Ru  | Tj
Вебнамойи 13-сола. Чӣ тавр Анвар ба ҳамсолонаш забон меомӯзонад?
Вебнамойи 13-сола. Чӣ тавр Анвар ба ҳамсолонаш забон меомӯзонад?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Вебнамойи 13-сола. Чӣ тавр Анвар ба ҳамсолонаш забон меомӯзонад?

Нашр шуд

Анвар Эргашев сездаҳ сол дорад ва моҳи дуюми фаъолияти вебнамой (блогер)-ияш дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм аст. Ӯ бо хоҳараш Алия, ки дар синфи сеюм таҳсил мекунад, наворҳои кӯтоҳи омӯзишӣ бо забони англисӣ омода мекунанд. Онҳо дар наворҳои худ дар алоҳидагӣ ва якҷоя ибораҳову ҷумлаҳои англисии дар гуфтугӯи рӯзмарра истифодашавандаро шарҳ медиҳанд. Ҳоло онҳо 3930 пайнавард (обуначӣ) ба даст овардаанд, ки дар давоми ду моҳи фаъолият ин дастоварди назаррас аст.

Падари Анвар Ғиёс забони инглисиро хуб медонад ва азбаски худ донандаи забон аст, барои азхуд намудани он барои фарзандон ҳамаи воситаҳои муҳимро ба кор бурда, кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.

- Аз синни панҷсолагӣ ҳамроҳ бо падарам ба омӯзиши забони инглисӣ пардохтам. Падарам ба чизе нигоҳ накарда, бо ман ба забони инглисӣ ҳарф мезаданд. Баъдан ҳамаи филмҳои тасвирӣ ва барномаҳоро бо забони инглисӣ тамошо мекардам, то зудтар забонро аз худ кунам. Таъсири кӯшишу талошҳои падарамро баъди гузашти замоне дар худ эҳсос кардам. Ҳис мекардам, ки аллакай гуфтугӯкунандагони ин забонро гӯш карда, дар баробари ин мақсадашонро мефаҳмидам, инчунин худ низ камубеш бо он ҳарф мезадам, - мегӯяд ӯ.


Анвар дар мактаби №21 ба номи Юрий Гагарин воқеъ дар шаҳри Душанбе таҳсил мекунад. Яке аз хонандагони фаъол буда, дар тақрибан ҳамаи озмунҳои байнимактабӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат менамояд. Дар оянда мехоҳад дар ягон донишгоҳи бонуфузи кишвари хориҷ таҳсилро идома диҳад. Анвар табиб шудан мехоҳад.

Қаҳрамони мо зикр намуд, ки вебнамой (блогер)-ӣ кори осон нест, бояд барои завқи мухотаб ё худ аудиторияи худ кор кард ва мардумро ҷалб кардан имрӯз хеле мушкил аст. Ин дар ҳолест, ки имрӯз даҳҳо ва садҳо нафар блогер саҳифаҳои омӯзишӣ доранду идеяҳои ҷолиб. Оне имрӯз бинандаву хонанда пайдо мекунад, ки чизи наву ҷолиб ва аз дигарон мутафовит дошта бошад. Бовари одамонро ба даст овардан ба ҳар кас даст намедиҳад ва ин кор заҳмати зиёдро талаб мекунад. Анвар мехоҳад дар ояндаи наздик барои наврасон давраҳои омӯзишӣ аз забони инглисӣ ташкил намуда, таҷрибаву дониши худро бо онҳо қисмат намояд.

Анвар мегӯяд, вақте ки идеяи наве пайдо мешавад, даррав барои гирифтани маслиҳат назди падарам меравам. Падарам дар баробари он ки дар омӯзиш ба ман кумак мерасонанд, инчунин дар усули чӣ тавр идеяи навро ба навор гирифтан, чизи наве ба он илова кардан, ë чиро ба навор нагирифтан ва дигар паҳлуҳои нозуки наворгирӣ ба ман мадад мерасонад. Модарамон бошад, аз дур наззора карда, гоҳе андешаҳои худро дар ҳар хусус иброз менамояду кори моро осон мекунад.


Анвар кӯшиш мекунад, ки аз дарсҳояш қафо намонад, олимпиадаҳои мактабиро пайваста пайгирӣ менамояд. Соли 2020 дар озмуни байналмилалии Hippо аз забони инглисӣ мақоми аввалро ишғол мекунад ва даври ниҳоии он бояд дар шаҳри Венетсияи Итолиё баргузор мегашт. Онҳо ҳамаи ҳуҷҷатҳоро дуруст мекунанд, ки ногаҳон Анвар ба бемории зардпарвин гирифтор мешавад ва имкони иштирок дар озмунро аз даст медиҳад. Озмуни мазкур қарор аст соли ҷорӣ ҳам баргузор гардад ва ин дафъа қаҳрамони мо ният дорад, ки мақоми аввалро соҳиб шавад ва ба он омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.

Азбаски қаҳрамони мо дар мактаби русӣ мехонад, бо ин забон хуб ҳарф зада метавонад. Бо забони инглисӣ дар ҳар мавзӯъ озодона сухан мегӯяд. Хоҳараш Алия, ки нав дар синфи сеюм таҳсил мекунанд, аллакай бисёр калимаву ибораҳои забони инглисиро азхуд кардааст. Наворҳои онҳо аслан дар чунин шакл сурат мегирад: Алия калима ва ё ибораеро бо забони инглисӣ надониста аз Анвар мепурсад. Анвар бошад, бо як ҷасорату боварӣ ба худ бо мисолҳо масъаларо шарҳ медиҳаду дониши худро бо хоҳару пайнавардонаш қисмат мекунад.

Дар вақти сохтани навор онҳо ба мушкилиҳои гуногун дучор меоянд. Бештари вақт бо хоҳараш Алия мушкил сар мезанад, зеро ӯ ҳоло забони инглисиро дар сатҳи Анвар намедонад ва чун хурд аст, зиёд нозу эркагӣ мекунад.

- Агар наворе, ки бо кумаки падарам омода мекунам, аз 15 то 20 дақиқа вақти моро бигирад, барои наворе, ки бо хоҳарам омода мекунем аз 40 то 50 дақиқа вақтамон сарф мешавад. Баъзан вақте наворро берун аз хона омода мекунем, дар ҳини бандубасти он дар хона мебинем, ки баъзе дублҳоро нодуруст ба навор гирифтаем ва корамон ба ақиб партофта мешавад, - нақл мекунад ӯ.


Ғиёс падари Анвару Алия ба рушди онҳо диққати зиёд равона мекунад. Барои азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ӯ китобҳои гуногуни омӯзишӣ ва китоби афсонаҳоро барояшон харида ва вақтҳои холии худро низ бо машғулиятҳои гуногун ҳамроҳашон мегузаронад.

Анвар ният дорад, ки забони немисиро низ дар баробари забони инглисӣ азхуд кунад, зеро мегӯяд донистани як забони дигар зарар намекунад ва танҳо бо як забон кор ҳал намешавад. «Ҳоло ки имкон аст, фурсатро аз даст намедиҳем», - чунин назар дорад ӯ. Шуғли дӯстдоштааш рассомист ва дар баробари он сайругаштро бо хоҳару аҳли хонаводааш дар рӯзҳои истироҳат хеле дӯст медорад.

Анвар ба ҳамсолонаш гуфтанист, ки вақти пурқимати худро беҳуда бо телефону бозиҳои компютерӣ сарф накунанд, балки забон омӯзанд, донишҳои навро аз худ кунанд ва аз сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ наҳаросанд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед