Ru  | Tj
Зиёвиддини Нақшбанд. Ҳунарманде, ки аз хӯшаи гандум мусаввараҳои таърихӣ меофарад
Зиёвиддини Нақшбанд. Ҳунарманде, ки аз хӯшаи гандум мусаввараҳои таърихӣ меофарад
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Зиёвиддини Нақшбанд. Ҳунарманде, ки аз хӯшаи гандум мусаввараҳои таърихӣ меофарад

Нашр шуд

Зиёвиддини Нақшбанд рассомест, ки баъд аз таваққуфи 35-солаи тарки рассомӣ кардан бо усули нав тасвирсозиро омӯхта, имрӯз дар кишвар ягона ҳунармандест, ки аз хӯшаҳои гандум тасвирҳои гуногун омода месозад. Ӯ ба василаи осори рассомии хеш қаҳрамонҳо ва осори таърихии тоҷиконро зинда мегардонад. «Ҳафт хони Рустам», «Маликаи Саразм», «Куруши Кабир», «Ҷӯйи Мӯлиён» ва «Абулқосим Фирдавсӣ» намунае аз тозакориҳои вай аст.

Муаллифи Halva.tj бо Зиёвиддини Нақшбанд ҳамсуҳбат шуда, аз ҳаёту фаъолияти ӯ қисса намуд.

АЗ ҲАВАС ТО ОМӮЗИШИ КАСБИИ РАССОМӢ

Зиёвиддин Мирзоеви 63-сола, ки аксарият ӯро чун Зиёвиддини Нақшбанд мешиносанд, зодаи деҳаи Зерҳисори шаҳри Панҷекат мебошад. Ӯ аз хурдӣ шавқи рассомӣ ба дил дошта, баъди хатми мактаби №7-и деҳа барои такмил додани ҳунар ба Омӯзишгоҳи рассомӣ ҳуҷҷатҳои худро месупорад. Ин омӯзишгоҳро соли 1982 хатм карда, барои фаъолият намудан чун рассоми касбӣ пайи ҷустани ҷойи кор мешавад. Бо ин ҳунари худ дар фабрикаи «Армуғон» фаъолият намуда, сипас ба комбинати хонасозии шаҳри Душанбе меравад ва онҷо низ бо рангубор ва нақшкашии биноҳо машғул мешавад. Дар баробари ин корҳо бо Иттиҳодияи нависандагони кишвар ва нашриёти «Ирфон» ҳамчун рассом ҳамкорӣ намуда, ҳунари худро такмил ва ба дигарон муаррифӣ менамояд.

«Баъди чанд муддати фаъолият дар шаҳр майл сӯйи зодгоҳ намуда, ба деҳаи худ омадам ва дар аввал чун рассом фаъолият намудам. Вале баъди чанде талабот ба ҳунари ман кам гардид. Кор то ҷое расид, ки ман бекор мондам. Он замон ҷавон будам ва ҳунари худро нодаркор дида, хурӯшидам. Аз ин қаҳрам омад ва ҳамаи тасвирҳои худро ҳангоми нонпазии модарам ба чандони пур аз оташ партофтам ва дигар ёди ҳунари рассомӣ накардам», - ба ёд овард қаҳрамони мо.

ҲАВАСМАНДӢ АЗ РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА БОЗГАШТ БА ҲУНАРИ РАССОМӢ

Зиёвиддин Нақшбанд пас аз дилмондагӣ аз хории ҳунари хеш пайи кори дигар гашта, шавқу муҳаббати рассомиро дар дили худ беамал нигоҳ медошт. Баъд аз 35 соли дур шудан аз рассомӣ ҳангоми эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар оинаи нилгун муҳаббаташ нисбати ҳунар дар дил ҷӯш зада, ӯро барои бозгашт ба ҳунари дӯстдоштаи худ ҳавасманд месозад. Қаҳрамони мо он лаҳзаҳои ҳассосро бо шодӣ ба хотир овард:

«Оинаи нилгун тамошо доштам ва хабари аз ҷониби сарвари кишвар эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро шунидаму дар дилам аланга ва шодие сар зад. Осемасар пайи ҷустани варақи сафед шудаму қалами мувофиқ наёфтам ва қалами одиро гирифта сӯйи оина шитофтам ва худро дар он нигоҳ карда рӯйи авроқи сафед чеҳраи худро тасвир кардам. Баъди анҷоми кор дарк кардам, ки ҳанӯз ҳам вижагиҳои ҳунари худро фаромӯш накардаам. Дар аввал хостам бо ҳунари рассомӣ кори худро шурӯъ кунам, вале фикр кардам, ки рассомон дар кишвар зиёданд ва ин ҳунари ман тафовуте аз дигар рассомон надорад. Ҳар як ҳунарманд бояд навгоние дар санъату худ дошта бошад ва бо он вориди майдони ҳунар гардад», - гуфт ин ҳунарманд.

Баъди андешаҳои зиёд хӯшаҳои гандумро дида, фикри аз хӯша ва коҳ ё худ хаси гандум тасвирсозӣ ба сараш меояд. Барои ин корро санҷидан бо ҳамсари худ хӯшаҳои гандум ва хаси онро ҷамъоварӣ мекунанд.

«Барои дар амал татбиқ намудани андешаи худ хаспояи гандумро гирифта дар аввал бе рангу бор тасвирсозӣ намудам, дидам, ки чандон ҷаззоб нест ва хушку холӣ менамояд. Чун ҳамсарам ба ман дар ин корҳо кумак мекард, бо ӯ маслиҳат кардем, ки бояд ба он ранг илова кунем, то тасвирҳо хушку холӣ нанамоянд ва ба он ранг илова кардем, аммо қисми болоии гандум рангро қабул накард ва ранг ба замин шорид. Барои бартараф кардани ин равиш ба рангҳо намаки «чихтош» (намаке, ки рангро дар хаспоя ва дони гандӯм мечаспонад) якҷо бо сирко илова карда, истифода кардем ва дидем, ки ранг мустаҳкам ба коҳи гандум мечаспад», - зикр намуд Зиёвиддини Нақшбанд.

Ба гуфтаи ин ҳунарманд, ин навъи санъати рассомӣ хеле нозук ва заҳматлаб буда, аз шахс масъулият ва таваҷҷуҳи хосаро талаб мекунад. Зеро барои як тасвирро омода кардан аввал расми мехостаро тасвир карда, хӯшаҳои гандумро ҷамъоварӣ намудан мебояд. Пасон хӯша ва коҳи гандумро дар алоҳидагӣ бурида онҳоро ба шонаҳои алоҳида ҷудо бояд намуд ва бо рангҳои лозима алоҳида омехта карда ҷӯшонидан лозим аст. Баъдан онҳоро ҷудогона хушк карда, дарзмол намуда, мувофиқи талаботи он расм ҳар як хӯшаи рангшударо ҷобаҷо гузоштан даркор аст. Онро дар ҷойи бехавф нозукона нигоҳ мебояд дошт. Барои як тасвирсозӣ якуним ду моҳ муҳлат лозим аст, - мегӯяд ин соҳибҳунар.

МУАРИФИИ ҲУНАРИ НАВ ВА ТАВАҶҶУҲИ ДИГАРОН БА ОН

Баъд аз таҷриба ва омӯзиши ин навъи рассомӣ Зиёвиддин Нақшбанд барои ҷалби таваҷҷуҳи дигарон ба ҳунари худ чанде аз намунаи кори хешро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузорад. Дере нагузашта ба ӯ аз Вазорати фарҳанги кишвар занг зада дар хусуси ҳунараш суҳбат мекунанд. Ҳамин гуна ин ҳунарманд санъати нави тасвирсозии худро ба омма муаррифӣ карда, харидорони ҳунарашро пайдо менамояд.

«Бо машақатҳои зиёд ранг кардани хас ва тасвирсозиро бо ин тариқ сар карда, дар интернет онро намоиш додам. Баъди ин масъулини соҳаи фарҳанг бо мо дар тамос шудананду ба ҳунари мо таваҷҷуҳ намуданд ва гуфтанд, ки ҳунари шумо нодир ва камёфт аст», - нақл кард Зиёвиддини Нақшбанд.

Баъд аз ошноии мардум бо ҳунараш дарҳои муваффақият ба рӯйи қаҳрамони мо боз шуда, аз ҳар ҷониб ба ҳунари ӯ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешуд. 21 январи соли 2021 бо ташаббуси раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дастгирии ҳамсабақи ин ҳунарманд Ғафурҷон Ҷӯраев, Арбоби санъати Тоҷикистон аввалин намоиши ҳунарҳои Зиёвиддин Мирзоев дар нигористони рассомони вилояти Суғд баргузор гардид ва ин роҳи ҳунармандро ба ташкили дигар намоишномаҳо кушода сохт.

«Хеле шод будам, ки маҳз раиси вилояти Суғд ба ҳунари мо таваҷҷуҳ намуданд. Он кас гуфтанд, ки намунаи ҳунари маро дар ҷашнвораи Саразм дидаанд ва ба онҳо писанд омадааст. Баъди ин намоиши ҳунарҳо маро ба ҳама барномаҳои фарҳангӣ даъват мекарданд ва ҳунари мо дигаронро ба ҳайрат меоварду ман аз ин боз ҳам илҳоми тоза мегирифтам. Соли 2021 аз тарафи «Тоҷикстандарт» намоиши маҳсулоти беҳтарин доир гардид ва ман дар он иштирок карда, соҳиби ҷоиза ва дигар туҳфаҳо гардидам. Баъд аз ин моро ба шаҳри Душанбе даъват намуданд. Ҳамин тариқ, ҳунари мо дар сатҳи ҷумҳурӣ низ муаррифӣ ва қадрдонӣ шуд», - баён намуд ӯ.

АЗ МАҚСАДИ НЕК ТО РАСИДАН БА МАҚСУДИ НЕКТАР

Ин санъаткор ҳадаф аз омӯзиш ва рушди ҳунари нодири худро дар муаррифӣ намудани фарҳанги таърихии миллати тоҷик тавассути ҳунари нави худ арзёбӣ намуд. Ӯ ба он назар аст, ки навгонӣ дар ҳунарҳои муқаррарӣ бештар таваҷҷуҳи дигаронро ба худ ҷалб месозад ва ин роҳи хубест барои муаррифӣ кардани Тоҷикистон ва арзишҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ.

Санъати рассомии Зиёвиддини Нақшбанд аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон қадр гардида, 11 марти соли 2022 ӯ бо нишони «Корманди мумтози фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардид, ки ин қадрдонӣ қаҳрамони моро барои эҷоди мусаввараҳои нави фарҳанги миллӣ роҳнамун сохт.

«То ин замон мусаввараҳои зиёд омода намудаам, ки яке аз онҳо чеҳраи шоири барҷастаи тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва дигаре «Ҳафт хони Рустам» мебошад. Ният дорам, ки як намоиши калони асарҳои худро дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ё дар меҳмонхонаи «Серена» баргузор намоям», - гуфт ҳамсуҳбати мо.

МЕРОС МОНДАНИ ҲУНАРИ НОДИР БА НАБЕРАҲО

Зиндагии оилавии Зиёвиддин Нақшбанд дар маҷрои муҳаббату хушнудӣ бо ҳамсар ва се фарзандаш идома дорад. Ӯ соҳиби ду духтар ва як писар буда, фарзандонашро соҳиби маълумоти олӣ намудааст ва имрӯз ҳар яке дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд. Фарзандон ба ҳунари падар меҳр ва эҳтиром доранду гоҳе ба падар кумак мекунанд, аммо бештар вақт ӯ бо кумаки ҳамсараш мусаввараҳои худро омода месозад. Миёни фарзандон касе касби падарро доро нест, вале ҳунари ӯро набераи наврасаш Шаҳло идома додан мехоҳад ва пайваста аз бобои худ нозукиҳои ин ҳунарро меомӯзад. Қаҳрамони мо низ барои мерос гузоштани ҳунараш ба насли оянда бо Шаҳло кор карда, донистаҳои худро ба ӯ меомӯзад, то ки ҳунараш дар оянда низ соҳиби арзандаи худро дошта бошад. Ба андешаи Зиёвиддини Нақшбанд, барои ҷалби дигар ҷавонон ба ин навъи ҳунари рассомӣ пеш аз ҳама онҳо бояд таваҷҷуҳ ва майлу хоҳиш дошта бошанд, то ҳар як махсусиятҳои ин корро бо муҳаббат омӯзанд.


«Харидорони ин ҳунар хелле зиёданд ва мусавараҳои омодашударо харидан мехоҳанд, ҳамчунин барои омода кардани мусавараҳои нав фармоиш медиҳанд. Аммо ҳоло дар ин самт кам кор мекунем, чун омода кардани ин асарҳо заҳмати зиёд дорад. Мехоҳам, ки ин ҳунари нодирро ҷавонони шавқманд низ омӯзанд, вале ҳоло ба ҷуз ҳамсарам ва набераам Шаҳло дигар шогирд надорам. Шояд дар оянда сафи шогирдон бештар гардида, ҳунари мо боз ҳам зиёдтар муаррифӣ гардад», - зикр кард Зиёвиддин Нақшбанд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед