Ru  | Tj
«Артек» интизори донишомӯзони тоҷик аст
«Артек» интизори донишомӯзони тоҷик аст
Акс: pixabay.com

«Артек» интизори донишомӯзони тоҷик аст

Нашр шуд

Мавсими нави озмуни «Танаффуси калон» барои донишомӯзони тоҷик оғоз шуд, ки иштирокдорони даври ниҳоии он метавонанд тобистони имсол аз бунгоҳи байналмилалии кӯдаконаи «Артек» боздид намоянд. Барандагони озмун имкони дарёфти роҳхат ба таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Русияро доранд.

Бино ба иттилои Маркази илму фарҳанги Русия «Русский дом», дар озмуни мазкур метавонанд донишомӯзони тоҷики аз 14 то 17-сола бо дониши хуби забони русӣ ширкат варзанд. Сабтиноми хоҳишмандон то 15-уми майи соли равон дар  вебгоҳи расмии озмун сурат мегирад.

«Соли 2022 тариқи «Россотрудничество» беш аз 300 нафар иштирокдори даври ниҳоӣ аз 16 кишвари дунё аз Бунгоҳи кўдаконаи «Артек» боздид карданд. Умедворем, ки имсол таваҷҷуҳ ба иштирок дар озмуни «Танаффуси калон» афзоиш ёфта, бачаҳо дӯстони зиёде аз саросари ҷаҳон пайдо кунанд ва таассуроти фаромӯшнашаванда ҳосил намоянд», - гуфт муовини роҳбар Дмитрий Поликанов.

Гуфтанист, озмуни «Танаффуси калон» лоиҳаи шохиси созмони «Ҷунбиши аввалинҳо» буда, аз ҷониби «Россотрудничество» дастгирӣ карда мешавад.


halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед