Ru  | Tj
Ҳамоиши байналмилалии тарҷумонӣ дар Маскав
Ҳамоиши байналмилалии тарҷумонӣ дар Маскав
Акс: zalservice.ru

Ҳамоиши байналмилалии тарҷумонӣ дар Маскав

Нашр шуд

Маскав мизбони ҳамоиши байналмилалии мутарҷимони ҷавон хоҳад шуд, ки дар он тоҷикистониён низ метавонанд тариқи мустақим ва ё онлайнӣ ширкат варзанд. Тибқи нақша иштирокдорон дар давраи баргузории ҳамоиш аз 13 то 14-уми апрел фаъолияти тарҷумонӣ, мушкилот ва масъулияти онро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Тавре созмондиҳандагони ҳамоиш хабар доданд, пас аз анҷоми ҳамоиши мазкур иштирокдорон соҳиби гувоҳиномаҳои электронӣ гашта, ширкаткунандагони фаъолро туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофот интизор аст. Илова бар ин барои касоне, ки ба шаҳри Маскав меоянд, барномаҳои гардишгарӣ ва фарҳангӣ омода шудааст.

Дар ҳамоиш метавонанд мутарҷимон ва афроде, ки ба тарҷумонӣ майл доранд, иштирок кунанд. Барои иштирок зарур аст, ки то 2-юми апрел дар инҷо сабтином кард.


Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед