Ru  | Tj
Баргузории давраҳои омодагии дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия дар Маркази русии Хуҷанд
Баргузории давраҳои омодагии дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия дар Маркази русии Хуҷанд
Акс: Маркази русии Тоҷикистон

Баргузории давраҳои омодагии дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия дар Маркази русии Хуҷанд

Нашр шуд

Маркази русии шаҳри Хуҷанд сабтином дар давраҳои омодагиро барои довталабони дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия аз рӯйи кластери фаннӣ оғоз кард.
 
Тибқи иттилоъи дастандаркорон, донишомӯзони синфҳои 10-11 метавонанд дар ин давраҳои омӯзишӣ ширкат кунанд. Омӯзиш се бор дар ҳафта ба забони русӣ аз рӯйи  фанҳои риёзиёт, физик ва забони русӣ сурат мегирад.
 
Рӯзҳои корӣ аз соати 10:00 то 17:00 бо шумораҳои (+992) 3422 6 02 22 метавон сабтином кард ё маълумоти муфассалро дастрас кард.
 
Тамоми давраҳои омодагӣ тибқи барномаҳои омӯзишии Русия ба забони русӣ баргузор хоҳад шуд.
 
Ёдовар мешавем, ки Русия теъдоди бурсияҳоро барои довталабони тоҷик дар соли таҳсили 2023-2024 ба 1000 нафар афзоиш додааст.
halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед