Ru  | Tj
Алоқамандони фанноварии иттилоъотӣ дар Маскав ба ҳам меоянд
Алоқамандони фанноварии иттилоъотӣ дар Маскав ба ҳам меоянд
Акс: аз манбаъҳои боз

Алоқамандони фанноварии иттилоъотӣ дар Маскав ба ҳам меоянд

Нашр шуд

Сокинони Тоҷикистон метавонанд дар аввалин анҷумани фанноварии иттилоотии Авруосиё – “Соҳибихтиёрии диҷитолӣ – калиди ҳамкориҳои байнулмилалии дарозмуддат», ки аз 20 то 21-уми феврали соли 2024 дар шаҳри Маскав баргузор мешавад, ширкат варзанд.

Барои иштирок раҳбарони бахшҳо ва ширкатҳои марбута, намояндагони донишгоҳҳо ва ҷомеаи мутахассисони беш аз 20 кишвари ҷаҳон фаро хонда мешавад.

Тибқи иттилоъи дастандаркорон, рухдоди мазкур ба диҷитолӣ шудани давлат ва ҷанбаҳои гуногуни фарояндҳо, аз ҷумла амнияти иттилоъотӣ, омода кардани мутахассисон ва бунёди шаҳру минтақаҳои ҳушманд марбут аст. Имконот ва маҳдудиятҳои эҷоди давлати диҷитолӣ низ дар ҳамоиши ҷавононе, ки дар чаҳорчӯби анҷуман сурат мегирад, мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Маълумоти бештар метавонед аз тариқи вебгоҳ пайдо кунед ва дархост диҳед.

Гуфтанист, ки созмондиҳандагони анҷуман Вазорати диҷитолии Русия ва пойгоҳи GosTech мебошанд. Маркази илмиву фаннии фанноварии иттилоъотии «РОСА» ва ширкати VK Tech шарикони анҷуман ба шумор мераванд.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед