Ru  | Tj
Қабули дархостҳо барои дастрас намудани кумакҳои молӣ (грант) аз Бунёди Горчаков оғоз гардид
Қабули дархостҳо барои дастрас намудани кумакҳои молӣ (грант) аз Бунёди Горчаков оғоз гардид
Акс: Фонди Горчаков

Қабули дархостҳо барои дастрас намудани кумакҳои молӣ (грант) аз Бунёди Горчаков оғоз гардид

Нашр шуд

Бунёди дастгирии дипломатияи умумии ба номи А.М. Горчаков ҷиҳати иштироки созмонҳои ғайритиҷоратӣ барои дастрас намудани кумакҳои молӣ озмун баргузор мекунад. Муҳлати татбиқи лоиҳаҳо нимасолаи дуюми 2023 муқаррар карда шуда, қабули дархостҳо то 15 феврали соли 2022 идома мекунад.

Барои дарёфти кумаки молӣ зарур аст, ки дар вебгоҳи Бунёди Горчаков сабтином ва варақаи электрониро пур карда, нусхаҳои ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва аризаро низ фиристод.

Созмондиҳандагон ба довталабон тавсия медиҳанд, ки пешниҳоди дархостро то рӯзҳои охирини муқаррагардида ба таъхир нагузошта, то 10 феврал ирсол намоянд.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед