Ru  | Tj
«Қадам ба сӯйи оянда». Ҳамоиши илмӣ донишҷӯёни тоҷикистониро ба сӯйи худ мехонад
«Қадам ба сӯйи оянда». Ҳамоиши илмӣ донишҷӯёни тоҷикистониро ба сӯйи худ мехонад

«Қадам ба сӯйи оянда». Ҳамоиши илмӣ донишҷӯёни тоҷикистониро ба сӯйи худ мехонад

Нашр шуд

Ҷавонони Тоҷикистон метавонанд дар ҳамоиши байналмилалии илмии «Қадам ба сӯйи оянда», ки ба 135-солагии зодрӯзи ҳавопаймосози рус Андрей Туполев бахшида шудааст, иштирок намоянд. Баргузории ҳамоиши мазкур аз 27-уми март то 20-уми май дар шаҳри Маскави Русия дар назар аст.

  Барои иштирок дар ин ҳамоиш донишомӯзони мактабҳои миёнаву махсуси низомӣ, донишҷӯёни коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва макотиби олӣ даъват карда мешаванд. Дар маҷмӯъ дар ин ҳамоиш ҷавонон аз 10 кишвар, аз ҷумла Русия, Беларус, Зимбабве, Индонезия, Чин, Непал, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Ӯзбекистон, инчунин муҳаққиқон аз дигар кишварҳо ширкат хоҳанд варзид.

Гуфтанист, ҳоло сабтиноми иштирокдорон идома дорад. Тамоми тафсилотро метавон дар вебгоҳи мазкур дастрас кард. Ҳамоиш бо дастгирии Бунёди грантҳои президентии Русия баргузор мешавад.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед