Ru  | Tj
Якумин ҳавонаварди ҳарбӣ аз Тоҷикистон баъди 82 сол «пайдо шуд»
Якумин ҳавонаварди ҳарбӣ аз Тоҷикистон баъди 82 сол «пайдо  шуд»
Акс: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Якумин ҳавонаварди ҳарбӣ аз Тоҷикистон баъди 82 сол «пайдо шуд»

Нашр шуд

Аввалин ҳавонаварди ҳарбии тоҷик Абдураҳмон Исмоилов мебошад, ки соли 1917 дар ҷамоати деҳоти Унҷӣ, деҳаи Оқариқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дунё омадааст. Номбурда соли 1940 пас аз хатми техникуми хоҷагии кишлоқ дар 23-солагӣ барои таҳсил дар Донишгоҳи ҳавонавардӣ ба Беларус рафтааст, ки ба гуфтаи наздиконаш он солҳо солҳои муҳдиши ҶБВ буд.

Рӯзи 4-уми май дар зодгоҳи ин қаҳрамон лавҳаи хотиравияшро гузоштанд, яъне пас аз 82 соли ноаёнӣ аввалин ҳавонарди ҳарбии тоҷик Абдураҳмон Исмоилов «пайдо шуд».

Лавҳагузорӣ дар доираи васеи фаъолони ҷамоат, масъулини ҳукумати вилояту ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, донишомӯзони мактаби 29-и ҷамоат, ки Исмоилов донишомӯхтаи ин боргоҳи илм будааст, баргузор шуд, ки доир ба таърихи Рӯзи Ғалаба ва саҳми Исмоилов ва дигар родмардони ватан маърӯзаҳо хонданд.

Шахсияти Исмоиловро кӣ ва кай муайян кард?

Дар бораи корнамоиҳои ҷангии ин номбардори Ватан таърихнигори варзидаи тоҷик, ҷангноманависи маъруф Ҳасанбой Шарифов очерке бо номи «Парвози ҷовидона» дар китоби «Ҷавлонгоҳи бузургон» ба қалам дода, дар асоси ҳуҷҷатҳои бойгонии ҳарбии шаҳри Маскав корнамоии бемислу монанди ӯро дар ҳифзи Ватан аз дасти фашистони истилогар, қаҳрамониҳояш дар ҷанги ҳавоӣ тавассути ҳавопаймои қиркунанда «Р-зет» бар зидди эскадриляи қиркунандаи «люфтваффе»-и немисҳо абадӣ гардонидааст. Воқеан ҳам дар ин ҷанги нобаробар Абдураҳмон Исмоилов ҳанӯз рӯзи 3 июли соли 1941 қаҳрамонона ҳалок гардидааст, ки он вақт ҳамагӣ 24-сола буд.

Отярди пайшиносони «Авиапоиск-Борисов»-и Беларус бошад, дар натиҷаи чустуҷӯҳо ва суҳбат бо шоҳидони зиндаи он муҳориба, ки дар деҳаи Зембини ноҳияи Плешенитси Беларус сурат гирифтааст, исбот намуданд, ки Абдураҳмон Исмоилов ҳавопаймои оташгирифтаашро аз болои деҳа дур бурда, даруни ҷангал афтодааст... Отряди пайшиносони «Авиапоиск-Борисов» макони афтодани ҳавопаймо, пораҳои ҳавопаймои таркида ва ҳам оҳантасма (бляха)-и Абдураҳмон Исмоиловро дарёфт карда, ба осорхонаи ҷангии Ҷумҳурии Беларус супоридаанд.

Инак, беш аз 80 сол аст, ки оромгоҳи фарзанди қаҳрамони тоҷикро мардуми Беларус дар деҳаи Зембини ин кишвар обод нигоҳ медоранд. Бино ба гуфтаи Татяна Балашова, дар ин деҳа кӯчае ба номи қаҳрамони халқи тоҷик, нахустин ҳавонаварди ҳарбии тоҷик Абдураҳмон Исмоилов низ гузошта, хотирааш абадӣ гардонида шудааст.

«Модарам 50 сол Абдураҳмонро интизорӣ кашида нобино шуда мурд»

Ба гуфтаи хоҳари Абдураҳмон Исмоилов – Шарафнисо Алибоева, ки ягона нишона аз оилаи Исмоилов аст, замони ба Беларус рафтани додари қаҳрамонаш ӯ ҳамагӣ як сол дошт ва рӯйи бародарро ба серӣ надидаву чеҳраашро дар ёд надоштааст.

- Мо дар оила чор фарзанд будем, ду духтар ва ду писар. Вақте бародарам Абдураҳмон ба Беларус рафт, аз рӯйи нақли модари шодравонам ман ҳамагӣ яксола будаам. Баъди каме калонтар шуда ба қавле “ақламро шинохтан” дар хотир дорам, ки яке Абдураҳмонро зинда мегуфту дуюмӣ мурда, - гуфт Алибоева.

Ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, модари Исмоилов аз рӯзи сафари ӯ (1941) то дами марг (1990) расо 49 сол дар интизори бозгашти бародарам будаааст ва дар ниҳоят нобино шудааст.

Исмоилровро барномаи «Жди меня» пайдо кард

Агар барномаи «Жди меня» намебуд, шояд номи Абдураҳмон Исмоилов, ки дар мактаби 29 дар қатори ҷанговари ҶБВ ҳаст ва он ҳам хато навишта шудааст, дар тахта боқӣ мемонду халос. Албатта, барои эҳёи номи қаҳрамон саҳми аъзои отряди пайшиносони «Авиапоиск-Борисов» аввалиндараҷа аст.

Баҳрӣ Абдураҳмонова, мудири созмони «Диёр» дар шаҳри Хуҷанд, ки намояндагии барноми «Жди меня»-и шабакаи 1-и Русияро низ ба зимма дорад, дар ин замина гуфт, «омадани мактуб дар соли 2023 аз Ҷумҳурии Белорусия на танҳо барои оилаи Исмоиловҳо, балки барои тамоми мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як пайки хуше буд.

Вақте ки нома тариқи интернет аз Ҷумҳурии Беларус аз узви аъзои отряди пайшиносони «Авиапоиск-Борисов» Татаяна Балашова ба дасти онҳо мерасад, ба тақдири минбаъдаи ҳамсари нахустин ҳавонаварди ҳарбии тоҷик Абдураҳмон Исмоилов – беларусдухтар Евгения Исааковна таваҷҷуҳ карда мешавад. Дар пайи омӯзишҳо маълум мегардад, ки қабри Абдураҳмон Исмоилов дар деҳаи Зембини ноҳияи Плешенитси Белорусия ҷойгир будааст.

- Пас аз 82 соли маргаш шинохтану эҳё кардани номи як тоҷики қаҳрамон кори саҳлу сода нест. Муҳимтар аз ҳама азобу интизориҳои зиёд натиҷа дод ва 4-уми май лавҳа гузошта шуд», - афзуд Абдураҳмонова.

Додар 5 сол барои эҳёи номи бародар давутоз карду бо ҳасрат даргузашт

Муқаддама Ҳоҷибоева, омӯзгори собиқадори забони инглисӣ ҳамсари бародари хурдии Абдурамон Исмоилов аст. Ӯ зимни суҳбат ба мо нақл кард, ки 5-6 сол муқаддам ӯву падарарӯсаш Абдураҳим Алибоев (бародари хурдии Абдураҳмон Исмоилов) аз ҷамоату деҳот то идораи мақомоти вилояти Суғд зиёд давутоз карданд, ки корнамоиҳои Абдураҳмон Исмоиловро «рӯйи об бароранд».

- Аммо ҳолатҳое шуд, ки аз «марзи ҷайби мо пурсон шуданд»-у ягон кор амалӣ нашуд. Чун падарарӯсам марди деҳқон ва мо оилаи миёнаҳол будем, натавонистем нимпайкараи ӯро созем ва ё коре барояш кунем. Танҳо давутоз ва умедворию навмедӣ, - гуфт Муқаддама Ҳоҷибоева.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, барои зиндагардонии номи Абдураҳмон Исмоилов ба раиси вақти вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ муроҷиат кардем. Ӯ аризаи моро барои мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров равон кард. Дар ниҳоят Ҷамоати деҳоти Унҷӣ ба арзи мо посух гардонд, ки дар ҳайрат мондем.

Хулоса, падарарӯси шодравонам аз дунё бо ҳасрати абадӣ нагардидани хотираи неки бародарашон фавот карданд, - афзуд ӯ.

Ҳоҷибова инро гуфту номаеро бо имзои раиси вақти ҷамоати деҳа Баҳром Ҳоҷибоев (№474 аз 2 июни соли 2017) дароз кард, ки ман ҳам хонда сахт дар ҳайрат мондам. Дар он аз ҷумла чунин омадааст (айнан меорам): «Ҷамоати деҳоти Унҷӣ муроҷиати шаҳрванд Алибоев Раҳимро барои зинда намудани номи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдураҳмон Исмоилов, ки бе ному нишон гаштааст, кумак мепурсад, мавриди баррасӣ қарор дода ба маълумот мерасонад, ки шахсияти Исмоилов Абдураҳмонро барои арзанда будан ба номгузории кӯча оиди фаъолияти меҳнатиашон пешниҳод намоед...»

- Баъди 82-сол номи қаҳрамони оилаи мо - Абдураҳмон Исмоилов дубора зинда шуд, аммо боз ҳам афсӯс мехӯрам, ки хусури равоншодам бо армони номгузорӣ нашудани ягон кӯча ба номи бародари қаҳрамонашон аз дунё рафтанд, - гуфт Муқаддама Ҳоҷибоева.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед