Ru  | Tj
Ягона варзишгари тоҷик дар «Рекордҳои Гиннес». Эмомҳусайни 12-сола чӣ тавр ба ин китоб ворид гардид
Ягона варзишгари тоҷик дар «Рекордҳои Гиннес». Эмомҳусайни 12-сола чӣ тавр ба ин китоб ворид гардид
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Ягона варзишгари тоҷик дар «Рекордҳои Гиннес». Эмомҳусайни 12-сола чӣ тавр ба ин китоб ворид гардид

Нашр шуд

Эмомҳусайн Умаров як варзишгар аст. Ҳарчанд хурд, вале бо шуҷоати бузург. Эмомҳусайн дувоздаҳ сол дораду беш аз 12 ҳазор бозуфишорӣ (арҷуманӣ) мекунад. Ӯ ғолиби чандин мусобиқаҳосту шомили китоби «Рекордҳои Гиннес». Ӯ пайваста дар талош асту пайи инкишофи маҳораташ. Ин варзишкори хурдсол ба 15 тан ҳамсоли худ куштии навъи ҷудо меомӯзонад.

ТУЛӮИ МАҲОРАТ

Эмомаҳусайн дар деҳаи Болошаҳри ноҳияи Рудакӣ таваллуд шудаву ҳоло дар синфи 6 дар мактаби 166-и деҳаи мазкур таҳсил мекунад. Ӯ аз сесолагӣ ба варзиш пайваст. Зеро падараш Раҷаб Умаров ҳар субҳ ба варзиш машғул мешуду ин кор шуғли дӯстдоштааш буд. Тамринҳои пайвастаи ӯ майли Эмомҳусайни хурдсолро ба варзиш ба бор овард. Ӯ ба тамринҳои падар бо ҳавас менигарист. Раҷаб Умаров бошад, ин рағбати писарашро эҳсос карда ӯро имтиҳон кард.

«Аз ӯ пурсидам, ки машқ кардан мехоҳӣ? Дар ҷавоб «бале» гуфт. Чанд маротиба бозуфишорӣ (арҷуманӣ) кардаму барояш гуфтам, ки такрор кун. Ӯ беист иҷро карду шуморашон ба беш аз панҷоҳ расид. Дарёфтам, ки ӯ истеъдод дорад», - мегӯяд падари Эмомҳусайн.

Ҳамин гуна Эмомҳусайн ба машқи бадан оғоз кард. Ӯ ҳар рӯз медавиду бозуфишорӣ мекард ва шумори ҳар дуро мефузуд. Дар шашсолагӣ ӯ метавонист шаш ҳазор бозуфишорӣ бикунад. Бетанаффус.


«Баъзе аз тамринҳоямро дар сафҳаҳои интернетӣ паҳн кардем. Мардум бовар намекард. Аксарият мегуфтанд, ки дурӯғ асту чунин миқдорро анҷом додани як кӯдак имконнопазир. Ҳамин тавр, бо пешниҳоди баъзеҳо мо як рӯзро муайян кардем, ки ман дар пешорӯйи одамон, дар боғи Ирам бозуфишорӣ кунам», - нақл мекунад қаҳрамони матлаби мо.

Боғи Ирам. Одамони зиёд сарҷамъ. Ҳама дар гуфтугӯ аз маҳорату истеъдоди ӯ. Эмомҳусайн бошад дар набард бо нобоварҳо, бо шубҳаҳо. Ӯ қувва меозмуд бо зӯри бозу. Дигарон фақат лаб мегазиданд. Аз ҳайрату тааҷҷуб. Баъди чанд соат Эмомҳусайн боварии мардумро ба даст оварду аҳсану офарини онҳоро сазовор гашт. Ҳамагӣ каф мезананду ба оғӯшаш мегирифтанд. Ӯ аз ин хурсанд мешуд, вале на беш аз падар. Чун устоди аввалинаш падар буд. Ин аст, ки дар ҳар лаҳза канораш буду чашмонаш аз ифтихор медурахшид.

Баъдан Эмомҳусайн дар риштаҳои дигар тамринро оғоз кард. Аммо давидану бозуфишорӣ ва машқҳои дигари гимнастикӣ низ кори ҳаррӯзаву ҳамешагияш буд.

«Эмомҳусайн 15 километр роҳро беист медавад, вале хаста намешавад. Аз ин ҳатто худи мо дар ҳайрат мемонем», – мегӯяд падари ӯ.

Эмомҳусайн дар ин баробар аз ҳавзе, ки падар дар ҳавлӣ барояш омода карда буд, шиновариро омӯхт. Ӯ дар мусобиқаҳо ва махсусан дар мусобиқаи қаҳрамонӣ (чемпионат)-и шиноварии шаҳри Душанбе аз ин навъи варзиш сазовори мақоми аввал гардид. Чанде дар навъи «Каратэ киокушинкай» тамрин карду аввалин қувваозмоияш низ аз ин навъи варзиш буд.

«Хеле дар ҳаяҷон будам. Аз мағлуб шудан метарсидам. Аммо вақте ки ду рақибамро мағлуб кардам, тарс барои ҳамеша аз ман гум шуд», - ба ёд меоварад Эмомҳусайн.

Ӯ ҳамзамон аз навъи варзиши муштзанӣ (бокс) низ иштирокдор ва ғолиби чанде аз мусобиқаҳо будаву дар мусобиқаи шаҳрӣ дар вазни 32кг сазовори мақоми аввал гардидааст. Аммо куштии ҷудоро барои худ ҳадафи асосӣ қарор додаасту бештар дар ин навъи варзиш тамрин кардан мехоҳад.

Ин аст, ки дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи куштии ҷудо низ ғолибият ба даст овард. Илова бар ин ӯ футболро низ дӯст медораду соҳиби чандин ифтихорнома ба унвони беҳтарин ҳамлавар аст. Барои иҷрои амалҳои ғайриодӣ низ бо чандин медалу ифтихорнома сарфароз гардидааст.


ДИДОР БО ҲАБИБ НУРМУҲАММАДОВ

Соли 2021 бародари варзишгари маъруфи доғистонӣ Ҳабаб Нурмуҳаммадов дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мусобиқа дошт ва Ҳабиб Эмомҳусайнро барои вохӯрӣ ба ин шаҳр хонд. Худи Эмомҳусайн дар ин бора бо ҳаяҷону бо хушнудӣ ҳарф мезанад:

«Мо дар як меҳмонхона вохӯрдем. Онҳо фикр мекарданд, ки ман 1200-то болофишорӣ мекунам, вале ман гуфтам, ки на, 12 ҳазор. Дар аввал бовар накарданд, аммо вақте ман беист 100-то болофишориро иҷро кардам, Ҳабиб маро боздошт. Ба ман офарин хонда гуфт, ки ояндаи дурахшон дорӣ ва як сарпӯш, ба истилоҳ «кепка», ки дар он имзои худаш буд ва як ҷузвдони варзишӣ ва миқдоре пул тақдим кард», - нақл мекунад қаҳрамони матлаби мо.


ФАТҲИ ҚУЛЛА

Бо пешниҳоди чанде аз устодону наздикон ва бо талошҳои падар барои ворид шудани исми Эмомҳусайн ба китоби «Рекордҳои Гиннес» дархост доданд. Пас аз ин ӯро ба Федератсияи Русия даъват карданд. Ҳамин тавр, дар шаҳри Красноярск беш аз ду моҳ тамрин карда, 10 январи соли 2022 ба Маскав омад ва Эмомҳусайн рӯзи 12-уми январ баъди он ки дар 6 соат 5200 маротиба болофишорӣ кард, шомили «Рекордҳои Гиннес» шуд. Чун аз ҳад зиёд дар синни ӯ мумкин нест, баъди ин миқдор болофишорӣ масъулини ин китоб худашон ӯро боздоштанд.


МУРАББИЕ, КИ 12 СОЛ ДОРАД

Эмомҳусайн ҳамакнун худ мураббӣ гаштаасту аз падар, ки аввалин устодаш ҳаст, устодони дигараш, аз ҷумла Хайриддин Туйчиев, ки дар Русия бо ӯ тамрин карда буд, Муҳамммадҷовид Умедов ва Фаридун Умедов, ки дар шаҳри Хуҷанд ба ӯ ҳар навъи варзишро омӯзониданд, миннатдор асту сипосгузор.


Ҳамин тариқ, муваффақиятҳои Эмомҳусайн меҳри дӯстону ҳамсолонашро нисбат ба варзиш бедор кард. Ӯ беш аз ду моҳ аст дар толори варзишие, ки дар канори ҳавлӣ омода кардаанд, ба онҳо дарси варзиш мегӯяд. Шумори шогирдонаш 15 нафар асту Эмомҳусайн бо муҳаббату самимият ба онҳо куштии навъи ҷудо меомӯзонад. Мехоҳад баъди як соли тамрин шогирдонаш бо иштирок дар мусобиқаҳо зафар ёбанд. Мехоҳад бо ин роҳ дар рушди варзиш саҳме гузорад.


Эмомҳусайнро нақшаҳо зиёд асту мақсадҳо бузург. Мехоҳад қаҳрамони ҷаҳон аз риштаи ҷудо бошаду парчамбардори меҳан. Дар ин баробар чанд нафари дигарро низ ҳамроҳӣ дораду дастгирӣ ва устодона роҳнамоӣ мекунад. Ӯ ҳоло забони англисӣ меомӯзад. Чун мехоҳад дар ҳар самте муваффақ бошаду хостабирас. Пас бошад, ки истеъдоди волояш ба болотарин нуқтаи мурод бирасонадаш.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед