобкардаашон хоҳиши кофӣ, завқи кофӣ ва диққати кофӣ надоранд.

– Устогиро чӣ гуна ва дар чанд муддат аз худ кардан мумкин аст?

– Дар мо аз ҳама усули маъмули таъмиргар шудан ин дар пеши устое шогирд истодан аст. Шахсан худи ман бо ин усул ба даҳҳо нафар ин касбро омӯзонидам. Мӯҳлати омӯхтани касб бошад барои ҳама як нест, зеро ин ба зеҳни ҳар одам вобаста аст.


– Тахминан гӯем чӣ?

– Мумкин як–ду сол.

– Чӣ тавр метавон устои хуб шуд?

– Вақте метавон устои хуб шуд, ки аз навигариҳои техникаву технология бохабар бошӣ. Масалан, имрӯз мебинем, ки мошинҳои зиёди навбаромад ба ҷумҳурии мо ворид шуда истодаанд, агар каму беш онҳоро фаҳмида, таъмир кунӣ, пас устои хубӣ.

– Тамом?

– Боз гапдону ҳушёр ва бо муштариён хушсухан шудан даркор аст. Ҳаққи хизматро аз меъёр баланд нагуфтан…

– Ба андешаи Шумо устошавандаҳо бояд кадом паҳлӯи устогиро интихоб кунанд?

– Беҳтар аст агар ҷавонони мо, яъне ҳамон ҷавононе, ки устои мошин шуданианд электрики мошин шаванд, зеро ин кор ҳам кори тоза, ҳам кори сердаромад ва ҳам кори сермуштарӣ аст.




Чор саҳифа: Фаррух Умарӣ кист ва бо “Ilmhona”-аш ба ҷавонон чӣ хизмат мекунад?

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед