Ru  | Tj
Вебнависи зебоӣ, донишҷӯ ва муассиси дармонгоҳи хусусӣ. Пайроҳаи муваффақияти Нилуфар Ҳалимова
Вебнависи зебоӣ, донишҷӯ ва муассиси дармонгоҳи хусусӣ. Пайроҳаи муваффақияти Нилуфар Ҳалимова
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Вебнависи зебоӣ, донишҷӯ ва муассиси дармонгоҳи хусусӣ. Пайроҳаи муваффақияти Нилуфар Ҳалимова

Нашр шуд

Нилуфар Ҳалимова бонуи ҷавонест, ки дар соҳаи ороишгарӣ (косметология) дар кишвар ном пайдо кардааст. Ӯ дар соли 2023 ҷоизаи “Вебнависи сол” дар самти зебоиро соҳиб шуд. Нилуфар аз камшумортарин вебнависони ороишгари фаъол дар расонаи иҷтимоъии Instagram аст, ки бо забони форсии тоҷикӣ муҳтаво омода мекунад. Бештарини мавзуъҳое, ки матраҳ мекунад, ба ҷавон нигоҳ доштани пӯст, тарзи дурусти нигоҳубини мӯй, роҳҳои дурусти ороиши рӯй ва табобати бемориҳое, ки боиси кам гаштани ҳусну назофати инсон мешавад, марбут аст.

Муаллифи Halva.tj аз Нилуфар Ҳалимова пурсон шуд, ки чӣ гуна дар як вақт аз уҳдаи таҳсил, кор ва пешбурди вебнависӣ ба осонӣ мебарояд.


ОҒОЗИ ОМӮЗИШ ВА БОВАР БА ИНТИХОБ

Нилуфар Ҳалимова ҳамагӣ 22 сол дорад. Дар шаҳри Конибодом ба камол расидааст. Кунун донишҷӯйи соли 6-уми риштаи пизишкии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон аз давраи омӯзишии ороишгарӣ низ гувоҳинома дорад. Ба соҳаи ороишгарӣ соли 2019 ҷалб шуд. Он замон бемории COVID-19 хуруҷ карда буд. Сарфи назар аз ин бо майли том ба омӯзиши касби пурасрор оғоз кард.

- Дар рӯзҳои нахустин завқи омӯзиши ин пеша дар дилам ҷӯш зада буд. Чанд марҳилаи омӯзишро муваффақона гузаштам. Пасон дар дармонгоҳе, ки устодам фаъолият дошт, корро сар кардам. Дар он ҷо 3 сол фаъолият доштам. Зимнан имкон даст дод, ки дар шаҳрҳои Мавкав, Олмотӣ ва Тошканд дар давраҳои донишафзоӣ иштирок карда, донишу таҷрибаамро ғанитар кунам. Ёд дорам, бархе аз одамон дар оғоз мегуфтанд, ки “ороишгарӣ пешаи мушкил аст, аз уҳдааш намебароӣ, хаёлпарвар нашав!”. Ба чунин фикрҳо таваҷҷуҳе накардам. Ба интихоб ва қобилияти худ бовар доштам, - иброз дошт Нилуфар.

Падару модар ва наздикон низ ба қаҳрамони мо бовар доштанд. Бо суханҳои рӯҳафзо ангеза медоданд, то аз пешаи интихобкардааш дилпур бошад ва ҳамеша барои комёб шудан талош варзад.

ПИЗИШКИ ОРОИШГАР ВА ВЕБНАВИС БУДАН ОСОН АСТ?

Тавре ки Нилуфар мегӯяд, ҳангоми кор дар соҳаи ороишгарӣ низ аз мутахассис тақозо мешавад, ки боэҳтиёт бошад, ба покизагӣ таваҷҷуҳи бештар кунад, донишманду хушрафтор гардад. Ӯ пайваста кӯшиш мекунад, ки бо муштариёну беморон дар навбати аввал муносибати дурустро ба роҳ бимонад.

“Ороишгарӣ яке аз бахшҳои кори пизишкӣ аст. Ҳар муштарӣ торих ва ҳолати хоси худро дорад. Фаҳмонидани тарзи кори худ ба онҳо муҳим аст. Вақте муштариёнам аз корам қаноатманд мешаванд, хушнуд мегардам ва ба ҳаёташон рангҳои дигарро зам мекунам. Ростӣ, кори ороишгариву зебоиофаринӣ аҷаб лаззате дорад, ки ногуфтанист”, - бо ҳаяҷон баён дошт ороишгар.

Нилуфар дар баробари пешбурди фаъолияти пизишкӣ-ороишгарӣ боз вақт пайдо мекунад, то бо вебнависӣ машғул шавад. Ӯ дар сафҳаи худ бештар видёҳои тавсиявӣ барои корбаронро омода мекунад. Муаллифи идея ва мавзуъи ҳар муҳтаво худи Нилуфар аст. Як вижагии ӯ аз дигар вебнависҳои забоӣ дар он аст, ки дар таҳияи видёҳо аз забони форсии тоҷикӣ истифода мекунад.

- Талош меварзам, ки дар видёҳои худ бештари вақт ба масъалаҳое таваҷҷуҳ кунам, ки мубрам ҳастанд. Яъне дар чаҳорчӯби он ки мухотаб ба чӣ ниёз дорад, муҳтаво омода мекунам. Албатта идома додани таҳсил, кор бо мизоҷон ва машғул шудан бо вебнависӣ душвор аст. Сарфи назар аз ин мекӯшам, ки масъулиятшиносона амал карда, ба натиҷаи назаррас даст ёбам, - гуфт Нилуфар.

ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНА

Нилуфар Ҳалимова соли 2022 тасмим гирифт, ки дармонгоҳи хусусиро созмон диҳад. Инак беш аз якуним сол аст, ки ин марказ бо номи dr/neyla дар шаҳри Душанбе фаъол аст. Пайвандонаш аз таъсиси утоқи корӣ хабар надоштанд. Наздикон пас аз фаъол шудани он огаҳӣ ёфтанд, ки барояшон туҳфаи ғайричашмдоштеро мемонд.

- Дар муддати 6 соли донишҷӯйӣ худро хушбахт эҳсос мекунам. Омӯхтам, амал кардам ва ҳамчун ороишгар ном ёфтам. Хушбахтона соҳиби утоқи кории худ гаштам. Дар баробари ин ба даст овардани ҷоизаи “Вебнависи сол” бароям нерӯ ва тавони нав бахшид. Аз ин пас хидмат ба мардуми азиз барои ман ифтихори бузург аст, - изҳор дошт ороишгар.

Қаҳрамони мо дар зиндагӣ падару модар ва холааш Нигорахон Ғаффорзодаро намунаи ибрат медонад. Онҳо дар ҳама ҳангом инсони хуб ва хушрафтор мебошанд. Ӯ ба шарофати пешааш дӯстони зиёде пайдо кард ва мавриди эҳтироми онҳо аст. Дар ин росто кӯшиш дорад, ки дили касеро наранҷонад ва бо муштариёнаш ҳамчун дӯст рафтор кунад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед