Ru  | Tj
Варзишгаре, ки дар Озмуни байналмилалии шеър пирӯз шуд
Варзишгаре, ки дар Озмуни байналмилалии шеър пирӯз шуд
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Варзишгаре, ки дар Озмуни байналмилалии шеър пирӯз шуд

Нашр шуд

Ҳанӯз рӯйи ту нодида ошиқи ту шудам,

Фариштаӣ магар, ай ёри осмонии ман?

Муаллифи ин мисраъҳо, ки қаҳрамони шеърҳояш дар олами мавҳум қарор дорад, имсол дар Ҷашнвораи дувоздаҳуми шеъри Жолаи Исфаҳонӣ ба унвони ғолиб аз Тоҷикистон эътироф гардид. Ин озмун тӯли солҳост, ки дар шаҳри Лондон аз тарафи Бунёди байналмилалии Жолаи Исфаҳонӣ роҳандозӣ мешавад. Чанд рӯз қабл бахши хабарии Halva.tj дар мавриди ин ғолибият иттилоъ дода буд. Ин навбат тасмим гирифтем, ки дар бораи зиндагӣ, фаъолият ва олами ботинии ғолиби озмуни мазкур – шоир, варзишгар ва ороишгари ҷашну маросимҳо Нурӣ Муҳаммади Истам қисса кунем.


Нурӣ соли гузашта низ дар Ҷашнвораи дувоздаҳуми шеъри Жолаи Исфаҳонӣ ширкат варзида, дар баробари чор шоири ҷавони тоҷикистонӣ ба даври ниҳоии озмун гузашта буд, аммо муваффақ нагардид. Ӯ руҳафтода нашуд ва имсол низ ба ин озмун намунаи шеърҳояшро ирсол кард. Дар байни панҷ нафар ғолибони даври аввали озмун Бузургмеҳри Баҳодур, Родмеҳр Сулаймонӣ, Шаҳриёр Олимӣ ва Омина Ҳамроева номи Нурӣ Муҳаммади Истам дар қатори аввал гузошта шуда буд. Аз ин лиҳоз, боварӣ дошт, ки имсол дар даври финалӣ ғолибиятро ба даст меорад. Тахмини вай дуруст баромад ва дар ҷашнвораи ҷоизаи шеъри Жолаи Исфаҳонӣ аз Тоҷикистон ғолиб омад. Ҷоизаи ин ҷашнвора 500 фунт стерлинги британӣ аст, ки баробари 7 000 сомонӣ буда, ба корти бонкии ғолиби озмун фиристода мешавад.

Вазифаи сардабири ҷашнвораи шеъри Жолаи Исфаҳониро Фурутан Паранд иҷро мекунад ва Рустами Аҷамӣ намояндаи дабирхона дар Тоҷикистон аст. Дар ҳайати доварони имсола шоирону муннаққидон аз се кишвар: Саидризо Муҳаммадӣ, Рустам Ваҳҳоб, Ҳодӣ Шафеӣ, Сабо Ансорӣ, Мижгон Соғар, Алӣ Абдуллоҳӣ, Алиризо Обиз, Руҳангез Шарифиён ва Ширин Разавиён буданд. Дар ин ҷашнвора 200 шоири ҷавони то сисолаи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ширкат варзиданд.

ШАРОРЕ АЗ ДИЛИ ОТАШ


Нурӣ Муҳаммади Истам 26 сол дорад. Ӯ худро дар олами шеър бо василаи ишқ пайдо кардааст. Вақте дар синфи 3 таҳсил мекард, духтараки зебову боадабе ба гуруҳи онҳо зам мешавад. Нурмуҳаммади кӯчак ба он духтар дил мебандад ва ба навиштани шеър даст мезанад. Мутаассифона, баъд аз хатми синфи 4 дигар он духтарро намебинад. Ҳамон давраҳо аз нимаи номи худ Нуримуҳаммад, тахаллуси "Нурӣ"-ро сохта, ғазалҳои Ҳофизро комилан аз худ мекарду ба ҷои исми Ҳофиз “Нурӣ” менавишт ва он ғазалҳо ба "эҷодҳои аввалинаш" табдил меёфтанд.

Ӯ дар 11 солагӣ достонҳои зиёди “Шоҳнома” –ро аз ёд медонист. Дар гузашта аз Мавлонову Ҳофизу Бедилу Сайидо пайравӣ мекард ва бо "назира"-ву "ҷавобия"-ҳо навиштан бар ғазалҳои ин бузургон се - чор сол варақ сиёҳ намуда буд, лекин онҳо машқи шеър буданд. Нурӣ мегӯяд, ки ҳамаи шоирҳо дар оғоз чунин кардаанд.


Ӯ ақида дорад, ки дар ҳамаи соҳаҳо пайравӣ танҳо дар оғоз то як муддати муайян аст ва он ҳам ба хотири ёд гирифтану рост роҳ рафтан мебошад.

“Ҳангоме ба дарки соҳа рафтиву вижагиҳои онро дар худ ҳазм кардӣ, дигар пайрави касе будан дуруст нест. Бояд роҳи худро интихоб кард ва аз ҳама беҳтар, роҳи хешро кушод. Дар ҳоли ҳозир худамро пайрави касе намедонам ва талош дорам услубу шеваи худамро дошта бошам”.

Нурӣ моҳи июли соли 2016 аз эълони "Анҷумани машваратии шоирони ҷавони Тоҷикистон" тариқи Facebook огоҳ мешавад. То он замон ба ғайри Адибаи Хуҷандӣ бо шоирони бузургсол шиносоӣ надошт. Бо роҳнамоии Адибаи Хуҷандӣ ба даври минтақавии анҷуман, ки бояд дар шаҳри Ваҳдат баргузор мешуд, ширкат варзид. Дар ин семинар шеърҳои Нурӣ барои баррасӣ ба шоир Давлати Раҳмониён вогузор карда шуд. Дар баробари дигар шоирони ҷавони пешгом Нурӣ низ ба марҳилаи ниҳоии анҷуман, ба шаҳри Хуҷанд даъват гардид. Баъди бозгашт аз Хуҷанд тасмим гирифт, ки устоди ягона дошта бошад то сари шеърҳояш кор кунад ва фанни шеър биомӯзад. Ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон назди Рустами Ваҳҳоб рафт. Бо мусоидати ӯ Нурӣ ба шогирдии Давлати Раҳмониён пазируфта шуд.


Шоири ҷавон то ҳол китоби муаллифиашро чоп накардааст. Соли 2017 мехост, ки таҳти унвони “Шароре аз дили оташ” маҷмӯаи аввалини худро ба табъ расонад ва бо ин мақсад назди шоир Давлати Раҳмониён меравад, то ин ки аз ӯ маслиҳат гирад.

“Устод бо бузургвориву ғамхории бемислашон, бо як оромишу нармӣ гуфтанд, ки “Шумо ҳоло китоб нашр накунед, як - ду соли дигар сабр кунед, баъд боз ба ин мавзӯъ бармегардем”. Садову шеваи гуфторашон чунон буд, ки аз он посух наранҷидам, баръакс хушҳол шудаму аз тасмими худ баргаштам. Он "як - ду сол"-и гуфтаи устод ба панҷ сол тӯл кашид. Баъдҳо вақте аз ман дар бораи нашри маҷмӯаи ашъор суол мекарданд, мегуфтам "саросима нестам, ҳанӯз ҳарфҳоям шеър нашудаанд". Шояд имсол нашр шавад. Ба ҳар ҳол, боз вақт нишон медиҳад. Зимнан, аз ин, ки он сол устоди азизам маро аз тасмимам боздоштанд, беҳад сипосгузорам”.

“ШОИРИ АСРИ XII”


Ӯ аз эҷоди ҳамсолонаш бохабар аст. Одатан шеърҳои Хуршеди Эҳсон, Сафар Абдураҳим, Бузургмеҳри Ҳаким, Шаҳёд, Родмеҳр, Меҳровар, Раҷабуллоҳ, Суфӣ, Аниса, Руъё, Назархудо, Фозил, Шарора ва Фаришта Ниёзиро тариқи саҳифаи шабакаҳои иҷтимоӣ мехонад.

Нурӣ мегӯяд, ки шеъри ҷавоншуарои зери 30 соли имрӯз на зиёд бад аст ва на ба ҳадди шоиста хуб. “Аз шоирони ҷавони тоҷик Фирдавси Аъзаму Толиби Луқмон шеърҳои тоза менависанд. Албатта манзурам ин нест, ки дигарон аз онҳо пайравӣ кунанд. Балки дар мутолиоташон бияфзоянду забону баён ва корбурди дурусти вожагонро биёмӯзанд, то шеърашон ба меъёри имрӯза посухгӯ бошад” - ибрози назар кард шоири ҷавон.


Завқмандони шеър Нурӣ Муҳаммади Истамро соли 2018 бо ғазали “Ай ишқи бениҳоят, ҳар мубтадо ба номат” шинохтанд ва ба ин шеър “Ҳофизгуна” унвон гузоштанд. Маҳз шеърҳои “Ай ишқи бениҳоят”, “Гиристам” ва “Ин номаам ба номи ту шуд ибтидо, Ватан” дар чандин рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистону Эрону Афғонистон нашр гардида, аз тарафи хонандагон истиқбол шудаанд.


“Дар даври шаҳрии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" устод Камол Насрулло гуфта буданд, ки ба шеъри Нурӣ намешавад эрод гирифт. Аммо Абдураҳмони Абдуманнон дар як нишасти адабии ИНТ ба ман гуфт, ки: “шеъри шумо монанди шеъри классиконаи асри XII – XIII аст”, - лабханд зада гуфт қаҳрамони мо.

Нурӣ имсол бори аввал дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинаи шоирӣ иштирок кард ва ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт. Бештари ҳаводорони озмун боварӣ доштанд, ки ӯ ғолиб меояд, аммо ин тавр нашуд.


“Беҳтараш дар ин бора ҳарф назанем, узр. Барандагони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дӯстони ман ҳастанд ва онҳоро ҳамон рӯзи эълони ғолиб шуданашон самимона таҳният гуфтаму дастҳояшонро фишурдам. Ҳоло дигар ҳамааш гузаштааст. Хуб, ба шумо маълум аст, ки дар даври сеюми озмун аз шаҳри Душанбе барандаи ҷойи аввал ман будам”, - самимона гуфт Нурӣ Муҳаммади Истам.


БЕМОРӢ САДДИ РОҲИ ВАРЗИШГАР АСТ

Нурӣ аз синфи 6 то синфи 11 дар мактаби ношунавоён таҳсил кардааст. Тахминан 10 сол дошт, ки ба бемории асаб гирифтор шуд. Дар натиҷа аз қобилияти нутқ ва шунавоӣ маҳрум гардид.

“Як шаб сарам чарх зад ва чашмонам пӯшида шуд. Таъҷилан маро ба беморхона бурданд, дигарашро ба ёд надорам. Мутаассифона, аз қобилияти шунавоӣ ва забон маҳрум шудам. Баъд аз табобати тӯлонӣ ба гап задан шуруъ кардам ва қобилияти шунавоиам низ камтар барқарор гардид, аммо бе дастгоҳ хуб намешунавам. Ҳоло аз дастгоҳи махсуси сомеавӣ истифода мекунам. Ин барои ман мисли микрофон аст, ки сухани ҳамсуҳбатамро мерасонад. Баъдтар омӯхтам, ки гуфтаҳои одамонро аз рӯйи лаб бихонам”, - гуфт қаҳрамони мо.


Аз замони мактабхонӣ то хатми он се бор ҷарроҳӣ карда шуд ва панҷ бор дар беморхонаҳои гуногун бистарӣ гардид. Духтурон тавсиа доданд, ки тӯли панҷ сол ба варзиш машғул нашавад, аз ин лиҳоз натавонист дар самти дӯстдоштааш муваффақ гардад.

Дар 8 солагӣ ба толори варзишии “куштии юнонӣ-румӣ” барои тамрин рафт. Баъд аз тамрини якмоҳа бо сабабҳои номаълум он толор оташ гирифт. Вақте 14 сола шуд, ба варзиши намуди “Муай Тай” машғул гардид. Дар синфи 9 бо куштии тарзи озод се моҳ тамрин кард, аммо дар оғози омодагӣ ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дасташ шикаст.

Тавре дар боло низ ишора кардем, ӯ аз овони кӯдакӣ дилбастаи варзиш буд. Аз ин лиҳоз бо баландтарин бал ба ихтисоси муаллимии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов дохил гардид.


Дар ду соли аввали таҳсил дар донишкада, донишҷӯи ихтисоси якҳарбаи шарқӣ - Карате Киёкушинкай буд, аммо дар соли сеюм ба бахши ғоибона гузашт ва дар ихтисоси куштии юнонӣ - румӣ ва тарзи озод таҳсилашро идома дод. Берун аз дарси донишгоҳ зери назари устодаш Шерзод Нормуродов дар риштаи варзиш Кудо ва Кикбоксинг тамрин мекард. Сипас дар чандин мусобиқаи Кудо ва Кикбоксинг дар сатҳи шаҳриву ҷумҳуриявӣ ширкат карда, батадриҷ ҷойҳои намоёнро касб намуд, аммо аз лиҳози беморӣ натавонист ҳатто дар мусобиқаҳои Осиёи Миёна ширкат варзад.

Ӯ мегӯяд, ки боре устодам Давлати Раҳмониён бо шӯхӣ гуфт, ки агар он қадар талоши дар роҳи варзиш анҷом додаатро ба шеър сарф мекардӣ, имрӯз аз муваффақтарин шоирон мегаштӣ.

БРЮС ЛИИ ТОҶИК


Нуримуҳаммад худро “Брюс Лии тоҷик” меномад, зеро аз кӯдакӣ дӯстдори ҳунару истеъдоди Брюс Лӣ буд ва шавқи варзишгар шудану орзуи ба ҳадди ӯ расидан ҳам аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Ҳатто дар яке аз шеърҳояш менависад:

“Нигоҳам карду хандиду надонист ӯ, ки ман чунам,

Бурус Лиқувватам, дар чашми ӯ камзӯру беҷоне”.

Вақте дар синфи 10 таҳсил мекард, бори аввал дар дасти як дӯсташ силоҳи нунчакро мебинад. Бисёр хоҳиш мекунад, ки онро барои чанд муддат ба вай бидиҳад. Вай, ки дӯсти қарин буд, натавонист ҷавоби рад диҳад, ҳарчанд танҳо як нунчак дошт. Нуримуҳаммад ҳамеша ҳамроҳи ин дӯсташ ба лаби дарёи Душанбе мерафтанд ва бо истифодаи нунчак тамрин мекарданд.

“Қарор буд, ки нунчакро ба дӯстам бозгардонам. Қаблан як нунчак барои худам харидам, ки он вазнинтару калонтар буд ва боз дуто расми Брюс Лӣ низ дар он дида мешуд. Тақрибан 2 - 3 моҳ тамрин кардам, ки яке аз дӯстонам нунчаки дигар тӯҳфа кард. Тасмим гирифтам, ки бо ду нунчак кор карданро аз худ кунам. Албатта осон набуд, чӯбҳои сахту вазнини нунчак ба дасту сару поям мезад, асабонӣ мешудам. Аммо ба зудӣ ёд гирифтам. Ҳоло озодона бо ду нунчак кор карда метавонам”, - қайд кард ӯ.

БА ЯК МАРД 40 ҲУНАР КАМ


Қаҳрамони мо бо ороиши ҷашну маросимҳо - декоратсия низ машғул аст. Соли 2016 бо даъвати дӯсташ, ки дар ширкатҳои “Висол Ивентс” ва “Tojikon Holiday” кор мекард, ба фаъолият пардохт. Ӯ баъдтар бо ширкатҳои декоративии "Toj - Decor" ва "7 rang ivents" ба ҳамкорӣ пардохт. Қаҳрамони мо бо гурӯҳи кории худ вобаста ба макону интихоби ороиш аз 350 то 10 000 сомонӣ амали декоративиро ба анҷом мерасонад.

Дар таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, дар назди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ минбари Раиси ҷумҳурро ширкати декоративии “DECO” бо ҳамкории гурӯҳи кории Нурмуҳаммад омода карданд. Ӯ бо се нафар ҳамкоронаш масъули ороиши пардаҳо буд, ки аз ин хизматрасонӣ ҳамагӣ 500 сомонӣ ба даст овард.

ЧАРО “Ъ”?


Ихлосмандони шабакаҳои иҷтимоӣ Нурӣ Муҳаммади Истамро ҳамчун серистифодабарандатарин шахси аломати “Ъ” (сакта) мешиносанд. Боре яке аз дӯстони ӯ, дар таҷлили зодрӯзи Нурӣ шӯхикунон карикатураи калони аломати “Ъ” –ро дар саҳифаи “Facebook” -иаш гузошт ва гуфт, ки ин тӯҳфаро ба ту тақдим мекунам.

“Дар гузашта вақте машқи шеър мекардам, барои баррасӣ назди устод Давлати Раҳмониён меовардам. Ба иштибоҳҳои вазн зиёд эрод мегирифтанд. Бештарини иштибоҳҳоям ба сабаби надонистани ҷойгоҳи “ъайн” аст. Пас ба омӯхтани он шурӯъ кардам ва албатта ба хатти форсӣ. Дар баробари омӯхтан тасмим гирифтам, ки ҳар куҷо ъайн (ъ) ё ҳамза (ь) меояд онро дар хатти кириллӣ ҳамчун аломати “ъ” бинависам. Бо ин роҳ омӯхтам ва дигар аз ин корам даст набардоштам”, - сабаби асосиро таъкид намуд дӯстдори аломати “ъ”.

Нурӣ ҳоло ба ҳайси мудири бахши тасҳеҳи нашриёти "Маориф"-и Вазорати маориф ва илм фаъолият мебарад.


Нурӣ Муҳаммади Истам худро танҳо бо шеъру варзиш ва декоратсия маҳдуд намекунад. Ӯ админстратори гурӯҳи маъруфи “Ханда - ONLINE” дар Facebook аст, ки ин гурӯҳ қариб 70 000 аъзо дорад.


Нурӣ мақсад дорад, ки имсол корхонаи хусусии декоративиашро боз кунад ва аввалин маҷмӯаи ашъори худро таҳия намояд.


Ногуфтаҳо аз пири осиёб. Осиёбҳои Усто-Раҳмат дар Тоҷикистону Ӯзбекистон фаъолият доранд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед