Ru  | Tj
Зебоӣ дар ҳар кадр: чи гуна як аккоси аҳли Душанбе Дидор Садуллоев саёҳонро бо суратҳои худ ҷалб мекунад
Зебоӣ дар ҳар кадр: чи гуна як аккоси аҳли Душанбе Дидор Садуллоев саёҳонро бо суратҳои худ ҷалб мекунад
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардидааст

Зебоӣ дар ҳар кадр: чи гуна як аккоси аҳли Душанбе Дидор Садуллоев саёҳонро бо суратҳои худ ҷалб мекунад

Нашр шуд

Яке аз барҷастатарин намояндаи аккосии муосир – Дидор Садуллоев бо суратҳои худ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар низ шуҳрат пайдо кардааст. Ба туфайли аксҳои ӯ теъдоди зиёди одамон дар бораи Тоҷикистон маълумот пайдо карданду, шумораи бисёре аз саёҳон ба кишвар ташриф меоранд. Дидор бо заҳмати худ собит кард, ки ҳар касб метавонад ба нафъи кишвар ва мардум бошад, агар бо он софдилона шуғл кунанд.

  Фаъолияти ӯ ба ҳайси аккос соли 2000 пас аз гирифтани як фармоиши оддӣ оғоз гардид. Пас аз хатми Донишгоҳ бо ихтисоси “физика ва риёзӣ” Дидор пай бурд, ки барои анҷоми кори илмӣ ва ба даст овардани даромади кофӣ қодир нест. 
Тӯли фаъолияташ ба ӯ муяссар гашт, ки бо нашрияҳо ва ширкатҳои байналмилалии зиёде ҳамкориро ба роҳ монад.



- Чигуна ва кай шумо ба олами аккосӣ қадам гузоштед?

 - Дар кӯдакӣ ба варзиш машғул будам, зеро орзӯ доштам, ки варзишгар шавам. Аммо падарам саргарми аккосӣ буд ва маҳз ба туфайли ӯ то ба имрӯз дар хона тамоми суратҳо ҳифз шуданду, аз рӯи онҳо мо хешовандонеро, ки аслан надидаем, мешиносем. Аз эҳтимол дур нест, ки ин саргармии падарам ба ман низ таъсир расондааст.

  Соли 2000 пас аз дарсҳо ба аксбардории одамон шуруъ намуда, то соли 2012 заҳмати зиёд кашидаму, студияи шахсии худро кушодам. Нозукиҳои аксбардориро ба ман бародарам омӯзонидааст, зеро касе бояд дар ягон иқдоме сабабу илҳомбахш гардад ва дар ин ҷода роҳнамо низ бошад. Касе наметавонад дар танҳои беҳтарин шавад. Ба шарофати кӯмак ва дастгирии бисёре аз одамон, ман тавонистам, ки ин касбро аз худ кунам.

  Мояи ифтихор аст, вақте, ки шогирд аз устодаш пешдаст бошад, ин истеъдод аст, ки онро бояд тавсеа доду на фақат дар фикри ба даст овардани бартарии пулӣ бошӣ. Бо истифода аз аксҳоям мехоҳам номи худро дар байни мардум боқӣ гузорам.



- Шумо худомӯз ҳастед, ё аксбардориро аз каси дигаре омӯхтаед?

  Маро бародарам омӯзонидааст ва муддати 10 сол малака ҳосил кардам. Тахминан соли 2013 дар назди аксбардорони номии Россия сабақ гирифта, барои ба даст овардани маълумоти касбӣ дар ин соҳа ҷиддӣ андеша кардам.

  Ба ин мақсад ба кафедраи хабарнигории аккосӣ ва фановарии ВАО -и Донишгоҳи давлатии тарроҳӣ ва фановарии Москва дохил шудам. Дар Донишгоҳи номбурда хабарнигор – аккоси машҳури рус Владимир Юревич Вяткин дарс медод, ки ман ӯро таҳсин мекардам ва маҳз ҳамин боис шуд, то шогирди ӯ шавам. Омӯзгорони пуртаҷрибаи дигаре низ буданд, ки донишҷӯёнро таҳти сарпарастии худ мегирифтанд, вале ман мунтазири танҳо Вяткин будам. Ӯ пас аз 2 моҳ ба омӯзонидани мо оғоз кард ва вақте фаҳмид, ки ман аз Тоҷикистон њастам шуруъ ба баҳс кард, ки зиндагонӣ дар Ватанам ниҳоят мушкил аст. Як вақтҳо касе ба ӯ дар бораи зиндагӣ дар Тоҷикистон дар давраи  солҳои 90 нақл кардааст ва ӯ бар он ақида буд, ки чунин ҳолат дар кишвари мо то ҳанӯз боқӣ мондааст. Аз байн вақти зиёд гузашту, ман шогирди беҳтарини ӯ шудам, зираку хурд будам, хамеша пеш медавидам ва аввалин шуда акс мегирифтам, ӯро масхара мекардаму ӯ маро аз дами роҳаш пеш мекард. Ман бо ӯ дар чорабиниҳои зиёди муҳим дар Майдони сурх иштирок кардаам.


  
Ҳар ҳафта тариқи пешниҳод намудани як гузориш бо ҳадди аксар 10 сурат мо бояд санҷиш месупоридем. Ман дар роҳпаймоиҳо сурат мегирифтаму зиёда аз 200 аксро пешниҳод мекардам ва барои чунин муносибатам аз ҷониби устод Вяткин зуд – зуд таҳти сарзаниш қарор мегирифтам. Ба ин нигоҳ накарда ман аксҳои зиёдеро манзури ў мекардам, то тавонистам, ки теъдоди суратҳоро ба 10 – 15 дона коҳиш диҳам.

  Сипас барои фаъолияти минбаъда дар Новгород иҷозат гирифта, якумин шуда дар байни ҳамсабақони худ бомуваффақият дипломамро ҳимоя кардам. Соли 2014 дар асоси интихоби СҲШ ва БРҲХА (БРИКС) барои аксбардорӣ ба Бошқирдистон сафар намудам.

  Боре, вақте, ки ман бо як эронӣ ба забони форсӣ суҳбат мекардам, ғайричашмдошт зани дар рӯ ба рӯи мо нишаста, ки Марина Макаевская ном дошт бо забони тоҷики вориди суҳбати мо шуд. Маълум шуд, ки ӯ шогирди Вяткин будааст, ки як давра дар Тоҷикистон ранҷ кашидааст, вале ин ҳама дар гузашта буд. Ман ба ӯ гуфтам, ки мо дубора бояд суҳбат кунем, то тамоми ҳақиқатро дар бораи Тоҷикистон бигӯем. Бист сол ҳаст, ки ӯ ба Тоҷикистон омада, дар мавзӯҳои мухталиф гузоришњои аккосӣ омода мекунад.



   “Ман фахр дорам, ки шогирди Вяткин ҳастам”, - иқрор мешавад Дидор.



-Вақте, ки ман ба сафари хизматӣ мерафтам, устодам доим аз ман талаб мекард, то бо дастони холӣ барнагардам, ӯ хоҳиш мекард, ки корҳои худро пешкаш намоям, маломат мекард ва мепурсид, ки чи корҳоро ба сомон расонидаам, дар кадом озмунҳо сазовори ҷоизаҳо шудам. Ӯ талаб намекард, ки ман ба ӯ ягон туҳфа орам, аз ҳама муҳим барояш корҳои ман буданд. Ман то ҳанӯз аз Дмитрий Линков, Владимир Вяткин, Марина Макаевская, Нозим Қаландаров маслиҳат мепурсам ва дар ҳолати рў ба рӯ шудан ба мушкилие, ба онҳо менависаму машварат низ мегузаронам. Марина Макаевская ҳангоми буду бошаш дар минтақаи Сибир, ки он вақт ҳарорати ҳаво – 45 дараҷаро ташкил медод, ба хоҳиши ман барои кӯмак чунин посух дод: “ягон ҷойи гармтарро пайдо намуда, ҳатман бо ту дар тамос мешавам”. Дмитрий Линков бошад, ҳатто ҳангоми бемориаш вақт пайдо мекард, то ба ман кӯмаке расонад. 

  - Чӣ чизе ба шумо барои дидан ва пайдо кардани кадрҳои ғайриоддӣ кӯмак мерасонад?

  - Агар росташро гӯям, ман метавонам тӯй ва чорабиниҳои дигареро низ аксбардорӣ кунам. Вале чаро ман имрӯзҳо ба аксҳои манзаравӣ рӯ овардам? Зеро вақте, ки ман чунин суратҳоро аз кишварамон паҳн мекунам, бо ман одамони дигар аз давлатҳои хориҷӣ дар тамос шуда, омодагии худро барои сафар ба Тоҷикистон иброз менамоянд.
Маҳз бо ин роҳ ман дар Чехия дӯстеро пайдо кардам, ки пас аз дидани аксҳои бузкашӣ, барои сафар ба кишвари мо ва боздид аз ин чорабинӣ омодагиашро иброз намуд. Ман шахсан 3 – 4 соли охир ба макони забҳи бузҳо сафар кардам ва ин манзараро ниҳоят диданибоб дарёфт намудам, зеро дар рафти чунин сафарҳо метавонед аксҳои хеле ҷолибро дастрас кард.



  Соли дигар баъд аз бозгашти дӯсти чехиам ба ватан, аз ин кишвар боз 10 аксбардори дигар ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

 Ман дӯсти дигаре низ бо номи Юрий дорам, ки тақрибан ба тамоми кишварҳои ҷаҳон сафар кардааст. Боре ӯ барои дидани маъракаи забҳи бузҳо бо як шаҳрванди 85 солаи Италия ба Тоҷикистон омада буд. Бо вуҷуди боронгариҳо, вазъи бади саломатӣ ва синну сол ин зан барои аккосӣ бо мо ба Ҳисор рафта, аз мушоҳидаҳои худ ниҳоят хушбахт шуд. Новобаста аз тамоми монеъаҳо  ба муддати якуним рӯз барои аксгирӣ аз ин чорабинӣ ба Тоҷикистон омада буд. Худи Юрий бо таҷҳизоти аксбардории наворӣ сурат мегирифт ва бо худ ҳамагӣ 8 адад навор (пленка) дошт, ки бояд онҳоро дар 4 кишвари ҷаҳон низ истифода мебурд. Дар Тоҷикистон  ӯ бояд ҳамагӣ 2 кадр сурат мегирифт, ки чунин ҳолат аз аксбардор корозмудагии зиёде талаб мекунад, зеро бояд лаҳзаи ниҳоят муҳим пайдо ва ба навор гирифта шавад.   



- Чаро маҳз аксбардорӣ?

  - Мардуми мо аксаран ба аккосон ва шуғли онҳо назари шаккокона доранд, вале барои муаррифии кишвар дар ҷаҳон маҳз нақши онҳо муҳим аст, зеро саёҳон маъмулан дар бораи ин ё он давлат аз сурату наворҳои видеоӣ маълумот пайдо мекунанд.  

  Агар шумо дар бораи Тоҷикистон маълумоти шифоҳӣ паҳн кунед, тамоми одамони ҳавасманд далели шайъӣ, яъне сурату навори видеоиро талаб мекунанд. 

  Шунидан кай бувад, монанди дидан! Оре бе  суратҳо наметавон тамоми назокат ва зебоии кишварамонро нишон дод.

  Саёҳон беҳуда ба Тоҷикистон наомадаанд, зеро онҳо аввал бо кишвари мо тавассути сурату наворҳои видеооии дар интернет паҳншуда шиносоӣ пайдо карда, баъдан нисбати сафари худ қарор қабул менамоянд. Дар ин замина онҳо маъмлӯан нақшаи буду бошашонро барои якчанд рӯз тартиб дода, мавзеҳои мавриди назари худро низ мушаххас менамоянд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки саёҳон тамоми чизҳои воқеъиро дӯст медоранд ва ба кишвари мо маҳз ба хотири обу ҳавои тоза меоянд. 



  Мехостам ба аккосони мо маслиҳат диҳам. Агар шумо барои аксбардорӣ моделҳоро ҷалб кунед, зарур аст, ки онҳо бо сабки миллӣ бошанд, зеро маҳз ҳамин диққати саёҳонро ба худ ҷалб мекунад. Ман саёҳи хориҷиро мешиносам, ки танҳо дар муддати 4 рӯзи буду бошаш дар Помир 3000 долларро сарф кардааст. Ҳангоми сафар ба ин ё он минтақаи кишвар саёҳони хориҷӣ бо раисони маҳаллаҳо вохӯрӣ баргузор намуда, ҳар як аксбардор барои пешрафти маҳалла 10 долларӣ ҷудо менамояд ва барои аксбардорӣ низ иҷозат мегирад. Бо ин роҳ саёҳони хориҷӣ дар рушди минтақаҳои мухталифи кишварамон саҳми худро мегузоранд.


  Агар хоҳед, ки тиҷорататон инкишоф ёбад, беҳтар аз ҳама ҳамкориро бо саёҳони хориҷӣ ба роҳ мондан зарур аст. Ман худам ба гардишгарони хориҷӣ кишварамонро нишон медиҳам ва аз ин лиҳоз онҳо барои ҳамкорӣ бо ман мароқ зоҳир менамоянд. Ман ба онҳо дар барқарор намудани иртибот бо аҳолӣ кӯмак мерасонам ва барои муносибати боэҳтиром кардан бо онҳо шароити мусоид фароҳам меорам. 



- Муваффақ ба боздиди чанд кишвар шудаед?

 - Ба шарофати озмунҳои гуногуни аккосон ва кор дар ин самт ба ман муяссар шуд, ки аз Бошқирдистон, Россия, Туркия, Қазоқистон, Ўзбекистон дидан кунам. Маҳз корҳои ман боис шуданд, ки мутахассисони зиёди ин соҳа аз кишварҳои мухталиф бо ман иртибот барқарор намуда, барои кор ба давлатҳои худ даъват мекарданд.




- Бо истифода аз кадом таҷҳизот гирифтани акс бароҳат ва беҳтар аст: телефон ё суратгирак? Аз кадоми инҳо шумо истифода мебаред?

  - Ба наздикӣ китобе дар бораи Тоҷикистон нашр мешавад, ки дар он аксҳои ман оид ба либоси миллӣ ва кӯдакон низ ҷой дода шудаанд. Тамоми корҳои маро ҳаводаронам дар интернет пайдо карданд, ки ба онҳо хеле писанд омад. Пас аз шунидани ақидаҳои онҳо ман асли аксҳоро бо сифати баланд пешкашашон кардам. Ҳоло хуб аст, ки метавонед бо телефон акс бигиреду, билфосила онро нишон диҳед ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир кунед. Вале агар ман бо телефон акс гирам, ҳатман рӯзи дигар он манзараро дубора бо истифода аз суратгирак аксбардорӣ мекунам. Барои ширкат дар озмунҳои мухталиф қоидаҳои муқарраргардида мавҷуданд: чигунагии сифат, пикселҳо ва ғайра, онҳо ба маводи аввалия ниёз доранд. Агар ман корҳои худро дар андозаҳои мухталиф нигоҳ намедоштам, иштироки ман дар намоиши Эрмитаж ғайриимкон мегашт, зеро талаботи асосии ин чорабинӣ пешниҳод кардани аксҳои бо сифаташон зиёда аз 10 МБ буд. Аксҳои дар андозаи  RAW и JPEG гирифташуда – ин андозаи бисёр хубе аст барои эҷодкороне, ки ҷиҳати ба даст овардани муваффақият талош мекунанд.

  - Ин қадар аксҳоро шумо дар куҷо нигоҳ медоред?

  Шумо ҳомилҳои электронии маро надидед, ки теъдодашон 8 – 10 ададро ташкил намуда, ғунҷоиши ҳар яки онҳо то 2 – 3 терабайтро ташкил медиҳанд. То барқарор кардани онҳо як қисмашон нест шуданд ва аз ин лиҳоз ман корҳоямро дар ду ҳомил якбора нигоҳ медорам.

  - Аккосӣ манбаи асосии даромади шумо аст, ё бо кори дигаре низ шуҳл доред?

  - Бале, ман фақат бо аксбардорӣ даромад пайдо мекунам, ба корҳои дигар намехоҳам вақтамро сарф кунам, зеро бояд танҳо дар соҳаи худ мутахассис бошӣ. Муҳим нест, ки ба кадом кор банд ҳастӣ, асос он, ки дилдодаи кори худ бошӣ ва дар ин самт инкишоф ёбӣ. 

  - Метавонед барои аккосони навкор чанд маслиҳати муфид диҳед?

  1) Танбал набошед. Баъзеҳо якчанд маротиба корҳои худро мунташир мекунанд ва аз сабаби аксуламали нокифоя аз фаъолияти минбаъда дар ин соҳа даст мекашанд.
2) Набояд ноумед ва таслим шуд. Агар ягон коратон барор нагирифт, дафъаи дигар бояд заҳмати зиёдтаре кашид.



 3) Акси бештар гиред, вале шитоб набояд кард. Тасаввур кунед, ки дар таҷҳизоти аксбардории шумо ҳисобкунак насб шудааст ва муҳлати истифодабарии он бо ҳар як кард камтар мешавад. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки лаҳза ва зовияи муносибро интихоб ва бидуни адолат аксбардорӣ кард. Аммо барои аксбардории хабарнигорӣ бояд ҳушёр буд ва зиёдтар акс бардошт. 

 4)  Муҳим аст, ки қобилияти худро дар ин ҷода дуруст дарк намоед ва набояд соҳаҳои мухталифро омехта кард. Аксҳои манзара – саргармӣ, вале мустанадкорӣ – кори эҷодии ман мебошад. Ҳар як аккос бояд рози худро дошта бошад, ки метавонад аз дигарон тафовуте дошта бошад. Бале, аксбардорони зиёде мавҷудан, вале на ҳар яки онҳо метавонанд мутахассисони соҳаи худ бошанд.



5) Ҳангоми аксбардоии қаҳрамон шумо бояд тавре сурат гиред, ки дар наздикии ӯ ягон каси дигар ба чашм нарасад. Масалан ман бо афроде дар мавзӯи мавриди таваҷҷуҳаш суҳбат доир мекунам, то ӯ худро озодона эҳсос кунад ва маҳз дар ҳамин ҳолати табии акси ӯро мегирам. Агар шахс наметавонад ба таври махсус истад, пас мусиқии дӯстдоштаи ӯро мемонем. Ҳатто атри истифонамудаи шумо пеш аз аксбардорӣ руҳияатонро баланд мебардорад ва шумо худро нисбатан дилпурона эҳсос менамоед, пас тамоми аксҳоятон бо сифати баланд гирифта мешаванд.  


- Кӣ ва ё чӣ ба шумо илҳом мебахшад?

  Асосан маро ҳаёти воқеъии мардум ё мустанадкорӣ руҳбаланд менамоянд. Ман аз марде таҳсин мекунам, ки ӯро аксбардорӣ кардаам, маъюб аст, бо кор на бо гадоӣ ҳақи худро пайдо мекунад. Новобаста аз он, ки як по надорад, бо туфайли кори худ ба ҳаҷ рафтааст. Ҳамроҳи ҳамсараш ба хиштрезӣ машғул буда, маҳсули дасташро бо арзиши 80 дирам ба фурӯш мебарорад. Вақте, ки давлат ба онҳо қитъаи замин ҷудо кард, ӯ хоҳиш намуд, то он дар мавзеъи нисбатан баланде ҷойгир бошад, зеро аз хоки кандааш хишт рехта, заминро ҳамвор кард ва дар рӯи он хона сохт. Касе кор намекунад, ризқу рӯзиашро дарёфт намекунад, ин ҳаст шиори он марди коргар. Худи ман аз ӯ теъдоди зиёди хишт харидаам, ки ниҳоят мустаҳкаму пурбардошт буданд. 

 
Қиссаи зани конкан низ, ки дар умқи 120 метр ба истихроҷи ангишт машғул аст маро руҳбаланд кардааст. Шумо тасаввур кардан метавонед, ки чӣ тавр ӯ бо 25 сомонӣ дар як рӯз зиндагиашро гузаронида истодааст? Ба кони ангишт ва ё ба ҷойи кори он зан дохил нашуда, ман аллакай худро хаста эҳсос мекардам, бар замми ин, таҷҳизоти аксбардориам аз кор боз монд. Дар як рӯз ӯ танҳо 3 маротиба аз даруни кон берун баромада, пас аз тай намудани якчанд километр роњ 4 халта ангиштро мефурӯшад.  
Вақте, ки шукргузорӣ аз зиндагӣ, пайдо кардани ҳақ бо меҳнати ҳалол, худдорӣ аз гадоӣ ва бадахлоқии чунин шахсонро бо чашмони худ мебинед, аз худ суол мекунед, ки ман аз онҳо чӣ тафовуте дорам, охир ман соҳиби ду даст ва ду по ҳастам ва бояд кор кунам. 


- Чӣ тавр шумо одамонро сурат мегиред, то ҳуқуқи онҳо дар мавриди тасвир нақз нашавад?

  -Барои аксбардориву нашри суратҳо аз онҳо розигии хаттӣ мегирам, дар баъзе ҳолатҳо иҷозати онҳоро тариқи видеоӣ низ сабт мекунам, то фардо даъвое пеш наоранд. 

  -Аксҳои гирифтаи шумо чӣ тавр тавлид мешаванд? Оё шумо саҳнаи аксмегирифтаи худро қаблан тарҳрезӣ мекунед?

  - Масалан, агар ман оид ба баргузории озмун дар ин ё он мавзуъе маълумот дастрас кунам, тахминан як ҳафта қабл аз ин чорабинӣ ба макони фаъолияти худ рафта, аллакай медонам, ки кадом шахсро бояд сурат гираму, дар кадом мавзуъ бо ӯ суҳбат кунам. Пас аз ин розигии онҳоро барои аксбардорӣ мегирам, ҳолате мешавад, ки бархе аз онҳо аз ақидаи худ мегарданд ва дар ин маврид онҳоро чанд маротиба розӣ мекунонам. Агар ин сурати манзаравӣ бошад, ман қаблан омодагӣ мебинам, аз ҷумла бо худ хӯрок ва 2 адад таҷҳизоти аккосиро бо якчанд линза тайёр намуда, бевосита барои аксбардорӣ ҳадди ақал 4 соат сарф мекунам. 

  Наметавон чизеро сурат гирифта зуд баргардӣ. Шумо бояд кадри ҳавасангез (ғуруби офтоб, парвози парандаҳо ва ғайра) – ро интизор шуд. Барои шахсони эҷодкор сурати оддӣ завқовар нест, вале вақте, ки зовияи махсусро дарёфт кардед, метавонед ҳатто одамеро, ки шуморо дар аксбардорӣ ҳамроҳӣ мекунад, ба тааҷуб оред. Масалан, гирифтани сурат дар Искандаркул дар манзараи дарахтони зард шарт нест, зеро чунин дарахтонро метавон дар боғи ботаникӣ пайдо кард. Вале, вақте, ки ту масофаи дуру дарозро тай карда, пул ва вақти зиёдро сарф мекунӣ, ҳамон тавре сурат гир, ки аз онҳо мардум ба ваҷд оянд, яъне ҳам куҳ, ҳам барф, ҳам об ва ҳам дарахтҳоро бубинанд.



  - Дар оянда чӣ нақшае доред?

- Мехоҳам дар Тоҷикистон як сафари аксбардорӣ ташкил кунам. Лоиҳаи чунин иқдом омода аст ва ман интизори он ҳастам, ки чӣ замон имкони амалӣ кардани он фаро мерасад. Ман аллакай ду маротиба дар чунин сафар дар Бошқирдистон иштирок намуда, таҷрибаамро дар ин самт ғанӣ гардонидаам.

  Ба туфайли чунин сафар имконияти хубе барои муаррифии Тоҷикистон ба миён омада, теъдоди саёҳон ба кишвари мо низ меафзояд. Тоҷикистон яке аз амнтарин кишвари ҷаҳон мебошад ва мо бояд инро исбот кунем. Барои ин ба мардум бояд аксҳои зебо нишон дода шаванд, то онҳо бидонанд, ки ба куҷо сафар менамоянд.
Хоҳишмандони омадан ба кишвари мо аз ҳисоби шиносони ман зиёданд ва барои ин танҳо сабаб расмӣ зарур аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед